Умумӣ

Санъатҳои бадеӣ дар эҷодиёти Сайидо

Санъату оадеиёти шеъри шоир хеле олист. Маҳорати шоир, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ў мазмунҳои олиро бо забони хушобуранг, фасеҳ ба қалам медиҳад. Ягонагии шаклу мазмун бо тамоми ҷузъиёташ дар асарҳои шоир нигоҳ дошта шудааст. Ў вобаста ба мазмун ва идеяи асар шаклро интихоб мекунад, ки мисоли равшани ин «Баҳориёт» шуда метавонад.

Шоир аз санъатҳои бадеӣ-ташбеҳ, истиора, тавсиф, ирсоли масал, талмеҳ, тазод ва ғайра бамаврид истифода бурдааст. Чанд мисол:- Сайидо бо алам, вале бо ифтихор дар байти зер таъкид мекунад, ки ҳарчанд нони мехўрдагиям мисли моҳи нав як пора аст, ҳаргиз назди дўкондорон намеравам ва аз онҳо тамаъ надорам:

Зи хони аҳли дунё тар накарда дастам ангуште,
Қаноат кардаам ҳамчун маҳи нав бо лаби ноне.

Дар порчаи зер санъати таносуби сухан бамаврид истифода шудааст ва қаҳрамони лирикӣ ҳиссиёташро бо ташбеҳоти рангини шоирона баён кардааст:

Дар раҳат чун нақши по имшаб ду чашмам чор буд,
Бар сари мижгон нигаҳ хори сари девор буд,
Ҳар чӣ гуфтам, талх гуфтам, ҳар чӣ хўрдам, буд заҳр,
Дар даҳони ман забон гўе забони мор буд.
Сайидо, аҳволи имшабро чӣ мепурсӣ зи ман?
Болишти ман ташти оташ, бистари ман хор буд.

Шоир дар ин порча ду чашми чорашро ба нақши по, нигаҳашро ба хори сари девор, забонашро ба забони мор, болишташро ба ташти оташ ва бистарашро ба хор монанд кардааст.
Санъати киноя ва истиораро дар байти зер бамаврид исти фода бурдааст:

Азбаски боғбонон карданд пунба дар гўш,
Ҳар чуғз дар гулистон мурги сухансароест.

Дар ин ҷо боғбон ба маънои маҷозӣ, яъне ҳокимон, соҳибмансабон омадааст, гулистон бошад, ватан, кишварро дар назар дорад. Адиб бо таассуф гуфтанӣ мешавад, ки амиру ҳокимон пунба ба гўш карда (худро ба нодонӣ зада), мамлакатро вайрон карданд (Чуғз киноя аз вайронагӣ аст) ва ба назари боғбон гўё чуғз паррандаи хушхонест. Ба ҳамин тариқ, фирефтаи хониши чуғз шуда, аз вайронии кишвар парвое надоранд.
Сайидо дар ғазали «Задӣ оташ ба ҷони ман» ишқи пок, самимияту муҳаббати хешро нисбат ба маҳбуба бо як ҳиссиёти баланд тасвир мекунад. Ў дар ин ғазал маҳбубаашро ба гул, ғунча, биҳишт, маҳу ситора нисбат додааст. Аз санъати тавсиф ва сифатчинӣ бо камоли маҳорат истифода бурдааст:

Гузаштӣ маст бо ғайру зади оташ ба ҷони ман,
Куҷо рафтӣ, биё, эй шабнами гулҳои боғи ман!
Ба сарвақтам намеоӣ, хазон гаштам, намепурсӣ,
Биҳишти ман, баҳори ман, гули раънои боғи ман.
Чӣ кардам ман, чӣ гуфтам ман, чӣ дидӣ, аз чӣ ранҷидӣ?
Маҳи ман, кавкаби ман, нури чашми ман, чароғи ман.
Такаллум не, табассум не, нигоҳе не, адое не,
Гули ман, шабнами ман, ғунчаи ман, беди боғи ман.
Ба рухсорат арақро Сайидо дидасту мегўяд:
«Нагардад то қиёмат дур об аз рўи боғи ман»

Такрор шудани калимҳо ғазалро пурҷозиба, шевою хоно кардаанд. Хонанда аз тавсифи шоир ҳаловат мебарад. Рўҳи тоза гирифта, дилаш ба инсон ва зебоиҳои нотакрори табиат гарм мегардад.
Сайидо зиндагиро басо хуб омўхта, таҷрибаи зиёде андўхта будааст. Аз ин рў, доир ба масъалаҳои гуногун панду андарзҳои ҳакимона гуфтааст, ки ин гуфтаҳои шоир ба ҳукми афоризм ва зарбулмасалу мақол даромадаанд:

Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехўрад падар, чу писар беҳунар шавад.
Бар боғбон умеди самар аз ниҳол нест.
Нахле, ки солхўрда шавад, борвар шавад.

Суханони ҳикматноки шоир аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд. Хонанда аз онҳо суд мегирад ва дар шоҳроҳи зиндагӣ барои ҳар як фард чароғи раҳнамо ҳастанд. Бешубҳа, ин хусусиятҳо халқияти эҷодиёти шоирро боз ҳам устувортар мегардонанд. Аз тарафи дигар, забони асарҳои ў сода ва оммафаҳманд. Адиб кўшиш намудааст, ки аз калимаю ибораҳо, тасвиру усулҳои халқӣ бамаврид истифода барад. Махсусан, Сайидо табиатро хеле зебо ва рангомезона тасвир мёкунад. Дар бисёр газалу мухаммасҳои шоир баҳори нозанин басо дилкаш ва пурҷозиба ба қалам дода шудааст. Шоир тасвири табиатро ба ҳолатхои рўҳии зиндагии худ ва рўзгори хеш алоқаманд менамояд. Масалан, дар ғазали «Соқӣ, пиёла ку?» Шоир чунин мегўяд:

Омад баҳору бар кафи соқӣ пиёла ку?
Бар сахни бўстон гулу бар дашт лола ку?
Гул кард ғунчаи қафас аз ҷўши навбаҳор,
Эй мурғи болбаста, туро оҳу нола ку?..
Эй Сайидо, зи ишқ нишоне ба даҳр нест,
Доғе, ки буд дар ҷигари мову лола ку?

Қаҳрамони лирикӣ зебоиҳои баҳорро дида, малул мегардад. Зеро ў чун мурғи болбаста дар дохили қафас аст ва аз ин таровату назокати навбаҳор бенасиб мондааст. Барои он ки дар замона мурувват нест, шоир қашшоқ аст. Ғазал ҷанбаи иҷтимоӣ дорад. Шоир гуфтан мехоҳад, ки дар рўзго-ри ҷамъияти феодолӣ баробарӣ нест. Барои як гурўҳ тамоми шароитҳо муҳайё, зиндагиашон хуб аст ва аз ин атои табиат низ ба хубӣ баҳра мебаранд.Зеро тамошо, дарк намудани зебоиҳо бо шиками серу дили беғам мешавад. Аммо Сайидо барин одамони камбағалу муфлис, ки ҳамеша дар ғами пораи нонанд, аз таровату латофати баҳор чандон лаззат бурда наметавонанд.

Leave a Reply