Умумӣ

Савоҳои тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик қисми 1 (10)

1.Таърих чист?

A) Калимаи арабӣ буда, саргузаштро меомӯзад;

B) Калимаи форсӣ буда, қиссаҳои гузаштаро меомӯзад;

C) Калимаи арабӣ буда, гузашта, саргузашт, ҳодиса, моҷаро, ҳикоя, қиссаҳоро меомӯзад;

D) Калимаи тоҷикӣ буда, таърихи заминро меомӯзад;

E) Калимаи лотинӣ буда, таърихи оламро меомӯзад;

2.Ҷанбаҳои таърих кадомҳоянд?

A) Таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

B) Таърихи давлат, халқ, муборизаҳои сиёсӣ;

C) Ҷанбаҳои илмӣ, фарҳангӣ дорад;

D) Таърихи маориф, табиат, дин, санъат;

E) Таърихи табиат, замин, сулолаҳо;

3.Дар илми таърих аҳди қадими сангро чӣ гуна номгузорӣ кардаанд?

А) Мезолит;  B) Палеолит;  C) Неолит;  D) Энеолит;  E) Биринҷӣ;

4.Бозёфтҳои Тешиктошу Қайрокум, Ҳисору Данғара, Оби Гарму Қаробура ба кадом давраи асри санг тааллуқ доранд?

А) Мезолит;  B) Палеолити миёна;  C) Энеолит;  D) Неолит;   E) Қайроқсанг;

5.Ёдгории намоёни асри биринҷии Тоҷикистони кунуниро муайян кунед?

А) Арақчини Варзоб;  B) Оқтангии Шаҳристон;  C) Саразми Панҷакент;

D) Сафолитеппаи водии Сурхон;  E) Бешкенти водии Вахш;

6.Давлатҳои аввалини асотирии аҷдодони тоҷиконро муайян кунед?

A) Каёниён, Порт; B) Пешдодиён, Ашкониён;  C) Арянэм Вэйча, Хоразми бузург;

D) Пешдодиён, Каёниён;  E) Суғди қадим, Фарғона (Даван);

7.Ватани аслии ориёиҳоро муайян кунед?

A) Ҳамвории Эрон (ориёно) ва Осиёи Марказӣ; B) Ҳудуди «Тоҷикистони таърихӣ» ва Эрон;

C) Осиёи Миёна, Қазоқистон, ҷанубу шарқии Аврупо, ҷанубу ғарбии Сибиру Урал ва соҳили дарёи Волга;

D) Кавказу Эрон, Афғонистону шимоли Ҳиндустон;

E) Узбекистону Туркманистон, соҳили дарёи Волга;

8.Кадоме аз ёдгориҳои зерини аҳди Ҳаоманишниҳо ҳоло дар Осорхонаи Англия нигаҳдорӣ мешавад?

A) Ёдгориҳои Афросиёби Самарканд; B) Ёдгориҳои «Хазинаи Амуҳдарё»;

C) Аслиаҳои аз Парфия дастрасшуда; D) Ёдгории «Куҳи Бесутун»;

E) Ёдгории «Каъбаи Зардушт»;

9.Ба ҳайати Тахористони қадима кадом минтақаҳои имрузаи Осиёи Марказӣ дохил мешуданд?

A) Шимоли Афғонистон, ВАБК, вилояти Хатлон, вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон;

B) Афғонистон, ҷанубии Туркманистон, шарқии Эрон;

C) Точикистони ҷанубӣ, ВАБК, вилояти Кашқадарёи Чумҳурии Узбекистон;

D) Афғонистон, шарқии Эрон, шимоли Ҳиндустон;

E) Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон, шимолии Афғонистон;

10.Дар асрҳои 1У-У1 мелоди чиниҳо аз мардуми Осиёи Миёна кадом навҳои истесолҳотро омӯхтаанд?

A) Шиша истесолкунӣ, дорусозӣ, кишти юнучқа; B) Чорводорӣ, шоликорӣ, маъдангудозӣ;

C) Асппарварӣ, боғдорӣ, дорусозӣ; D) Тангасозӣ, патакорӣ;

E) Бофандагӣ, ресандагӣ, яроксозӣ;

11.«Авасто» китоби динии кадом мазҳаб мебошад?

A) Буддоӣ; B) Насронӣ; C) Зардуштия; D) Монеӣ; E) Ислом;

12.Сабаб ва пайдо шудани санъати расмкаширо муайян кунед?

A) Тасвири зебоӣ, дар асри биринҷӣ; B) Ба хотири шикор, дар асри санг;

C) Тасвири санаи чанг, дар асри мезолит; D) Тасвири оташ, дар аҳди неолит;

E) Муайян кардани ҷои зист,дар замони қадим;

13.Шуғли асосии ориёиҳои қадим кадомоянд?

A) Зироаткорӣ ва ҳунармандӣ; B) Кишоварзӣ ва кулолгарӣ;

C) Кишоварзӣ ва чорводорӣ; D) Чорводорӣ ва шаҳрсозӣ; E) Боғдорӣ ва бофандагӣ;

14.Макони қадимтарини одамонро дар ҳудуди Тоҷикистон муайян кунед?

A) Мавзеи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон; B) Мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг;

C) Мавзеи Аҷинатеппаи водии Вахш; D) Харобаи Кӯҳнақалъа ноҳияи Ҷ.Румӣ;

E) Харобаи Саксанохурии ноҳияи Фархор;

15.Аз воситаҳои нақлиёти муосир кадомашон дар аҳди қадим ихтироъ гардидааст?

A) Киштӣ, қаиқ, асп; B) Тайёра, шутур, қатора; C) Ароба, қаиқ;

D) Ароба, шутур, қатора; E) Кабӯтар, тайёра, асп;

16.Кадоме аз металҳои зеринро инсонҳои аввалин аз худ намуда, барои зиндагиашон истифода кардаанд?

A) Мис; B) Биринҷӣ ; C) Оҳан; D) Нуқра; E) Қурғошим;

17.Харобаҳои Афросиёби қадим аз ҳудуди кадом шаҳри қадимаи Осиёи Миёна бозёфт шудааст?

A) Даван (Фарғона); B) Чоч (Тошканд);

C) Кеш (Шаҳрисабз); D) Мароқанд (Самарқанд);

E) Курушкада (Истаравшан);

Ёдгории таърихии Саразм дар куҷо воқеъ гардида, ба кадом давра таалуқ дорад?

A) Дар қарибии Панҷакент, ҳазораи III-II п.аз.м.; B) Дар Қашқадарё, асрҳои XVI-X п.м.;

C) Дар Балхи қадим, асрҳои IX-VII п.м.; D) Дар Хуҷанд, асрҳои V-III п.м.;

E) Дар Бохтар , асрҳои IX-VIII п.м;

19.Ориёӣ чӣ маъно дорад?

A) Халқияти қадими Осиёи Миёна мебошад; B) Пок, наҷиб, озода буда, аҷдодони қадими тоҷиконро меноманд;

C) Асилзода, диндор, қадимӣ буда, гузаштагони эрониёнро гӯянд;

D) Хоксор, ростгӯ маънӣ дошта, сокинони шимолии Ҳиндустонро гӯянд;

E) Ҳақгӯ, ростқавл, ҷавонмард буда, сокинони қадимаи Афғонистонро номанд;

20.Кадоме аз ёдгориҳои зерин ба давлати Порт (Парфия) мансуб аст?

A) Шаҳри Нусай (Нисои ҳозира); B) Тахти сангин дар Қубодиён;

C) Катибаи Рабутаки Афғонистон; D) Нақши Рустам дар Эрон;

E) Шаҳри Бобул дар Ироқ;

21.Тибқи маводҳои бостоншиносӣ ш. Душанбе аз кадом давра ё аср вуҷуд дорад?

A) Аз замони ҳукмронии Ҳахоманишӣ; B) Аз асрҳои IV-III п.м.;

C) Аз давраи Қушониён; D) Аз асрҳои IV-VI мелодӣ;

E) Аз давраи Халифати Араб;

22.Ёдгории қадимаи Саксанохур дар куҷо ҷойгир аст?

A) Дар ноҳияи Қумсангир; B) Дар ноҳияи Фархор;

C) Дар шимоли Афғонистон; D) Дар водии Сурхондарё;

E) Дар минтақаи Бадахшон;

23.Дар аҳди Қушониён дар водии Ҳисор шаҳре мавҷуд буд ва он кадом аст?

A) Работак; B) Ҳамоварон (дар ҳудуди Шаҳринав);

C) Шумон (дар водии Ҳисор); D) Аҳорун (дар наздикии Душанбе);

E) Варахша;

24.Номи қадимаи шаҳри Қурғонтеппаро муайян кунед?

A) Ҳамоварон; B) Леваканд; C) Работак; D) Варахша; E) Аҳорун;

25.Бойгонии Деваштиҷ кай ва аз куҷо кашф шудааст?

A) Соли 1930, аз ноҳияи Панҷакет; B) Соли 1940, аз кӯҳи Муғи Истаравшан;

C) Соли 1932, аз қалъаи Муғи ноҳияи Айнӣ; D) Соли 1935 аз Фалғар;

E) Соли 1936 аз Афросиёби Самарқанд;

26.Одамони замони палеолити поён чӣ гуна шакл доштанд?

A) Шакли неандертал; B) Шакли питекантроп ва синантроп; C) Шакли одамони имрӯзаро;

D) Шаклу намуди одамони замони палеолити поён, ки то ҳол муайян нашудааст;

E) Шакли неандертал ва синантроп;

27.Дар хоҷагии неандерталҳо мавқеи асосиро кадом машғулият ишғол мекард?

A) Шикорчигӣ; B) Кишоварзӣ; C) Моҳидорӣ; D) Чорводорӣ; E) Зироатчигӣ;

28.Кадом олотҳои меҳнат, ки дар давраи ҷомеаи ибтидоӣ инсон ихтироъ кардааст, то имрӯз истифода мешавад?

A) Корд, сӯзан, зоғнӯл, табар, омоч; B) Омоч, кетман, бел ва теша;

C) Теша, хаскаш, ароба, арра ва бел; D) Арра, бел, искана, дос ва калтак;

E) Аз асбобҳои ихтирошуда то ба мо нарасидааст;

29.Маркази давлати Элом, ки ба қатори аввалин давлатҳои ориёӣ дохил мешавад кадом шаҳр ба шумор меравад?

A) Шаҳри Экбатон (Ҳамадон); B) Шаҳри Шуш (Суза); C) Шаҳри Нусай (Нисо);

D) Шаҳри Пурушанура (Пешовар); E) Шаҳри Ланшӣ;

30.Кадом давлатро «Давлати ҳазоршаҳр» меноманд?

A) Юнони қадим; B) Бохтар; C) Ашкониён; D) Кушониён; E) Ҳайтолиён;

31.Дар натиҷаи ковтуковҳои бостоншиносӣ аз бойгонии Деваштиҷ чӣ қадар ҳуҷҷатҳо ва ашёҳои моддӣ ёфт шуданд?

A) 74 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 1-то бо забони арабӣ ва 400 ашёҳо ёфт шуданд;

B) 120 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ, 210-то бо забони арабӣ ва 210 ашёҳо ёфт шуданд;

C) 26 ҳуҷҷат бо забони суғдӣ ва 500 ашёҳо ёфт шуданд;

D) 110 ҳуҷҷат ва 740 ашёҳо ёфт шуданд;

E) 400 ҳуҷҷат ва 190 ашёҳо ёфт шуданд;

32.Марҳилаҳои таърихии ҷомеаи ибтидоиро номбар кунед?

A) Рамагӣ, модаршоҳӣ, падаршоҳӣ, обшинаи қишлоқӣ; B) Тӯдагӣ, авлодӣ, ҳамсоягӣ;

C) Аҳди санг, баринҷ; D) Палеолим, мезолит, неолит; E) Энеолит, биринҷ;

33.Мафҳуми «Авасто» -ро шарҳ диҳед?

A) Аз калимаҳои форсии миёна «асос», «ниёиш», «дастур», «гузориш» бармеояд;

B) Аз калимаҳои паҳлавии «занд», «Хурд-авасто», «Худо» баромадааст;

C) Аз калимаи форсии «дониш», «таълимот» баромадааст;

D) Аз калимаи бохтарии «амоса», «ясно», «дуоҳо» бармеояд;

E) Аз калимаи арабии «яштҳо», «ясно», «асос» баромадааст;

34.Таълимоти Зардушт нахустин маротиба дар куҷо пайдо шудааст?

A) Дар Хоразми Бузург; B) Дар Суғди қадим; C) Дар шоҳигарии Бохтар; D) Дар Марви қадим; E) Дар Ҳиндустони Шимолӣ;

35.Тибқи дини Зардуштия Худои офтоб чӣ ном дошт?

A) Ршану; B) Аҳурамаздо; C) Митра;D) Ардвисур;E) Бахром;

36.Барои кадом амал зардуштиёнро 500 қамчин мезаданд?

A) Барои ҷасади одамро гур кардан; B) Барои роҳзани кардан;

C) Барои оташро хомӯш намудан; D) Барои иҷро накардани намоз;

E) Барои ифлос кардани об;

37.«Авасто» китоби динии кадом мазҳаб мебошад?

A) Буддоӣ; B) Насронӣ; C) Зардуштия; D) Монеӣ; E) Ислом;

38.Таърихи сохти ҷомеаи ибтидоӣ аз р сарчашмаҳои асосӣ омўхта мешавад?

A) Сарчашмаҳои хаттӣ; B) Эҷодиёти даҳонии халқ;

C) Лингвистӣ; D) Археологӣ; E) Мардумшиносӣ;

39.Маънии «Занд-Авасто»-ро муайян кунед?

A) Қисми иловагии «Авасто»; B) Занд-тафсири «Авасто» бо забони паҳлавӣ;

C) Қисми хурди «Авасто»-и давраи ашконӣ;

D) Занд арабӣ буда, маънояш иловаҳо мебошад;

E) «Авасто»-и нахустро гӯянд;

40.Кадоме аз ин пайғамбаронро соҳибкитоб меҳисобанд?

А) Зардушти Спитамон; B) Муаммад (С); C) Исои Масеҳ;

D) Иброҳими Халилулоҳ; E) Монӣ;

41.Се давраи археологии сохти ҷомеаи ибтидоиро бо тартиб номбар кунед?

A) Асри санг, биринҷӣ, оҳан; B) Биринҷӣ, оҳан, санг;

C) Оҳан, биринҷӣ, санг; D) Оҳан, санг, биринҷӣ;

E) Биринҷӣ, санг, оҳан;

42.Худои Зардушт кӣ буд?

A) Аҳриман; B) Аҳура -Маздо; C) Зардушт; D) Аноҳита (Ноҳид); E) Зевс;

43.Солҳои мавҷудиёти давлати Ҳахоманиширо муайян кунед?

А) Солҳои 559 – 336 п. м.;  B) Солҳои 550 – 331 п. м.;

C) Солҳои 551 – 334 п. м.; D) Солҳои 312 – 356 п. м.;

E) Солҳои 224 – 651 мелодӣ;

44.Муҳорибаи қабилаҳои массагетӣ ва лашкари Куруш кадом солҳо ба амал омадааст?

А) Солҳои 530 – 527 п. м.;  B) Солҳои 530 – 529 п. м.;

C) Солҳои 329 – 327 п. м.; D) Солҳои 336 – 331 п. м.;

E) Солҳои 522 – 485 п. м.;

45.Кадоме аз шаҳрҳои кунунии Тоҷикистонро Куруши Кабир асос гузоштааст?

А) Панҷакент;  B) Истаравшан;  C) Исфара;  D) Ваҳдат;  E) Қурғонтеппа;

46.Шуриши Фрада кай ва дар куҷо ба амал омадааст?

А) Соли 529, дар Ҳирот;  B) Соли 522, дар Марғиён;

C) Соли 520, дар  Нисо; D) Соли 518, дар Мароқанд;

E) Соли 512, дар Курушкада;

47.Шоҳи охирини Ҳахоманишиҳо аз ҷониби кадоме аз ин шахсиятҳо кушта шуд?

А) Аз ҷониби Искандар;  B) Аз тарафи Файлақуси II;

C) Аз тарафи Бесс; D) Аз тарафи Спитамен;  E) Аз тарафи Оксиарт;

48.Ном ва солҳои ҳукмронии охирин шоҳи Ҳахоманиширо муайян кунед?

A) Дорои П, солҳои 423-404 т.м.; B) Ардашери Ш, солҳои 358-338 т.м.;

C) Дориюши Ш, солҳои 336-330 т.м.; D) Арсес, солҳои 338-336 т.м.;

E) Ардашери 1, солҳои 464-424 т.м.;

49.Катибаи машҳури Дорои Кабир чӣ ном дорад ва бо кадом хату забон иншо шудааст?

A) «Устувонаи Куруш», бо хати мехӣ ва бо забони «эламӣ»;

B) «Катибаи Бесутун», бо хати мехӣ ва бо забонҳои эломӣ, форсӣ миёна, аккадӣ (бобулӣ);

C) «Ёддоштҳои Дорои I» бо хати оромӣ ва бо забони бохтарӣ;

D) «Панднома», бо хати тахорӣ ва бо забони суғдӣ;

E) «Ёдгории Зарирон», бо хати паҳлавӣ ва бо забони форсии нав;

50.Як таланти давраи Ҳахоманиши чӣ миқдор арзиш дошт?

A) Аз 26 кг тилло ё 40 кг нуқра; B) Аз 25 кг тилло ё 33-34 кг нуқра;

C) Аз 30 кг нуқра ё 35 кг биринҷӣ;

D) Аз 50 кг мис ё 27 кг биринҷӣ;

E) Аз 15 кг тилло ё 20 кг биринҷӣ;

Leave a Reply