Саъдии Шерозӣ

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Муслиҳиддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саьдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рўи гуфтаи худи Саъдии Шерозӣ хонаводаи ў ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандони дин будаанд:

Ҳама қабилаи ман олимони дин буданд,
Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омўхт.

Таҳсили ибтидоии Саъдӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар пешравии маънавии ў ҳиссаи падараш хеле бузург буд. Баъдҳо суханвари бузург борҳо ба хотир меорад, ки чӣ навъ падараш ўро ба омўхтани илм, андўхтани дониш ва ҳурмати муаллиму устод ташвиқ мекард. Ў он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, бо камоли фахр мегўяд:

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам.
Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Мутаассифона, айёми кўдакии бофароғати Муслиҳиддин дер давом намекунад. Тақрибан дар 12-13 солагии ў падараш аз олам мегузарад. Чашидани заҳри ятимӣ тамоми умр ўро дар хотир мемонад. Ҳатто соли 1257 шоир ба ин мусибати айёми бачагии худ ишорат намуда, навишта буд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар хурдӣ аз сар бирафтам падар.

Марги падар зиндагии хонаводаро дигаргун сохт. Бародари Муслиҳиддин хонданро партофта, ба дўкондоре шогирд истод, то маоши оиларо таъмин намояд. Муслиҳиддин баръакс ба хондан бештар меҳр монда, баъди дар таҳсил аз тамоми имкониятҳои Шероз истифода бурдан барои хонданро давом додан дар охирҳои асри XII роҳи Бағдодро пеш гирифт. Вай ба мадрасаи калонтарини Бағдод Низомия, ки аз тарафи Низомулмулки Тўсӣ (1017-1092), вазири Салҷуқиҳо сохта шуда буд, дохил шуда, таҳсили худро давом дод. Мадрасаи Низомия аз мадрасаҳои дигари Бағдод бо он фарқ мекард, ки машҳуртарин олимони замон дар он дарс мегуфтанд. Адабиёт дар доираи мударрисон ва донишҷў¸ни он мақоми азим дошт. Дар китобхонаи мадраса беш аз 200 000 ҷилд китобҳои қаламӣ нигоҳ дошта мешуд. Дар саҳни мадраса мулоқотҳо, ваъзгўиҳо ва баҳсҳои аҷоиб барпо мегардиданд. Саъдӣ дар ин муҳит тарбия меёфт ва чун донишҷўи пешқадам маош (идрор) мегирифт. Ҳангоми таҳсил дар мадраса Саъдӣ ба тасаввуф ва ирфон майл намуда, таълимоти Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1127)-ро пазируфт.
Ниҳоят дар солҳои 1215-1216 Саъдӣ аз Бағдод ба саёҳат баромад. Вай аввал роҳи шаҳрҳои муқаддаси мусулмонӣ Маккаю Мадинаро пеш гирифт. Дар ибтидо Саъдӣ фақат нияти ҳаҷ дошт. Вале дар тўли роҳ ў бо мардумони гуногун вохўрда, дар бисёр маҳфилҳо маҷлисҳои ваъз орост, осори харобию зулмро дида, бо насиҳатҳои ҳакимонаи худ мехост, ки ба дарди мардум марҳам шавад. Бинобар ҳамин сафари ў бо ҳачгузорӣ ба охир нарасид. Шоир саёҳаташро қариб чиҳил сол давом дода, пиёда ва ҳамроҳи корвониён Ҳиҷозу Шом, Мисру Фаластин, вилоятҳои Мағрибу Озарбойҷон, Арманистон, Осиёи Хурду Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон, Қошғару Ҳиндустон, Ҳабашистону Африқои Ҷанубӣ ва ғайраро давр зад. Ҳангоми ин сафарҳо Саъдӣ аз халиҷи Форс, баҳрҳои Уммону Миёназамин, Сурху Ҳинд ва ғайра низ убур кард. Баъди истилои муғул бисёрии ин кишварҳо ҳолати ҳузноваре доштанд. Вале Саъдӣ ҳангоми истиқоматаш дар шаҳрҳои Балху Бомиён, Исфаҳону Рай, Табрезу Байлақон, Басраю Кўфа, Димишқу Байтулмуқаддас, Диёрибакру Баълабак, Қоҳираю Ҳалаб, Тароблису Қуния, Қошғар ва ғайра бештар ба гуфтани ваъз машғул мешуд. Дар ин ҷаҳонгардӣ Саъдӣ аз халқҳои гуногун меомўхт, таҷриба меандўхт ва донишу таҷрибаи ҳосилкардаи худро ба онҳо меомўзонд. Дар суханрониҳои Саъдӣ тарғиби донишу ҳунар, ташвиқи омўхтани илм, талқини одамгарӣ, ситоиши сулҳу сафо ва осоиш мақоми асосӣ дошт. Вай зулм, тааддӣ, ҷаҳолат, хиёнату ҷиноят ва ҷангро маҳкум мекард.
Ин замони қатлу ғорат ва талаю тороҷи муғул буд, ки қариб баъди 40 соли сар шуданаш сояи шуми он ба Бағдод низ расида, соли 1258 шаҳрро ба харобазор табдил дод. Саъдӣ натанҳо бо нафрат истилои муғулро маҳкум мекард, балки ниҳоди нопоки хиёнаткорони маҳаллиро низ, ки бо истилогарон зуд забон як мекарданд, фош намуда, халқро хабар медод, ки аз ин турфа мардум барҳазар бошанд:

Бишўй, эй хирадманд, аз он дўст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

Дар давоми сафари чиҳилсолаи худ Саъдӣ борҳо ба душвориҳою маҳрумият ва азобу кулфатҳо гирифтор шудааст: Аввалан, ӯ дар сафарҳояш бо дуздону роҳзанон рўбарў шуда, шахсан корвонро аз онҳо наҷот медиҳад. Ғайр аз ин, ў дар мадрасаҳо, мусофирхонаҳо ва қозихонаҳои мамлакатҳои гуногун, бо муллоҳои расмӣ, фақеҳон, рўҳониёни тангназар, шайхон ва дарвештарошон мунозираҳои оштинопазир ороста, гоҳе корро то ба задухўрд ва дастбагиребонӣ мерасонад. Вале дар ин талошҳо то ғолиб наояд ва рақибашро торумор накунад, аз ў даст намекашид. Муҳорибаи то дами ғалаба талаботи ахлоқӣ ва рафтори писандидаи Саъдист. Ин сифати ў дар Ҳикоятҳои “Фақеҳи кўҳнаҷомаи тангдаст” (“Бўстон”) ва “Ҷидоли Саъдӣ бо муддаъӣ дар баёни тавонгарию дарвешӣ” (“Гулистон”) барҷаста ҳувайдо мегардад. Аз ин гузашта, ў дар Искандарияи Миср баробари тамоми халқ заҳри қаҳтию гуруснагиро мечашад, дар ҷазираи Кеши халиҷи Форс меҳмони савдогари мумсике шуда, ҳангоми сафараш аз Димишқ ба Фаластин дар ҷанги зидди салибдорони фарангӣ иштирок намуда, ба дасти онҳо асир меафтад. Дар Санъо, ки яке аз шаҳрҳои Яман буд, писари ягонаи ў дар хурдсолӣ вафот мекунад:

Ба Санъо-дарам тифле андаргузашт,
Чӣ гўям, к-аз онам чӣ бар сар гузашт!

Нависанда дар миёнаи солҳои 50 асри XIII дар шаҳри Димишқ манзил гирифт. Вай дидаю шунидаҳояшро ба риштаи назм кашида, соли 1257 дар ин гўшаи ороми дунёи онрўза бузургтарин асари манзуми худ “Бўстон”-ро ба охир расонда, онро ба ҳокими Форс Абўбакр ибни Саъди Зангӣ (1226-1260) ва писари ў Саъд ибни Абўбакр, ки баъди 12 рўзи марги падараш вафот кард, бахшид.
Сабаби “Бўстон”-ро ба ҳокими Шероз бахшидани Саъдӣ он буд, ки Абўбакр ибни Саъди Зангӣ дар тамоми Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрон ягона ҳокиме буд, ки бо тадбире соли 1226 Форсро аз тороҷи муғулон наҷот дода буд. Ин воқеа сабаб шуд, ки натанҳо як қисми Эронзамин, балки як ҳиссаи муҳими мероси фикрии халқҳои эронинажод аз нест шудан раҳо ёбад.
Охири соли 1257 ё аввали соли 1258 Саъдӣ баъди таҳсили илм, сафарҳо, саёҳатҳо ва ғарибиҳои 60-сола ба ватани аслии худ Шероз баргашт. Саъдӣ дур аз ватан бошад ҳам, медонист, ки аз соли 1203 то соли 1223 Шероз шаш бор аз тарафи Хоразмшоҳиён ва атобакони Озарбойҷон истило шуда буд. Хавфи тороҷи муғул низ ба он таҳдид мекард. Вале ў чун ба ватан баргашт ва онро дар осоиш ёфт, ниҳоят шодмон шуд:

Чун боз омадам, кишвар осуда дидам
Зи гургон бадар рафта он тезчангӣ.

Саъдии Шерозӣ соли 1258 дар муддати се моҳ шоҳасари ҷаҳоншумули дигари худ “Гулистон”-ро навишта, онро низ ба Абўбакр ибни Саъди Зангӣ бахшид. Вале вақте ки ин ҳоким ба ў таклиф намуд, ки дар сафи дарбориёни вай қарор гирад, Саъдӣ хоҳиши ӯро напазируфт.
Суханвари номӣ ба истиснои як сафари кўтоҳмуддат ба Арабистону Озарбойҷон расо чиҳил соли бақияи умри худро дар Шероз гузаронд.
Манзили Саъдӣ як фарсах дуртар аз шаҳр воқеъ гардида буд. Орифону фозилон, шоирону адибон ва шогирдон сўҳбати ўро барои худ табаррук медонистанд.
Вафоти Саъдии Шерозӣ шаби сешанбеи 9 декабри соли 1292 иттифоқ афтод. Ўро дар мавзеи Мусаллои Шероз ба хок супурданд. Марқади ў акнун тавофгоҳи аҳли дил аст. Азбаски Саъдӣ 108 сол умр дидааст, дар байни халқ ибораи “умри Саъдиёна” машҳур аст. Муроди бисёр одамон ба ин гуна син расидан аст.

Likes:
0 0
Views:
27
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply