Тоҷикон – Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна

ҶАМОАТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ПАЛЕОЛИТ. СОХТИ ПЕШАЗҚАБИЛАВӢ. ПАЙДОИШИ

ҶАМОАТИ ҚАБИЛАВӢ

Осори палеолити поин

(Палеолит: Аввалин давраи таърихии асри санг ба оғози истифодаи воситаҳои санг.)

Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи одамшавии маймун воқеъ гардида будааст. Ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.

Соли 1953 А.П. Окладников дар рӯди Унарчаи наздики дарёи Норини Қирғизистон аз девораи регии суфаи қадимаи плейстотсени миёна қайроқи калони дасти инсон расидаро, ки як тарафи он ба теғи дарози барҷастаи камонӣ монанд аст, пайдо намуд. Чунин олат дар илми бостоншиносӣ бо номи чоппер – олати қайроқсанг машҳур аст. Пас аз чанд соли бозёфти ин олати қадима дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид. Ин гуна олат дар бисёр ноҳияҳои Олами Куҳан ба хубӣ маълум буда, қадимтарин маданияти инсонӣ – маданияти қайроқсангро тавсиф менамояд.

Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ суонии давраи палеолити Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад. Аз ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити поин як роҳи умумии таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли маданияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурдаанд. Он вақтҳо чунин ҳайвонот, аз қабили ҷинсҳои қадимаи фил, асп, мамонт ва бизонҳои шохдароз, намудҳои гуногуни карка дан вуҷуд доштаанд. Аз рӯи баъзе далелҳо, одам дар он замон хеле кам будааст.

Олати навъи дигар дастколаҳои сангӣ, ки барои палеолити поини Европа бисёр характернок аст, фақат дар қисмати ғарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо гардид. Баъзе олимон изҳори шубҳа мекарданд, ки Осиёи Миёна ин қадар барвақт маскани одам шуда будааст, зеро нишонаҳои зиндагии инсон дар ин маҳал аввало, ки хеле кам, дар баъзе ҷойҳо, алоҳида-алоҳида ёфт мешуданд ва сонӣ, аслан дар қабатҳои аз ҳама болоии заминҳои соҳили дарёҳо ба назар мерасиданд. Вале инак соли 1973 дар мағзи зардхоки Қаротоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт ҷои ҷануби Тоҷикистон дар мағзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъ мебошанд, олоти сангӣ ба даст омад. Ҳафриёти ду бошишгоҳ – бошишгоҳи Қаротоғи 1 ва Лоҳутӣ-1 нишон дод, ки дар ин ҷо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол номаълуме ҳастанд, ки он «маданияти Қаротоғ» ном гирифт. Таърихи ин қабати археологӣ 200–150 ҳазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологӣ муайян карда, баъд бо усули термолюминистсенсия аниқ намуданд. Маданияти Қаротоғ аз ҷиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии нимҷазираи Ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад. Баъди ин кашфиёт ҷои шубҳа нест, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна сараввал тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доштанд.

Осори палеолити миёна

Дар Осиёи Миёна аз марҳилаи баъди ҳаёти башари аввалия – палеолити миёна ёдгориҳои фаровон боқӣ мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони навъи имрӯза ташаккул ёфтааст.

Дар ин давр қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият нисбат ба давраи палеолити поин тезтар ба дигаргунӣ рӯ ниҳоданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олатҳо нав ва вазифаи онҳо гуногун гардид. Одамон натанҳо нигоҳ доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулҳои статистикӣ имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар Осиёи Миёна чанд маҳалли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавҷудияти ягон иттиҳодияи калони ҷамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.

Масканҳои саркушода ва ғори мустйе дар бисёр ҷойҳои Осиёи Миёна, чи дар қисмҳои кӯҳсор ва чи дар дашту воҳаҳо ёфт шуданд. Чунончи, ин қабил иқоматгоҳҳо дар Туркманистон – дар нимҷазираи Красноводск ва Кӯпетдоғи Марказӣ, ғорҳои қадима дар Ўзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарқанд, масканҳои саркушодаи зиёд дар Тоҷикистон – дар Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ўротеппа, водиҳои Ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара ва ниҳоят, дар солҳои охир осори маданияти мустйе дар Қирғизистони шимолӣ низ кашф гардиданд.

Мағоки Тешиктош дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷа шӯҳрати зиёд пайдо намуд7. Вай дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар воҳаи Тургондарё, дар кӯҳсори Бойсун воқеъ гардидааст. Дар ин мағок панҷ табақаи маскун, ки неандерталҳои чандин бор ба манзили кӯҳнаи худ бозгашт намуда боқӣ гузоштаанд, мушоҳида шудааст. Аз ин ҷо қариб 3 ҳазор маснуоти сангӣ пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни онҳо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангӣ мавҷуд аст. Корд ҳамчун олоти бурранда ва силоҳи шикорӣ хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пӯст истифода менамуданд. Олатҳои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошӣ бузи кӯҳии сибирӣ буд, ки дар кӯҳистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Ғайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар ҳайвонҳои хурдтарро низ шикор мекарданд.

Тасодуфан пайдо шудани ҷасади одами аҳди мустйе – писарбачаи 8–9 сола воқеаи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ гардид. Аз вақти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад ҳам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффақ нашудаанд, ҳарчанд ки ҳоло дар мамлакати мо даҳҳо макони мустеӣ маълум аст. Дар гирди ҷасад (косаи сар ва баъзе устухонҳои скелети писарбача) шохҳои бузи кӯҳӣ ба шакли ҳалқа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.

Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар мағораҳо пурратар гардид. Аз байни онҳо мағоки ба қарибӣ ёфташудаи Обираҳматро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд воқеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материалҳои ҳафриёти ин ёдгории хеле ҷолиб ҳанӯз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин мағок бештар аз 30 ҳазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд. Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Қайроққум бисёр материалҳои муҳим ба даст расид. Олоти ду марҳилаи давраи мустйе дар ин ноҳия бо бақияи суфаҳои қадимаи Сирдарё алоқаманд аст. Ин олатҳо дар регҳои обшустаи суфаҳо ҷамъ шудаанд. Дар ин ҷо ҳам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва кордҳои сангӣ ташкил мекунанд, фақат фарқ дар ин аст, ки онҳо на аз оҳаксанги чахмоқии зудшикан, балки аз санги сахти сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.

Ҳамаи ин ёдгориҳо мутааллиқи маданияти ба «истилоҳ леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгориҳои давраи мустйеи шарқи Наздик шабоҳат доранд. Вале дар ҷануби Тоҷикистон якчанд ёдгориҳои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни Ҳиндустон ва соири кишварҳои дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъгардида наздиканд. Калонтарин маҳалли ин навъи осори қадима Қаробӯра, воқеъ дар водии Вахш (наздики Ҷилликӯл) аз ҷониби В.А. Ранов тадқиқ шудааст. Вай аз силсилаи дунгиҳои на он қадар баланди регӣ иборат аст, ки рӯи онҳоро ба ғафсии ду метр сангрезаҳо пӯшидаанд. Маснуоти қадима маҳз аз байни ҳамин сангрезаҳо ёфт шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин маҳал дар қатори олоти муқаррарии мустйе маснуоти махсуси сангӣ – олоти ҳақиқии қайроқсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо ҳамин қабил маснуоти давраҳои баъдинаи маданияти Суои Ҳиндустон бисёр монанд аст.

Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои тадқиқи маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олатҳои гуногуни сангӣ, аз ҷумла, белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда будаанд. Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуҷуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шуданд, ки то ба рӯзҳои мо омада нарасидаанд.

Қисми болоии табақаи маскуни (табақаи археологии) ин ҷо дар ҷои дигар вонамехӯрад ва иборат аз пораҳои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштҳои даштиву дигар ҳайвонҳо мебошад. Аксари устухонпораҳо сӯхтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Оғзикичик дар ҳамон давраҳо асосан гӯшти сангпуштро истеъмол мекардаанд. Ба ин тариқа, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи Миёна мушобиҳати ду минтақаи бузурги палеолит – Осиёи шарқӣ ва Миёнаро метавон мушоҳида намуд. Чунин наздикии маданиятҳоро дертар, дар давраи неолит ҳам дидан мумкин аст10. Мутобиқи мадракҳои навтарин, синни осори асосии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 ҳазор сол мебошад.

Осори палеолити боло

Тахминан 40–35 ҳазор сол пеш ташаккули навъи имрӯзаи башар сурат мегирад. Дар ин давра асбобу олоти сангӣ босуръат такмил меёбад. Ба ивази се-чор намуди асосии олатҳои замони мустйе асбобу абзорҳои гуногуни сангӣ ба вуҷуд меоянд. Бо такмили асбобу олот ҳаҷми онҳо хурдтар ва василаҳои шикор низ беҳтар мегардад. Дар давраи палеолити боло ташаккули қабилаҳо шурӯъ мешавад: қавми модарӣ, ки аз гурӯҳи экзогамии одамони бо риштаҳои хешӣ ва умумияти насаби модарӣ баҳампайваста фароҳам омада буданд, дар ҳамин давра ба дараҷаи рушду такомули худ мерасад. Палеолити болои Осиёи Миёна кам тадқиқ шудааст. Зоҳиран, баръакси давраи мустйе, шароити табиӣ на дар ҳамаи ноҳияҳои Осиёи Миёна барои зиндагонии одамони он давр мусоид буд.

Муҳимтарин ёдгории палеолити боло қароргоҳи Самарқанд мебошад, ки дар даруни худи шаҳр воқеъ гардидааст. Дар байни ҳазорон маснуоти аз се табақаи маскунӣ бадастомада абзорҳои мухталиф, аз қабили белча, корд, асбобҳои тарошанда, буранда ва ғайра мавҷуданд. Соли 1964 аз ин ҷо ҷоғи одами палеолити боло ёфт шуд. Сардори ҳафриёт Д.Н. Лев чунин тахмин дорад, ки одамони ин қароргоҳ дар манзилҳои аз гил ва қамиш сохташуда мезистаанд. Ғанимати шикори онҳо асосан асп, хар, гови ваҳшӣ, шутур, оҳуи даштӣ, гӯсфанди ваҳшӣ ва гавазн будааст.

Дигар ёдгории палеолити боло маҳаллест, ки бо номи «Хоҷағор» машҳур буда, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар наздикии деҳаи Чоркӯҳ воқеъ аст. Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад; эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 15–12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагонӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин ҷо маҳфуз намондааст, олатҳои аз санги чахмоқ сохташударо сел рӯфта бурдааст14. Вале ин ёдгорӣ аз ҷиҳати фаровонии анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгоҳи Самарқанд фарқ мекунад, ҷолиби диққат аст.

Солҳои 1969–1970 дар бошишгоҳи Шуғнов, ки дар болооби Яхсу воқеъ аст, чанд табақаи маскунӣ кашф шуд. Дар ин маҳал дар мағзи зардхоки ҷарии панҷоҳметраи соҳили дарё дар вусъати калони майдон 4 табақаи маскуни палеолити боло кофта шуд. Синни табақаи қадимтарин, мувофиқи мадракоти геологию археологӣ 35–30 ҳазор сол ва синни табақаи навтарин, мувофиқииусули радиокарбонии муайян кардани сана, 1050 сол мебошад. Аз ду табақаи аз ҳама боло бештар аз ҳама олоти меҳнат ёфта шуд. Табақаҳои маскуни бошишгоҳи Шуғнов чунон ҷойгир шудаанд, ки ҷиҳати стратиграфии онҳо возеҳ ба назар мерасад ва ин ба археологҳо имкон медиҳад, ки инкишофи тадриҷии маданияти палеолити болои Тоҷикистонро равшан тасаввур намоянд. Ба мадракҳои дигар низ истинод намуда, мумкин аст гуфт, ки дар Осиёи Миёнаи аҳди палеолити боло ду анъанаи техникӣ мавҷудияти худро давом медод, ки яке бо палеолити Осиёи шарқӣ ва Сибир (қароргоҳи Самарқанд) ва дигаре бо палеолити Осиёи Пеш (Хоҷағор) алоқаманд буд.

Тавсифи ҷамъияти палеолит

Мо дар асоси материалҳои археологӣ инкишофи тадриҷии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъияти давраи палеолити Осиёи Миёнаро мавриди тадқиқ қарор додем. Аммо масъалаи такомули тадриҷии иҷтимоии ин ҷамъият ниҳоятдараҷа мураккаб аст. Ҳатто қонуниятҳои асосии тараққиёти он дар асарҳои мутахассисони сотсиология низ ба таври мукаммал омӯхта нашудааст, мулоҳиза ва хулосаҳои пешниҳодшуда мавзӯи баҳсу мунозираҳои тундутез гардидаанд16. Масъалаи оид ба хусусиятҳои инкишофи ҷамъияти аҳди палеолити Осиёи Миёна умуман ба миён гузошта нашудааст. Агар гӯем, ки ҷамъияти инсонӣ бисёртарин қисмати вақти худро дар марҳилаи асри санг гузаронидааст – ин сухани умумӣ хоҳад шуд. Дар ин маврид ҷоиз аст, ки барои возеҳтар ифода ёфтани матлаб қиёси борҳо истифодашударо биёварем. Инак, шартан фарз кунем, ки тамоми ҳаёти ҷамъияти инсонӣ то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҳамагӣ як сол давом кардааст. Дар он сурат ба одам табдил шудани маймун дар аввали моҳи январ ба вуқӯъ пайваста, давраи ҳукмронии палеолит қариб тамоми солро то 25-уми моҳи декабр фаро мегирад ва тамоми таърихи ҷамъияти синфии Осиёи Миёна баҳузур дар ним соати охири пеш аз соли нав «ғунҷоиш» меёбад!

Ташкилоти иҷтимоӣ дар палеолити поин хеле сода ва ибтидоӣ буд. Коллективҳои аз ҳама қадим ва нав ташаккулёфтаи одамонро Ф.Энгелс «гала» номидааст. В.И.Ленин паи ҳам «галаи ибтидоӣ» ва «коммунаи ибтидоӣ»-ро номбар мекунад.

Давраи галаи ибтидоӣ давраест, ки ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфта, асоси асосҳои он фароҳам меояд. Дар охири палеолити миёна ва боло ташкилоти қабилавии ҷамъият – коммунаҳои ибтидоӣ бо тартиби қавмию насабӣ пайдо мешавад. Ин сохти қавмии модарӣ буд, ки зан дар он мавқеи хеле баландро ишғол мекард. Муносибати оилавӣ дар доираи никоҳи гурӯҳӣ сурат мегирифт.

Истеҳсолот коллективӣ бошад ҳам, вале дараҷаи қувваҳои истеҳсолкунанда ниҳоят паст буд. «Ин навъи ибтидоии истеҳсолоти кооперативӣ ё коллективӣ, албатта, на оқибати умумӣ кардани воситаҳои истеҳсолот, балки натиҷаи заифии шахсияти ҷудогона буд»20. Қувваҳои истеҳсолкунанда дар як ҷо намонда, ба оҳистагӣ такмил меёфт. Тараққиёти беш аз пеши қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкилоти ҷамъиятӣ боиси мураккабшавии шаклҳои маданияти инсонӣ мегардид. Бояд гуфт, ки ёд гирифтани тариқи ҳосил кардани оташ, сохтани манзилҳои оддӣ, ривоҷи шикори ҳайвоноти калон ва ба ин васила гузаштан ба зиндагонии муқимӣ – ҳамаи ин қадамҳои муҳими тараққиёти прогрессивии ҷамъияти инсониро нишон медиҳад. Чунон ки аз мадфани писарбачаи тешиктошӣ аён мегардад, дар ҳамон вақтҳо аввалин аломатҳои русуми дафн, нахустин падидаҳои дин ба зуҳур омада будаанд.

МЕЗОЛИТ ВА НЕОЛИТ

Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар хел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин давра олоти истеҳсолот нисбатан мукаммал ва беҳтар мегардад. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ: сайқал додан, парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеҷ асаре набуд, ба таври васеъ паҳн мешаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолӣ, зироат ва чорводорӣ низ ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи шароити табиӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна маконҳои шикорчиёни моҳигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидоӣ пайдо мешаванд.

Осори мезолит

Осори давраи мезолит хусусан дар маҳалҳои соҳили Каспӣ ба таври муфассал тадқиқ шудааст. Намунаи барҷастаи он бозёфти диққатангези А.П.Окладников – ғори Ҷабал мебошад. Маълумот ва мадракҳои аз ин ҷо бадастомада дар солҳои охир ба тавассути кашфи боз як махзани ёдгориҳои қадима – ғори Замзамчашма афзунтар гардид. Дар табақаҳои пуршумори маскуни ин ғорҳо ва дигар ёдгориҳои наздики Каспӣ даҳҳо ва садҳо асбобу абзори хурди сангичахмоқӣ боқӣ мондааст, ки аз байни онҳо, алалхусус, олоти шакли ҳандасӣ: қитъаи доира (сегмент), секунҷа, шакли мунҳариф (трапетсия) ҷолиби диққат аст. Маълумот ва мадракҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи мезолит ва оғози неолит дар баробари шикори ҳайвонот сайди моҳӣ ва ғизоғундорӣ ривоҷ меёбад. Ёдгориҳои соҳили Каспӣ бо хосияти худ ба маданияти ҳамонвақтаи Осиёи Пеш қаробат доранд.

Ҳангоми ковиши бошишгоҳи Тутқавул дар маҳалли сохтмони ГЭС-и Норак осори нодири мезолит ба даст омад. Дар ин ҷо дар қатори олоти маъмули мезолити Осиёи Пеш (кордҳои сангии якдама, сегментҳо ва ғ.) олоти дағалтаре низ ёфт шуд, ки онҳо мезолити ҳазораҳои ХIII–VII то милоди Тутқавулро бо маданияти давраҳои сонитари Ҳисор марбут месозанд. Осори Дараи Шӯр ҳам маконан ва ҳам тавсифан ба маданияти номбурда наздик аст. Ин осор дар 20 км шарқтари Тутқавул воқеъ мебошад.

Дар бошишгоҳи Обикиик, ки дар ҷои аз қаторкӯҳи Рангинтоғ баромадани роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа ҷой гирифтааст, як силсила олоти аҷоиби мезолит ёфт шуд.

Аммо осори дар Помир кашфшуда аз ин ёдгориҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин ҷо, дар шароити фавқулоддаи кӯҳистон, дар иртифои мутлақи аз 3,5 ҳазор то 4,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, баландтарин дар ҷаҳон қароргоҳи одамоне ёфт шуд, ки 95 ҳазор сол пеш зиндагӣ ба сар бурдаанд (ин сана ба воситаи таҳқиқи физикии ангишти оташдони қароргоҳи Ошхона муайян гардидааст).

 

Ин хосиятан маданияти дигарест, ки аз мезолити ғарбӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он асосан асбобу олоти дурушт, мисли белчаҳои аз санги қайроқ сохташуда, ба назар мерасанд, яъне дар ин ҷо бештар техникаи давраи палеолит ҳукмфармо буда, аз олатҳои ҳандасӣ асаре ҳам дида намешавад. Он аслан қароргоҳи шикорчиён будааст, ки дар фасли тобистон ба ин маҳалли аз сайд фаровон кӯчида меомадаанд. Дар қароргоҳи Ошхона чор табақаи маскун кашф гардид, беш аз 10 ҳазор олат ҷамъ карда шуд.

Осори неолит

Тахминан 9–7 ҳазор сол қабл аз ин асри нави санг оғоз ёфтааст. Дар Осиёи Миёна се умумияти мадании таърихиро, ки аз якдигар бо шароити зиндагӣ ва осори худ фарқ мекунанд, метавон аёнан мушоҳида намуд. Дар ҳамин марҳила дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ тағйироти таърихӣ рӯй медиҳад. Инсоният аз масраф ва захираи неъмат ба тавлид ва истеҳсоли он қадам мегузорад – ҷои шикор ва ғизоғундориро зироат ва чорводорӣ ишғол менамояд. Ин дигаргуниро гоҳо «инқилоби неолит» меноманд. Албатта, воқеан ин тавр нест, балки ин ном фақат шартист. Дар тӯли доманаи Копетдоғ он вақтҳо масканҳои аҳли маданияти Ҷайтун – қабилаҳое, ки аз тамоми қавму тоифаҳои сокини Иттифоқи Советӣ пештар ба зироат шурӯъ намудаанд, воқеъ гардида буданд. Онҳо дар деҳкадаҳои қабилавӣ, дар хонаҳои кулӯхӣ зиндагонӣ мекарданд. Чорводорӣ низ аз машғулиятҳои асосии онҳо ба шумор мерафт. Асбобу олоти деҳқонии онвақта аксаран аз досҳои содаи сангичахмоқӣ иборат буданд, ки онҳо 36,5 фоизи олатҳои тадқиқшударо ташкил менамоянд. Аз навъҳои зироат бештар гандум ва ҷав кошта мешуд. Дар қатори аслиҳаву абзори сангичахмоқӣ пораҳои зарфи гилӣ ҳам пайдо гардиданд, ки аз мавҷудияти кулолӣ дар он замон гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳо дастӣ сохта, баъзан бо хатҳои ислимӣ ва нақшунигори тӯросо оро дода мешуданд. Ин ҳоло қадимтарин намунаи осори кулолии Осиёи Миёна мебошад. Ба санъати сафолиёти Ҷайтун хеле фаровон будани асбобҳои майдаи сангӣ хос аст. Дар ин ҷо пайкони тир ё найза мутлақо дучор нашуд. Аз афти кор, асбоби меҳнат ва ҷанг аз сангҳои майда сохта шуда, баъд васл карда мешуд.

Дар ҳамон давраҳо барои сафолпазӣ кӯраву хумдонҳои махсус вуҷуд доштанд, гарчанде худи асбобҳои сафолӣ кам истеҳсол мешуд. Дар яке аз бошишгоҳҳои маданияти Ҷайтун – дар Чӯпонтеппа қабрҳое ёфт шуданд, ки хусусияти ба худ хос доранд ва ин хусусият дар давраҳои сонӣ ҳам ба назар мерасад ва он иборат аз ҳамин аст, ки қабр дар худи бошишгоҳ дар рӯи ҳавлӣ ё дар дохили хонаҳо канда мешуд. Дар байни бошишгоҳҳои ин маданият Пассочиқтеппа мақоми махсус дорад ва маҳз дар ҳамин ҷо биное ёфт шуд, ки, аз афти кор, бинои ҷамъиятӣ мебошад. Дар яке аз деворҳои ин бино бо ранги сиёҳу сурх сурати даррандагону чаррандагон ва нақши аҷоиб кашида шудааст25. Ин сурат яке аз қадимтарин суратҳои рӯидеворӣ дар СССР мебошад. Дар давраи неолит сокинони соҳилҳои камбориши ҷануби Туркманистон барои обёрӣ зоҳиран фақат дамиши обро истифода мебурданд. Барои ин махсус ҷӯйҳо меканданд ва палҳо месохтанд. Дар айни ҳол дар маҷрои мобайнии дарёву дарёчаҳо воқеъ будани баъзе бошишгоҳҳо шояд далели он бошад, ки оби он дарёву дарёчаҳо барои обёрии заминҳои лаби дарё истифода бурда мешуд. Чорводорӣ хеле равнақ ёфта бошад ҳам, ба туфайли шикор низ хеле гӯшт (дар Ҷайтун қариб 25%) ба даст оварда мешуд, ғайр аз ин пӯсту устухони чорво низ дар рӯзгор ба кор мерафт.

Дар макони ин маданият – Ҷайтун низ чандин муҷассамачаҳои гилии ҳайвонот ва одамонро ёфтаанд. Ин муҷассамаҳо, ба ақидаи В.М.Массон, маъбадҳои қабилавӣ мебошад27. Замон ва таърихи мавҷудияти ёдгориҳои асосии маданияти Ҷайтун ҳазораи VI пеш аз милод аст. Қабилаҳое, ки ба умумияти дигар тааллуқ доштанд, дар дашту ҷулгаҳои Осиёи Миёна, хусусан дар воҳаи Бухоро ва канораҳои баҳри Арал ҳаёт ба сар мебурданд. Ёдгориҳои аз онҳо боқимондаро бо номи «маданияти Калтаманор» ёд мекунанд. Вай асосан маданияти шикорчиён ва моҳидорон буда, бо ҳамин ҷиҳат аз маданияти пеш аз ин зикршуда тафовут дорад. Калтаманориҳо, зоҳиран, дар марҳалаҳои охири тараққиёти худ ба ром кардани ҳайвонот ва аз худ кардани зироати ибтидоӣ шурӯъ намудаанд. Санаи маъмули мавҷудияти ин умумияти қабилавӣ ҳазораи IV–III пеш аз милод аст. Ҳамин тариқ, дар он замон инкишофи номавзуни маданиятҳои асри санг ба амал меояд. Ҳафриёти Ҷонбозқалъаи 4, ки аз он ҷо боқимондаҳои манзили калони гирдашакли аз чӯбу қамиш сохташудаи ба ҷамоаи қабилавии иборат аз 100 нафар ва бештар аз он тааллуқдошта пайдо гардид, ҳаёти қабилаҳои калтаманорро хеле барҷаста тасвир менамояд. Ҳамин навъ манзили боз ҳам калонтар дар қароргоҳи Ковати 7 ёфт шуд. Хусусияти маданияти Калтаманор аз олатҳои хурди сангичахмоқӣ ва инкишофи техникаи васла зоҳир мегардад. Санги чахмоқ аз кӯҳи Султонуиздоғ ба даст оварда мешуд. Дар ин ҷо кони санг ва устохонаи сохту пардохти олоти сангичахмоқӣ (Бурлӣ 3), ки ба давраи Калтаманор тааллуқ доштааст, пайдо гардид. Ҳамчунин аз масканҳои қадима бисёр асбобҳои сафолӣ, аз ҷумла сафолҳои нақшунигорин ёфт шуданд.

Дар кӯҳистон ва маҳалҳои назди кӯҳсори Осиёи Миёна умумияти қабилавии севум – маданияти Ҳисор макон ёфта буд. Ин воқеа ҳам «неолити кӯҳистон» аст, яъне давраест, ки бо шароити махсуси зиндагонии одамони даранишин тавсиф меёбад. Нахустин муҳаққиқи маданияти Ҳисор А.П.Окладников ҷиҳатҳои ниҳоят фарқкунандаи олатҳои сангии ин маданиятро, ки қисми асосии онҳоро асбобу абзори қайроқсангӣ ташкил додаанд, хотирнишон намуда буд. Бозёфти чунин асбобу олот дар Осиёи Миёна мебошад. Хусусияти дигари ин маданият иборат аз он аст, ки дар байни ёдгориҳои он аз асбобҳои сафолӣ ҳеҷ як асаре дида намешавад. Ба ақидаи А.П.Окладников, аҳли маданияти Ҳисор аввалин барзгарони вилоятҳои кӯҳистон буда, дар баробари зироат ва чорводорӣ шикор ҳам дар ҳаёти онҳо мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Бозёфтҳои Тутқавул (соҳили чапи дарёи Вахш дар наздикии Норак), ки он ҷо дар масоҳати калоне макони бисёртабақа ва пуросори онвақта тадқиқ мешавад, таърихи пайдоиш ва ҷараёни инкишофи маданияти Ҳисорро равшантар хоҳад намуд. Дар Тутқавул чор табақаи маскун (ду табақаи маданияти мезолити ҳазораи Х–VIII пеш аз милод ва ду табақаи мутааллиқ ба худи маданияти Ҳисор) кашф гардид. Дар табақаҳои маданияти Ҳисор боқимондаҳои оташдони нимдоираи аз санг чидашуда, иичунин «хоначаҳо»-и махсуси аз девораҳои чандқабатаи сангӣ биноёфта пайдо шуданд. Ин гуна суфачаҳо, ки зоҳиран ҳамчун бунёди манзилҳои сабукбори чӯбӣ хизмат мекардаанд, дар ҳафриётҳои Шарқи Наздик низ дарёб гардиданд».

Дар байни бештар аз 40 ҳазор маснуоти асри санг, ки аз ҳафриёти Тутқавул ба даст омадааст, табарҳои хуби суфта, кордҳои тез, абзорҳои дастии хонагӣ: дарафш, парма, белча ва бисёр олатҳои сохту пардохти чӯб мавҷуданд. Аслиҳаи асосии шикорӣ аз найза ва синон иборат буд, ки ба дастаҳои чӯбӣ ё устухонӣ теғ нишонда, бо мум ва ширеш маҳкам мекарданд. Қисмати асосии ёдгориҳои маданияти Ҳисорро олатҳои калони санги қайроқӣ ташкил менамоянд. Асбобу олоти устухонӣ хеле кам ба назар мерасад. Аз ҳафриёти ин ноҳия устухонҳо – аввалин осори антропологии аҳли маданияти Ҳисор низ ёфт шуданд. Мувофиқи усули радиокарбӣ муайян карданд, ки табақаи болоии маскуни Ҳисор 5150±140 сол пеш аз милод вуҷуд доштааст.

Муқаррар кардани асосҳои иқтисодии марҳалаи тутқавулии маданияти Ҳисор ниҳоятдараҷа душвор аст. Вале аз мадракҳои археологӣ чунин бармеояд, ки он маскани шикорчиён ва ғундорандагони неъматҳои табиӣ набуда, балки одамони навакак ба шаклҳои истеҳсолкунандаи хоҷагӣ қадамгузошта мебошанд. Иқтисодиёти сокинони қадимаи Тутқавул бештар ба марҳалаи «пайдоиши зироат ва чорводорӣ» наздик аст. Як қатор нишона ва аломатҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки чорводорӣ мавқеи асосӣ доштааст. Дар байни устухонҳои миқдоран ками ҳайвонот, ки аз табақаҳои маскунӣ берун оварда шудаанд, устухони буз ва гӯсфанди хонагӣ ба назар мерасанд.

Ҳоло дар дасти мо баъзе далелҳое мавҷуданд, ки барои муайян кардани ҳудуди интишори маданияти Ҳисор имкон медиҳанд. Ин навъ ёдгориҳо асосан воҳаҳои сарзамини имрӯзаи Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Ёдгориҳои мушобеҳи ин, ки дар дигар ноҳияҳои кӯҳистони Осиёи Миёна, аз ҷумла дар шимоли Тоҷикистон, Фарғона ва соҳилҳои Иссиқкӯл дучор меоянд, мутаассифона, то ҳол дуруст омӯхта нашудаанд.

Таърихи мавҷудияти маданияти Ҳисор ва санаҳои асосии осори он низ муайян карда шуд. Маълум гардид, ки ин маданият на камтар аз се ҳазор сол (ҳазораҳои VI–III пеш аз милод) давом кардааст. Ёдгориҳои давраи аввали ин маданият дар Тутқавул, давраи миёна дар Кӯи Бӯлёни Данғара ва ниҳоят давраи охири он дар Теппаи Ғозиёни Ҳисор маҳфуз мондаанд. Масъалаи гузаштан аз маданияти Ҳисор ба фулуз ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нагардидааст.

Қадимтарин тасвирҳои рӯи санг

Тасвирҳои рӯи санг, ки барои дарк намудани тафаккури башари қадим ва тасаввуроти нисбат ба муҳит пайдокардаи ӯ кӯмак мерасонанд, мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқони таърихи бостон қарор гирифтаанд.

Дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна ҳазорон тасвирҳои дар сахраҳо кандашуда мавҷуданд, ки машҳуртарини онҳо тасвирҳои Саймалитош дар Фарғона31 ва Лангаркишт дар Помири ғарбӣ мебошад32. Дар Тоҷикистон ҳам чандин маҳалли ин қабил ёдгориҳоро метавон ном бурд. Чунончи, дар қадди соҳили Зарафшон ва шохаҳои он33, дар силсилакӯҳи Қурама34 ва дигар маҳалҳо миқдори зиёди тасвирҳои рӯи санг пайдо гардидаанд. Дар Помир тақрибан 50 маҳалли чунин ёдгорӣ қайд шудааст35. Аксари ин тасвирҳои рӯи санг ба даврони таърих ва қисман ба замони скифу сарматҳо тааллуқ дорад. Аз тадқиқи онҳо масъалаҳои хеле ҷолибе ба миён меоянд, ки эҳтимол, чанд насли донишмандон – археологҳо ва санъатшиносон ба ҳалли онҳо машғул хоҳанд шуд.

Вале аз ҳама ҷолибтар қадимтарин тасвирҳои рӯи сахраҳо офаридаи одамони асри санг мебошад. Ин қабил тасвирҳо ҳамагӣ фақат дар якчанд нуқтаҳо дучор омадаанд. Онҳо чи аз ҷиҳати мавзӯъ ва чи аз ҷиҳати тарзи офариниши худ аз чунин осори ҳунарии давраҳои баъд фарқ мекунанд. Яке аз фарқҳои муҳими тасвирҳои қадима ин аст, ки онҳо бо ранг кашида шудаанд.

Тасвирҳои хеле диққатангези Заравутсой (воқеъ дар Ўзбекистон) кайҳост, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар байни ин тасвирҳо хусусан саҳнаи шикори говони ваҳшӣ, ки шикорчиён рӯи худро бо або пӯшидаанд, ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошад. Дар натиҷаи тадқиқоти солҳои охир маълум гардид, ки ин суратҳо ба давраҳои неолиту энеолит тааллуқ дошта, эҳтимол, баъзе қабатҳои қадимтари онҳо ба замони мезолит ҳам рафта мерасида бошанд.

Чунин ба назар мерасад, ки қадимтарин тасвири рӯи санг дар Осиёи Миёна суратҳои мағораи Шахта мебошад, ки дар Помир кашф шудааст. Дар девори мағораи начандон калоне, ки дар баландии 4200м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст, суратҳои ба ду ранг кашидашуда маҳфуз мондаанд. Тасвири одамони ба зери қаноти мурғон паноҳбурда, гурозҳо ва хирсҳо хеле хуб намоёнаст. Ҳайвонҳо дар лаҳзаи захмӣ шудан аз тири шикорчиён тасвир шудаанд.

Бино ба сабки нигориши ин суратҳо, қазоват кардан мумкин аст, ки онҳо назар ба суратҳои Заравутсой қадимтаранд ва метавонанд ба давраҳои аввали неолит ё худ мезолит нисбат ёбанд.

Суратҳое, ки аз ду маҳалли дигари кӯҳистони Осиёи Миёна – дар наҳри Сариҷас ва Куртикисои наздики мағораи Шахта ёфт шудаанд, ба давраҳои баъдтар, ба аҳди охири неолит ё биринҷӣ тааллуқ доранд

 

Likes:
0 0
Views:
108
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply