Умумӣ

«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ

Ишорат ба он ки мурод аз ин қисса сурати  қисса нест,
балки мақсуд аз он 
маънии дигар аст,
ки баён карда хоҳад шуд.

Бошад андар сурати ҳар қиссае,
Хӯрдабинонро зи маънӣ ҳиccae.
Сурати ин қисса чун итмом ёфт,
Боядат аз маънии он ком ёфт.
Вазъи инро роҳдоне дигар аст,
К-ӯ ба сирри кор роҳ овардааст.

3-он ғараз не қилу қоли мову туст,
Балки кашфи сирри ҳоли мову туст.
Кист аз шоҳу ҳаким ӯро мурод?
В-он Саломон чун зи шаҳ беҷуфт зод?
Кист Абсол аз Саломон комёб?
Чист кӯҳи оташу дарёи об?

Чист мулке к-он Саломонро расид?
Чун вай аз Абсол домонро кашид?
Кист Зӯҳра, к-охир аз вай дил рабуд?
Занги Абсолаш зи оина зудуд.
Шарҳи ӯро як ба як аз ман шунав,
Пой то cap гӯш бошу ҳуш шав.
Сонеъи бечун чу олам офарид,
Ақли аввалро муқаддам офарид.

Даҳ бувад силки ақул эй хурдадон,
В-он даҳум бошад муассир дар ҷаҳон.
Коргар чун ӯст дар гетӣ тамом,
Ақли фаъолаш аз он карданд ном.
Ӯст дар олам муфайзи хайру шар,
Ӯст дар гетӣ кафили нафъу зар.
Несташ пайванди ҷисмонии ҷисм,
Ганҷи ӯ мустағнӣ омад з-ин тилисм.

Роҳи инсон зодаи таъсири ӯст,
Нафси ҳайвон сухраи тадбири ӯст.
Зери фармони ваянд инҳо ҳама,
Ғарқи эҳсони ваянд инҳо ҳама.
Ӯ шаҳи фармондеҳ асту дигарон,
Зери фармони вай аз фармонбарон.
Чун ба наъти шоҳӣ ӯ оростаст,
Роҳдон аз шоҳ ӯро хостаст.

Бар ҷаҳон файзе, ки аз вай мерасад,
Бар вай аз боло паёпай мерасад.
Пеши доно роҳдони булаҷаб,
Файзи болоро ҳаким омад лақаб.
Роҳи покаш нафси гӯё гашта исм,
3-ода з-ин ақл аст бо пайванди ҷисм.
Ҳаст бепайвандии ҷисмаш мурод,
Он кӣ гуфт ин аз падар бе ҷуфт зод.

Зодае пас покдомон омадаст,
Номи ӯ з-он рӯ Саломон омадаст.
Кист Абсол ин тани шаҳватпараст,
Зери аҳкоми табиат гашта паст.
Тан ба ҷон зиндасту ҷон аз тан мудом,
Гирад аз идроки маҳсусот ком.
Ҳарду з-он рӯ ошиқи якдигаранд,
Ҷуз ба ҳақ аз сӯҳбати ҳам нагзаранд.

Чист он дарё, ки дар вай будаанд,
В-аз висоли ҳам дар он осудаанд?
Баҳри шаҳватҳои ҳайвонист он,
Луҷҷаи лаззоти нафсонист он.
Оламе дар мавҷи ӯ мустағрақанд,
В-андар истиғроқи ӯ дур аз ҳақанд.
Чист он Абсоли дар сӯҳбат қариб,
В-он Саломон монд аз вай бенасиб?

Бошад он таъсири синни инҳитот,
Тай шудан олоти шаҳватро бисот.
Карда ҷо маҳбуби табъ андар канор,
В-олати шаҳват фурӯ монда зи кор.
Чист он майли Саломон сӯи шоҳ,
В-он ниҳодан рӯ ба тахти иззу ҷоҳ?
Майли лаззатҳои ақлӣ кардан аст,
Рӯ ба дорулмулки ақл овардан аст.

Чист он оташ—риёзатҳои сахт,
То табиатро занад оташ ба рахт.
Сӯхт з-он осор табъу ҷон бимонд,
Доман аз шаҳвоти ҳайвонӣ фишонд.
Лек чун умре ба оташ буд хӯй,
Гаҳ- гаҳаш дарди фироқ омад ба рӯй.
З-он ҳакимаш васфи ҳусни Зӯҳра гуфт,
Кард ҷонашро ба меҳри Зӯҳра ҷуфт.
То ба тадриҷ ӯ ба Зӯҳра орамид,
В-аз ғами Абсолу ишқи ӯ раҳид.

Чист он Зӯҳра камолоти баланд,
К-аз висоли ӯ шавад ҷон арҷманд.
3-он ҷамоли ақл нуронӣ шавад,
Подшоҳи мулки инсонӣ шавад.
Бо ту гуфтам муҷмал ин асрорро,
Мухтасар овардам ин гуфторро.
Гар муфассал боядат фикре бикун,
То ба тафсил ояд асрори куҳун.
Ҳам бар ин иҷмолкорӣ ин хитоб,
Хатм шуд воллоҳу аълам биссавоб.

Leave a Reply