Умумӣ

Системаҳои амалиётӣ

СИСТЕМАҲОИ АМАЛИЁТӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА ҚИСМҲОИ ТАРКИБИИ ОН

Системаи амалиётӣ – ин маҷмeи воситаҳои барномавии махсусе мебошад,  ки барои идоракунии воридкунӣ, оғоз ва иҷроиши дигар барномаҳои истифодабарандагон,  инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмҳои он хизмат менамоянд.

Қайд кардан  зарур мебошад,  ки системаи амалиётӣ ин,  дар ҳақиқат, маҷмўи барномаҳое мебошанд,  ки аз ҷиҳати тавсиф ғайриякҷинса  ва  аз ҷиҳати дараҷа бисёрнақшавӣ мебошанд.  Ин маҷмўи барномаҳо аз рўи таркиботи худ ҳаракатнок (динамикӣ) мебошанд: аз  вай  қисматҳои  муайянро тоза кардан ё ба вай илова намудан мумкин аст.  Он қисмати барномаҳое,  ки бо воситаҳои  таҷҳизотӣ ҳамкории бевосита мекунанд ва бояд доимо дар компютер нигоҳ дошта шавад, ядрои системаи амалиётӣ номида мешаванд. Хусусан, таъминоти барномавие, ки ба таркиби ядро дохил мешавад, барои тафтиш намудани ҳолати коршоямии компютер ва иҷроиши амалҳои  элементарии (базавии)  бо  кори дисплеӣ,  клавиатура,  ғункунакҳои магнитӣ ва ғайраҳо вобаста, ҷавобгар мебошанд.

Системаи амалиётӣ муҳити мухториро, ки ба ягон забони барномасозӣ алоқаманд нест, ба вуҷуд меорад. Дилхоҳ барномаи амалиявӣ бо  системаи  амалиётӣ  алоқаманд мебошад ва фақат дар муҳити ҳамон компютерҳое, ки системаи мавҷударо дорад, фаъолият менамояд (ё ин ки бояд имконияти конвертатсия – мубодилаи барнома таъмин карда шавад).

Маълум аст, ки системаи амалиётӣ бояд дар он хотираи беруние нигоҳ  дошта шавад,  ки ба он муроҷиаткунии таъҷилӣ ба амал меояд. Масалан, дар диски сахт ё дар диски мулоими магнитӣ, кионро системавӣ меноманд.

Системаи амалиётии MS DOS, ки дар байни омма паҳн гардидааст, соли 1981 аз тарафи ширкати Microsoft ихтироъ карда  шудааст.  То  ҳоло тафриқаҳои 6.22,  7.0 ва инчунин системаҳои (DR DOS, PC DOS ) мавҷуд мебошанд.

Аз соли 1996 сар намуда, системаи амалиётии  MS  DOS  дар таркиби системаи  амалиётии MS WINDOWS паҳн шуда истодааст,  ки он системаи  амалиётии бисёрмасъалавӣ ва бисёрселобии дорои интерфейси графикӣ ва имкониятҳои шабакавӣ мебошад. Системаи амалиётӣ чун мошини васеъ кардашуда: истифодаи бисёр компютерҳо дар дараҷаи забони мошинӣ мушкил аст,  хусусан, ин воридкунӣ/хориҷкуниро дахл дорад.  Масалан,  барои ташкили хониши блоки маълумотҳо аз диски rаиш барномасоз 16-то фармонҳои гуногунро  метавонад истифода барад, ки ҳар яки он 13-то параметр ба монанди рақами блок дар диск, сектор дар роҳча ва ғайраҳоро талаб мекунанд.

Системаи амалиётӣ барномасозро аз кори  дастгоҳҳои  ғункунакҳои  дискавӣ озод месозад ва ба вай интерфейси оддии файлиро нишон медиҳад,  инчунин системаи амалиётӣ дигар проблемаҳоро ба зиммаи худ мегирад. Аз ин нуқтаи назар, системаи амалиётӣ пешниҳодкунандаи мошини васеъ ва виртуалӣ ба истифодабаранда  мебошад.

Системаи амалиётӣ чун системаи  идоракунии  захираҳо:  дар асоси хосияти дуюми худ системаи амалиётӣ дорои вазифаҳои тақсимкунандаи хотира,  протсессорҳо,  дастгоҳҳо ва маълумотҳои ба ин  захираҳо  коркунанда  мебошад.  Идоракунии захираҳо дар худ ҳалли дуто типи захираи масъалаҳоро дар бар мегирад:

– банақшагирии захираҳо – ин муайянкунандаи ба кӣ, кай ва бо чӣ миқдор ҷудо шудани захираҳоро дар бар мегирад;

– назорати   ҳолати  захираҳо – яъне  инъикоскунандаи  ахбори фаврӣ дар бораи он ки ин захира банд аст ё неъ ва чӣ қадар  захира банд асту чӣ қадари он озод аст.

Самаранокии системаи амалиётӣ аз самаранокии  алгоритмҳои  идоракунии  захираҳои локалиикомпютер вобаста мебошад.  Бинобар ин,  системаи амалиётии шабакавиро тавсиф намуда, хусусиятҳои муҳими ҷорикунии вазифаҳои системаи амалиётиро оиди  идоракунии протсессорҳо, хотира, дастгоҳҳои берунии компютерҳои мухторӣ баён мекунанд. Ҳамин тавр, вобаста аз хусусиятҳои алгоритмҳои истифодашаванда,  идоракунандаи  протсессорҳои системаи амалиётӣ ба бисёрмасъалавӣ,  бисёристифодабарандадор, якмасъалавию  якистифодабарандадор, бисёрпротсессора, якпротсессора,  дорои коркарди бисёрриштавӣ  (многонитьевая)  ҷудо карда мешаванд.

Бо миқдори  масъалаҳои  иҷрокунандаи худ системаи амалиётӣ ба ду гурўҳ ҷудо карда мешаванд:

– якмасъалавӣ (масалан MS DOS, MSX);

– бисёрмасъалавӣ (OC EC, OS/2, ҒNIX, MS WINDOWS ва ғ.)

Системаҳои амалиётии якмасъалавӣ вазифаи ба истифодабаранда додани мошини виртуалиро иҷро менамояд ва бо ин раванди ҳамкории истифодабаранда ва компютерро оддию мувофиқ  мегардонад. Системаҳои  амалиётии якмасъалавӣ воситаҳои идоракунии дастгоҳҳои периферӣ,  файлҳо ва мукотиба бо истифодабарандаро доранд.

Системаҳои амалиётии бисёрмасъалавӣ, ғайр аз иҷрокунии вазифаҳои дар боло қайд гардида, боз тақсимкунии истифодаи якҷояи захираҳоро идора мекунанд.

Ба намуди якбора истифода намудан системаи амалиётӣ  ҷудо мешавад:

– ба якистифодабарандадор ( MS DOS, MS WINDOWS 3.х, тафриқаҳои аввалаи OS/2);

– ба бисёристифодабарандадор  ( ҒNIX, MS WINDOWS NT).

Хусусияти муҳими системаҳои амалиётӣ ин имконияти  паралел иҷро шудани  амалҳо  дар  дохили як масъала мебошад. Системаи амалиётии бисёрриштавӣ кори протсессориро на дар байни масъалаҳо, балки  дар байни шохаҳои алоҳидаи он (риштаҳо) тақсим менамояд.

Хусусияти дигари муҳими системаи амалиётӣ ин мавҷуд  будан ва ё  набудани воситаҳои коркарди бисёрпротсессора – мултипросессоркунӣ мебошад.  Мултипротсессоркунӣ ба мураккабнамоии  тамоми алгоритмҳои идоракунии захираҳо меорад.

Дар шароитҳои имрўза ҷорикунии ин гуна коркарди  масъалаҳо васеъ паҳн гаштааст.  Ин гуна вазифаҳо дар системаҳои амалиётии Solaris 2.x- и ширкати Sғn, Open server – и ширкати Santa Crғs Operation, OS/2-и ширкати IӢM, WINDOWS NT – и ширкати Microsoft ва NetWare 4.1 – и ширкати Novell  мавҷуд аст.

Таъминоти якҷоя  кор кардани барномаҳо ва дастгоҳҳои физикавии воридкунӣ/хориҷкунӣ, ба монанди ғункунакҳо  дар  дискҳои сахт, лентаҳои магнитӣ ва ғайраҳо вазифаи асосие  мебошанд,  ки системаҳои файлӣ иҷро менамоянд.

Вазифаҳои, ки системаҳои файлӣ иҷро менамоянд шартан ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст: вазифаҳои  кор бо файлҳо,  яъне сохтани онҳо,  тозакунӣ, тағйирдиҳии хосиятҳои онҳо, муайянкунии сохтори файлҳо; вазифаҳои кор бо маълумотҳое,  ки дар файлҳо нигоҳ дошта мешаванд, яъне сабт, кофтуков ва ғайраҳо.

Ҳамин тавр , мантиқан, системаи файлиро ба қисмҳои таркибии зерин ҷудо кардан мумкин аст: файлҳои дар дастгоҳҳои воридкунӣ/хориҷкунӣ нигоҳ дошташаванда, сохтори файлҳо ва вазифаҳои кор бо файлҳо.

Leave a Reply