Садриддин Айнӣ – шеърҳо қисми 3

 САМАРҚАНДУ БУХОРО

Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол,
Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол.
Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам,
Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол.
Сабзазорест, ба ҳар сабза аён ранги тараб,
Чашмасорест, зи ҳар чашма равон оби зулол.
Мерасад накҳати кайфияти асҳоби ямин,
Гар вазад боди шамол аз тарафи Боғи Шамол…
Ин Самарқанд ҳамон аст, Улуғбек-мирзо
Зад аз ин хитта ба дониш алами истиқлол.
Ин Самарқанд ҳамон аст, ки Бўлайси фақеҳ
Кард сийти шарафаш то Арабистон эсол.
Ғамзудояст Самарқанду тарабафзо, лек
Назудояд ғами ҳиҷрони Бухоро зи хаёл.
Гар ба фирдавс барандам, наравад аз хотир
Ёди дарвозаи Қаршию ҳавои вагзол.
Ин ҳамон мулки Бухорост зи ҷаҳди аҳлаш
Манбаи илм ба ислом шуда чандин сол.
Ин ҳамон мулки Бухорост, Бухорои бузург
Зад аз ин хитта ба ақтори ҷаҳон кўси камол.
Ин ҳамон мулки Бухорост Алӣ Синоро
Рутбае дод, ки нодида касе то ин ҳол.
Ин ҳамон мулки Бухорост, ки Сомониён
Баҳри тазъйинш ба амсор намуданд ҷидол…
Гарчи он иззату, он шавкату, он дониш нест,
Ҳаст он фитрату он обу ҳаво бар ям ҳол.
Метавон рафт ба он мартаба бо кўшишу саъй,
Метавон раст аз ин мўҳлика бо касби камол.
Гарчи анвои ситамдида аз ин ҷо рафтем,
Ба вилояш, ки ба дил нест ҳеҷ ранҷу малол…
Барраи хаста набояд, ки бихобад бари гург,
Мурғи бечора бибояд, ки гурезад зи шағол.
Одамизодаи бечора ба якрўза ҳаёт
Бо бани навъи худ омодаи майдони қитол.
Меҳру шафқат ба замон нест, агар ҳаст — риё,
Одамият ба ҷаҳон нест, агар ҳаст — хаёл.
Мил бар дида гузоранду бигўянд: «Хамўш!»
Тир бар сина халонанду бигўянд: «Манол!»
Ёрмандӣ ба бани навъ бидонанд ҳаром,
Хуни ислом ба ислом бидонанд ҳалол.
Ҳокими шаръ мутеъ аст ба амри авбош,
Муфтии шаръ асир аст ба дасти арзол.
Ҳукми такфири мусулмон биситонанд ба зўр,.
Амри татҳир зи йсьён бифурўшанд ба мол.

 

ЁДИ МОЗӢ

Ёд бод он дам, ба ғафлат истироҳат доштам,
Не ғами ислому не парвои миллат доштам.
Шод будам, то зи аҳли илм будам бехабар,
Бо ҷаҳолатпешагони даҳр улфат доштам.
Баҳри фаҳми хутбаву дебоча мекардам ҷадал
Бо касе гар фил-масал аз илм сўҳбат доштам.
Аз макотиб бо сияҳҷоҳе ризомандем буд,
Аз мадорис бо хароботе қаноат доштам.
Хештанро аз ҳама масъуд мекардам гумон,
Танбалу отил ба кунҷе истиқомат доштам
Нафъи халқуллоҳ кай мекард бар ёдам гузар,
Баҳри нафъи хеш бо ёрон хусумат доштам.
Тарки кори дину дунё саҳл мепиндоштам,
То ба лаъби тахтаи шатранҷ одат доштам.
Ғофил аз таърихи исломию аҳволи умам
Аз ҳикоятҳои «Зулобӣ» ҳикоят доштам.
Гаҳ ба айёрию доғулӣ ба ҳайрат мешудам,
Гаҳ зи меҳри ёди ялдо иститоат доштам.
Буд ҷои рўзнома «Замҷинома» бар кафам,
Бо камоли шавқ «Абўмуслим» қироат доштам.
Рўзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард
Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолат доштам.
«Тарҷумонӣ кард «Аҳволи замон» аз ҳоли ман,
«Вақт»-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам,.
Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.

 

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,
Мактаб ба ту шаҳду нўш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб…
Бархез, гузор хоби худро!
Баргир ба каф китоби худро!
Рав аз ҳама пештар ба мактаб
Шавқ аст туро агар ба мактаб.
Саъйе бинамову илму одоб
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

 

ҚИССАИ ПАРВОНА ВА КИРМАК

Аз «Аз ҳар даҳан сухане»-и Маҳмуди Тарзӣӣ ба назм оварда шуд.

Фасли баҳорон, ки чаман сабз буд,
Сумбулу шамшоду суман сабз буд,
Сояи беду лаби ҷў пеши кишт,
Дошт нишон аз лаби ҷўи биҳишт.
Манзараи сабзи равонбахш буд,
Бўи шукуфа ҳама ҷонбахш буд.
Бод вазида зи сари беди мушк,
Мушк фишонда ба димоғони хушк.
Абри баҳор об зада марғзор,
Бурда зи рўи гулу сабза ғубор.
Дашт зи хосияти фасли рабеъ
Ҷилва намуда ба ҷамоли бадеъ.
Замзамаи фохтаю андалеб
Бурда зи ҷону дили ёрон шикеб.
Кирмаке, алқисса, дар ин марғузор
Буд ниҳон дар таки як бутта хор.
Не сару не қомати раъно дар ў,
Не сару не сурати зебо дар ў.
Ҳам яке парвонаи густох буд,
Гоҳ ба ин, гоҳ ба он шох буд.
Маст ба ҳар сўи чаман мечамид,
Гоҳ ба гул,гаҳ ба суман мечамид.
Ҳайъаташ аз ғояти озодагӣ
Зеб ба гулҳои чаман додагӣ,
Тобиши хуршед фитад бар параш,
Чун пари товус шавад ҳар параш,
Оби тароват чакад аз ҳайъаташ,
Бўи латофат расад аз ҳайъаташ.
Гоҳ нишасташ зи сари ноз буд,
Гоҳ далерона ба парвоз буд.
Баски зи парвоз худаш маст буд,
Сарви баландаш ба назар паст буд.
Кирмаки бечора, ки парвона дид,
Зиндагии хеш фақирона дид.
Оҳ кашид аз сари аҷзу ниёз
Аз ғаму андўҳ фиғон кард соз.
Гуфт: «Ниҳодаст Худои алим
Бар ману парвона чи фарқе азим
Ман кию парвонаи мағрур кӣ?
Зарраи беқадр кию ҳур288 кӣ?
Ман ба ҳама зиштию афтодагӣ
Ў ба ҳама хубию озодагӣ.
Ман натавонам шудан аз хок пок,
Ў зи сафо карда дили пок чок.
Маскани ман ҳаст ба лои замин,
Ў ба фалак рафта ба ҷои замин.
Ҳар кӣ маро дид нуфур оварад,
Ў ба ҳама нозу ғурур оварад.
Ҷонваронем зи як обу хок,
Ў ҳама бедардею ман дарднок…»
Кирмаки бечора ба ин ҳасби ҳол
Буд, ки бархост яке қилу қол.
Дид ки ҷамъияти атфол буд,
Ҳар як аз ин ҷамъ ба як ҳол буд.
Он яке аз ғояти шодию шавқ.
Ёфта ҳар ҷои чаман ҷои завқ.
В-он дигар аз завқу сафо медавид,
Ҳамчу ғизолон ба чаман мечамид.
Фирқае машғули тамошои гул,
Фирқае гил хоста бар ҷои гул.
Тифле аз ин ҷамъ чу парвона дид,
Сурати ў дилкашу ҷонона дид.
Шавқи гирифтан ба дилаш кард ҷўш
Ҷониби атфол яке зад хурўш:
«Ҳон бидавед ин чи бало дилкаш аст!
Зуд бигирем ба бозӣ хуш аст…»
Ҷумла давиданд ба шавқу сурур
Аз паи парвонаи соҳибғурур.
Ҳар қадар ин ҷонвар аз ҷон шитофт,
Аз кафи атфол халосӣ наёфт.
Кўшишу шавқи талабу саъйи том
Сайди маонӣ бидарорад ба дом.
Аз талаби ҷиддии гирандагон
Чун раҳад ин ҷонвари нотавон?
Оқибат афтод ба чанголашон.
Шод аз ин сайд шуд аҳволашон.
Он яке аз бол кашид аз аҷаб
В-он дигар аз пой ба шавқу тараб.
Оқибат ин ҷонвари номурод
Мурду парешон шуду ҳар сў фитод.
Кирмаки бечора, ки ин ҳол дид,
Ҳолати худ мўҷиби иқбол дид.
Гуфт ки «сад шукр, ки зебо наям,
Худсару мағруру худоро наям,
В-арна маро низ чунин буд ҳол,
Мешудам афтода ба ранҷу малол
Ибратам ин бас бисарою бисанҷ
Кибру ғурур аст зи асбоби ранҷ.
Он, ки дар ин маърака худрой шуд,
Худсару худбину худорой шуд,
Оқибаташ ҳол бад ин сон шавад,
Маъракаи бозии тифлон шавад…»
Хомаи Айнӣ, ки ба ибрат сиришт,
Қиссаи парвонаву кирмак навишт.

Ҳар кас, ки назарбаланд бошад
Фархундаву арҷманд бошад.
Ҳар кас, ки ба чизи кас назар дўхт,
Худ иззати нафси хеш бифрўхт.
Хоҳӣ, ки шавӣ азиз, эй ҷон,
Бахшою бидеҳ, магиру мастон.
Бахшой на бар тариқи исроф,
Мақсуд савоб дор, не лоф.

 

СУРУДИ МАКТАБ

(Саҳаргоҳон)

Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,
Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во шуд.
Шумо, эй булбулони боғи мактаб,
Саҳаргоҳон чаро хобед ҳар шаб?
Шумо ҳам дар наво оед бояд,
Ки то аз боғи маънӣ гул кушояд.
Саҳаргоҳон гулистони дабистон
Тароватбахш бошад чун гулистон.
Чаро аз ин гулистон гул начинед?
Чаро дар кунҷи бекорӣ нишинед?..
Биёед, эй шарикон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад…
Биёед, эй рафиқони маонӣ,
Ба ҳам гардем ҷўёни маонӣ.
Зи илму маърифат гар баҳра ёбем,
Тавон бозуи нодонӣ битобем
Вагарна ҷаҳл бар мо ҳамла орад,
Димор аз рўзгори мо барорад.

 

ПАНД

Эй қуввати ҷисму қути ҷонам,
Осоиши ҷони нотавонам.
Бишнав зи ман ин хуҷистагуфтор:
Мафрўш замини хеш зинҳор!
Мафрўш замин, ки гавҳар аст ин,
Гавҳар чӣ, шафиқа модар аст ин.
Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст,
Мафрўш, ки модари азиз аст.
Чун модари меҳрубони ҷонӣ
Парварда туро ба меҳрубонӣ
Кас модари меҳрубон фурўшад?..!
Аблаҳ бошад, ки он фурўшад.
Ин хоки сияҳ бад-ин сиёҳӣ
Бахшад ба ту неъмати илоҳӣ…
Мафрўш замин, ки хор гардӣ,
Берўзию беқарор гардӣ.
Як парча замин, ки киштзор аст,
Бар тарзи маишатат мадор аст.
На ош хўрад, на нон, на мева,
Бахшад ба ту ошу нону мева.
Ҳар тухм ба киштзор корӣ,
Даҳ мерўяд ба лутфи борӣ.
Боғи ту, ки пур зи ангубин аст,
Хуррам ҷоясту дилнишин аст.
Ҳам себ туро диҳад, ҳам олу,
Шафтолую ноку олболу.
Ангур, ки ин қадар азиз аст,
Аз боғи ту муфт раста чиз аст.
Боғ аз чӣ сабаб ба зар фурўшӣ?
Зар муфт равад, агар фурўшӣ.
Ҳам боғ равад зи дасту ҳам зар,
Монӣ ба ҷаҳон харобу абтар.
Зар ҷамъ намо, замин ба даст ор,
Мекор замин, ки зар диҳад бор.
Бо зар ту гар эҳтиёҷ дорӣ,
Гандум мекор, то зар орӣ.
Зинҳор замину боғ мафрўш!
Ин панди накў бигир дар гўш!.

 

БОМДОДИ БАҲОРОН

Айёми баҳору бомдодӣ,
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.
Бар ҷониби марғзор бинӣ,
Ҳар сў гулу лолазор бинӣ,
Ҳаст оби равон, равон ба ҳар сў,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷу,
Аз бўи гулу гиёҳи навхез,
Боди саҳарист анбаромез,
Гул хурраму барги ток хуррам,
Аз сабза тамоми хок хуррам,
Бархоста сарв, гул шукуфта,
Наргис лекин ҳанўз хуфта,
3-ин коҳилӣ асту бешуурӣ,
Машҳур шудаст ў ба кўрӣ.
Занбўри асал кашад зи ҳар сў,
Шира зи шукуфаҳои хушбў,
Гунҷишк ба саъйи хеш дона
Аз дашт барад ба сўи хона,
Хоҳ мўр асту хоҳ мор аст,
Ғарқи амал аст, маҳви кор аст.
Айб аст, ки одамӣ дар ин ҳол
Бекор ба гўшае бихобад,
Дунё гардидааст фаъол,
Ў бар коре набаршитобад.

 

МАРШИ ҲУРРИЯТ

Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.
То ба кай ғусса хўрдан ба ҳасрат,
Баъд аз ин шодмонӣ намо!
Бас ҷафо, бас ситам!..Эй адолат!
Дар ҷаҳон ҳукмронӣ намо!
Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
Хуни мо шуд ҳадар рўзгорон,
Бар муроди ду-се нобакор.
Бар муроди дили дўстдорон,
Ҷони ин нобакорон барор!
Дар ҷаҳон зулми золим намонад,
Ҳам ҷафо, ҳам ситам, ҳам нифоқ.
Дар ҳама шаҳди шодӣ чашонад
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!
Ҳар ситамгори дун хурраму шод
Солҳо ҷоми ишрат чашид.
Дар шаби тираи ҷавру бедод
Ҳар ситамдида меҳнат кашид,
Оқибат офтоби адолат
Бар сари бенавоён битофт.
Аз ҷаҳон нест шуд зулму зулмат,
Мустабид дар ҷаҳаннам шитофт.
Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!

 

БА ШАРАФИ ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР

Эй машъали рахшони адолат, зи куҷоӣ?
к-имрўз ба моӣ!
Торикии бедод зи гетӣ бизудоӣ!
Моно, ки зиёӣ?!
Онҳо,    ки ба болои раоёи ситамкаш буданд чу оташ,
Хокистарашон аз ту шуд имрўз ҳавоӣ,
ту рўзи ҷазоӣ!
Дунёи куҳан аз қадамат зеру забар шуд,
дунёи дигар шуд;
Онҳо, ки задандӣ ҳама дам лофи худоӣ,
карданд гадоӣ.
Ин қудрату ин сарвату ин шавкату ин шонкас дид ба кайҳон?!
Не, не! ту ба шафқат дили моро бирабоӣ,
маҳбубаи моӣ.
Меҳнаткаши бечора пас аз дидани сад ҷабр,
эй вақъаи Октабр!
Аз марҳаматат ёфт зи андўҳ раҳоӣ,
ту мурғи ҳумоӣ!
Аз теғи ҷафо хуни басе бегунаҳон рехт,
чун оби равон рехт,
То чеҳраи гулгунаи таҳқиқ намоӣ,
дар даҳри риёӣ,
Баҳри дили ёрони ситамдидаи
мазлум,меҳнаткаши маъсум,
Дар даҳр абадуддаҳр кунӣ ҳукмравоӣ,
ҳам    дер бипоӣ.

 

М   А  Р С  И Я

(Дар кушта шудани бародарам  Ҳоҷӣ

Сироҷ дар зиндони амир)

I

Дўстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рўҳ аз тану нур аз басарам.
Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш.
Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?!
Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст
Додарам—қуввати рўҳу дилу қути ҷигарам.
Аз ҳуҷуми аламам қуввати фарёд намонд,
То чунин дашнаи бедод фалак зад ба сарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту!
Нест ҷое зи ту ободу диле шод аз ту!
Ҳар ниҳоле ки дар ин боғ барўманд шуда,
Канда гардида ба бедод зи бунёд аз ту!
Бод, эй модари айём, насиби ту ҳалок!
Ки ҳама меҳнату андўҳу алам зод аз ту!
Дилу ҷону сару ҳушу хирадам рафт ба бод,
Хўрдаам сахт чунон дашнаи бедод аз ту!
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

II

Баъд аз ин тоқату ором мапурсед зи ман!
Баъд аз ин шодии айём мапурсед зи ман!
Субҳи шодӣ абадӣ дур шуд аз ман, пас аз ин
Ғайри шоми алам анҷом мапурсед зи ман
Рўзам аз шаб накунад фарқу сабоҳам аз шом,
Шабу рўзу саҳару шом мапурсед зи ман
Реза шуд пайкарам аз шиддати андӯҳу алам,
Асари шиддати олом мапурсед зи ман!
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

III

Ҷамъ гардида ба як ҷой ситамгоре чанд
Ба кушишхона чунон ки саги хунхоре чанд,
Даври як золими мурдори ситамгори сафеҳ,
Гирд гардида ситампешаи мурдоре чанд,392
Гўсфандвор ба ханҷар зада сар инсонро
Бикашиданд зи хун соғари саршоре чанд.
Ҷон супурданд ба анвои ҷафову зорӣ,
Чанд озурдадил аз дасти дилозоре чанд.
Ҳам дар он маслаҳи аҳрор ҷигаргўшаи ман
Кушта гардида ба фармудаи ашроре чанд.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

IV

Ин шунидам, ки ду-се золими хунхори дурушт
Дасти он хастаи мазлум бубастанд ба пушт..
Раҳм н-оварда ба бечорагию бегунаҳеш,
Мезадандаш ҳама дам гаҳ ба лагад гоҳ ба мушт.
Ин ҳама зулм, ки он хукниҳодон карданд,
На ба оини маҷусасту на кеши Зардушт.
Ҳеҷгаҳ мо нашунидем, ки инсонеро
Бабр, ё ҳирс ва ё хук бадин ваҳшат кушт.
Чигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам он маҳкамаи ҷавр мазористон бод!
Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам он тоҷ ки зеби сари хунхоре шуд,
Бо сари соҳиби худ зебдеҳи зиндон бод!
Хоҳам он қаср, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,
Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!
Хоҳам он зумра, ки имрўз таҳаккум дорад,
Даст баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
К-ин ҳама зулм ба даврон, ки бадин ваҳшат рафт,
Баҳри омодагии ишрати ин ҳазрат рафт.

 

И Н Қ И Л О Б

(Ба журнали «Шӯълаи инқилоб»)

Инқилоб офтобро монад,
Ёки тўфони обро монад.
Нашри анвор мекунад ба ҷаҳон,
Инқилоб офтобро монад…
Пеши тўфони инқилоб, ҷаҳон,
Пеши тўфон ҳубобро монад.
Мавсими инқилоб, рўи замин
Ҳолати изтиробро монад.
Аҳли бедод мерасад ба ҷазо,
Арасоти ҳисобро монад.
Оқибат Шарқ мешавад бедор,
Гарчи ин фикр хобро монад.
Орзўе ки дошт шоҳи Фаранг
Ба назарҳо саробро монад.
Шарарафшонии наи килкам
Шўълаи Инқилобро монад.

 

АХГАРИ ИНҚИЛОБ

Аз ахгари инқилоби мо сўхт
Дунёи ситамгарон чу хошок.
Афсўс махўр, ки сўхт олам,
Баргўй, ки «Хас каму ҷаҳон пок».

 

овози тоҷик

Ба парда то ба чандин рози тоҷик,
Биё биншин, шунав овози тоҷик.
Чу қумрӣ месароям нағма, чунки
Гирифторам ба сарви нози тоҷик.
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арўсон зеб дода
Забони маърифатпардози тоҷик
Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда
Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.
Яқин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст,
Ба ёд орӣ агар оғози тоҷик.
Ҷаҳонро сар ба сар санҷида дида,
Ба аҳди рафта чашми бози тоҷик,
Фақат бемактабӣ дар аҳди ҳозир
Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик.
Пас аз чанде ба хомўшӣ ғунудан,
Баромад оқибат «Овози Тоҷик».

 

ПАЙРАВ ЗИ МИЁН РАФТ

Пайрав, ки яке шоири шўроии мо буд,
Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт.
Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин
Афсўс тавон хўрд бар он гул, ки ҷавон рафт.
Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсўз
То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт.
Лекин насазад нола, ки аз гулшани шўро
Сад гул расад он рўз, ки як гул ба хазон рафт.
Сад пайрави комил ивази ин бирасонем,
Як Пайрави наврастаи мо гар зи миён рафт.

 

БА ПУШКИН

Вақте ки халқи Русия дар изтироб буд,
Ҷон дар азоб, тан дар ситам, дил кабоб буд,
Беилму безабон буду бенону бенаво,
Дар зулму дар шиканҷаву дар печу тоб буд,
Сартосар ин замини пур аз сарвати фарох
Аз дастбурди зумраи ҳоким хароб буд.
Ҷамъияте ба тахти ҳукумат нишаста буд,
Дарро ба рўи донишу идрок баста буд.
Кибру ғуруру ҷаҳлу ҳамоқат шиори ў,
Таҳқири марду таънаи зан буд кори ў.
Тороҷу қатлу нафй мукофоти ҳуш буд,
То аҳли ҳуш пай набаранд аз ҳамоқаташ.
Милу қири ҷафо силаи чашму гўш дошт,
Гуфту шунуд то накунанд аз вақоҳаташ.
Дар он замони тираи пурзулму пурзулом,
Пушкин намуд рўй чу моҳ аз таги ғиём,
Тобанда буд моҳи даҳо аз даруни ў,
Рахшанда буд меҳри сафо аз буруни ў
Ў аз сафою ҳилму муҳаббат сиришта буд,
Дилро зи гарди кину ҳасад пок шуста буд,
То соҳиби саводу мидоду қалам шуд ў,
Дар шоирӣ ба мардуми олам алам шуд ў.
Дар он муҳити тира қаламро чу шамъ кард,
Дар гирди шамъ оммаи халқ ҷамъ кард:
Тасвир кард лавҳи табиат ба обу ранг,
Бо санъате аҷиб, ки рассом шуд гаранг,
Тасвир кард ҳоли фаҷеъи замони худ,
Гуфт аз забони ҳоли замон бо забони худ,
Тасвир кард зиндагии аҳмақонае
Аъёни он замон ба тарзи фасонае…
Афсонаҳои халқ ба силки баён кашид,
Дурдонаҳои титшуда бар ресмон кашид,
Аз саъю санъаташ адабиёт ҷон гирифт,
Бо ў забони Русия рўи ҷаҳон гирифт.
Лекин гурўҳи сифлаи олимакони рус
Дидан нахост ин шарафи дудамони рус,
Дидан нахост зоғ сароянда андалеб,
Дидан нахост афъӣ товуси дилфиреб.
Набвад аҷаб рамидани девонасаг зи об,
Ё ваҳму тарси шаббара аз нури офтоб.
Оре кареҳ рўй набинад бар оина,
То шакли шуми хеш набинад дар оина,
Ўро бадарға кард ба дашту ба кўҳҳо,
Бар ў расонд зулму азобу сутўҳҳо.
Дунболи ў гурўҳи фурўмоягон гумошт,
Ўро асирвор ба таъқиби сахт дошт,
Сензури сахт монду нашуд чоп гуфтааш,
Бар халқ гашт гавҳари ноёб гуфтааш.
Аммо кӣ дида боди ба банд истодаро?!
Ё накҳати ба қайди касе сар ниҳодаро?!
Сензур агар ба гуфтаи ў хат ҳамекашид,
Он гуфтааш даҳан ба даҳан халқ мешунид,
Имкон наёфт душман бандад забони ў,
Ӯ зиндаасту қулф занад бар даҳони ў.
Тарсид лек фош гар ўро талаф кунад
Бар тири халқ синаи худро ҳадаф кунад…
Ночор рўбасон раҳи тазвирро гирифт,
Дар доми сахти хештан он шерро гирифт,
Дар пеши тахти шоҳ, ки буд маҷмаи фасод,
Ўро даруни як қафаси оҳанин ниҳод,
Бузинагони боргоҳи шоҳу шахси шоҳ
Бар ў ҳуҷум карданд он сон ки саг ба моҳ.„
Аммо кӣ дида ё ки шунидааст наррашер
Гардад ба рўбабозии бузинагон асир
Пушкин ба зиллату ба асорат надод тан,
Кўшид шерсон ба халосии хештан:
Зад хешро ба панҷараи оҳанинқафас,
То бишканад қафас, кашад озодваш нафас,
Ё ҷон диҳад ба маъракаи разм мардвор,
Озодвор то раҳад аз он разилазор…
Охир дар он муборизаи сахт хаста шуд,
Бо теғи зулм тори ҳаёташ гусаста шуд.
Он зумрае ки қотили беобрўи ў буданд,
Баъди қатл давиданд сўи ў,
Пинҳои зи халқ мурдаи ўро ба сўи гўр
Бурданд дуздвор шабона зи шаҳр дур,
Бурданд,гўр карданд пинҳон зи чашми халқ,
То вораҳида бошанд аз кину хашми халқ,
Оре, кадом дузд ва ё ҷонии лаин
Мақтули худ ба халқ намояд ки:
—Ҳон! Бубин!
Рўзи вафоти шоири зуқадру зуфунун
Оташ фишонд халқ зи оҳу зи гиря хун,
Оташ фишонд, лек ҳамесўхт дар ниҳон,
Хун мегирист, лек на бо шевану фиғон,
Зеро ба заҷр кўраи пурлахча баста буд,
Зеро ба ҷабр тори фиғонҳо гусаста буд…
Лек аз забони омма Лермонтови далер
Ғуррид бар муқобили он зумра мисли шер:
Дар қатли ҳар разила,ки сар зад зи сўяшон,
Беваҳму тарс наъракунон зад ба рўяшон…
Ӯ мурду тухми санъати шеъри навин бикошт,
Ӯ мурду як бадеаи номурданӣ гузошт.
Ў мурду як хазинаи пурсарвати забон
Бо номи шеъри рус монд дар ҷаҳон.
Ӯ мурду ёди ў ба дили халқ зинда монд,
Дилҳо ба шавқи шеъру сурудаш тапанда монд.
Дар асри хеш гарчи басе захму неш дид,
Сад сол баъд қадри сазовори хеш дид:
Тақдир ёфт қадри баландаш ба аҳди мо
Дар аҳди болшевикии иқболмаҳди мо…
Дар ин тариқа аҳди советии пуршараф
Пушкин бидид ҳурмати шоён зи ҳар тараф:
Халқи бузурги як саду ҳафтодмилёнӣ
Номаш баранд ҷумла ба некию аҳсанӣ,
Дар шаст миллате ки аз ин пеш бештар
Буданд бехату қаламу ҳарфу бесавод,
Имрўз бо забони худу ҳарфи хештан Пушкиншинос гаштанд!
Ўро кунанд ёд!..
Ин гуна ҳурмати адабиёту аҳли он
Танҳо ба хоки советист ҳукмрон!

 

БА МАЯКОВСКИЙ

Сию ду сол пеш аз ин рўзе
—Шеърҳои туро шунидам ман,
3-он ба қонуни синаам сўзе
—Зад забона,Шарора чидам ман.
3-он шарора баромад овозе,
Буд ин марш —Марши озодӣ,
Халқи тоҷик суруд бо шодӣ,
Гаҳ ба овозу гоҳ бо созе

Шеърат аз дур —аз лаби Нева
То  ба Ҷайҳун фиканд ҷўшу хурўш,
Халқи ҳар як забону ҳар шева
Теғ дар дастҳо туфанг ба дўш
Ҷонсипорона кард ҷангу масоф
Зидди шоҳу амиру бою вазир,
Зидди он золимони ноинсоф,
Баҳри ташйиди Инқилоби Кабир…

*  *  *

Шеърҳои ту асрҳои дароз
—Нурпошандаанд чун парвин.
Маяковский — ин чӣ ном аст?
—Ин,Шўълаи инқилоби хасмгудоз!

 

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҲОЗИҚ

Чӣ маҳҷурам зи васли он бути дилдори бебоке,
Чӣ маъюсам зи бўси он кафи пои ҳинопоке,
Чӣ ушшоқам, ки доим синаи ман гашта ғамноке,
«Чӣ сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке,
На аз хунам замин олуда шуд, на домани чоке?»
Маро ҷуз дидани рўи бутон чизе намебояд,
Ба ғайр аз васли ҷонон ҳеҷ дар хотир намеояд,
Дил аз бетоқатӣ ҳар дам чунин фарёд меорад:
«Нигоҳамро тамошои гулу гулшан намебояд,
Ману дар кунҷи узлат ёди рухсори арақноке».
Зи  ҳиҷрони ту, ҷоно, чашми ман чун рўди Ҷайҳун шуд,
Чӣ нолам ман зи ғамҳоят, насиб аз меҳри гардун шуд,
Тамоми шаҳду лаззатҳо ба номи сифлии дун шуд,
«Дилам аз бетамизиҳои абнои замон хун шуд,
Набудӣ, кош, лавҳи хотирамро нақши идроке».
Қалам аз баҳри таҳрири фироқаш хам намегардад,
Забон аз баҳри таҳрираш даме ҳамдам намегардад
Зи бераҳмй дили ў як сари мў ҳам намегардад,
«Маро шўри ҷунун аз панди носеҳ кам намегардад,
Чӣ имкон аст роҳи шўъла бандад мушти хошоке?»
Маро набвад ба вақти интизорӣ ҳеҷ осонтар,
Зи додан ҷон ба ҷонону ба болинаш ниҳодан сар,
Аҷоиб шиквае дорам зи он дилдори симинбар,
«Набошад ҳеҷ доғ аз доғи ҳаҷри дўст сўзонтар,
Ба васли шамъ кай парвонаро з-оташ бувад боке?»
Тамоми олам аз тафтиши ман холӣ нашуд гўё,
Ки шояд як диле ёбам, шавад ҳамдам ба ин расво,
Чӣ мумкин бо мани Сифлӣ касе ҳамдам шавад, асло!
«Надидам дар баҳори зиндагӣ, Ҳозиқ, дар ин саҳро
Ба ранги лола чуз доғи дилею синаи чоке».

Likes:
0 0
Views:
139
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply