Умумӣ

Тавзеҳи «Муқаттаот»-и Ҷомӣ.

Муқаттаоти Ҷомӣ.

Дар сурудани қитъа низ ҳазрати Ҷомӣ яке аз тозакорони таърихи адабиёти форс-тоҷик аст. Албатта, дар жанри қитъа низ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шоирони махсуси қитъасаро буданд (Ибни Ямини Фарюмади), вале ин жанр кўҳантаърих буда, ҳанўз дар оғози шеъри порсии дари ба назар мерасад ва ҳатто аз адабиёти тоисломӣ низ намунаҳои хуби навъи адабии мазкур ба ёдгор аст.
Мавқеи қитъа дар ҳар се девони Мавлоно Ҷомӣ андаке тафовут дорад, зеро шоир дар эҷоди ин навъи адабӣ хеле қавипанҷа аст. Таносуби қитъа дар эҷодиёти Ҷомӣ, дар девони якум 44-то, девони дуюм 53-то ва девони сеюм 40-то буда, ҷамъулҷамъ дар ҳар се девон 137-тост. Умуман қитъа дар эҷодиёти Ҷомӣ ҷои чаҳорумро (пас аз ғазал, қасида ва рубоӣ) ишғол менамояд.
Мавзўи марказии қитъаҳои Ҷомӣ чун анъана панду ахлоқ, андарзу хикмат, мавъизату тарбият ва албатта, таърих, ҳаводису вокеоти таърихӣ, ҳасби ҳол, инчунин баъзе қитъаҳои шоир бештар ҷанбаи ҳаҷвӣ-танқидӣ ва ё ин ки ҳазлу шўхӣ ва зарофат доранд. Вале дар ҳама ҳолат панду андарз бунёди тематикии муқаттаоти ўро фароҳам овардааст. Чунончӣ:

Дар ин нишемани идбор, Ҷомиё, коре
Агар кунӣ, на чунон кун, ки шармсор шавӣ.
Ниҳоди чархи фалак чун зумуррадин кўҳест,
Ки ҳар садо, ки бад ў дардиҳӣ, ҳамон шунавӣ.
Басити рўи замин мазраи мукофот аст.
Ки донае, ки дар ў афканӣ, ҳамон даравӣ.

Дар қитъаи мазкур, ки панду ахлоқист, асоси мавзўи он бар болои мукофоти амал, подоши зиндагӣ устувор гузошта шудааст. Ҷомӣ бо лафзи ҳакимона ва ҳамчун мутафаккири ҷаҳондида хусусан ба ҷавонон таъкидан мегўяд, ки набояд аз номи падару аз мансаби ў фахр кард, балки чунон бояд рафтор намуд, ки боиси ифтихори волидайн шавӣ. Ба ин маънӣ ў мегўяд:

Ҳар писар, к-ў аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Маҳз дар қитъаҳо (дар муқоиса нисбат ба навъҳои дигари шеърӣ) мо бештар афкори тарбиявӣ-ахлоқии Ҷомиро дучор мешавем, зеро мавзўи марказии навъи адабии мазкур панду андарз ва насиҳату мавъизат мебошад. Модоме ки китъаҳо асосан афкору андешаҳои ахлоқии мутафаккирро фаро гирифтаанд, пас мо дар навъи адабии зикршудаи таркиби девонҳои шоир ақидаҳои фалсафӣ, таълимоти фалсафӣ-ахлоқӣ ва дақиқан фалсафаи амалии Мавлоно Ҷомиро мебинем. Аз ин рў, барои муайян намудани фалсафаи амалии Ҷомӣ, барои омўхтани андешаҳои тарбиявӣ-ахлоқии мутафаккир муқаттаоти ў хеле ҳам кўмаки фаровон менамоянд. Аз тарафи дигар, Мавлоно Ҷомӣ дар ташаккули навъи қитъа хидмат кардааст.
Аз нигоҳи ҳунари шоирӣ, санъати эҷод, шеваи баён, сабки таълиф, услуби ифода, адои суханпардозӣ, тарзи маъниофаринӣ, ҷавлони андешаву парвози тахайюл шояд кам шоире бошад, ки дар ин навъи шеърӣ ба ҳазрати Ҷомӣ ҳампанҷагӣ бикунад. Ин аст, ки ў андешаи худро оид ба ҳунари суханварии хеш дар як қитъаи худ чунин ифода кардааст:

Дар фунуни шоирӣ, Ҷомӣ зи ҳад бурдӣ сухан,
Вақти он омад, ки дар кунҷи хамўшӣ ҷо кунӣ.
Пир гаштӣ дар саводи шеър бурдан бо баёз,
Чун қалам тарсам, ки рўзе сар дар ин савдо кунӣ

ва ғайра.

Leave a Reply