Умумӣ

Саволҳои тестӣ аз фанни забони модарӣ (101 савол)

  1. Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи забонҳо тааллуқ дорад?

A) тохарӣ
В) ҳинду аврупоӣ
C) ҳинду ориёӣ
D) ҳиндӣ
Е) эронӣ

  1. Забони тоҷикӣ чанд давраи инкишофро аз сар гузаронидааст?

A) 2
В) 3
C) 4
D) 5
Е) 6

  1. Яке аз сарчашмаҳои аввалини забони адабии тоҷик:

A) забони ҳиндӣ
В) давраҳои инкишофи забон
C) забони адабии пешазинқилобии тоҷик
D) оилаи забонҳои ҳанду аврупоӣ
Е) тамоми дар боло номбаршудагон

  1. Вазифаи асосии забон аз чӣ иборат аст?

A) мубодилаи афкор
В) риояи маданияти сухан
C) навиштани асарҳои илмӣ
D) навиштани асарҳои бадеӣ
Е) навиштани асарҳои бадеӣ ва илмӣ

  1. Шохаҳои забони адабӣ дар кадом банд пурра оварда шудаанд?

A) хаттӣ
В) шифоҳӣ
C) гуфтугўӣ
D) китобӣ
Е) хаттӣ ва шифоҳӣ

  1. Барои ба меъёр даровардани забони адабии тоҷик хидмати кадом олим ва нависанда бештар аст?

A) Камолиддинов
В) Дониш
C) Лоҳутӣ
D) М.Шакурӣ
Е) Тамоми номбаршудагон

  1. Забони адабӣ бештар дар куҷо истифода мешавад?

A) дар ҳудуди ҷумҳурӣ
В) дар минтақа ва ноҳияҳои алоҳида
C) дар корхона, мактаб ва вазоратҳо
D) дар мактабҳои олӣ
Е) дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он

  1. Забони тоҷикӣ дар ДДТТ ҳамчун фан барои чӣ омўхта мешавад?

A)  барои ба тиб наздик будан
В) барои ба тартиб овардани ҳуҷҷатнигорӣ
C) барои омўзиши адабиёти гузаштагонамон
D) барои забони давлатӣ будан
Е) тамоми номбаршудагон

  1. Фарқи забони адабӣ аз лаҳҷа:

A) дар муошират
В) дар истифодаи калимаҳо
C) дар гуфтор
D) забони адабӣ меъёр дорад
Е) забони адабӣ меъёр дорад, лаҳҷа бошад хат надорад ва доираи истеъмоли он маҳдуд аст

  1. Таснифоти лаҳҷаҳои забони адабӣ дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A) шимолӣ
В) ҷанубӣ
C) шимолӣ, ҷанубӣ, марказӣ
D) шимолӣ, марказӣ, ҷанубӣ, ҷанубу шарқӣ
Е) шимолӣ, ҷанубӣ, ҷанубу марказӣ

  1. Дар кадом миқдори услубҳои забони адабӣ дуруст оварда шудааст?

A) 2
В) 3
C) 4
D) 5
Е) 10

  1. Услубшиносӣ бештар ба чӣ алоқа дорад?

A) ба грамматика
В) ба синтаксис
C) ба морфология
D) ба маданияти нутқ
Е) ба фонетика

  1. Яке аз умумиятҳои услубҳои нутқ.

A) ҳуҷҷатҳо
В) истифодаи истилоҳот
C) истифодаи калимаҳои иқтибосӣ
D) истифодаи калимаҳои ададбии китобӣ
Е) истифодаи воситаҳои бадеии сухан

  1. Таърифи услубшиносӣ дар доираи илми забоншиносӣ дар кадом банд дуруст оврда шудааст?

A) тарзи хоси баёни фикр
В) роҳ, равиш, тарзу тариқи баёни фикр
C) истифодаи воситаҳои бадеии сухан
D) истифодаи воситаҳои бедаии сухан ва истилоҳот
Е) тамоми номбаршудагон

  1. Услуби бадеӣ ба чӣ ихтисос дода шудааст?

A) ба омўзиши осори бадеӣ
В) барои офаридани осори бадеӣ ва нақши бадеӣ
C) барои навиштани осори илмӣ
D) барои пеш бурдан ва зинда гардонидани забон
Е) барои ифодаи ақидаҳои илмиву бадеӣ

  1. Меъёрҳои забони адабӣ устуворанд ё тағйирёбанда?

A) устувор
В) тағйирёбанда
C) аз замона вобаста аст
D) вобастагӣ дорад
Е) тамоми номбаршудагон

  1. Талаботи эстетикӣ-маънавии одамон боиси тавлиди кадом услуби нутқ гардидааст?

A) илмӣ
В) бадеӣ
C) гуфтугўӣ
D) расмӣ-коргузорӣ
Е) публисистӣ

  1. Воситаҳои экспрессивӣ, санъатҳои лафзию маънавӣ дар кадом услуби забони адабӣ бештар истифода мешаванд?

A) илмӣ
В) гуфтугўӣ
C) муошират
D) бадеӣ
Е) публитсистӣ

  1. Эҷодкор дар услуби бадеӣ метавонад дорои услуби фардии худ бошад?

A) Бале
В) Не
C) танҳо дар доираи услуби илмӣ
D) дар доираи услуби публитсистӣ
Е) тамоми номбаршудагон

  1. Имкониятҳои услуби бадеӣ бештар дар кадом жанрҳои услуби бадеӣ зиёдтаранд?

A) дар назм
В) дар наср
C) дар роман
D) дар достон
Е) дар назму наср баробар аст

  1. Услубшиносӣ мавзўи баҳси кадом қисмати забоншиносист?

A) фонетика
В) лексикология
C) синтаксис
D) морфология
Е) грамматика

  1. Ҳуҷҷатҳои расмии коргузорӣ дар доираи кадом услуб омўхта мешаванд?

A) илмӣ
В) бадеӣ
C) расмиикоргузорӣ, бадеӣ
D) расмии коргузорӣ
Е) ҷаваоби С ва D дурустанд

  1. Хусусиятҳои услуби илмӣ дар кадом банд пурра гирд оварда шудаанд?

A истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ

В истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ, истилоҳоти илмӣ, калимаҳои иқтибосӣ

C истифодаи истилоҳоти илмӣ, калимаҳои иқтибосӣ

D истифода истилоҳоти илмӣ, калимаҳои иқтибосӣ ва хулосабарории қатъӣ

Е ҷавобҳои В,С,Е дурустанд

 

  1. Истифодаи услуби илмӣ дар офаридани нақши бадеӣ ҷоиз аст ё не?

A равост, танҳо барои мукаммал гардонидани образ

В норавост

C як услубро дар доираи услуби дигар истифода намекунанд

D вобаста ба мақсади эҷодкор

Е ҷавобҳои В,С ва D дурустанд

 

  1. Дар кадом банд шакли дурусти матлаби ариза оварда шудааст?

A Дар баробари навиштани аризаи худ аз шумо хоҳиш мекунам, ки…

В Ба шумо навишта маълум мекунам, ки…

C Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки…

D Бо навиштани аризаи худ аз шумо ҳоҳиш дорам, ки…

Е фикри шумо:

 

  1. Воситаҳои тасвири бадеӣ гуфта чиро дар назар доред?

A калимаҳои иқтибосӣ

В истилоҳоти илмию бадеӣ

C санъатҳои бадеӣ

D санъатҳои бадеиву лафзӣ ва воситаҳои экпрессивии сухан

Е ҷавобҳои С ва D дурустанд

 

  1. Чаро гоҳ-гоҳ дар услуби бадеӣ забони гуфтугўӣ истифода мешавад?

A барои мукаммал намудани нақши бадеӣ

В барои он ки хусусиятҳои услуби бадеӣ инро талаб мекунад

C қоидаҳои услубро вайрон мекунанд

D нодурустанд

Е ҷавобҳои А ва В дурустанд

 

  1. Услуби бадеӣ бештар дар куҷо истифода мешавад?

A дар назм

В дар наср

C дар назм ва наср

D дар китобҳои дарсӣ ва назму наср

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Услуби бадеӣ услуби назм аст ё наср?

A назм

В наср

C назму наср

D ҷавобҳои А, В ва С дурустанд

Е ҷавоби дуруст надорад

 

  1. Оё дар офаридани нақши бадеӣ баъзан аз услуби илмӣ истифода мекунанд?

A Не

В Бале

C барои мукаммал гардонидани образ

D барои нишон додани симои ботинии қаҳрамон

Е ҷавобҳои А ва С дурустанд

 

  1. Услуби бадеӣ хоси забони гуфтугўӣ аст ё адабӣ?

A гуфтугўйӣ

В адабӣ

C адабӣ-бадеӣ

Dбадеӣ-илмӣ

Е ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд

 

  1. Калимаҳои иқтибосӣ гуфта чӣ гуна калимаро дар назар дорем?

A калимаҳое, ки аз як забон ба забони дигар гузаштаанд

В калимаҳои қарзӣ

C калимаҳои вомгардида

D ҷавоби дуруст дида намешавад

Е ҷавобҳои А, В ва С дурустанд

 

  1. Сабабҳои иқтибос шудани калимаҳо дар кадом дуруст оварда шудаанд?

A сиёсат

В иқтисодиёт

C фарҳанг

D илм

Е ҳамаи ҷавобҳо дурустанд

 

  1. калимаҳои таркӣ бо кадом роҳ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид гардидаанд?

A илм

В фарҳанг

C иқтисодӣ

D гуфтугўӣ

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Калимаҳои аслӣ гуфта чиро дар назар дорем?

A калимаҳои решагӣ

В калимаҳои иқтибосӣ

C калимаҳои забонҳои ҳамсоя

D ҷавоби дуруст дида намешавад

Е калимаҳои забонҳои ба ҳам хеш

 

  1. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои решагӣ кадом калимаҳо маҳсуб меёбанд?

A калимаҳое, ки дар забонҳои эронӣ истифода мешаванд

В калимаҳое, ки дар забонҳои ҳинду-ориёӣ истифода мешаванд

C калимаҳое, ки дар яке аз забонҳои эронӣ истифода мешаванд

D калимаҳои аслӣ

Е ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд

 

  1. Дар кадом банд калимаи туркӣ-узбекӣ оварда шудааст?

A чумча

В тим

C нилуфар

D табар

Е пиёла

 

  1. Дар кадом банд пурра калимаҳои юнонӣ оварда шудааст?

A пиёла, шакар, чой

В пиёла, устурулоб, дирам

C нилуфар, уқёнус

D коғаз, шакар, сақмуниё

Е гул, самандар, падар

 

  1. Сабабҳои ба забони тоҷикӣ ворид гаштани калимаҳои арабӣ дар кадом банд пурра оварда шудаанд?

A иқтисодиёт

В сиёсат, илм

C иҷтимоиёт, ҳамҳудудӣ

D ҷавоби А ва В дурустанд

Е сиёсат, илм, тарҷума

 

  1. Дар кадом банд калимаҳои ҳиндӣ оварда шудаанд?

A миқнотис, уқёнус

В самандар, нилуфар, шакар

C тим, аввал

D дарс, қаймоқ

Е қошуқ, қишлоқ

 

  1. Пас аз ба забони тоҷикӣ ворид гаштани калимаҳои арабӣ онҳо тағйири маъно кардаанд ё не?

A Не

В Номумкин аст

C Бале

D На ҳамаашон

Е савол нодуруст дода шудааст?

 

  1. Дар кадом банд калимаҳои арабӣ оварда шудаанд?

A аввал, сонӣ, дарс

В китоб, дафтар, мактаб

C шафоат, шофӣ, гиёҳ

D табобат, табиб, бемор

Е наргис, дида, айн

 

  1. Фарқи сабабҳои иқтибос шудани ккалимаҳои арабӣ ва тарқӣ дар чист?

A фарқе дида намешавад

В ҳар ду бо роҳи фарҳангӣ ворид гаштаанд

C яке бо роҳи фарҳангӣ, илм  дигаре бо воситаи забони гуфтугўӣ

D ҳарду бо роҳи сиёсат ва ҳамҳудудӣ

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Мазмуни калимаи «алвон» дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A ранг

В рангҳо

C сурх

Dнавъҳо

Е рангҳо ва сурх

 

  1. Аввалин калимаҳои русӣ дар эҷадиёти кадом адиб ба чашм мерасад?

A Айнӣ

В Дониш

C Аҷзӣ

D Фитрат

Е баъди инқилоб дар эҷодиёти Пайрав

 

  1. Архаизм гуфта чиро дар назар дорем?

A калимаҳои таърихӣ

В калимаҳои истифоданашаванда

C калимаҳои нав

D ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Фарқи архиазм ва истиризмро дар чӣ мебинед?

A историзмҳои маънии нав мегиранду архаизмҳо бетағйир истифода мешаванд

В мсторизмҳо бетағйир истифодап мешаванд ва архаизмҳо маънии нав мегиранд

C фарқе надоранд

D историзмҳо синоним доранд, вале архаизмҳо бетағйиранд

Е архаизмҳо синоним доранд, вале историщзмҳо синоним надоранд

 

  1. Дар кадои банд калимаҳои архаистӣ оварда шудаанд?

A маниш, Ҳулбук

В жарф, маниш

C пажўҳиш, сурхҳо

D мазор, қабр

Е дуда, дуд

 

  1. Историзмҳо дар кадои банд оварда шудаанд?

A дуда, кулба

В ҷорчӣ, адрас

C раис, меншевик

D сиёсат, рустанӣ

Е машриқ, мусташриқ

 

  1. Мазмуни калимаи «жож» дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A чуқурӣ

В ҳимоя

C ҳарзагўӣ

D лоф, газоф

Е ҷавоби С ва D дурустанд

 

  1. Магар неологизмҳо метавонанд ба қатори калимаҳои маъмулӣ ворид гарданд?

A Не

В Баъзан

C имконнопазир аст

D бо мурури замон

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Калимаҳои хушобуранги забон – яъне бо тарзи дигар нармтар, хубтар гуфтани маънии дағалро чӣ меноманд?

A архаизм

В неологизм

C фразеологизм

D историзм

Е эвфимизм

 

  1. Дар кадом банд калима бо синоими эвфимизмшудааш оварда шудааст?

A ҷанг, набард, муҳориба

В рўй, чеҳра, ораз

C зебо, хушрўй, қашанг

D зиёд, беш

Е мурдан, фавтидан, вафот кардан, реҳлат кардан

 

  1. Давраҳои ба забони тоҷикӣ ворид гаштани калимаҳои юнонӣ.

A пеш аз инқилоб

В пас аз инқилоб

C дар миёнаҳои асрҳо 5-6

D дар аввалҳои солшумории мелодӣ

Е пеш аз инқилоб ва пас аз инқилоб

 

  1. Калимаи хитоӣ дар кадом банд дуруст оварда шудаанд?

A коғаз

В кордон

C Чиғатой

D ҷоғ

Е чағбут

 

  1. Маънии маҷозӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

A аз маънии аслӣ

В аз маънии калима

C аз маънии ҷумла

D аз мақсади гўянда

Е аз ифодаи гўянда

 

  1. Маънии калимаи «меҳнат» дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A дард, ранҷ озор

В кор, амал

C амал

D ҷавоби А ва В дурустанд

Е дард

 

  1. Терминҳо ба кадом гурўҳи калимаҳо дохил мешаванд?

A аслӣ

В маҷозӣ

C маҳдудмаъно

D сермаъно

Е решагӣ

 

  1. Маънои маҷозӣ боиси чӣ мегардад?

A сермаъноӣ

В маҳдудмаъноӣ

C рангорангӣ

D ҷавоби А,В ва Е дурустанд

Е обуранги бадеӣ

 

  1. Калимаҳое, ки чандин маъноро ифода мекунанд, чӣ ном доранд?

A антоним

В синоним

C омоним

D фразеологизм

Е эвфимизм

 

  1. Сермаъноӣ хусусияти калимаҳои … забон аст.

A иқтибосӣ

В решагӣ

C маҷозӣ

D аслӣ

Е истилоҳот

 

  1. Дар кадом банд калимаҳо омоним шуда омадаанд?

A рўй, чеҳра, симо

В сиёҳ, сафед

C саргардон, овора, сарипо

D хор, дастаи овозӣ, озор

Е савол нодуруст гузошта шудааст

 

  1. Фарқи сермаъноӣ аз омоним дар кадом банд пурра оварда шудааст?

A фарқе дида намешавад

В дар маъно

C дар ифода

D ҷавобҳо нодурустанд

Е фикри шумо:

 

  1. Дар ҷумлаи «Айниро хондам.» кадом хусусияти маъно ниҳон аст?

A маҷозӣ

В синонимӣ

C аслӣ

D омонимӣ

Е антонимӣ

 

  1. Роҳҳои пайдоиши калимаҳо дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A морфологӣ

В морфологӣ-синтаксисӣ

C луғавӣ-синтаксисӣ

D луғавӣ-маъноӣ

Е ҷавоби А,В,С ва D дурустанд

 

  1. Роҳҳои пайдоиши омонимҳо дар кадом банд пурра оварда шудааст?

A ба воситаи синонимҳо

В ба воситаи калимаҳои иқтибосӣ

C ба воситаи калимасозӣ

D ба воситаи синонимҳо, ба воситаи калимаҳои иқтибосӣ

Е ба воситаи синонимҳо, ба воситаи калимаҳои иқтибосӣ, ба воситаи калимасозӣ

 

  1. Таърифи омоним дар кадом банд оварда шудааст?

A калимаҳои шаклан як, вале аз ҷиҳати мазмун гуногун

В калимаҳои шаклан гуногун ва мазмунан як

C калимаҳои гуногунмаъно

D калимаҳои зидмаъно

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Синоним гуфта … меноманд.

A калимаҳои якхела

В мазмуни якхела

C калимаҳои гуногун бо мазмуни ба ҳам наздик

D мазмуни ба ҳам наздик

Е савол нодуруст гузошта шудааст

 

  1. Синоними калимаи «ҷанг» дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A қушун

В сарҳад

C ҳарб

D низоъ

Е хархаша

 

  1. Омоним ва синонимҳо дар забон чӣ таъсир доранд?

A нутқро пурзўр мекунанд

В таркиби луғавии забонро бой мегардонанд

C ба нутқ таъсири манфӣ мебахшанд

D ҷавоби дуруст дида намешавад

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Ибораҳои «меҳру муҳуббат, ҷангу ҷидол, сулҳу салоҳро дар забо чӣ меноманд.»

A ибораҳои озод

В ибораҳои фразеологӣ

C калимаҳои таркибӣ

D савол нодуруст гузошта шудааст

Е силсиласинонимҳо

 

  1. Дар байти зерин кадом хусусияти сермаъноӣ дида мешавад:

Хусрав ба бандагӣ ғуломест бебаҳо,

Хосса кунун, ки бандаи он бебаҳо шудаст.

A антонимӣ

В синонимӣ

C фразеологизмӣ

D метафора

Е омоформ

 

  1. Калимаҳои зидмаъноро чӣ меноманд?

A омомним

В синоним

C антоним

D фразеологим

Е ҷавоби дуруст дида намешавад

 

  1. Синоними калимаи «русто» дар кадом банд оварда шудааст?

A растанӣ

В рустанӣ

C деҳа

D дарбор

 

  1. Дар байти зерин кадом хели омоним дида мешавад:

Нигаҳ кун ба дидаам, к-аз ту манн чӣ дидаам,

Рўзу шаб нахуфтаам, аз ғами ту нолидаам

Е фразеологизм

A эвфимизм

В омограф

C омофон

D омоформ

Е савол нодуруст гузошта шудааст

 

  1. Синоними калимаи муродиф дар кадом банд оварда шудааст?

A мутазод

В тазод

C ҳамгун

D синоним

Е омоним

 

  1. Калимаҳо аз ҷиҳати таркиби морфологӣ дар кадом банд дуруст оварда шудаанд?

A сода, сохта, мураккаб

В сода, сохта, мураккаб, таркибӣ

C сода, сохта, мураккаб, таркибӣ, тартибӣ

D сода, сохта, таркибӣ

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Нақшаи пешванд+реша, реша+ пасванд ба какдом хели калимаҳо аз ҷиҳати сохт тааллуқ дорад?

A сода

В сохта

C мураккаб

D таркибӣ

Е тартибӣ

 

  1. Оё метавонад асос якз ҷузъи калимаи мураккабро ташкил кунад?

A Мувофиқи мазмун метавонад

В Не

C Бале

D Савол нодуруст гузошта шудааст

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Дар кадом банд калимаи таркибӣ оварда шудааст?

A Донишгоҳи милли Тоҷикистон

В гули умеди инсон

C шоири бахт

D беҳтарин донишҷў

Е кори хонагии донишҷў

 

  1. Роҳҳои калимасозии забони тоҷикӣ дар кадом банд пурра оварда шудааст?

A морфологӣ

В синтаксисӣ-морфологӣ

C морфологӣ, синтаксисӣ-морфологӣ, луғавӣ – синтаксӣ

D морфологӣ, синтаксисӣ-морфологӣ, луғавӣ – синтаксӣ, луғавӣ маъноӣ

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Роҳи морфологии калимасозӣ чӣ тавр сурат мегирад?

A аз реша ба воситаи пасванду пешванд ва миёнванд

В аз реша бо пасванд

C аз реша бо пасванду пешванд

D аз реша ба воситаи аффиксҳо

Е ҳамаи ҷавобҳо дурустанд

 

  1. Морфема гуфта … меноманд?

A ҷузъи маънодори калимаро

В ҷузъи маънои грамматикӣ доштаи калимаро

C ҷузъи маънии луғавӣ доштаи калимаро

D ҳар ҷузъи калимаро

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Дар кадом банд морфемаи калимасоз оварда шудааст?

A ме-

В -а

C бар-

D дар-

Е –дор

 

  1. Калимаҳои кадом банд бо морфемаҳои калимасоз сохта шудааст?

A беодоб, сафедӣ

В барандохтан, сафедҳо

C даррафтан, писарон

D корӣ, кабудча

Е шабона, рўзҳо

 

  1. Калимаҳои кадом банд бо морфемаҳои шаклсоз сохта шудааснд?

A савол нодуруст гузошта шудааст

В барандохтан, писарон

C гулистон, қамишзор

D рўзҳо, боварӣ

Е берўзӣ, рўзадор

 

  1. Фарқи морфемаҳои калимасоз аз шаклсоз дар чист?

A дар мазмун

В дар шакл

C дар сохтани калима

D дар сохтани ибора

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Аффикс гуфта … меноманд.

A пасвандро

В пешвандро

C миёнвандро

D бандакҳоро

Е ҷавоби шумо:

 

  1. Миёнвандҳо дар кадом банд пурра оварда шудаанд?

A  -а-

В  -о-

C -у-

D -о-, -а-

Е -у- (-ю-), -о-

 

88.Образнокӣ дар услуби бадеӣ боиси чӣ мегардад?

A образнокӣ хоси услуби бадеӣ нест

В боиси мукаммал гардидани образ

C боиси пурра гаштани нутқ ва ифода

D савол нодуруст гузошта шудааст

Е ҷавоби А  ва D дурстанд

 

  1. Сифатчинӣ гуфта чиро дар назар дорем?

A паси ҳам омадани хулосаи гўянда

В паси ҳам овардани сифатҳои образ

C паси ҳам чида шуда омадани сифатҳои қаҳрамон

D ҷавоби дуруст дида намешавад

Е савол нодуруст гузошта шудааст

 

  1. Бо усули морфологӣ кадом хели калимаҳо аз ҷиҳати таркиби морфологӣ сохта мешаванд?

A) сода, сохта, мураккаб
В) сода, сохта, таркибӣ
C) сода, сохта
D) сода, мураккаб
Е) ҷавоби шумо:

  1. Дар кадом банд ҳуҷҷатҳо пурра ва дуруст ба қисмҳо ҷудо карда шудаанд?

A) савол нодуруст гузошта шудааст
В) тамоми ҳуҷҷатҳо ба услуби расмӣ тааллуқ доранд
C) идорӣ
D) идорӣ, давлатӣ, байналхалқӣ
Е)  идоравӣ, давлатӣ

  1. Тартиб додани санадҳо кадом хусусиятҳоро тақозо мекунад?

A) дақиқият
В) ҷойгиркунонии стандартии маводҳо
C) факту далелҳоро
D) кўтоҳӣ, мўъҷазӣ
Е) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд

  1. Дар кадом маврид дар тартиб додани ҳуҷҷатҳо санъатҳои бадеӣ истифода мешаванд?

A) савол нодуруст гузошта шудааст
В) ҳангоми тартиб додани гувоҳнома ва тавсифнома
C) истифодаи санъатҳои бадеӣ хоси ин услуб аст
D) ҷавоби В ва С дурустанд
Е) дар навиштани ҳуҷатҳои байналхалқӣ

  1. Дар кадом банд ҳуҷҷатҳое оварда шудаанд, ки бештар бо чунин қолиб сар мешаванд «Аз шумо хоҳиш мекунам…»

A) маълумотнома
В) баёнот
C) ариза
D) ваколатнома
Е) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд

  1. Ариза аз чанд қисм иборат аст?

A) адресат, матн, сана, имзо
В) адресат, ному насаби муаллифи ариза, матн, сана, имзо
C) адресат, ному насаби муаллифи ариза, матн, рўйхати ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда, сана, имзо
D) адресат, ному насаби муаллифи ариза, номи ҳуҷҷат, матн, сана, имзо
Е) адресат, ному насаби муаллифи ариза, номи ҳуҷҷат,  матн, рўйхати ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда, сана, имзо

  1. Хусусиятҳои услуби расмӣ-коргузорӣ дар кадом банд дуруст оварда шудааст?

A) истифодаи калимаҳои адабии китобӣ
В) набудани санъатҳои бадеӣ
C) қариб пурра вуҷуд надоштани воситаҳои эмотсионалию экпрессивии нутқ
D) истифодаи термонология, номгузориҳои номенклатурӣ
Е) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд

  1. Дар кадом банд навиштани ариза дуруст нишон дода шудааст?

A) Дар баробари навиштани аризаи худам…
В) Бо навиштани ариза ба шумо…
C) Навишта ба шумо маълум мекунам, ки…
D) Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки…
Е) ҷавоби А,В, D дурустанд

  1. Матни зерин ба кадом ҳуҷҷат тааллуқ дорад:
    «Дода шуд ба донишҷўи курси 1 гурўҳи 10-и факултаи таббӣ»

A) ариза
В) маълумотнома
C) тарҷумаи ҳол
D) баёнот
Е) баёнот ва маълумотнома

  1. Матни зерин ба кадом ҳуҷҷат тааллуқ дорад:
    «Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки …»

A) маълумотнома
В) тавсифнома
C) ваколатнома
D) баёнот
Е) забонхат

  1. Дар кадом ҳуҷҷат ин хусусиятҳо муҳим аст: ҷой, сана, вақт.

A) ариза
В) табрикнома
C) даъватнома
D) маълумотнома
Е) баёнот

 

Leave a Reply