Тавзеҳи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Шояд дар олам мисли қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» қиссаи ҷонгудозу ҷигарсўзе набошад, зеро ба таъсирнокии ин қисса китобҳои муқаддаси «Таврот» ва ба хусус «Қуръон» таъсири бештаре зам намуд ва баъд ба эҷоди бадеъ роҳ ёфт.
Маснавии «Юсуф ва Зулайхо» асари ишқӣ буда, ҳанўз дар ибтидо бо номи «Аҳсан-ул-қассас» («Беҳтарин қиссаҳо») машҳур аст ва ҳатто аз рўи баъзе ривоятҳо, аввалин манзумкунандаи он дар адабиёти форс-тоҷик устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ будааст. Оид ба таълифоти Фирдавсӣ дар ин мавзўъ мутахассисон бештар шубҳа кардаанд.
Албатта, бо тақозои мавзўъ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик достонҳои «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ, «Хусрав ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва ғайра хеле зиёданд, вале достони мазкур «шамъи тоза дар мазори ишқи кўҳан» афрўхтааст.
Маснавии «Юсуф ва Зулайхо» асари панҷуми «ҳафт авранг»-и Ҷомӣ буда, соли 1483 таълиф шудааст ва миқдори байтҳои маснавӣ 4000 буда, он дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси махзуф ё мақсур эҷод шудааст, ки афоъилаш чунин мебошад:

V — — — I V — — — I V — —  V —

Яъне: мафоъилун, мафоъилун, фаўлун ё ин ки мафоъил.
Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ бо назардошти осори бадеъ дар пайравии «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ ва «Ширин ва Хусрав»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ таълиф шудааст. Оид ба соли таълиф, теъдоди абёт, сабаби эҷоди маснавии ишқии «Юсуф ва Зулайхо» худи Ҷомӣ мегўяд:

Қалам нассоҷии ин ҷинси фохир
Расонид охири соле ба охир.
Ки бошад баъд аз он соле муҷаддад,
Нуҳум сол аз нуҳум ашр аз нуҳум сад.
Гирифтам байт-байташро шумора,
Ҳазор омад, валекин чор бора.
ва оид ба сабаби таълифи асар низ мегўяд:
Куҳан шуд давлати Ширину Хусрав,
Ба ширинӣ нишонам хусрави нав.
Саромад давлати Лайливу Маҷнун,
Касе дигар саромад созам акнун.
Чу тўтӣ табъро созам шакарҳо,
Зи ҳусни Юсуфу ишқи Зулайхо.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» бо муқаддимаи суннати оғоз гардидааст, яъне аз тамҳиди Худо, наъти Расули Акрам(с), баёни сифати меъроҷ, дасти дуъои пири тариқат-Хоҷаи Нақшбанд, мадҳи мамдўҳ-ҳокими замон Султонҳусайн Мирзои Бойқаро ҷараён гирифта, пас аз он зерфасли муқаддимавии сабаби назми китоб меояд.
Ба қавли Ҷомӣ, сабаби машҳурии ҳама касон ишқ аст ва ҳатто ошиқони содиқ ғайришахс бошанд ҳам, машҳуранд. Мисли шамъу парвона, гулу булбул, ки онҳоро ҳам чошнии (баҳраи андаки) ишқ шўҳрат бахшидааст, пайваста вирди забони хосу оманд. Аз ин рў, Юсуф ва Зулайхо низ дар зебоии зоҳиру ботин монанд надоштаанд ва маҳз аз ҳамин сабаб мўҷиби таълифи достони ҷудогона дар ҳамин мавзўъ гардидаанд:

Зи маъшуқон чу Юсуф кас набуда,
Ҷамолаш аз ҳама хубон фузуда.
Зи хубон аз ҳама сонӣ надонанд,
Зи аввал Юсуфи сониш хонанд.
Набуд аз ошиқон кас чун Зулайхо,
Ба ишқ аз ҷумла буд афзун Зулайхо…

Ҷомӣ дар достони «Юсуф ва Зулайхо» боигарии моддиро нолозим нагуфтааст, вале амалан нишон медиҳад, ки ягон чиз пеши роҳи ишқи ҳақиқиро гирифта наметавонад ва ин қазияро дар мисоли «Достони духтари Бозға ном аз насли Од» нишон медиҳад. Зеро ў дар ғановати моддӣ назир надошт, вале тавассути оина (дил) ҷамоли ҳақиқат дид ва гуфт:

Кунун бар ман дари ин роз боз аст,
Ки бо ту ишқ варзидан маҷоз аст.
Чу бошад дар ҳақиқат чашм бозам,
Беҳ афтад тарки савдои маҷозам.
Ҷазокаллоҳ1, ки чашмам боз кардӣ,
Маро бо ҷони ҷон ҳамроз кардӣ.

Умуман дар достони мазкур пеш аз ҳама, ишқ ва нерўи бемисли он ва беш аз он софу беолоишии он ноҳамвориҳои роҳи вай, шебу фарозҳо, гиру дорҳо, ғаму шоддиҳо, ҷаҳду талошҳо, омаду ноомадиҳо, бурду бохтҳо ва ғайра ба тасвир омадаанд. Қаҳрамонҳо, ҳеҷ кадоме аз онҳо набояд дучори танқид қарор гиранд, зеро мақсади муайян доранд. Аз ин рў, тобовариашон ба умеди оянда аст, ки ҷанбаи қавии динии достонро таъмин менамояд.
Достони «Юсуф ва Зулайхо» намунаи беҳтарину беқиёси ишқӣ-лирикӣ буда, поктарин ишқ бо ҷузъиёт ба тасвир гирифта шудааст. Аз ин рў, яке аз сабабҳои таъсирнокии достон ҳам дар ҳамин аст. Асар аз ҷониби шоир, нависанда, олим ва мутафаккир эҷод шудааст ва аз ин рў, оддитарин лаҳзаҳои он соддалавҳона ва ё оддию назарногир нест.
Хусусан ду чиз дар асар ба ҳам омезиш дода шудааст: ишқу зебоии зоҳирию ботинӣ ва дар ҳамин сатҳ ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Оё дар ҳамин достони Ҷомӣ эпизоде дучор мешавад, ки дар он ишқи шаҳвонӣ (нафси ҳайвонӣ) тараннуму ташвиқ шуда бошад? На. Пас худи эҷодкор низ ҷонибдори покии ишқ, тазкияву тасфияи нафси инсонӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад.
Асари санъат, эҷоди ҳунарӣ, шеъру адаб ғановати зеҳнии миллат, ҳофизаи таърихии халқ, захираи ақлонии ҷомеъа мебошад. Аз ин рў, ҳадаф аз таълифи ҳамагуна эҷоди бадеъ тарбия, таълим, парвариш дар ягон рўҳияву ғояи муайяни ахлоқист. Пас ҳадаф аз таълифи достони Ҷомӣ низ тарбияи омма дар рўҳияи ахлоқи хамида аст.
Достони «Юсуф ва Зулайхо» мисли кулли эҷодиёти Ҷомӣ ба адабиёти давр, таърихи адабиёти асрҳои минбаъдаи форсизабонони ҷаҳон таъсири ниҳоят амиқ гузоштааст ва ҳатто ин таъсир дар эҷодиёти шифоҳии халқӣ низ ба мушоҳида мерасад. Таъсири эҷодиёти Ҷомӣ ба ин маҳдуд нагардида, ҳамин гуна нуфузро ба адабиёти туркзабон низ расонидааст ва эҷодиёти Мир Алишери Навоӣ далели басанда барои қазовати мазкур ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки агар аввалин достони мустақилро дар бораи «Юсуф ва Зулайхо» Абулмуайяди Балхӣ навишта бошад, дар асри Х гўё Рўдакӣ низ қабл аз ў бо ин ном асар доштааст. Вале ба Фирдавсӣ нисбат додани чунин таълифот аз ҷониби аҳли таҳқиқ дучори шубҳаҳои сершумор аст ва асари мазкур гўё аз они Амонӣ ном шоир будааст.
То Ҷомӣ инчунин Масъуди Ҳиравӣ, Масъуди Деҳлавӣ, Озарии Тўсӣ, Масъуди Куммӣ низ дар эҷоди ин асар ҳисса гузоштаанд, вале дар асри ХV шўҳрати асари Ҷомӣ ба дараҷае паҳн гардид, ки дигар касе аз онҳо ном набурд.
Пас аз Ҷомӣ ва зери таъсири ў низ адибони Эрону Мовароуннаҳр ва умуман Хуросони бузург: Салими Табрезӣ, Муллошоҳи Бадахшӣ, Муқимои Шерозӣ, Номии Исфаҳонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Мавҷии Бадахшӣ, Шўълаи Гулпойгонӣ, Шиҳоби Туршезӣ, Шавкати Қочор, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Котиб, Ширин ва бисёр дигарон дар мавзўи мазкур асар эҷод карда будаанд, ки касе аз онҳо дар пояи эҷоди Ҷомӣ нест.
______________________________
Ҷазокаллоҳ – Худо туро подош диҳад.

Likes:
0 0
Views:
128
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply