Умумӣ

Сотсиология ҳамчун илм.

 Сохтор ва дараҷанокии донишҳои сотсиология.

Мундариҷа

Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷамъият
Объект, предмет ва омӯзиши сотсиология
Сатҳу дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ
Категорияҳо ва қонунҳои сотсиология
Парадигмаҳои сотсиологӣ
Вазифаҳои илми сотсиология
Алоқамандии сотсиология бо дигар илмҳо

Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷамъият

Сотсиология илми ҷавон аст, солҳои 30 – 40 уми асри XIX дар Франсия пайдо шудааст. Асосгузори ин илм донишманди бузурги франсуз О. Конт (1798 – 1857) мебошад, аммо ин маънои онро надорад, ки донишҳои сотсиологӣ асрҳо боз аз омӯзиши таҳлили илмӣ фаромӯш шуда бошад. Баръакс, он масъалаҳое, ки имрӯз сотсиология предмети омӯзиши худ қарор додаст, пештар дар фалсафа ва минбаъд дар фалсафаи иҷтимоӣ таҳлилу таркиб мешуданд. То пайдоиши сотсиология донишҳои сотсиологӣ дар дохили илми фалсафа ва минбаъд фалсафаи иҷтимоӣ рушд менамуданд. Аввалин факултети сотсиология соли 1892 дар Универститети Чикагои Амрико кушода шуда буд. Инқилоби асри XVIII, рушди илмҳои табиатшиносӣ (яъне одамон агар қонунҳои табиатро омӯхта тавонистанд, пас қонунҳои ҷомеаро низ омӯхтан мумкин аст) ва пешрафти муносибатҳои иқтисодии ҷомеа ҳамчун заминаи пайдоиши илми сотсиология баромад кардаанд.
Аваллин маротиба дар Россия шӯъбаи сотсиология соли 1920 дар дохили факултети илмҳои ҷомеашиноси кушода мешавад, ки роҳбарии онро сотсиологи рус Питирим Сорокин ба душ гирифта буд. Соли 1923 илми сотсиология материализми таърихи номида шуда, ба ҷузъи таркибии фалсафа табдил меёбад (бо талошҳои Бухарин). Баъд аз супориши И. В. Сталин илми сотсиология илми буржуазӣ шуморида шуда, дар СССР тадқиқотҳои назариявию амалии сотсиологӣ қатъ гардонида шуда, худи мафҳуми сотсиология аз илм бардошта мешавад. Танҳо аз соли 1960 ба гузаронидани тадқиқотҳои амалии сотсиологӣ иҷозат медиҳанд. Дар Россия аз 7 июни соли 1988 илми сотсиология ба мавҷудияти қонунӣ ҳуқуқ пайдо менамояд. Дар Тоҷикистон пас аз барҳам хурдани СССР аз соли 1991 илми сотсиология ба сифати илми мустақил шинохта шуда, аввалин маротиба соли 2005 дар ДМТ кафедраи сотсиология кушода мешавад.
Имрӯз илми сотсиология босуръат рушд меёбад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 Маркази тадқиқоти сотсиологӣ вуҷуд дорад, ки дар масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ тадқиқотҳои сотсиологию маркетингӣ мегузаронанд. Масалан, яке аз марказҳои муваффақи тадқиқоти сотсиологи бо номи “Зеркало” маъруф аст. Дар Россия яке аз чунин марказҳо “Маркази умумиҷаҳонии афкори умум” ва дар Амрико “Гэллап” хело машҳур гардидааст. Танҳо дар ИМА зиёда аз 90 ҳазор сотсиолог фаъолият мекунанд ва 250 факултети сотсиология вуҷуд дорад. Дар Амрико барои гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳамасола даҳҳо миллиард доллар харҷ мекунанд.
Аз охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI илми сотсиология ба сифати машҳуртарин илми ҷомеашиносӣ шинохта шудааст. Масъалае нест, ки омӯхтани он тавассути илми сотсиология имконопазир бошад. Хусусан, имрӯз илми сотсиология барои муайян намудани омилҳои пайдоиш, паҳншавӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, пешгӯи намудани оқибатҳои ин ё он раванди иҷтимоӣ, таҳлили ҳодисаҳои сиёсӣ, омӯзиши бозор ва ғайра васеъ истифода мешавад.           Мафҳуми сотсиология аз ду калима гирифта шудааст: якум – лотинии societas – ҷомеа ва дуюм юнонии logos – дониш, таълимот, яъне илм дар бораи ҷомеа аст. Донишмандон илми сотсиологияро гуногун таъриф медиҳанд (зиёда аз 100 таърифи сотсиология вуҷуд дорад). Ин ҷо мо маъмултарин таърифҳои илми сотсиологияро пешниҳод менамоем.
1. Сотсиология илмест, ки барқароршавӣ, рушд ва тағйироту дигаргуншавии умумиятҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳуроти он: низом, сохтор ва институтҳои иҷтимоиро меомӯзад;
2. Сотсиология илмест, ки сохтори иҷтимоии ҷоме ва унсурҳои асосии он (умумиятҳо, институтҳо, ташкилотҳоиҷтимоӣ ва рафториодамон), раванду тағйиротҳои дар дохили ин сохтор рӯйдиҳандаро меомӯзад
3. Сотсиология илмест, ки рафтори одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро меомӯзад;
4. Сотсиолия илмест, ки қонунҳои умумитарини инкишофи ҷомеаро меомӯзад.
5. Сотсиология ин усули омӯзиши одамон мебошад. Сотсиологҳо кӯшиш мекунад, ки фаҳмад барои чӣ одамон ҳамин хел рафтор мекунанд, бо аломатҳо ва нишонаҳои гуногун ба гурӯҳҳо муттаҳид мешаванд? Барои чӣ оиладор мешаванд? Дар интихобот овоз медиҳанд, корпартоӣ ё дуздӣ мекунанд? (Сотсиологи амрикоӣ Н. Смелзер)
6. Сотсиология илмест дар бораи рафтори одмон, ки алоқаю робитаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии сабабӣ- натиҷавии байни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ошкор менамояд.
7. Сотсиология илм дар бораи барқароршавӣ, рушд ва амали умумиятҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои хадташкилшавии он: низоми иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ ва институтҳои иҷтимоӣ мебошад. Умумиятҳои иҷтимоӣ алоқаҳои байни одамон мебошад, ки аз манфиатҳои умумӣ, монандии шароитҳои ҳаётӣ, маданият ва фаъолияти муштараки онҳо бармеоянд (сотсиологи рус А. Ядов).
8. Сотсиологияро илмест дар бораи ҳаёти иҷтимоии одамон, гурӯҳҳо ва ҷомеа (сотсиологи англис Э. Гидденс)

Объект ва предмети омӯзиши сотсиология

Барои дарк намудани моҳият, сохтор ва вазифаҳои илми сотсиология пеш аз ҳама муайян намудани объект ва предмети омӯзиши он зарур аст. Объект чизест, ки ба он раванди дониш равона шудааст. Предмет бошад ин он паҳлӯҳо, алоқаҳо ва муносибатҳои объект ҳастанд, ки мавриди омӯзиш қарор доранд.
Объекти сотсиология дар маънои васеъ ин тамоми ҷомеа ҳамчун низоми том ва ягона мебошад, аммо ҷомеа натанҳо объекти сотсиология ҳаст, балки метавонад объекти дигар илмҳои ҷомеашиносӣ низ бошад. Мисол, ҷомеа объекти омӯзиши чунин илмҳо ба монанди сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, иқтисодиёт, омор, таърих ва ғайра ба ҳисоб меравад. Аз ин гуфтаҳо саволе ба миён меояд, ки пас фарқ байни сотсиология ва дигар илмҳо дар чист? Он чизе, ки ин илмҳоро аз якдигар фарқ мекунад, ин предмети омӯзиши онҳо мебошад. Ҳар яке аз илмҳои номбаршуда дар ҷомеа як қисми он, паҳлӯи махсуси танҳо ба ин илм хос бударо меомӯзанд.
Предмети сотсиология паҳлӯҳо, алоқаҳо, муносибатҳо ва ё ҷиҳатҳои махсусе ҳастанд, ки муҳаққиқон вобаста ба шавқи илмии худ ва ё вобаста ба талаботи ҷомеа дар объект ҷудо намуда, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Сотсиология бошад сохтори иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ (умумиятҳои синфӣ-иҷтимоӣ, умумиятҳои касбӣ иҷтимоӣ, териториявӣ, сохторҳои муҳити зист, умумиятҳои этникӣ, умумиятҳои иҷтимоии демографӣ) институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, низоъҳои иҷтимоӣ, тағйироти иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, сифатҳои иҷтимоии шахс, раванди иҷтимоишавӣ, рафтори иҷтимоӣ, шуури ҷамъиятӣ ва ғайраро меомӯзад. Ҳамаи ин тарафҳои ҷомеа, ки предмети омӯзиши илми сотсиология мебошанд, дар якҷояги низоми сотсиум (аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш умуми, муштарак, якчоя) – ро ташкил медиҳад.

Сатҳу дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ:

Сотсиология мисли дигар илмҳо сохтори худро дорад. Дар маҷмӯъ сотсиологияро шартан ба ду бахш ҷудо менамоянд:
1. Сотсиологияи назариявӣ-оиди барқароршавӣ, ташаккулёбӣ ва амалкунии умумиятҳои сатҳи гуногун ва муносибати миёни онҳо, инчунин равандҳои оммавии иҷтимоӣ ва амалҳои иҷтимоии муқаррарии инсонҳоро таҳқиқ мекунад. Сотсиологияи назариявӣ масъалаҳои илмиеро ҳал менамояд, ки бо фаҳмондадиҳии зуҳуротҳои иҷтимоӣ, коркарди маҷмӯи категорияҳо ва методологияҳои илмӣ алоқаманд ҳастанд.;
2. Сотсиологияи амалӣ–ин маҷмӯи тарзу воситаҳои методию техникиест, ки барои ба даст овардани маълумоти аввалиндараҷаи сотсиологӣ равона гардидааст. Сотсиологияи амалӣ воситаҳои ноил шудан ба мақсадҳои муайянро кор карда мебарорад, инчунин роҳҳо ва тарзҳои истифодабарии қонуниятҳое, ки сотсиологияи назариявӣ кор карда баровардааст, муайян менамояд.
Инчунин олимон дар бораи назарияҳои сатҳи миёна (назарияҳои соҳавӣ ва назарияҳои махсуси сотсиологӣ), ки нисбат ба назарияи умумӣ доираи предметии маҳдудтар доранд, сухан мекунанд. Мафҳуми «назарияҳои сатҳи миёна» аз ҷониби сотсиологи амрикоӣ Роберт Мертон дар соли 1947 ба илм ворид карда шудааст ва барои нишон додани донишҳои илмие, ки ба сифати миёнарав байни назарияи умумисотсиологӣ ва таҳқиқотҳои амалӣ баромад мекунанд, мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, назарияҳои институтҳои иҷтимоӣ (сотсиологияи оила, маориф, сиёсат, дин ва ғайра), назарияҳои муносибатҳои иҷтимоӣ (гурӯҳҳои хурд, ташкилотҳо, этносҳо ва ғайра), назарияҳои махсуси равандҳои иҷтимоӣ (каҷрафторӣ, ҷойивазкунии иҷтимоӣ, шаҳришавӣ (урбанизатсия) ва ғ.).

Сотсиология ҷомеаро дар ду сатҳ меомӯзад:

1. Макросотсиология-ҷамъият, системаи иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ, умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, равандҳои иҷтимоии глобалӣ: маданият, дин миллат синф ва умуман, ҷамъиятро ҳамчун як организми бутун ва ягона меомӯзад (масалан, назарияи функсионалӣ (Э. Дюркгейм, Т. Парсонс ва дигарҳо), назарияи низои иҷтимоӣ – К. Маркс, Р. Дарендорф ва дигарон);
2. Микросотсиология-омилҳои рафтори одамон, арзишҳои онҳо, амалҳои байниҳамдигарӣ ва ба ин монандро дар гурӯҳҳои иҷтимоии нисбатан хурд меомӯзад.

Категорияҳо ва қонунҳои сотсиология

Барои ҳар як илм қонунҳо ва категорияҳо ин масъалаи асосӣ мебошад. Чунки маҳз дар категорияҳо мафҳумҳо дониш ба даст омада ҷамъ мешавад. Барои сотсиология категорияи аз ҳама пеш ва беҳад васеъ ин мафҳуми “иҷтимоӣ” ё “иҷтимоиёт” мебошад. Дар маркази илми сотсиология мафҳуми иҷтимоиёт меистад. Мафҳуми “иҷтимоиёт” ҳаммаънои калимаи русии «социальное» ва калимаи лотинии socialis буда, маънои муштарак, шарикӣ, рафоқат, умумиятро дорад. Иҷтимоиёт – ин маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятии ҳамин ҷомеа ҳаст, ки дар раванди фаъолияти муштараки фардҳо, гурӯҳи фардҳо дар шароитҳои муайян, ҷой ва вақт мутаҳид карда шудааст. Иҷтимоиёт ин натиҷаи фаъолияти муштараки фардҳои гуногун аст, ки дар натиҷаи муошират ва робитаи байниҳамдигарии онҳо ба вуҷуд меояд. К. Маркс ва Ф. Энгелс дар асарҳои худ мафҳумҳои “ҷамъиятӣ” ва“иҷтимоӣ” – ро васеъ истифода бурдаанд. Агар сухан дар бораи ҷомеа дар маҷмӯъ (соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра) равад, мафҳуми “ҷамъиятӣ” ва “муносибатҳои ҷамъиятӣ” истифода бурда мешуд, аммо мафҳуми “иҷтимоӣ” дар мавриди тадқиқи табиати муносибатҳои байниякдигарии одамон, омилҳо ва шароитҳои ҳаёту фаъолият, мақом ва нақши инсон дар ҷомеа мавриди истифода қарор мегирифт. Ба маънои маҳдуд зери мафҳуми “иҷтимоиёт” он қисми муносибатҳои ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки мақом ва нақши одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро дар сохтори иҷтимоии ҷомеа инъикос менамоянд.
Дар қатори мафҳумҳо ва категорияҳои муҳими сотсиология “низоми иҷтимоӣ”, “муносибатҳои иҷтимоӣ”, “институтҳои иҷтимоӣ”, “гурӯҳҳои иҷтимоӣ”, “ташкилотҳои иҷтимоӣ”, “масъалаҳои иҷтимоӣ, “сохтори иҷтимоӣ”, “тадқиқоти сотсиологӣ”, “методҳои тадқиқоти сотсиологӣ”, “пурсиши сотсиологӣ”, “тағйироти иҷтимоӣ”, “рушди ҷомеа”, “табақабандии иҷтимоӣ”, “ҷойивазнамоии иҷтимоӣ” ва амсоли инро номбар кардан мумкин аст. Дар назарияи таҳлили сохтори функсионалии ҷамъият предмети асосии сотсиология – омӯзиши “низомҳои иҷтимоӣ” меҳисобанд. Дар сотсиологияи Шӯравӣ (имрӯз дар сотсиологияи русиягӣ) умумиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун категорияи асоси таҳлили сотсиологӣ ба ҳисоб меравад.
Аз замонҳои қадим мутафаккирон кӯшиш менамуданд, қи қонунҳои инкишофи ҷомеаро муайян намоянд. Асосгузори илми сотсиология Огюст Конт қонуни рушди ҷомеаро ба тариқи қонун дар бораи се давраи инқишофи таърихӣ пешниҳод намуд. Аз рӯи ақидаи К. Маркс, ҷамъият дар асоси қонунҳои обективии худ тағйир меёбад: ягон форматсияи нав бе фароҳам намудани шароитҳои зарурии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо намешавад. Классики сотсиологияи австриягӣ Л.Гумплович исбот мекард, ки қонуни олии рушди ҷомеа – ин майлу кӯшишҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба худнигоҳдорӣ ва мунтазам баланд бардоштани некӯаҳволии худ мебошад. Сотсиологи амрикоӣ Т. Парсонс таъкид менамуд, ки дар замони ҳозира ҷараёни гузариш аз “инқилоби саноатӣ” ба “инқилоби демократӣ” ва баъд ба “инқилоби иттилоотӣ” амалӣ шуда истодааст.
Қонуни сотсиологӣ – ин робитаҳои асоситарин, заруртарин, такроршавандаи низомҳои иҷтимоӣ, зернизомҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ, ҷараёнҳо, ниҳодҳо ва дигар бахшҳои ҷомеа мебошанд. Мағзи ҳар як илмро қонунҳои вай ташкил мекунанд. Сотсиология ба омӯзиши қонунҳои иҷтимоие, ки дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон амал мекунанд ва ба шакли таъсиру паҳншавии худ аз ҳам фарқ мекунанд, нигаронида шудааст.
Қонунҳои сотсиологӣ дар ҷомеа тавлид ва амалӣ мегарданд. Яъне қонунҳои сотсиологӣ табиати иҷтимоӣ доранд. Ҷомеаро мавҷуди боақлу заковатманд – инсон ташкил медиҳад. Одамон ҳамаи низомҳои иҷтимоӣ, зернизомҳо, ниҳодҳо ва ҷараёнҳо, ҳамаи бахшҳои ҷомеаро бунёд менамоянд ва равнақ медиҳанд. На қонунҳои рушди форматсионӣ ва тамаддунӣ, на қонунҳои рушди инқилобӣ ва эволютсионӣ ва ғайра ҷой намедоштанд, агар фаъолияти эҷодиёти боақлона ё ғайриақлона, фаъолияти тасодуфӣ ё нақшавӣ, ҷисмонӣ ё зеҳнии одамон вуҷуд намедошт. Аз ин рӯ, қонунҳои сотсиологӣ ҷиҳати субъективӣ доранд, на танҳо барои он ки онҳоро мавҷуди шуурнок кашф менамояд, меомӯзад ва баён мекунад, балки табиати қонунҳо иҷтимоӣ буда, дар натиҷаи фаъолияти одамон тавлид ва рушд меёбанд.
Аз рӯи асосҳои гуногун қонунҳои иҷтимоӣ ба намудҳои гуногун чудо карда мешаванд.
• Қонунҳои умумӣ (иҷтимоӣ – иқтисодӣ) – қонунҳои ташаккул, бавуҷудоранда, рушд ва тағйироти ҷомеа мебошанд. Ин қонунҳо алоқамандӣ, сабабнокии ҷиддии ҳодисаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологиро ифода мекунанд. Мисол, қонуни муайянкунандаи нақши тарзи истеҳсолот дар рушди ҷомеа. Қонуни ягонагии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ва ғ.;
• Қонунҳои сохторӣ – қонунҳои низомҳои гуногун (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва ғайра), ки дар чорчӯбаи ин ё он сохтори ҷамъиятӣ амалӣ мегарданд;
• Қонунҳои хусусӣ – ин гуна қонунҳо ҳамчун натиҷаи маҷмӯи вазъиятҳо ва омилҳои гуногун дар шароитҳои мушаххаси макону замон зоҳир мегарданд. Масалан, қонуни зиёдшавии нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар пешрави ҷомеа аз тарафи муҳаққиқони муосир махсус қайд карда мешавад. Пешрафти фаъолии иқтисодии занон эҳтимолияти зиёд шудани талоқҳоро меафзояд.

Парадигмаҳои сотсиологӣ

Ба фикри ҷомеашиносони муосир ҳар як илм ҳамон вақт ба сатҳи камолот мерасад ва ё ҳамон вақт мустақил мешавад, ки агар он ба мавқеи парадигмаи илмӣ гузарад. Мавқеи парадигмалии илмро мавҷуд будани як ё якчандто парадигма муайян мекунад. Агар илм мавқеъи парадигмали надошта бошад, ин ё он маъноро дорад, ки он ҳоло ҳам предмети омӯзиши худро аз дигар илмҳо ҷудо накарда аст ва ҳамчун илми мустақил вуҷуд надорад.
Мафҳуми «парадигма» маънои бисёре дорад. Дар асари Т. Кук олими америкаоӣ «Инқилоби илм» зиёда аз 20 маънои ин мафҳум оварда шудааст. Ӯ ҳар як илми замони муайянро ҳамчун парадигмаи муайян меҳисобад, яъне парадигма ҳамчун сохтори махсусест, ки дар худ тасавуротҳои гуногунро дар хусуси предмети илм, назарияҳои асосӣ ва методҳои махсуси татқиқотии он таҷассум мекунад. Дар як парадигмаи илмӣ консепсияҳо, принсипҳо ва нуқтаҳои назарҳои гуногун ҷой дошта метавонанд. Масалан, парадигмаи «далелҳои иҷтимоӣ», ки бо номи Дюркгейм ва мактаби функсионали (асосгузори ин мактаб Спенсер ва Дюркгейм) алоқаманд аст. Далелҳои иҷтимои ин сохторҳо ва институтҳои иҷтимоиро дар бар мегирад. Ҷонибдорони ин парадигма далелҳои иҷтимоиро мустақил, новобаста ба ирода ва олами одамон маънидод карда, онро предмети омӯзиши сотсиология мешуморанд. Баъдан дар доираи ин парадигма таҳлили сохтории функсионалии Толкот Парсонс, Роберт Мертон, назарияи низоъи Дарендорф ва Л. Козер ҷудо шуда, инкишофи мустақили худро ёфтанд. Парадигмаи фаҳмиш ё сатҳи амал, ки асосҳои онро М. Вебер гузоштааст, воқеияти иҷтимоиро аз рӯӣ фаҳмиши аз ҷониби субъектҳои амали иҷтимоӣ, яъне фардҳои алоҳида дида баромада мешавад. Ба ақидаи М. Вебер асоси ҳар як амалро фаҳмиш ташкил медиҳад ва сотсиология бояд онро ошкор кунад ва сабабҳои ақлонии фардҳо, яъне субъекти амалро фаҳмида гирад. Парадигмаи «рафтори иҷтимоӣ» – ро назарияи «бихевиоризми иҷтимоӣ» – и Б. Скиннер ва назарияи «мубодилаи иҷтимоӣ» – и Ҷ. Хоманс ва П. Блау таҷассум менамоянд. Парадигмаи детерминизми иҷтимоӣ – таърихӣ ба номи К. Маркс ва пайравонаш алоқаманд аст. Парадигмаи детерминизм психологӣ дар пайвастагии сотсиология ва психология дар асоси консепсияи таҳлили психологии З. Фрейд ташаккул ёфтааст. Мафҳуми парадигма нисбат ба мафҳуми назария васеъ мебошад. Ҳар як парадигма ба ғайр аз тасаввурот дар бораи предмети илм назарияи асосӣ ва методҳои махсуси татқиқот ва категорияҳои илмии худро дорад.

Вазифаҳои илми сотсиология

Вазифаи сотсиология аз он иборат аст, ки ба мо барои фаҳмидани имрӯзу ояндаи ин ҷаҳон ва ҷамъият кӯмак расонад. Сотсиология ба мо имконият медиҳад, ки дар бораи худамон, ҳаёти ҷамъиятӣ маълумот гирем. Сотсиологияи муосир ҳамчун илм вазифаҳои зиёдеро ба зимма дорад.
1. Вазифаи маърифат. Вазифаи мақсадноки сотсиология ҳамчун ҳар як илм ин вазифаҳои маърифатӣ мебошад. Сотсиология қонуниятҳои тараққиёти иҷтимоиро дар сатҳи гуногуни системаи ҷамъиятӣ меомӯзад ва маънидод мекунад. Амалӣ кардани вазифаи маърифат ин коркарди назария ва методҳои тадқиқотҳои сотсиология техникаи ҷамъоварии коркард дар бар мегирад. Донишҳои сотсиологӣ дар амалияи иҷтимоӣ истифода шуда, одамонро ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ мегардонанд.
2. Пешбинӣ кардан. Дар асоси доимии қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият сотсиология метавонад пешбинии кӯтоҳ, миёна ва дарозмудатро дар соҳаҳои демография, сохтори иҷтимоӣ, сатҳи зиндагӣ, бозор, маъракаи интихобот ва ғайра кор карда барояд. Чунин пешбиниҳо барои амалиёти идоракунии сиёсӣ ва иҷтимоӣ истифода мешаванд. Донишҳои сотсиологӣ ҳамчун асосҳои назариявии тартиб додани нақшаи рушди ҷомеа баромад мекунанд.
3. Вазифаи нақшакашии иҷтимоӣ. Вазифаи нақшакашии иҷтимоӣ аз коркарди моделҳои муносиби ташкили умумиятҳои иxтимоӣ масъалаи коллективи меҳнатӣ, шаҳри нав, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ва инчунин идоракунӣ барои ба даст овардани мақсадҳои дар пеш монда иборат аст.
4. Вазифаи идоракунӣ. Сотсиология хусусан сотсиологияи таҷрибавӣ бо фаъолияти идоракунӣ алоқаи бевосита дорад. Бе донишҳои сотсиологӣ ба корҳои идоракунӣ машғул шудан дар замони ҳозира аз имкон берун аст. Масалан, дигар кардани тартиботи корӣ дар коллективи меҳнатӣ бе таҳлили оқибатҳои номусоиди иҷтимоӣ ягон маъно надорад.
5. Вазифаи идеологӣ. Ҳамчун дигар илмҳо дар бораи ҷамъият сотсиология ҳам вазифаи идеологиро иҷро мекунад. Дар давраи шӯрави ин вазифа ҳамчун вазифаи асосии сотсиология ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд сотсиолог кӯшиш менамояд, дар бораи равандҳои иҷтимоӣ донишҳои объективӣ ба даст орад, аммо пурра аз баҳодиҳии сиёсӣ озод буда наметавонад.
6. Вазифаи тадқиқотӣ – методологӣ. Сотсиология методҳои хоси худро дорад, ки тавассути онҳо омилҳои пайдоиши мушкилоти ҷомеаро ошкор намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

Алоқамандии сотсиология бо дигар илмҳо

Дар замони имрӯза сотсиология дар байни дигар илмҳои ҷомеашиносӣ мақоми худро пайдо намудааст. Ин сабабҳои худро дорад. Аввалан сотсиология ҳамон як раванд ва ё ҳодисаи иҷтимоиро такрор ба такрор меомӯзад. Баъдан сотсиология барои дигар илмҳои ҷомеашиносӣ ҳамчун назария ва амалия баромад менамояд. Натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологӣ дар тамоми илмҳои ҷомеашиносӣ истифода мешавад. Тавассути методҳои сотсиологи намояндагони дигар илмҳои ҷомеашиносӣ тадқиқотҳои худро ба анҷом мерасонанд.
Сотсиология махсусан бо фалсафаи иҷтимоӣ алоқамандии зич дорад, бештари масъалаҳои иҷтимоии омӯхташаванда ба ҳам мувофиқ меоянд, аммо аз ҳам фарқ менамоянд. Фалсафаи иҷтимоӣ як бахши фалсафа буда, асосан фарқияти байни ҷомеа ва табиатро тадқиқ менамояд. Ин илм моҳияти мавҷудияти ҷомеа, пайдоиш ва ояндаи ҷомеа, самтҳои ташаккули ҷомеаро меомӯзад. Ҳаёти иҷтимоиро аз дидгоҳи ташаккул додани ҷаҳонбинӣ тадқиқ менамояд. Сотсиология тавассути методҳои мушаххаси худ қонунҳои таӯйирот ва рушди ҷомеаро меомӯзад. Фалсафаи иҷтимоӣ масъалаҳои умумии иҷтимоиро тавассути ақлу мантиқ, ба таври назариявӣ ва сотсиология масъалаҳои мушаххаси рӯузмарраро тавассути методҳои муайяни маърифатӣ ба таври амалӣ тадқиқ менамояд. Танҳо тавассути сотсиология масъалаҳои рӯзмарраи мушаххаси одамони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоиро омӯхта сари вақт ҳал намудан мумкин аст.
Алоқамандии сотсиология бо сиёсатшиносӣ дар он зоҳир мегардад, ки умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ муҳимтрин субъект ва объкти сиёсатшиносӣ ҳастанд. Баъдан ҳаёти сиёсии ҷомеаро сотсиология низ меомӯзад. Ин илмҳо ба якдигар алоқаманданд. Хатто дар илми сотсиология як бахши мустақил бо номи сотсиологияи сиёсӣ вуҷуд дорад.
Алоқамандии илми сотсиологияро бо илми иқтисодӣ низ баръало мушоҳида намудан лозим аст. Сотсиология фаъолият ва рафтори иқтисодии одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро меомӯзад. Муносибатҳои иқтисодӣ, моликият, манфиатҳои иқтисодӣ, шароитҳои меҳнат, шароитҳои иқтисодии ҳаёту фаъолияти одамон, бозор (маркетинг), рақобати иқтисодӣ ва ғайра муҳимтарин масъалаҳои тадқиқотии илми сотсиология ба ҳисоб меравад. Умуман, сотсиология дар алоқаманди бо илмҳои психология, омор, демография, математика ва амсоли ин рушд меёбад.

Leave a Reply