Умумӣ

Сенарияи чароғаки солинави бахшида ба ҷашнгирии «Соли нав, икболи нав»

Сенарияи чароғаки  солинави бахшида ба ҷашнгирии «Соли нав, икболи нав»

Ассалому алайкум бачахои азиз! Мехмонони гиромикадр ва    хозирини    мухтарам!   Хамаи    Шуморо   ба   ин  даргох  хайрамакдам   мегуем   ва   аз   фурсати   муносиб  истифода бурда,  шумоёнро  ба   фарорасии  Соли  нави  2018  табрику  тахният намуда бароятон сихатию саломати, хушихои рузгор ва  тинчиву  амониро  таманно  дорем. Бигзор  соли   2018 бароятон тамоми хушнудихоро  фарохам  оварад  ва сулху вахдат дар диёрамон Тоҷикистон пойдору  поянда    бошад.

Барандаи I

 Ай офтоби тобон, бишнав саломи моро,

 З – ин хок то ба кайхон, бишнав саломи моро.

Барандаи II

 Эй булбули хушилхом, бишнав саломи моро,

Эй халки Точикистон, бишнав саломи моро.

Барандаи I

Салому дуруди бепоён хонандагон  мехмонон    ва муаллимони мехрубон!

Барандаи II

Хамаи Шумоёнро ба  ин  толори бархаво  хайрамакдам  гуфта,  хохони  онро  дорем,  ки хамаи Шумо хурсанду хушхол базми имрузаро гузаронед.

Барандаи I

Соли пешин хайр бо мо гуфту рафт,

 Бо умеди рузи фардо гуфту рафт.

Барандаи II

 Хайр бо мулки тавоно гуфту рафт,

Меравам ман Соли нав гуфту рафт.

Барандаи I

Имруз дар ин толори бархаво ид аст, иди Соли Нави мелодии. Хамаи Шумоён устодон ва хонандагони азизро бо Соли  нав табрику муборакбод гуфта, ба шумо дар Соли Нав бахти нав, икболи нав таманно дорем.

 Дар замин осорхо бигзошт рафт,

Киссаву  гуфторхо бигзошт рафт.

Барандаи II

Аз кулумаш мулк то рангин кунад,

Зебу зиннат борхо бигзошт рафт.

Хонандагони азиз холо бахри табрикоти Шумо  сухани табрики ба директори гимназиямон Мисолова М. дода мешавад.

Мархабо ба шодиву икболи нав,

Мархабо ба базмгохи Соли нав.

 

Барандаи I

Соли наву икболи наву айёми нав,

Азми нав, огози нав, икдоми нав.

Боварии   тоза,   умеди  тоза,

 Кудрати нав, рухи нав, илхоми нав.

Соли нав, икболи табрик бод,

Бахту истикболи нав табрик бод.

Барандаи II

                      Соли нав, моли фаровони шавад.

                      Моли лутфу соли эхсони шавад,

                      Дасти мухточи  набинад зиндаги.

Барандаи I

Офарин  бачахо, бисёр  шеърхоро  хуб  кироат намудед. Бачахои азиз Шумо медонед, ки дар базми соли навии  мо ки намерасад?

Барандаи II

Кани гуед? Бобочон бачахои мехрубон хозир хонандагони  мо  бахри   хамаи  мо  як  ракси зеборо такдим мекунад. Мархамат.

Барандаи I

Хонандагони азиз! Холо фурсати он расидааст, ки  Бобои барфи а Барфакро чавоб дихем, зеро онхоро мисли Шумо дар дигар муасссисахои таълими низ мунтазиранд.

Дар зери садои мусики ва раксу бози бобои барфи ва барфакро гусел карда мешавад.

Барандаи II

Хонандагони азиз холо барои натичагири аз шартхои   озмуни  солинави   сухан  ба  раиси хакамон – чонишини директор оид ба корхои таълиму тарбия Шоалиева дода мешавад.

Барандаи I

Бо хамин базми идонаи мо, ки бахшида ба «Соли Нав»  буд ба охир расид. Дар фарчоми ин махфил ба хамаатон хонаободи ва сарбаланди орзумандем.

Барандаи II

                    Ба диккататон ташаккур! Хуш омадед! Саломат бошед!

Leave a Reply