Умумӣ

Садриддин Айнӣ – шеърҳо қисми 1

ДАР ТАТАББЎЪ ВА ТАЗМИНИ САЪДӢ

Ёри ман ширинадоӣ мекунад,
Ҳар замон сад дилрабоӣ мекунад.
Мекунад бо дўстон бегонагӣ,
Душманонро ошноӣ мекунад.
Дар вафояш умр шуд, он шўх низ
Ҳамчу умрам бевафоӣ мекунад.
Гарчи шоми ҳаҷри абролудро
Моҳи рўяш камнамоӣ мекунад.
Кулбаи эҳзони торики маро
Ёди рўяш рўшноӣ мекунад.
Ёри ман аз ман ҷудо шуд, дўстон,
Ҷони ман аз ман ҷудоӣ мекунад.
Қомати он ҳурзод аз ҷилвае
Чун қиёмат фитназоӣ мекунад.
Дардам аз белутфии ёр асту бас,
Хоҳад аз лутфе давое мекунад.
Айнии мискин ба ҳасби ҳоли худ
Байте аз Саъдӣ гадоӣ мекунад:
«Ёри ман авбошу каллош асту ринд,
Бар ман аммо порсоӣ мекунад».

Э, ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо,
Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди шумо.
Аз хироме дўш дар даъвои раъноӣ ба бо мо,
Банд карда найшакарро қомати қанди шумо.
Э, қаду рухсору зулфу чашму абрў раҳмате!
Як дили мискин чӣ хоҳад кард бо чанди шумо?!
Гарчи рафт аз ёдатон ёди дили ғамгини мо,
Дур бод аз ғам, илоҳӣ, табъи хурсанди шумо.
Кори сад хирвор мушку сад чаман сунбул кунад
Торе аз зулфи сиёҳи мушкоганди шумо.
Сарви озод аз чӣ рў ҳаргиз намеҷунбад зи ҷо?
Метавон фаҳмид, гардидаст побанди шумо.
Кай бувад аз лутфатон бар орзўи дил расад,
Айнии бечора, яъне орзўманди шумо.

Аз файзи яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб..
Беҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб,
Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,
Иззаст мактаб, шон аст мактаб.
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Дар моҳии ҷон об аст ирфон,
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.

Рӯи иродат матоб аз дари мактаб,
То ки шавӣ комёб аз дари мактаб…
Хонаи ахлоқи мо хароб шуда, ҷўй
Тасфияи ин хароб аз дари мактаб.
Хастагии мо чунон ки ҳаст, надонад,
Он ки нахонда китоб аз дари мактаб.
Ташналабӣ то ба кай ба водии ғафлат,
Хез, биё, нўш об аз дари мактаб!
Чанд нишинӣ ба эҳтиёҷу зарурат?
Гавҳари ноёб ёб аз дари мактаб.
То ки нагардӣ залил бар дили мардум,
Рўи талаб барматоб аз дари мактаб.
Баччаи одам чаро зи илм гурезад?
Хон, накунӣ иҷтиноб аз дари мактаб.
Хоса дар ин асри мо, ки бачаи ҳайвон
Ёфт ба илм интисоб аз дари мактаб.
Аз раҳи ибрат нигар: шуданд ҳунарвар
Хайли вуҳушу давоб аз дари мактаб.
Бо амали кимиёю фанни саноат
Хок шавад мушки ноб аз дари мактаб.
Гашт сияҳ рўзи мо з-абри ҷаҳолат,
Бў, ки расад офтоб аз дари мактаб.

Дӯстон арзи умедам бар нигори ман баред,
Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред.
Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред.
3-ин диёру шаҳр тангам, шаҳриёри ман куҷост?
Лутф ореду маро дар шаҳриёри ман баред.
Ман қатили ғамзаи навхатнигоре гаштаам,
Пай ба д-ин маънӣ зи райҳони мазори ман баред.
Сабзаи хатташ бубинеду мапурсед аз ғамам,
Бар хазони ман қиёс аз навбаҳори ман баред.
Гар ҳамехоҳед ҷон, осон диҳам ҳангоми назъ,
Ҷои такбиру тиловат номи ёри ман баред.
Дар парешонрўзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,
Ҷамъ биншинеду ёд аз рўзгори ман баред.

ГУЛИ СУРХ

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.
Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,
Гар зи васли як парирў марҳаме медоштам.
Меҳнати гетӣ ба талхӣ кай рабудӣ ҷони ман.
Бўсае гар аз лаби исодаме медоштам.
Менашуд як лаҳза фориғ ёр аз ғамхориям,
Булҳавасосо на гар тоби ғаме медоштам.
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам!
Ин қадар дар изтироб афтодаам аз фикри худ,
Мешуд оромам, агар аз худ раме медоштам.
Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бо ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.

Э, ки аз ғайри ту дар ҳар ду ҷаҳон ёр надорам,
Ғайри варзидани ишқи ту дигар кор надорам,
Гар ту дилдори манӣ, фикри дилу ҷон нанамоям,
Гар ту ёрӣ, ҳазар аз таънаи ағёр надорам.
Гар ғами хеш бигўям ба ту, бояд ки маранҷӣ,
Ба кӣ гўям ғами худ, ғайри ту ғамхор надорам.
Худ магар лутф кунӣ аз сари эҳсону мурувват,
В-арна аз матлаби худ ҷуръати гуфтор надорам,
Бе гули рўи ту мушкил, ки шавад шод дили ман,
Рўзи ҳиҷрон ҳаваси рафтани гулзор надорам.
Оҳ, ту аз раҳи шўхӣ сари бемор надорӣ,
Ҳайф, ман аз ғами ту ҷуз дили бемор надорам.
Гар ту дорӣ сари ёрию вафодории Айнӣ
Ба вафои ту, ки дар неку бадат кор надорам

Мавсими барфу фасли зимистон,
Боғи дигар шуд саҳни дабистон.
Илму маориф — сурию савсан,
Толиби ирфон — булбули дастон.
Хома ба ҷавлон — сарви хиромон,
Сафҳаи коғаз — саҳнаи бӯстон.
Ранги сиёҳӣ — дофеи зулмат,
Хориқае бас булъаҷаб аст он.
Зарфи мураккаб—ҳавзи мусаффо,
Ҷадвали дафтар — ҷўи гулистон.
Машъали ирфон — меҳри дурахшон.
Партави дониш — шамъи шабистон.
Парчаи коғаз, ё суман аст ин?
Сафҳаи дафтар, ё чаман аст он?
Гўши итоат сўи муаллим
Ғунчаи дониш дардеҳу бистон.
Замзамаи мо нағмаи мактаб,
Бадрақаи мо илмпарастон.
Гуфтаи Айнӣ гар напазирӣ,
Хезу равон шав сўи дабистон.

Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме,
Гўӣ аз кўи нигор ояд ҳаме.
Вақти он омад, кушояд дил зи ғам,
К-аз чаман бўи баҳор ояд ҳаме.
Лола чун лаъли лаби ҷонон ба чашм
Оташину обдор ояд ҳаме.
Мушковар боди амбарбў шамол
Аз ямину аз ясор ояд ҳаме.
Хуш бувад хоро канори обшор,
Ёр ҳам гар дар канор ояд ҳаме.
Сояи беду шамоли Шоҳрўд
Табъи касро созгор ояд ҳаме.
Реги Ҷўгихонаро абр об зад,
Бар дил аз вай кай ғубор ояд ҳаме.
Оби ҷўи Қаллуқону Тавсанак
3-оби кавсар хушгувор ояд ҳаме.
Дар ғамам имсол, Айнӣ, з-ин ғазал
Ёди шодиҳои пор ояд ҳаме.

Кист он кас, ки шири софу лазиз
Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд
Баҳри осоиши шумо аз хоб
Хист, гаҳвораи шумо ҷунбонд,
Шустушў карда дасту пои шумо,
Аз муҳаббат ба ҷои пок нишонд?
(Ҷавоб: волидаи меҳрубон)

Кист он кас рўз то бегаҳ давид
Ошу нон баҳри шумо тайёр кард,
То шумо дар мактаб омўзед илм,
Ҷумла кори хонаву бозор кард,
То шумо доно шаведу бо тамиз,
Аз насиҳат гўшатон пурбор кард?
(Ҷавоб: падари бузургвор)

Афзал, ки он шамъи шабистони сухан,
Ки аз ў буд маҳофил пурнур,
Буд аз ў базми адаб боравнақ,
Буд аз ў анҷумани фан басурур.
Буд аз ў мамлакати фазл обод,
Буд аз ў кишвари дониш маъмур.
Дар фазоил ба қабоил маъруф,
Дар камолот ба олам машҳур.
Сарф кард аз паи таҳсили камол,
Кўшишу ҳиммату ҷаҳди мавфур.
Кард ақсоми ҳунарро ҳосил,
Дод анвои фунунро ба зуҳур.
Охир аз хоҳиши тақдири азал
Рафту бигзошт ҷаҳонро маҳҷур.
3-ин мусибат ҳама дилҳо пурдоғ,
3-ин алам зумраи ҷонҳо пуршўр.
Чора сабр аст, агарчи набвад
Тоқати сабр ба ин ғам мақдур.
Баҳри таърихи вафоташ Айнӣ
Гуфт: девони ғазал рафт ба гўр.

«Зи сўзи сина кабобам, зи сели дида харобам,
Ту шамъи базми касонию ман дар оташу обам».
Биё ба ҳуҷра, ки пайдост ҷому бодаи беғаш,
Кушой чеҳраю бо мо даме нишину қадаҳ каш.
Ба оташам манишону макун зи рашк мушавваш,
«Ба дигарон манишину ба ҷони ман мазан оташ.
Маро масўз, ки ман худ дар оташи ту кабобам».
Чу масти бода расидию ҳуш гашт харобат,
Саманд тез марон ин қадар, зи чист шитобат?
Нисор мекунам инак сар аз вафо ба рикобат,
«Агар барои ҳалоки ман аст нозу итобат.
Биёву қатл кун эдун, ки мустаҳиққи итобам».
Ғубори ғам ба талаттуф зи синаам бизудудӣ
Шавам чу маст ,диҳам бӯса, гуфта ваъда намудӣ,
Ба ҳуҷра дўш, ки ман будаму шаробу ту будӣ,
Суоли бўса намудам, вале ту лаб накушудӣ,
Сухан ба арз расиду дар интизори ҷавобам».
Ман он наям, ки бувад ошиқем лофию бодӣ,
Нагардам аз туву гардам туро, ки ҳурнажодӣ,
Маро агарчи ба паҳлўи хеш бор надодӣ,
«Ба гирди рўи ту парвонаам, ки шамъи муродӣ,
Агар ту рўй битобӣ, ман аз ту рўй натобам».
Ба сад муросала Айнӣ ки як ҷавоб нагирад,
Чаро ба раҳ нафитад, роҳи изтироб нагирад.
Маро зи хок гар он шўх аз савоб нагирад,
«Ба қадри хоки раҳ аз ман касе ҳисоб нагирад.
Ба кӯи дўст, Ҳилолӣ, бубин, ки дар чӣ ҳисобам?»

Рафтам ба ҷустуҷўяш дар кўчаҳо давида,
Ҳам чома чок карда, ҳам пираҳан дарида,
Дар кўи ў фитодам дар хоку хун тапида,
«Он маҳлиқо баромад аз хона май кашида,
Моил ба уфтодан чун меваи расида».
Гесўи мушкбўро тоби каманд дода,
Анворбахш рўро хуршедсон кушода,
Дар ошиқ орзўро карда басе зиёда,
«Нози баҳонаҷўро дар як тараф ниҳода,
Шарми ситезахўро дар хоку хун кашида».
Рўи чу маҳ гирифта андар паноҳи соид,
Бар маҳ фурўғ дода аз тоби моҳи соид,
Бар қатли ишқбозон бикшода роҳи соид,
«Молида остинро то бўсагоҳи соид,
То ноф пираҳанро чун субҳдам дарида».
Бурқаъ зи рў кушода боғи ирам намуда,
Пайвастаабрӯвонро теғи дудам намуда,
Дилҳо ба дом баста зулфон чу хам намуда,
«Барқе зи абр ҷаста ҳар ҷо карам намуда,
Сарве зи хок раста ҳар ҷо, ки орамида».
Қад — нахлаи назокат, тан — пайкари латофат,
Лаб — чашмаи ҳаловат, рў — матлаи саодат,
Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат
«Дигар надида худро то домани қиёмат,
Соиб касе, ки ўро масту хароб дида»

 

Leave a Reply