Садриддин Айнӣ – шеърҳо қисми 2

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Бар боғи ҷаҳон нахли шакарбори ман ин аст!
Дар хони амал лаълии хушбори ман ин аст!
Ҷони ману ҷонони ману ёри ман ин аст!
«Гў халқ бидонанд, ки дилдори ман ин аст!
Дилдори ҷафокори ситамгори ман ин аст!»
Эй бод, расон бар қадамаш мултамаси ман!
Шояд шавад ин лутфи ту фарёдраси ман!
Дар олами имкон ба ҷуз ў нест каси ман,
«Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман,
Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст!»
Ҳарчанд ки як бор накардӣ ту маро ёд,
Бе ёди ту ҳаргиз нашавад хотири ман шод,
Вақте ки дилам аз ғами ту буд ғамобод,
«Бўи сари зулфат ба ман овард шабе бод,
Аз ҳамнафасон ёри ҳаводори ман ин аст!»
Айнӣ шуда дар анҷумани ишқ ғазалхон,
Хурсанд нишинад чи ба васлу чи ба ҳиҷрон,
Онҳо, ки надонанд сурури ғами ҷонон,
«Гўянд: Камол, аз паи ў чанд канӣ ҷон?
То ҳаст зи ҷонам рамақе — кори ман ин аст!»

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҲОФИЗ

Сарам ҷуз хаёлат ҳавое надорад,
Ғамам бе висолат давое надорад
Танам бе наволат навое надорад,
«Дилам бе ҷамолат сафое надорад
Чу бегонае, к-ошное надорад».
Гули рўи зебо, бару дўши насрин,
Қади сарви раъно, тани софи симин,
Лаби лаъли гўё, сари зулфи мушкин
—«Ҳама чиз дорад дилорому лекин
—Дареғо, ки бо мо вафое надорад!»
Ба он рўи зебо, ба он холи мушкин,
Ба ин қадди раъно ба ин зулфи пурчин
Супурдам дили хешро пок, лекин
«Матои дили поки ушшоқи мискин
Ба бозори ҳуснаш баҳое надорад.
Дили Айнӣ ошуфта гашта чу мўят,
Шабу рўз гардид дар ҷустуҷўят,
Сафо ёфт охир зи рўи накўят.
«Чу моҳ аст равшан, ки бе меҳри рўят
Дилу ҷони Ҳофиз сафое надорад»
Сайру гашти лолазорон ёд бод,
Афту хези майгусорон ёд бод,
Ишрати фасли баҳорон ёд бод,
«Рўзи васли дўстдорон ёд бод,
Ёд бод он рўзгорон, ёд бод!»
Сўхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман,
Гашт вайрон хонаи ободи ман,
Нест фориғ хотири ношоди ман,
«Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод».
Дилбаронро фикри дилдорӣ намонд,
Ошиқонро қуввати зорӣ намонд,
Аз касе бар кас ғами ёрӣ намонд,
«Ин замон дар кас вафодорӣ намонд,
3-он вафодорону ёрон ёд бод!».
Он ки дил аз баҳри ў аз даҳр гашт,
Кори ў дар бораи ман қаҳр гашт,
Оби чашмам шоми ҳиҷрон наҳр гашт,
«Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нўши бодахорон ёд бод!»
Нест дар ғурбат касе ғамхораам,
Дар назарҳо чун хасе бекораам,
Дар куҷо монам сари овораам?
«Ман,ки дар тадбири ғам бечораам,
Чораи он ғамгусорон ёд бод!»
Мурд Айнӣ, дарди ў бинҳуфта монд
Толеи носозгораш хуфта монд
«Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд»
Эи дареғ, аз роздорон ёд бод!»

Абри хат бебок чун бар рўи моҳе меравад,
Ашки сурхам з-ин алам бар чеҳрагоҳе меравад.
Гарчи имрўзат лақаб навхат паноҳӣ меравад,
«Баъд аз инат сабзаи хат дар сиёҳӣ меравад,
Эй зи худ ғофил, замони хушнигоҳӣ меравад».
Нест ҳоҷат корвони ишқро бонги дуҳул,
Ошиқонро аз назар пўшида мебошад субул,
Аз куҷо омад, надонӣ, нашъа дар минои мул,
«Кист, гардад монеи ранг аз тавофи барги гул,
Хуни ман дар доманат, хоҳӣ — нахоҳӣ, меравад».
Мурдам аз ҳиҷрон, нашуд аз боғи васлат накҳате,
Ай сарат гардам, Худоро, бар асирон раҳмате,
Дил зи каф шуд муфт,дар роҳат надидам шафқате
«Ҷон ба пеши табъи бебокат надорад қимате,
Ройгон ин гавҳар аз дасти сипоҳе меравад».
Аз фироқат тан фитад ҷоею ҷон — ҷои дигар,
Гар ҳамин соат намеорӣ ба болинам гузар,
Дар ҷаҳон з-ин пас нахоҳӣ ёфтан аз ман асар,
«Бе ҷамолат ҷуз ҳалоки худ надорам дар назар,
Марг мебинад, чу об аз чашми моҳӣ меравад».
Дард агар пирист, аз дармон на уммеди беҳист,
Ҳосили умрам зи ишратгоҳи даҳр ин огаҳист,
Қадди мино хам агар бошад ба базм, аз май тиҳист,
«Бо қади хамгашта фикри сайди ишрат аблаҳист,
Ҳамчу мавҷ, аз чанги ин қуллоб моҳӣ меравад

 

Бикуш ба тири нигоҳе чу мустаҳиққи азобам,
Макаш ба чеҳра ниқобу макуш ба нозу итобам,
Бубин ба чашми пуробам, бубахш бар табу тобам,
Эй моҳи ман, имшаб маҳи тобони кӣ будӣ?
Партавфигани гўшаи айвони кӣ будӣ?
Ҷон аз рамат омад ба лабам, ҷони кӣ будӣ?
«Дўшина куҷо рафтию меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷон буд, ту ҷонони кӣ будӣ?»
Дил аз кафи ман бурдию дилдори кӣ гаштӣ?
Орому қарори дили бемори кӣ гаштӣ?
Ман мурдам аз ин ранҷ, ту худ ёри кӣ гаштӣ?
«Ин ғусса маро кушт, ки ғамхори кӣ гаштӣ?
В-ин дард маро сўхт, ки дармони кӣ будӣ?»
Гуфтам зи раҳи лутф ба ин сўхтаат соз,
Дар хонаи сабрам мазан оташ зи раҳи ноз,
Имрўз сияҳрўзтарам карда зи оғоз,
«Бо холи сияҳ мардуми чашми кӣ шудӣ боз?
Бо рўи чу маҳ шамъи шабистони кӣ будӣ?»
Имшаб ки зи ман орази гулгун бинуҳуфтӣ,
Рафтӣ ба рақибону ба ман ҳеҷ нагуфтӣ.
Эй ғунчаи сероб, ба бахти кӣ шукуфтӣ?
«Эй давлати бедор, ба паҳлўи кӣ хуфтӣ?
Эй бахти гурезанда, ба фармони кӣ будӣ?»
Афрўхта рухсори ту аз оташи саҳбо,
Бигдохта аз оташи ин ашк дили мо,
Аз гиряи ман шўри қиёмат шуда барпо,
«Шўре ба дили сўхта афтод, бифармо,
Имшаб намаки синаи бирёни кӣ будӣ?»
Афтодаам аз ҳаҷри ту андар тапишу таб,
Талх аст маро бе лаби ширини ту машраб,
Худ гўй, кӣ нўшид маи васл аз он лаб?
«Ман бо дили ошуфта чӣ донам, ки ту имшаб
Ҷамъияти аҳволи парешони кӣ будӣ?»
Сўзад дили Айнӣ зи табу тоби Ҳилолӣ,
Афтад ситамомўзи ту бар рўзи Ҳилолӣ,
Як дам нашудӣ шамъи шабафрӯзи Ҳилолӣ,
«Дур аз ту сияҳ буд шабу рўзи Ҳилолӣ,
Эй моҳ, ту хуршеди дурахшони кӣ будӣ?»
Айнисифат аз даст шуда кори Ҳилолӣ,
То чанд равӣ дар раҳи озори Ҳилолӣ?
Равшан накунӣ дидаи хунбори Ҳилолӣ?
«Дур аз ту сияҳ буд шаби тори_Ҳилолӣ,
Эй моҳ, ту хуршеди дурахшони кӣ будӣ»

 

МАРСИЯИ МУҚАДДАС БА АДАБИЁТИ ҲАЗРАТИ МАВЛОНОИ ҶОМӢ

Рафтй, эй гулбуни навраста, зи бўстони падар,
Булбул омад ба фиғон аз дили нолони падар,
Зи фироқи ту зад оташ ба муҳиббони падар,
Дили бирёни падар, синаи сўзони падар,
«Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар».
Баста будам ба ту дилро, ки ту худ дилбандӣ,
Чӣ шуд охир, ки ба якбора дил аз ман кандӣ?
Меҳри фарзандиву ойини ҷигарпайвандӣ
Ин буд оё, ки падарро ба бало афкандӣ?
«Сад раҳ аз дасти қазо сина ба нохун кандӣ,
Гар наяфтодӣ аз он рахна дар имони падар».
Дар баҳорон, ки шавад шод зи гул то хошок,
Дидаи мо шуда чун абри баҳорӣ намнок,
Сина гардида зи ғам чун гули сурӣ сад чок,
Зи чи рафтӣ ба таҳи хок ту, эй гулбуни пок?!
«Навбаҳор омаду гулҳо ҳама растанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар!»
Гар наёӣ сўи мо, боди саборо бифирист,
Хабаре таслияти хотири моро бифирист,
Дард з-андоза фузун гашт, даворо бифирист,
Тира шуд чашм зи ғам нури зиёро бифирист,
«Шуд маро дида чу Яъқуб, худоро, бифирист
Бўи пироҳанат, эй Юсуфи канъони падар».
Ду-се соле рухи гулранг намоён кардӣ,
Хонаам аз гули рухсор гулистон кардӣ,
Падару хешу бародар — ҳама шодон кардӣ,
Зуд ҷамъияти ин силсила вайрон кардӣ,
«Хоб дидам, ки дили ҷамъ парешон кардӣ,
Оқибат рост шуд ин хоби парешони падар».
Вақти он буд, ки тавсифи ҳаётат гўям,
Ҳарфи ширинею тарзи ҳаракотат гўям,
Кай гумон доштам абёти мамотат гўям,
Сухан аз талхии ҳоли сакаротат гўям,
«Нигарам сўхта» таърихи вафотат гўям,
Дили модар шуда оташзада бар сони падар

Беҳуҷраву бекӯяму беҷомаву дастор,
Бенуқлу маю чангаму, бемўнису ғамхор,
Пас чун бувад андар назари халқ маро қадр?
Пас чун шавад он шўхи ҷафокор маро ёр?
Гирам, ки агар ҳуҷра маро гашт муяссар,
Асбоби тараб нест, пас он ҳуҷра чӣ даркор?
Асбоби тараб гар ҳама тайёр маро гашт,
Аз ноз нахоҳад расад он дилбари айёр.
Аз нозу ғурур ар гузари пой гузорад
Дар ҳуҷраам, ағёр бигўянд, ки магзор!
Гар гуфтаи ағёр ба гўшаш надарояд,
Ояд зи дари мадраса бе заҳмати ағёр.
Хобонда ҳама ғул-ғулу такрор252 бигўянд,
К-оё ба куҷо меравад ин давлати бедор?
Алқисса, ки ояд, зи дари ҳуҷра дарояд,
Якбора зи по афтаму аз даст равад кор.
Бар ман на хирад монаду на ҳушу на ором,
На тоби рухаш дидану на тоқати гуфтор.
Аз ғамзаи пурфитнаи чашми ҳаманозаш
Тороҷ шавад дину дилу ҳуш ба якбор.
Барбод равад ҳар чӣ, ки омўхтам аз илм,
Дар хидмати устоди замон ашрафи ахёр.
Алломаи аср аъламу в-ар з-он ки адилаш
Бинанда надидаст ба аъсору ба адвор.
Э, зоти ту чун раъйи ту шуд матлаи анвор,
Э, раъйи ту чун фикри ту шуд кошифи асрор.
Онӣ, ки туро ҳусни хисол аст мусаллам,
Онӣ, ки туро васфи камол аст сазовор.
Они, ки чу дар ҷодаи таълим нишинӣ,
Бў-Наср ба шогирдии худ мекунад иқрор.
Они, ки ба як ҷуръати фикри ту кушуда
Сад масъалаи мушкила аз рўи худ астор.
Авсофи камоли ту чӣ мўҳтоҷи баён аст,
Он кист, ки бар фазли камолат кунад инкор?
Ҳар нуқта, ки дар пардаи иғлоқ ниҳон буд,
Осон туаш овардаӣ бар арсаи изҳор.
Овозаи фазлат на ба як шаҳри Бухорост,
Машҳур шуда номи ту дар соири амсор.
Авсофи ту ҳарчанд, ки лоюдрику кулл аст,
Лоютрику кулл оварадам бар сари гуфтор.
Аз ҳамчу мане мадҳи ту гуфтан на сазо буд,
Маддоҳи ту амсоли ту бошанд сазовор.
Аммо чӣ тавон арсаи ихлос бад-ин ранг
Айнӣ накунад арз, чӣ сон мекунад изҳор?
Бар рўи ҷаҳон то асари баҳсу ҷадал ҳаст,
Бодо зи ту ҳал уқдаи ҳар маънии душвор!

Likes:
0 0
Views:
83
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply