Рози сипеҳр

Рози сипеҳр мавзўест доманадор, мураккаб, пурмаъно ва дарки шарҳу баёнаш душвор. Гирди ин мавзўъ ҳар ҷо – ҳар ҷо сухане ба чашм мехўрад. Вале мавзўъ ҳал ношуда. Мо низ ҳалли онро бар дўш намегирем. Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад. Мепиндорам, ки сипеҳр ба муроди инсонҳои асил, заҳматкаш, бахусус муздуру раззоқу сонеъ, рўшандилу озодандеш, одамизода нарасида. Дар дурии дур аст ва кўр аст. Дасти одамӣ ба он намерасад ва нарасида, чунки он бофтаи хаёлист, “ҳаст”, вале дасти инсон ба домонаш нарасида. Аз он ҷо, ки бузургон гуфтаанд:

Ба чашми ниҳон дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми аёнат набинад ниҳон.

Рӯдакӣ

Хирад ҷўяд оганда рози ҷаҳон,
Ки чашми сари мо набинад ниҳон.

Фирдавсӣ

Асрори бузург хому нопухта бимонд,
В-ин гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Ҳар кас ба далели ақл чизе мегуфт,
Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.

Хайём

Таъкиди Хайём ҳамешагӣ чун садои гўшнавоз, нигораи ҷовид дар деворҳои дил, чун панди давобахш, чун насиҳатномаи укдакушой, маҳаки раҳнамову ҳидоятгар баҳри кушодани гиреҳи “нуктаҳои асл” мемонад, бахусус ба ин панди пояндааш: “Асрори ҷаҳонро на ту дониву на ман…”
Ҳамзамони Хайём Муҳаммади Ғазолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” андешаҳоеро пеш ронда, ки метавон онҳоро ҳамоҳангӣ ва давоми пиндорҳои Хайём дар баҳси рози ҷаҳон номид. Ғазолӣ ақлро “сари ҳама саодатҳо” номида, аз пайи пайдо кардани “ҷодуии дунё” шуда, мисоли ҷолибе меорад: “Расул(с) гуфт: – Бипарҳезед аз дунё, ки вай аз Ҳорут ва Морут (ду фариштаи ҷодугар, ки аз сабаби меҳр бастан ба зане аз ҷинси одамӣ ба ғазаби илоҳӣ гирифтор гаштанд) ҷодутар аст. Ва аввал ҷодуи ў он аст, ки хештан ба ту намояд, чунонки ту пиндорӣ, ки вай сокин аст ва бо ту қарор гирифтааст. Ва чун дар вай нигарӣ аз худ ҷунбон аст ва аз ту гурезон аст аладдавом. Валекин ба тадриҷ зарра-зарра нафас-нафас ҳаракат мекунад. Ва мисоли дунё чун сояест, ки дар вай нигарӣ, сокин намояд ва худ бардавом меравад.
Ва умри одамӣ ҳамчунин бардавом меравад ва ба тадриҷ ҳар лаҳзае камтар мешавад, монанди дунё, ки аз ту мегурезад ва туро видоъ мекунад ва ту аз он ғофилу бехабар.
Ва низ: “Дигар сеҳри вай (сеҳри сипеҳр) он аст, ки хештанро ба дўстӣ ба ту намояд, то туро ошиқ кунад ва фаро ту намояд, ки бо ту сохта хоҳад будан. Он гоҳ ногоҳ ба душмани ту шавад. Ва масали ў чун занест нобакор ва муфсида (табаҳкор) ва балоя (зиёнкор), ки мардонро ба хештан ғарра мекунад, то ошиқ кунад, он гоҳ ба хона бараду ҳалок кунад.
Ва Исо (алайҳиссалом) дунёро дар мукошафати (душмании) хеш дид ба сурати пиразане. Гуфт: – Чанд шавҳар доштӣ? Гуфт: – Дар адад наояд аз бисёрӣ. Гуфт: – Бимурданд ё талоқат доданд? Гуфт: – На, ки ман ҳамаро бикуштам. Гуфт: – Пас аҷаб аз ин аҳмақони дигар, ки мебинанд, ки бо дигарон чӣ мекунӣ ва дар ту рағбат мекунанд ва ибрат намегиранд”.
Ва “Дигар сеҳри ў он аст, ки зоҳири хеш ороста дорад ва ҳар чи ки бало ва меҳнат аст, пўшида дорад, то ҷоҳил ба зоҳири вай нигарад ва ғарра шавад”. Шарҳи мисолҳои фавқро воҷиб намеҳисобем, зеро “он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.
Дар “Маҷмаъ-ул-фусаҳо”-и Ризоқулихони Ҳидоят чашмам ба байти зер фитод:

Чист ин божгуна табъи фалак?
Гоҳ дев аст зишту гоҳ малак…

Дар масъалаи баҳси “рози сипеҳр” наметавон ба андешаҳои зери ҳаким Хайём розӣ нашуд, ки чун меъмори сухан гуфта:

Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.
Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.

Ва боз:

Мо лўъбатаконему фалак лўъбатбоз,
Аз рўи ҳақиқат, на ки аз рўи маҷоз.
Бозича ҳаме кунем бар натъи вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як – як боз.

Ва боз:

Давре, ки дар ў омадану рафтани мост
Онро на ниҳоят, на бадоят пайдост.
Кас ҳеч нагуфтаанд з-ин маъно рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.

Ва боз:

Асрори азалро на ту дониву на ман
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман…
Ва ё бо танз ба забон овардани сатрҳои зер:
Асрори ҷаҳон, чунонки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он вуболи сари мост…

Ва ё:

Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаву ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт?

Ва ё:

Дар пардаи асрор касеро раҳ нест,
3- ин таъбия ҷони ҳеч кас огаҳ нест.
Ҷуз дар дили хоки тира манзилгаҳ нест,
Май хўр, ки чунин фасонаҳо кўтаҳ нест.

Оре, муаммои ин сипеҳри бемурувват, базми вомондаи “сад Ҷамшед”, “Қаср-такягоҳи сад Баҳром”, бисёр аст. Бисёр мағз об мекунем, то ба кушодани як нуктааш пай барем.
Чун хонандаи арҷманд сатрҳои зайлро бо зиракӣ бихонад, бидонад, ки эҷодгаррни асил абад дасти ба даст будаанд:

Ҳофиз:

То бесару по бошад, авзои фалак ин аст,
Дар сар ҳаваси соқӣ, дар даст шароб авло.

Биёвар май, ки натвон шуд зи меҳри осмон эмин,
Ба лаъби Зўҳра чангеву ба Миррих салҳаи шўраш.

Наяфшон ҷуръае бар хоку ҳоли аҳли шавкат пурс,
Ки аз Ҷамшеду Кайхусрав, фаровон достон дорад.

Ҳадис аз мутрибу май гўву рози даҳр камтар ҷў,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.

Вуҷуди мо муаммоест Ҳофиз,
Ки таҳқиқаш фусун асту фасона.

Мирзо Бедил бо рамз, вале бисёр воло гуфта:

Ҷаҳон базмест нафрину ситоиш нағмаи созаш,
Саропо гўш бояд буд, дунё гуфтугў дорад.

Чунонки пай бурдем, рози ҷаҳону Ҷаҳонофарин, “гуфтугўи дунё” муаммоест мураккаб, ки Хайём то ҳадди олии дарки маънӣ барои кушодани ҳатто ҷузъитарин паҳлўҳои он кўшиш ба харҷ дода. Вале ҳамоно рози сипеҳр комилан ба инсон боз нагашта ва комилан боз гаштани он амрест муҳол, чунки асрори ҷаҳонро то ба охир на мо донему на дигарон:

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд,
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рўз,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.

Ин баҳри вуҷуд омада берун зи нуҳуфт,
Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт,
Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтанд,
3-он рўй, ки ҳаст, кас намедонад гуфт.

Ҷолибии ин муаммо низ дар ҳамин аст, ки ҳар қаламкаш ба қадри ҳиммати худ сухане баҳри ифшои он фузуда, ё ҳарфи тозае гуфта, ё калимоте зам карда.

Likes:
0 0
Views:
81
Article Categories:
Умумӣ

Comments are closed.