Сотсиология дар Тоҷикистон.

Илми сотсиология солҳои 30 – 50-уми асри ХХ дар Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун илми буржуазӣ манъ шуда буд. Фақат дар охирҳои солҳои 50 –ўм баъзе файласуфон, иқтисодшиносон, таърихшиносон, равоншиносон ва ғайра ба таҳқиқотҳои сотсиологӣ шурўъ намуданд. Аз нав эҳё шудани илми сотсиология дар Иттиҳоди Шўравӣ ба солҳои 60-ўми асри ХХ рост меояд. Дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Новосибирск, Свердловск ва Таллин марказҳои сотсиологӣ ташкил шуданд ва дар хусуси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таҳқиқотҳои сотсиологӣ мегузаронданд. Соли 1958 дар Иттиҳоди Шўравӣ аввалин Ассосиатсияи умумииттифоқии сотсиологӣ созмон дода шуд. Соли 1968 дар асоси Шўъбаи таҳқиқотҳои сосиологии Институти фалсафаи АИ СССР Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоӣ (аз соли 1972 Институти таҳқиқотҳои сотсиологӣ ва аз соли 1988 Институти сотсиология) ташкил дода шуд.
Дар Тоҷикистон соли 1967 дар назди Шўъбаи фалсафаи АИ ЧТ бахшии таҳқиқотҳои сотсиологӣ таъсис ёфт (аз соли 1991 шўъбаи сотсиология), ки то охирҳои солҳои 90 –ўми асри гузашта ягона маркази таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар ҷумҳурӣ буд. Дар мавриди таъсис додани бахши таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон мутахассиси соҳаи сотсиология вуҷуд надошт. Мудири бахш номзади илми фалсафа, мутахассиси соҳаи материализми таърихӣ ва коммунизми илмӣ Виборнова Валентина Василевна интихоб шуда буд.
Аз ҳисоби хатмкунандагони факультаҳои ҳуқуқ (Ғуломов Одина), филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Сулаймонов Лутфиддин, Мажарова Нина Владимировна), факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов (Ҷабборов Баҳром) ҷавонони болаёқат ба ин бахш ба кор қабул шудаанд. Роҳбарияти Шўъбаи фалсафа барои аз мутахассисон таъмин намудани бахшии навташкил соли 1968 кормандони шўъба Л. Сулайманов ва Ғуломов О, соли 1969 Н. В. Мажароваро ба Москва ба Институти таҳқиқотҳои мушаххаси сотсиологии АИ СССР барои таҷрибаомўзи равон кард.
Дар солҳои 1970 -1990 масъалаҳои асосии таҳқиқотии сектори сотсиология аз инҳо иборат буданд: таҳлили ҷиҳатҳои назарӣ ва амалии меҳнат дар ҷамъияти сотсиалистӣ (В. В. Виборнова); омилҳои моддӣ ва маънавии фаъолияти меҳнатӣ дар истеҳсолоти саноатӣ ва ҳавасмандкунии меҳнат (О. Ғуломов); масъалаҳои иҷтимои – психологии мутобиқшавии коргарон ба шароити корхонаи саноатӣ (Л. Сулаймонов); омилҳои иҷтимоии ташаккули муносибатҳои коллективӣ (В. Г. Газарян); худмуайнкунии касбӣ ва иҷтимоии ҷавонон (Ш. Шоисматуллоев); инкишофи муносибатҳо байни миллатҳо дар шароити сотсиализми мутараққӣ (М. Саидов); мавқеи зан дар ҷомеа (С.Ҷорубкашов); системаи таълимот (Г. Каҳҳоров); нақши оила дар такрористеҳсоли сохтори иҷтимоӣ ( И. И. Шляхтенко, Е. А. Петрова).
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои дар ин давра гузаронидашуда дар чунин асарҳо инъикос ёфтанд: маҷмўаи мақолаҳо «Масъалаҳои тараққиёти иҷтимоӣ». Муҳаррири масъул В. В. Виборнова. – Душанбе, 1975. 140 с. (Муаллифон В. В. Виборнова, О. Ғуломов, Л. Сулайманов, В. Г. Газарян, Ш. Шоисматуллоев); маҷмўаи мақолаҳо «Фаъолнокии иҷтимоии коргарони корхонаҳои саноатӣ». Муҳаррири масъул В. В. Выборнова. – Душанбе, 1984. 180 с. (Муаллифон В.В.Выборнова, Т.Раҳмонов, О. Ғуломов, В. Г. Газарян, Ш. Шоисматуллоев, С. Ҷорубкашов, И. И. Шляхтенко, И. Салоҳитдинов); Ғуломов О. Омилҳои фаъолияти меҳнатӣ. Душанбе, 1976. 10 ҷ.ч.; Виборнова В. В. Масъалаҳои назариявии инкишофи меҳнати сотсиалистӣ.-Душанбе, 1981. 270 с.; Газарян В. Г. Омилҳои иҷтимоии инкишофи муносибатҳои коллективӣ. – Душанбе, 1986. 236 с.; Шоисматуллоев Ш. Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна. – М.: Наука, 1989 (Ҳаммуаллиф). 15 ҷ.ч. ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ.
Дар солҳои 90-ўм вобаста ба тағйиротҳои дар ҷомеа ба вучуд омада шўъбаи сотсиология ба омўзиши масоил вобаста ба дигаргунсозиҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон таҳқиқотҳо амалӣ менамояд. Новобаста ба он, ки таҳқиқотҳои сотсиологӣ маблағгузорӣ намешуданд, шўъбаи сотсиология тавонист якчанд барномаҳои таҳқиқотиро амали кунад, ки пеш аз ҳама ба омўзиши ҷамияти баъдикоммунистӣ равона шуда буданд, аз он ҷумла таҳқиқи масъалаҳои ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ, дигаргунсозиҳо дар сохтори иҷтимоӣ, тағйиротҳо дар шуҳур ва психологияи аҳолӣ, муносибатҳои гендерӣ ва ғайра. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо дар асарҳои зерин акс шудаанд: Шоисматуллоев Ш. Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон. – Душанбе, 1992. 268 с. (ҳаммуаллиф); Шоисматуллоев Ш. Роҳҳои ҳаётии як насл. – М.: Наука, 1992. 246 с. (ҳаммуаллиф): Шоисматуллоев Ш. Насл дар системаи таълимот. – Душанбе, 1999. 140 с.; Афкори иҷтимоӣ ва тағйирёбии иҷтимоии ҷамъият. – Душанбе, 1997. 210 с.
Дар солҳои 2000 – ўм масъалаи асосӣ барои шўбаи сотсиология ин тайёр намудани мутахассисони баладихтисос на фақкат барои шўъба, инчунин барои макотиби олӣ буд. Аз охирҳои солҳои 90 –ўм сотсиология ҳамчун предмети дарсӣ дар мактабҳои олӣ ҷори шуд, вале омўзгори соҳибихтисос қариб ки вуҷуд надошт. Шўъбаи сотсиология тавонист дар муддати хеле кўтоҳ (камтар аз 10 сол) 9 номзади илмро ба воя расонад, ки аксарияти онҳо омўзгорони мактабҳои олӣ мебошанд.
Дар солҳои 2000 –ўм шўъбаи сотсиология ба омўзиши масъалаҳои ҳаётии ҷомеа – оқибатҳои иҷтимоии дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳо, табақабандӣ ва ҷойивакунии иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳқиқот мебурд ва бурда истодааст. Натиҷаҳои таҳқиқот ба хонандаҳо дар чунин монографияҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд: Шоисматуллоев Ш. Зан ва нашъа. Душанбе, 2001. 67 с.; Шоисматуллоев Ш. Маълумоти духтарон. Душанбе, 2003. 60 с; Шоисматуллоев Ш. Зўровари нисбати зан: дирўз ва имрўз. Душанбе, 2005, 247 с.; Ш. Шоисматуллоев. Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо. Душанбе, 2006. 320 с.; Ҳайдаров Р. Д. Тарққиёти Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавӣ. Душанбе, 2006. 190 с. Ҳайдаров Р. Тоҷикистон дар мадори ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ ва геполитикӣ. – Душанбе, 2005. 152 с. Абдусаломова М. Н., Қувватова А. А. Гендер ва техника. Маводи таълимӣ. Душанбе, 2005. 115 с. Абдусаломова М. Н., Қувватова А. А. Таълими гендер дар факултаҳои донишгоҳои техникӣ ва табиатшиносӣ. Душанбе, 2005. 4 ҷ.ч. Тараққиёти манотиқи кўҳӣ: масъалаҳо ва дурнамо. Душанбе, 2006. 62 с.; Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо. Душанбе, 2011- 210 с.
Марҳилаи муҳими ташаккули сотсиология ҳамчун илм ва институткунонии таълимоти сотсиологӣ таъсис додани шўъбаи сотсиология ва баъдтар кафедраи сотсиология дар факултаи фалсафаи ДМТ шуданд. Соли 2001 бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди кафедраи таърихи фалсафаи факултаи фалсафаи ДМТ ихтисоси сотсиология таъсис дода шуд. Соли 2005 дар назди факултаи фалсафаи ДМТ кафедраи тахасусии сотсиология кушода шуд. Аз мохи январ то моҳи июли соли 2005 мудирии кафедраро номзади илми фалсафа, дотсент Назаров М. С. ба зимма дошт. Аз соли 2005 то 2009 вазифаи мудири кафедраро узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои сотсиология, профессор Шоисматуллоев Ш. иҷро кард. Соли 2009 мудири кафедра номзади илми фалсафа, доцент Баҳромбеков В. А. интихоб шуд. Бо таъсисёбии ихтисоси сотсиология ва кафедраи сотсиология имконияти тайёр кардани омўзгорон ва кадрҳои илмии баландихтисос дар асоси маълумоти базавиии сотсиологӣ ба вуҷуд омад. Дар шаш соли сипаришуда коллективи омўзгорони муттаҳидкардашуда, корозмуда ва эҷодкори кафедра ташаккул ёфт, ки доимо дар ҷустуҷўи роҳҳо ва методҳои нави мукамалкунии системаи дарсдиҳӣ ва беҳтару хубтар аз худ кардани предметҳои таълимӣ аз тарафи донишҷўён мебошанд. Диққати бештар ба коркарди барномаҳои таълимӣ, тайёр кардани матни лексияҳо, гузаронидани курсҳои махсусе, ки шавқу завқи омўзгор, тахассуси ў, асарҳо ва натиҷаҳои таҳқиқотҳои вайро инъикос мекунанд, дода мешавад.
Дар фаъолияти худ кафедра ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳо аҳамияти калон медиҳад. Дар муддати шаш соли мавҷудияти кафедра ду омўзгор (Баҳромбеков В. А. ва Бекназарова Г. Э.) рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд. Ду омўзгори дигар (Насурова Б. ва Комилова М.) рисолаҳои номзадиро барои муҳокима тайёр намуданд. Рисолаи номзадии Миров Ф. дар арафаи анҷоёбӣ қарор дорад.
Дар кафедра ба корҳои илмӣ ва илмӣ – методӣ диққати махсус дода мешавад. Дар кафедра корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ самаранок пеш бурда мешаванд. Бо кўшиши якҷояи кормандони кафедра китоби «Луғати энсиклопедияи кори иҷтимоӣ» ва дигар воситаҳои методӣ аз чоп баромаданд, ки барои истифодаи китобҳои методӣ ва илмӣ-оммавии сотсиологӣ кўмак мерасонанд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахши муҳими фаъолияти педагогии кафера ба ҳисоб меравад. Давоми солҳои 2005-2010 корҳои илмии кафедра дар мавзўи «Ҷанбаҳои методологӣ ва назариявӣ-амалии омўзиши масъалаҳои тағйироти иҷтимоӣ» ба нақша гирифта шуда буд, ки бомуваффақиятона иҷро гардиданд. Нақшаи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2010-2015 дар мавзўи «ҷанбаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии инкишофи ҷомеа» кор карда баромада шудааст.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Шўбаи сотсиология ва кафедраи сотсиологияи ДМТ ба омўзиши ҷомеаи тоҷикистонӣ нигаронида шудааст, ки дар он тағйиротҳои куллии иқтисодӣ, сиёсӣ, миллӣ- давлатӣ рўй дода истодааст. Назарияҳо ва низоми нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоии категорияҳои гуногуни аҳолӣ санҷидан ва ба низом даровардани ин нишондиҳандаҳо барои ҷумҳурии мо репрезентативны мебошад. Дар шароити нави иҷтимоӣ- иқтисоди сотсиологияи ватанӣ на танҳо низоми ташаккулёбандаи табақабандии иҷтимоиро меомўзад ва маназараи дуруст ва ҳақиқии тағйиротҳои иҷтимоии сохтории кишварро ба даст оварданӣ мешавад, балки масъалаҳои иҷтимоишавии ҷавонон ва тағйирёбии тамоюлҳои арзишӣ онҳо, худмуайянкунии иҷтимоӣ-касбӣ, ҳуввияти миллӣ ва идеяи миллӣ мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор додааст.
Самаранокии тадқиқотҳо зарурияти омўзиши равандҳои иҷтимоӣ ва дигаргунсозандаи тоҷикистонро муайян менамоянд ва дар навбати худ барои фаҳмидани доира, ҳаҷм ва самтҳои тағйирёбии сохтори иҷтимоӣ ва табақабандии ҷомеаи тоҷикистонӣ дар марҳилаи баъдишўравӣ имконияд медиҳанд. Бо сабаби дезинтегратсияи сохтори иҷтимоӣ барқароршавии синфи миёна, ки ба пешрафти иқтисодӣ, инкишофи технологияи нав ва прогрессии техникӣ алоқаманадии зич дорад, ниҳояд мураккаб ва зиддиятнок амалӣ гашта истодааст. Марҳилаи гузариш ва мавҷудияти буҳрони маънавию ахлоқии он ба иҷтимоиишавии ҷавонон таъсири ҷидди худро расонида истодааст. Шикасти сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ механизмҳои анъанавии иҷтимоишавиро хароб сохт. Дигар ҳолати буҳронии иҷтимоишавии ҷавононба он алоқамандӣ дорад, ки институтҳои иҷтимоигардонӣ дар Тоҷикистон дар шуури ҷавонон дастовардҳои ҳаётӣ, дастрас намуани накўаҳволии моддиро ташаккул медиҳанд, аммо худи ҷомеа бо сабаби бўҳони иқтисодӣ қодир нест, ки барои ҷавонон имконияти амалигардии ин талаботҳо, таъмин намудани ҷойи кори професоналӣ фароҳам оварад.
Натиҷаҳои тадқиқотҳо ба ҷомеа тавассути чопи асарҳо, иштирок дар конфренсияҳосимпозиумҳо, семинарҳо, мизи мудаввар пешниҳод гардонида мешаванд ва дар лексияи донишҷўён, аспирантон ва омода намудан курсҳои махсус васеъ истифода мегарданд.

Likes:
0 0
Views:
64
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply