Умумӣ

Сидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).

ДАР СИДҚ1

Эй гарав2 карда забонро ба дурўғ,
Бурда бўҳтон3 зи каломи ту фурўғ4!
Ин на шоистаи ҳар дидавар5 аст,
Ки забонат дигару дил дигар аст.
Аз раҳи сидқу сафо дурӣ чанд?
Дили қирӣ6, рухи кофурӣ7 чанд?
Рўй дар қоидаи эҳсон8 кун!
Зоҳиру ботини худ яксон кун!
Якдилу якҷиҳату якрў бош
В-аз дурўёни ҷаҳон яксў бош!
Аз каҷӣ хезад ҳар ҷо халалест,
«Ростӣ-растӣ» некў масалест,
Рост ҷў, рост нигар, рост гузин9,
Рост гў, рост шунав, рост нишин.
Тир агар рост равад, бар ҳадаф аст
В-ар равад каҷ, зи ҳадаф бартараф аст.
Рав, рақамҳои «алифбе» бинигар,
Ки «алиф»10, аз ҳама бошад бартар.
Рост рав, рост, ки сарвар бошӣ,
Дар ҳисоб аз ҳама бартар бошӣ.
Сидқ иксири11 миси ҳастии туст,
Пояафрози12 фурӯдастии13 туст,
Асари кизб бувад ҳечкасӣ,
Бар касӣ гар расӣ, аз сидқ расӣ.
Субҳи козиб14 занад аз кизб нафас,
Нури ӯ як-ду нафас бошаду бас.
Субҳи содиқ15 бувад сидқписанд,
Алами16 нураш аз он аст баланд.
Дил агар сидқписандет диҳад,
Бар ҳама халқ баландет диҳад…

———————–
1 Сидқ — ростӣ, росткорӣ.
2 Гарав кардан — дар банду қайди чизе гузоштан; мазмуни мисраъ:
Эй он, ки забонатро ба дурўғгўӣ супурдаӣ.
3 Бўҳтон — сухани ноҳақ, тўҳмат.
4 Фурўғ — тобишу латофат, обу ранг, сафо.
5 Дидавар — оқил, доно.
6 Дили қирӣ — дили сиёҳ, дили бадхоҳ.
7 Рухи кофурӣ — рўи рангпарида.
8 Эҳсон — некўӣ, лутфу марҳамат.
9 Гузин — интихоб намо, хоста гир.
10 Алиф — ҳарфи аввали алифбои арабӣ.
11 Иксир — кимиё, ҷаварест, ки гӯё ба воситаи он мисро ба тилло табдил додан мумкин будааст.
12 Пояафроз — баландкунандаи мартаба.
13 Фурӯдастӣ — зердастӣ, оҷизӣ, заифӣ, дастнигарӣ.
14 Субҳи козиб — нимравшание, ки пеш аз дамидани сапедаи саҳарӣ пайдо мешавад.
15 Субҳи содиқ — субҳи ҳақиқӣ, сапедаи саҳарӣ.
16 Алам — парчам, байрақ.

Leave a Reply