Умумӣ

Робитаҳои иттилоотӣ дар системаи корпоративӣ.

Дар иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ҷойи муҳимро корхонаҳои хурд ва фирмаҳо ташкил медиҳад, ки шумораашон солҳои охир ниҳоят афзудааст.
Чуноне ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки корхонаҳои хурд нисбат ба корхонаҳои калон як қатор афзалиятҳо доранд: чандирӣ ва фаврият дар амалиётҳо, мутобиқшавӣ ба шароитҳои муҳит; имконияти бештари амалигардонии ақидаҳо; гирдгардиши баланди сар-моя; ҳамгироии (интеграцией) ҳамаи равандҳои хоҷагӣ оиди фурўш, таъминкунии моддӣ – техникӣ дар чорчўбаи як корхона; хароҷотҳои на он қадар зиёди идоракунӣ, ки дар чунин корхона имконият медиҳад, ки то технологияи иттилоотии автоматонидакардашудаи идо-ракунӣ ҷорӣ карда шавад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити муосири муносибатҳои бозорӣ тараққиёти хо-саро тиҷорати ҳаҷман калон гирифтааст, ки ба онҳо шакли хоси ташкилот дар асоси му-таҳидии корхонаҳо ва маҷмўи сохторҳо ташкилкардашуда хос аст. Ба ин ҷамъиятҳои муштарак дохил мешаванд: ширкатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкатҳои холдингӣ, гурўҳҳои молявӣ – саноатӣ ва ғайра.
Андозаи чунин ташкилотҳо боиси баланд бардоштани самараноки аз ҳисоби чунин омилҳо ба роҳ монда мешавад: паст намудани хароҷотҳои истеҳсолӣ ва фурўши маҳсулот; ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамон, хароҷотҳои калонро талаб мекунанд; ҷараёни рушди диверсификатсия, ки бо роҳи мутаҳидкунии ҳудуди ҷудокунии корхонаҳо ё ин ки ҷудокунии филиалҳо ба ташкилотҳои мустақил бо тақсим карда додани вазифаҳои хоҷаги-дории онҳо дар соҳаи муайяни фаъолият барои хизматрасонии ширкат дар умум амал ме-кунад Дар ташкилотҳои калон ду намуди идоракунӣ – марказонидашуда ва ғайримарказо-нидашуда ҷой доранд.
Ташкилотҳо бо идоракунии марказонидашуда бо тақсимкунии вазифаҳо ва ўҳдадориҳо байни зершўъбаҳои сохторӣ бо мутобиқкунии дурушти фаъолияти истеҳсолӣ – хоҷагӣ дар дастгоҳи идоракунӣ тавсиф карда мешаванд.
Шакли ғайримарказонидашуда бо ҷудокунии воҳидҳои стратегии тиҷорат дар дохили ташкилот мебошад ё ин ки марказҳои даромад ки дорои банақшагирии мустақили буҷети шахсии худ мебошанд, тавсиф карда мешаванд. Дар ин ҳолат дастгоҳи идоракунӣ дар сохторҳои худ дорои салоҳиятҳои нисбатан васеъ мегардад. Бар зиммаи вай ўҳдадорӣ ба-рои натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ – хоҷагӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти корхона гузо-шта мешавад. Барои роҳбарияти олӣ имконияти ҳақиқии банақшагирии дарозмуддат ва алоқаҳои берунаи васеъшаванда ташкил карда мешаванд.
Дар ҳолатҳои якум ва дуюми низоми корпоративӣ аз ҳисоби алоқаҳои иттилоотӣ, техно-логӣ, ташкилӣ ва ғайра ташкил карда мешавад, ки шуъбаҳои ҳудудан паҳншудаи корхона-ро, ки дар асоси платформаҳои гуногуни технологӣ дар шакли амудӣ ва уфуқӣ сохта шуда-анд, муттаҳид месозад.
Фарқияти асосии идоракунии ин ду намуди корхонаҳои калон дар сохтани технологияи иттилоотии корпоративии автоматонидашуда мебошад.
Дар идоракунии марказонидашуда технология барои ҷамъ намудани захираҳои иттило-отӣ дар корхонаҳои асосӣ равона карда шуда бо маҳдудиятҳои қатъи аз руйи сатҳи даст-расӣ ба маълумотҳои корпоративӣ ташкил карда мешавад.
Дар идоракунии ғайримарказонидашуда дар баробари ҷамъ намудани иттилоот дар махзани маълумотҳои корпоративӣ сегментҳои иттилоотиро ҷудо намудан мумкин аст, ки барои ҳар як шабакаи локалии филиал ва шуъбаҳои корхона бисёр муҳим аст.
Барои идоракунии босамари ташкилотҳои калон шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ ташкил карда мешавад, ки дар асоси он робитаҳои иттилоотӣ дар байни шабакаҳои лока-лии ҳисоббарор дар сохторҳои алоҳидаи корхона хуб ба роҳ монда мешавад.
Шабакаи корпоративии ҳисоббарор – ин системаи муттаҳидкардашудаи бисёрмоши-нии тақсимшудаи як корхона мебошад, ки дорои ҳудуди парокандашуда иборат буда ҳам-кории шабакаҳои локалии ҳисоббарор дар байни сохтори корхона ва зерсистемаҳои алоқа барои интиқоли иттилоот баҳисоб меравад.
Сохтани шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ имкониятҳои зеринро таъмин менамояд: амалигардонии дастрасии соддакардашудаи мутахассисони шўъбаҳои гуногуни корхонаи калон ба захираҳои корпоративӣ; идоракунии ягонаи марказонидашуда, идоракунӣ ва таъминоти техникии захираҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ. ташкилӣ дастрасӣ ба итти-лооти сохторӣ дар режимҳои on – line ва off – line. ташкили системаи ягонаи почтаи элек-тронӣ ва ҳуҷҷатгардиши электронӣ; муҳофизати почтаи электронӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бо сохтани дарвозаҳои муҳофизатшуда дар шабакаи додугирифти маълу-мотҳо; ташкилкунии хизматрасониҳои глобалӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштариё-ни шабакаи ҳисоббарор; амалигардонии интерфейси ягонаи истифодабарандагон, ки ба ис-тифодабарандагон имкониятҳои кор бо захираҳои коммуникатсионии шабакаи ҳисоббаро-ро медиҳад; ҳамкории шабакаи корпоративии корхонаҳои калонҳаҷм бо системаҳои тиҷоратии дигар ширкатҳо, системаҳои ҳисоббарори муассисаҳои давлатӣ, мақомотҳои молиявӣ – қарзӣ, ки дар додугирифти итиилоот аз ҳисоби ҳуқуқӣ муштариёни системаи те-лекоммуникатсонии корпоративӣ иштирок мекунанд; афзоишёбии функсионалӣ, ки бунёд-кунии шабакаи корпоратвии ҳисоббарорро таъмин намуда ҳамчун доимо рушдкунанда ва мукамалгардонидашуда мебошад. Он барои ҷори намудани захираҳои нави дастгоҳӣ-барномавӣ кушода буда, имконияти тараққидиҳӣ ва мукамалгардонии таркиб ва сифати хизматрасониҳои итиилоотӣ – коммуникатсиониро бе вайронкунии қоидаҳои шабака амал мекунад.
Омили муайянкунанда ҳангоми ташкили шабакаҳои ҳисоббарори корпоративӣ ва таш-кили алоқаҳои иттилоотӣ байни зершўъбаҳои корхонаҳои калонҳаҷм ва ташкилотҳои намуди гуногун, ки дар онҳо коркарди маълумотҳои тақсимшуда дар шабакаҳои локалии ҳисоббарори филиалҳо ва тақсимоти маълумотҳо дар хазинаи маълумотҳо сурат мегирад – ин дастрасии оддӣ ба захираҳои иттилоотӣ мебошад.
Махзани маълумотҳои автоматонидашуда – комплекси дастгоҳӣ – барномавӣ барои нигоҳдории марказонидашудаи захираҳои иттилоотӣ мебошад, ки аз рўйи модели бисёр-ченака сохта шуда, ба истифодабарандагон имконияти барориши соддакардашудаи итти-лоотро барои таҳлили оянда ва қабули қарорҳои идоракунӣ медиҳад.
Ташкили шабакаи ҳисоббарори маҳдудкардашуда бо алоқаҳои иттилоотии мустаҳкам байни зершўъбаҳои сохторӣ имконият медиҳанд, ки зинаи идоракунӣ баланд карда шавад ва он дар навбати худ ҳалли ҳамаи масъалаҳои функсионалиро инъикос мекунад ва имко-нияти ташкили харитаи пурраи бисёрсистемавии ҳолати корхонаро инъикос намояд.
Шабакаи ҳисоббарори корпоративиро метавон дар шакли системаи мураккаб дида ба-ромад, ки он аз якчанд қабатҳо иборат аст.
1. КФ – ки бо каналҳои алоқа муттаҳид карда шудаанд, маркази нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот ба ҳисоб мераванд.
2. Зерсистемаи нақлиётӣ додугирифти боэътимоди бастаҳои иттилоотро байни КФ таъмин менамояд.
3. Системаҳои амалиётии шабакавӣ кори замимаҳоро дар КФ таъмин мекунанд ва за-хираҳоро ба КФ барои истифодаи умум пешкаш мекунанд.
4. Системаи идоракунии базаи маълумотҳо нигоҳдори батартибдаровардашудаи маълумотҳои корпоративиро тахмин мекунанд ва аз болои иттилоот амалиётҳои асосии ҷустуҷўро мегузаронанд.
5. Хизматрасониҳои системавӣ ба истифодабарандагон иттилооти корпоративиро дар шакли мувофиқ барои қабули қарор пешниҳод мекунанд ва ҳамчунин баъзе протседураҳои умумии коркарди иттилоотро барои ҳамаи корхона иҷро мекунанд. Ба ин хизматрасониҳо системаи почтаи электронӣ, системаи кори коллективӣ ва ғайра дохил мешаванд.
6. Воситаҳои барномавии махсус масъалаҳои махсус барои корхона пешбинишуда ё корхонаи намуди додашударо ҳал мекунад. Мисоли чунин барномаҳо – воситаҳои автома-тикунонии фаъолияти бонкӣ, ташкили ҳисобгирии бухгалтерӣ, лоиҳасозии автоматӣ, идо-ракунии равандҳои технологӣ ва ғайра шуда метавонад.
Ташкилкунии шабакаи ҳисоббарори корпоративии корхона аз рўйи хусусиятҳои амалӣ ба иҷрокунии чунин талаботҳои асосӣ равона карда шудааст:
1. Маҳдудият (Интегрированность)– онро инъикос мекунад, ки шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ бояд ҳамаи равандҳои тиҷоратиро ҳамҷоя кунад ва сатҳи идоракунии корхо-наро баланд намояд. Танҳо чунин система имконияти инъикоси ҳамаи алоқаҳои функсио-налӣ ва иттилооте ки дар корхона вуҷуд доранд, доро мебошад, имконият медиҳад, ки ҳо-лати бисёрҷабҳагии пурраи раванди тиҷоратии корхонаро инъикос намояд. Чунин система дастрасӣ ба маълумотҳои дилхоҳ сатҳро таъмин менамояд. Бо ҳамин восита на танҳо даст-расии маълумотҳоро таъмин менамояд, балки имконият медиҳад, ки кори корхонаро бо зи-наи махсуси ҷузъиёташ назорат барад. Пуррагии инъикоси равандҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки автоматикунонии технологияи иттилоотӣ ба масъалаи қабули қарорҳои идора-кунӣ дар сатҳҳои поёнӣ ва болоии идоракунӣ назик карда шавад ва раванди идооракунӣ дар асоси моделсозӣ ва пешгўикунии ҳодисаҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шавад.
2. Шаклдории шабакаи корпоративӣ – ин имконияти ҷорӣ намудани шаклҳои нави им-кониятҳо ба система (роҳҳои воридкунии модулҳои нав) мебошад. Дар ин ҷо муҳим аст, ки хусусиятҳои маҳсулоти барномаҳои амалиявӣ ба монанди инҳо ба эътибор гирифта ша-ванд: интихоби модулҳо ва амалигардонии вазифаҳои онҳо; дараҷаи мухторияти модулҳо; маҷмўи алоқамандиҳои байнимодулӣ ва шаклҳои амалигардонии он (содироти файлҳо байни модулҳо, додугирифти хабарҳои идоракунӣ ва ғайра); имконияти шаклбандии маҳсули барномавӣ, сохтори минималии онҳо; блокҳои вазифагузорандаи мустақил; намунаҳои васеъкунӣ ва ғайра.
3. Кушодагии шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ – маҷмўи воситаҳои лоиҳасозӣ дар он, тараққиёт ва замонавикунонии онро дар бар мегирад. Метологияи ҳозиразамон ва воси-таҳои барномавӣ чунин имкониятро медиҳанд. Онҳо номи CASE – технологияро гирифтанд ва имконият медиҳанд, ки сохтан ва барориши таъминоти барномавӣ автоматӣ карда ша-вад.
CASE – технология (Computed Aided Software Engineering) – ин комплекси барномавии автоматикунандаи ҳамаи раванди технологии таҳлил, лоиҳасозӣ, коркард ва барориши комплекси барномаҳои мураккаб мебошад.
Ба воситаи CASE – технология тадқиқотчиён соҳаи тадқиқшавандаро тасвир менамоянд – яъне ҳамаи равандҳои тиҷоратии корхона, объектҳои ба он дохилшаванда, хосиятҳои онҳо, алоқаи байни объектҳо ва хосиятҳои онҳоро инъикос мекунад. Дар натиҷа моделе ба даст меояд, ки иштироккунандагони асосии раванди тиҷоратӣ, ўҳдадориҳои онҳо, се-лобҳои иттилооти байни онҳоро инъикос мекунад. Дар рафти тасвир намунаи электронии лоиҳа ва ҳуҷҷатгузории кории он сохта мешавад.
CASE – технология – ҳосилнокии ҳаҷми зиёди барномаҳои истифодабарандагони ниҳо-иро таъмин мекунанд, ки ба шароитҳои тағирёбандаи вазифагузории корхона мутобиқ аст ва сифати лоиҳаҳои коркардшаванда ва тараққиёбандаро баланд месозанд.
4. Чандирии шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ. Ҷои нисбатан муҳимро дар рушди шабакаи корпоративӣ забонҳои насли 4 – ум мегирад. Онҳо дар пайвасткунии протседу-раҳои ҳосилкунии дархостҳо, ҳамчунин як қатор протседураҳои дигар, аз он ҷумла бе-рунӣ, ки аз тарафи мутахасистони корхона навишта мешаванд, истифода мешаванд. Чанди-рии шабакаи корпоративӣ метавонад тараққиёти система ва дастгирии мувофиқати ТИ – и автоматонидашударо дар шароитҳои тағирёбанда таъмин намояд.
5. Танзимшавандагии шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ – барои мутобиқсози ба ТИ – и автоматонидашудаи корхона лозим аст. Муҳимияти танзимот одатан ҳангоми воридку-нии ТИ сурат мегирад, ки дар баробари ин метавонад натиҷаи тағирёбиҳои технологӣ дар амалиётҳои тиҷоратии корхона бошад. Он гоҳ танзимшавандагӣ бевосита ба кушодагӣ ва чандирӣ ҳамҷоя мешавад. Танзимшавандагӣ имконияти танзимоти протседуравии шабака-ро – батартибандозии ҳуқуқҳои истифодабарандагон, ҷобаҷокунии ҷойҳои кории автома-тонидашударо пешкаш менамояд.
Дар корхонаҳои калон, фирмаҳо, ширкатҳо, раванди коркарди иттилоот вобаста ба тала-боти ҳалли масъалаҳои функсионалие, ки дар асоси онҳо селобҳои иттилоотӣ дар систе-маҳои корпоративии ташкили идоракунӣ фарқ карда мешаванд
Ташкили фаъолияти идоракунӣ (офисӣ марказӣ). Мақсади асосии он тайёркунии нақшаи стратегии тараққиёт ва идоракунии фаъолияти умумии ширкат мебошад. Қисми мазкури системаи автоматонидашудаи корпоративӣ барои таъминоти иттилоотии корҳои идоракунӣ ҷавлбгў мебошад. Шакли асосии кор дар ин қисм – кор бо иттилоот – гирифтан ва коркарди он мебошад, ки дар асоси он самти стратегии тараққиёти ташкиот ба роҳ монда мешавад. Нақшаи стратегии коркардкардашуда то зершўъбаҳои сохторӣ ба воситаи маводҳои телекоммуникатсионӣ бурда расонида мешавад.
Ташкили кори хизматрасониҳои иқтисодӣ ва молиявӣ. Қисмати мазкур вазифагузории самти молиявӣ ва ташкили бухгалтериро дар бар мегирад. Мақсадҳои асосии хизматрасо-ниҳои молиявӣ – ба шаклдарории нақшаи умумикардашудаи ширкат дар идоракунӣ, ко-милгардонии андозсупории корхона, умумигардонии ҳамаи иттилооти молиявии корхона ва расонидани ин иттилоот то зинаҳои болоии роҳбарияти корхона ба ҳисоб мераванд.
Таъминоти ҳуқуқӣ. Мақсади асосии он мустаҳкамгардонии ҳолати ҳуқуқӣ ва молиявии корхона ба шумор меравад. Дар модули мазкур коркарди иттилооте ба роҳ монда меша-вад, ки дар асоси он чунин вазифаҳо иҷро карда мешаванд: тайёркунӣ ва бурдани иттилоо-ти меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва маълумотӣ, ки батартибдароварандаи фаъолияти берунии корхона мебошад; коркард ва экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо, ки батартибдароварандаи вазифагу-зории дохилии корхона ба ҳисоб меравад; экспертизаи ҳуқуқии ҳамкориҳо ва шартно-маҳои басташаванда ва ғайра.
Иттилооти ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба роҳбарияти болоӣ пешниҳод мешавад ва ҳамчунин аз тарафи ҳамаи шўъбаҳои лозимаи ташкилот истифода бурда мешавад.
Мақсадҳои асосии функсионалии корхона тайёркунии ҳисоботҳои маълумотдиҳандаи аналитикӣ барои дастгирии қарорҳои дарозмуддат ва таъмини тафтиши фаврии алоқаҳои берунаи корхона дар асоси захираҳои иттилоотии аз манбаъҳои гуногуни иттилоот ворид-шаванда ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин корарди иттилооти фаврӣ барои ҳалли масъалаҳои функсионалии корпоратсия, зершўъбаҳои сохтории он ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар режими вақти ҳақиқӣ дар ҳама зинаҳои корпоративӣ ба мақсадҳои асосии функсионалии корхона дохил мешаванд.
Ташкили ҳалли масъалаҳои асосӣ аз рўйӣ коркарди иттилоот ва идоракунии корхонаҳои калонҳаҷм дар асоси муҳити ягонаи иттилоотӣ ва сохтани хазинаи иттилооти корпоративии автоматонидашуда ба роҳ монда мешавад, ки ин имконият медиҳад, ки фаъолияти ҷории корхона идора карда шавад ва ҳамчунин нақшаҳои стратегии тараққиёти ояндаи корхона коркард карда баромада шаванд. Муҳити ягонаи иттилоотӣ ташкили мувофиқати платфор-маҳои воситаҳои барномавӣ, дастгоҳӣ, иттилоотӣ ва архитектураи додугирифти маълумотҳоро дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ ва дар зинаҳои гуногуни корпоративии система ба роҳ мемонад.

Leave a Reply