- Савтиёт чист? Савтиёт илм дар бораи овозҳо аст.
- Зада чист? Шиддатнок талаффуз шудани яке аз ҳиҷоҳои калимаро зада меноманд.
- Исм чист? Исм ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, номи ашёро ифода мекунад ва ба саволҳои чӣ? чиҳо? кӣ? киҳо? ҷавоб медиҳад.
- Исмҳои хос чист? Исмҳои хос ба шахс ва ашёи алоҳида мансубанд.
- Сифат чист? Сифат ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, аломат, хосият ва чигунагии ашёро мефаҳмонад ва ба саволҳои чӣ хел? чӣ гуна? кадом? ҷавоб медиҳад.
- Шумора чист? Шумора ҳиссаи номии нутқ буда, миқдор ва тартиби ашёро бо адад ифода мекунад.
- Ҷонишинчист? Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломат, ашё ва миқдори онҳоро далолат мекунад, вале худи онҳоро номбар намекунад, вай ба ҷои исм, сифат ва шумора меояд.
- Феъл чист? Феъл ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, амал ва ҳаракати ашёро мефаҳмонад.
- Масдарчист? Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номи амал ва ҳолатро ҳамчун протсесс мефаҳмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.
- Феъли ҳолчист? Феъли ҳол амалу ҳолатеро ҳамчун аломати феъли асосӣ мефаҳмонад. Он амали иловагии ба феъли асосӣ пайравбударо ифода мекунад.
- Зарфчист? Зарф ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломати амал ва аломати аломатро мефаҳмонад ва шароити воқеъ гардидани амалу аломатро нишон медиҳад.
- Пешояндчист? Пешоянд ҳиссаи номустақили нутқ буда, бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳад. Пешоянд пеш аз калима меояд.
- Пасояндчист? Пасоянд ҳиссаи номустақили нутқ буда, бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳад ва пас аз калима меояд.
- Пайвандак чист? Пайвандак ҳиссаи номустақили нутқ буда, аъзоҳои ҷумлаи сода ва ҷумлаҳоро ба якдигар мепайвандад.
- Ҳиссача чист? Ҳиссачаҳо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ба фикри гуфташуда муносибати гўяндаро мефаҳмонанд. Онҳо барои ифодаи тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд.
- Нидо чист? Нидо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ҳаяҷону ҳиссиёт ва майлу иродаро ифода мекунад.
- Муродифчист? Муродифҳо калимаҳои аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик, вале аз ҷиҳати таркиби овозиашон ҳархела мебошанд.
- Мутазодчист? Мутазод калимҳои муқобилмаъно мебошад.
- Омонимчист? Омонимҳо калимаҳоеанд, ки шаклан якхела буда, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд.
- Архаизмчист? Калимаҳои кўҳнашударо архаизм меноманд. (кал. юнонӣ архаиз — қадима)
- Воҳидҳои фразеологӣчист? Воҳидҳои фразеологӣ таркиб, ибора ва ҷумлаҳои рехтае мебошанд, ки маънои яклухти маҷозӣ доранд.
- Иборачист? Ибора калимаи арабӣ буда, маънои баён, ифода, суханро дорад. Ибора аз ҷамъбастагии ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно бо ёрии бандаки изофӣ ё бидуни он ташаккул меёбад.
- Ҷумлачист? Гурўҳи калимаҳои ба ҳам алоқаманд ё калимаи алоҳидае, ки фикри томро мефаҳмонад, ҷумла номида мешавад.
- Ҷумлаи содаи дутаркибачист? Ҷумлаи содае, ки дар он ҳар дуи сараъзои ҷумла (мубтадо ва хабар) иштирок менамояд, дутаркиба ном дорад.
- Ҷумлаи содаи яктаркибачист? Ҷумлаҳои содае, ки дар таркибашон танҳо яке аз сараъзоҳо (ё мубтадо ё хабар) мавҷуд аст, яктаркиба меноманд.
- Ҷумлаи мураккабчист? Ҷумлаи мураккаб аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода ташкил ёфта, дорои ягонагии маъно, сохт ва оҳанг мебошад, баръакси ҷумлаи сода фикри мураккабро мефаҳмонад.
- Ҷумлаи мураккаби пайвастчист? Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқ ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда таркиб меёбад.
- Ҷумлаи мураккаби тобеъчист? Ҷумлаи мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳое таркиб меёбад, ки яке дигареро шарҳ дода ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунанда алоқаманд мешавад.
- Пунктуатсиячиро меомўзад? Пунктуатсия тарзи истифодаи аломатҳои китобатро меомўзад.
- Аломати нохунакбарои чӣ хизмат мекунад? Аломати нохунак барои ҷудо кардани обекти сухан ва маънои киноявӣ хизмат менамояд.
- Услубчист? «Услуб» калимаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба маънои тарз, тариқ, сабк, шева маънидод шудааст.
- Услуби бадеӣ чист? Услуби бадеӣ усули таълифи асарҳои бадеӣ мебошад.
- Ҳуҷҷатнигорӣчист? Ҳуҷҷатнигорӣ аз ҳуҷҷатҳои расмӣ иборат аст. Ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд мухтасар, далелнок, равшану фаҳмо ва ҷавобгўи меъёрҳои сохторӣ (шаклӣ) бошад.
- Аризачӣ хел ҳуҷҷат аст? Ариза ҳуҷҷатест, ки тавассути он хоҳиши нависандаи он ба тариқи расмӣ ба муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иброз мегардад.
- Лексикологиячист? Лексикология илм оид ба луғат аст.
- Истилоҳотчист? Истилоҳ луғати хоси мансуб ба илму фарҳанг буда, мазмуни он асосан ба мутахассисони соҳа маълум аст.
