Умумӣ

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 1

ДОНАИ МАЪНО БИГИРАД МАРДИ АҚЛ..

Ҳикмате қадима аст, ки инсонро Худованд барои он чиз халифаи худ дар рўи замин баргузид, ки даст ба офаринандагиву бунёдкор занад, то ин ҷаҳони омадшуд гароиш ба ободиву зебоӣ намояд. Аз ҷониби дигар инсон чун султони олами ҳастӣ таъин гардида буд, ин амал ба масобаи риcолати ҳақиқӣ бар дўши ў қарор гирифт. Пас, Худованд рисолати бузурги худ, офаринандагии ў бунёдкориро, ки ибтидо махсуси худи ў буд, ба инсон низ эҳдо намуд. Аммо вақте сухан дар мавриди офаридан ва сохтан меравад ин маъни мунхасир ба сохтани бинову бунёди шаҳру қасрҳои мўҳташам ва боғҳо нест. Балки офаридан ба маънои куллии он аст, ки бунёди тафаккури қавӣ, андешаи нек, асари арзишманд ва китоби қавӣ, шеъри пурмаъниву достони ҳикматбор низ дар васати он ғунҷоиш дорад. Бешак,аз ҳама офаранандагии маънавӣ маҳсули андешаи неку қавии инсони огоҳу ориф маҳсуб мегардад, ки намудҳои олии он кутуби арзишманди таърихиву адабӣ, достону қиссаҳоест,  ки дар китобҳои ҷудогона ба  ёдгор мондаанд ва дар маҷмўъ мафҳуми маънавият ва тафаккури маънавии башариро ҳусни тоза  ва маънои амиқ бахшидаанд.

Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ низ аз зумраи ҳамон уламо ва афроди фарҳангие ҳастанд, ки дар пайрезии тафаккури маънавии мардуми тоҷик корномаҳое ба зуҳур оварда, бо кутубу рисола ва мақолоти мутааддади хеш дар мавриди ҳувияти маънавии тоҷикон нақши ногустурдание дар саҳафоти таърих рақам задаанд.

Агар ба ҷараёни эҷодиёти устод мутаваҷҷеҳ гардем, рўшан мешавад, ки маҳсули хомаи ин донишманди фарҳехта аз муаррифӣ ва шинохти рўзгор ва осори устод Айнӣ ва дар масъалаҳои муҳими адабиётшиносии тоҷик шурўъ гардида то ба мақоми тафаҳҳум ва тафсири масоили мубрами шинохти забон ва эҳтироми забони миллӣ, ташаккули тафаккури миллӣ, маърифати воқеии миллату халқияти тоҷик дар масири таърих худшиносии миллӣ, пешниҳоди консепсиюни давлати миллӣ ва авомили муҳиму зарурати бунёди он, инсоншиносиву инсонгароӣ ва ба роҳ мондани онҳо дар ҷараёни таълиму тарбияти инсони комил расидааст. Ин андўхтаҳои фикрии устод, ки дар кутуби «Забони мо ҳастии мост», «Хуросон аст ин ҷо», «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» фароҳам омадаанд, барои имрўзиён эшонро аз бунёдгузорони тафаккури навини худшиносии миллӣ ва аслгароиву хештаншиносӣ дар ҷомеаи тоистиқлоли тоҷикон ва аз меросбарони асили ғояҳои худшиносиву худогоҳии нёгонамон  дар ҷараёнӣ таърих муаррифӣ мекунад. Балки ба таъбири равоншод Лоиқ Шералӣ афкору андешаҳои устод Шакурӣ моро ба сарманзили нурогини бозгашт ба асли хеш ҳидоят менамоянд.

Гузашта аз ин, дар ҳар вожаву таркиб ва ибороти устод Шакурӣ барои оне, ки ба донистани асолат ва худии худ тамоюл дорад, рамзе аз ҳақиқати ирфони хештан, инсонгароӣ, маърифати аслии ҷомеа ва таърих нуҳуфта аст, ончуноне, ки ба таъбири Саъдӣ барои инсони ҳушёр аз ҳар саҳифаи барги дарахтони сабз дафтаре аз маърифати Кирдугор ҳосил мешавад.

Ростӣ, барои ин устоди донишманд ва осори гаронмояи эшон, ки дар сувари китобу расоили ҷудогона ва мақолоти арзишманд ба ҳам омадаанд, месазад дар чандин муҷаллад ҳадиси ишқ   гуфт. Чун бузургиву  шаҳомати  маънавиашон бемислу нотакрор аст ва ба қавли ҳазрати Мавлавӣ ҳамеша худ офтобро далели офтоб медонанд. Хушбахтам,  ки дар радифи садҳои дигар саодати шогирдии ин устоди   гиромиқадрро мушарраф гардида, аз сўҳбату раҳнамоияшон зиёда файзу нузҳати рўҳонӣ бардоштаам. Аммо, пеши ин шаҳомат маънавӣ ва нақши раҳнамоии устод Муҳаммадҷони Шакурӣ инсон барои сухане гуфта фурў дар аҷз мемонад. Танҳо Мавлавии бузург аст, ки ин манзалати Устодро сипосу офарин   мехонад:

Офарин   бар   ишқи   кулли  Устод,
Сад, ҳазорон  зарраҳо дод  иттиҳод. 

Китоби   нави   устод,   ки   чун   осори   дига рашон  мамлў аз  маъниҳои  бикр аст,  ба  ифтихори  75-солагии   они   муборакашон чу аввалин  армуғони  нашриёти  навтаъсиси «Нури  маърифат» ба  хонандагони азиз  эҳдо мешавад. Орзумандем, ки файзу баракати   нуронии   устод   Шакурӣ   фоли   неке   бошад   в- ин нашриёт пайваста бо нуру рўшноиҳо ҳамболу   ҳампарвоз   гардад.

Камина дар вурудгоҳи ин дунёи маънавӣ —китоби устод Шакурӣ дасти дуо барои эшон мекушоям ва аз забони Мавлонои Румӣ мегўям:

Эй сарви  равон  боди хазонат  марасад.
Эй чашми ҷаҳон чашми бадонат марасад;
Эй  он  ки  ту ҷони  осмониву  замин,
Ҷуз раҳмату ҷуз   роҳати  ҷонат   марасад;

ПЕШГУФТОР

Аз охири солҳои ҳаштодуми қарни бист, ки охири умри импиротурии шўравӣ фаро расид, банда мехостам осори устод Айниро боз як бор аз назар гузаронам ва бо биниши наве ба риштаи тасдиқ бикашам. Лекин машғала зйёд доштам ва ин матлаб ҳеҷ муяссар намешуд.

Дар аввали даврони истиқлоли Тоҷикистон дар як рўзномаи Эрон мақолаи калоне чоп шуд, ки дар ҳаққи устод Айнӣ бисёр даъвоҳои бўҳтономез дошт: гўё Айнӣ ғуломи ҳалқабаргўши дастгоҳи идеологии болшавикон будааст, бо кўшиши ў алифбои тоҷикӣ ба лотинӣ гардонида шуда будааст ва ҳоказо.Банда пеши сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ рафтам ва аз чопи чунин мақола эътироз намудам. Оқои Шабистарӣ марди фозил, огоҳ аз масъалаҳои Тоҷикистон ва хайрхоҳи кишвари мост. Эътирозро қабул кард ва хоҳиш намуд, ки агар имкон бошад, мақолае дар бораи устод Айнӣ бинависам, то дар Эрон чоп шавад ва ҷавобе ба он мақолаи бўҳтонӣ бошад. Банда ин хоҳишро ба як он пазируфтам ва ҳар кореро ки доштам, аз ҷумла омода кардани чопи тазкираи қиблагоҳам Садри Зиёро як сў гузоштам ва мақолае дар бораи Айнӣ наваштам. Он мақола «Садриддини Айнӣ — равшангари бузурги тоҷик» ном гирифт ва ҳоло дар дасти шумо хонандаи  азиз   аст.

 1

Мутаассифона, ин мақола он солҳо ба сабабҳое дар Эрон чоп нашуд. Дар Тоҷикистон ҳам чопи он муяссар нагардид. Пас аз чанде рўзномаи «Омўзгор» лутфан онро дар чанд шумора чоп кард, вале пайдо кардани ҳамаи он шумораҳои рўзнома ва пурра хондани мақола ба пиндори банда ба кам касе муяссар   гардида   аст.

Ноширони Хуҷандро сипосгузорам, ки ин навиштаи бандаро ба чоп гирифтанд. Чун фаҳмиши муаллиф дар ин мақола нав аст, аз пажўҳишгарони мўҳтарам ва мутахассисони эҷодиёти устод Айнӣ, аз ҳама хонандагони азиз хоҳиш мекунем, ки фикру мулоҳизаҳои худро ба кадом тарз ки бошад, иброз бидоранд, то ба ҳалли баъзе масъалаҳои айнишиносӣ   наздик   бишавем.

МУҲАММАДҶОНИ ШАКУРИИ

БУХОРОӢ, 31   августи   2001

Соли 1973 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад ва зуд шўҳрат ёфт. Ҳар зиёии тоҷик мекўшид, ки нусхае аз он ба даст орад ва ҳар кас, ки ба даст овард , онро ба як нишаст мефуровард. Пас аз чанде Б. Ғафуров (1909—1977), ки дар Маскав зиндагӣ мекард ва раиси Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони илмҳои шўравӣ буд, худ ба шаҳри Душанбе омад ва бештар аз пештар мавриди таваҷҷўҳи   мардум   қарор   гирифт.

Рўзе дар хонаи нависанда Ҷалоли Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омада буданд. Аз ҷумла ховаршиноси машҳур Иосиф Брагинский ҳозир буд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид намуд, ки  чун Ғафуров ба унвони сарвари собиқи Тоҷикистон (1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хизматҳои бузург кардааст, хусусан пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ўро падари миллат гўем ва ба саломатии падари миллат қадаҳе баланд кунем. Ғафуров сухани ўро бурид ва гуфт: Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат  ҳастам   ,ки  мехоҳам   хизмат  кунам.  Падари миллат  устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза   кардааст   ва   ба   ғалаба   расидааст.

Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад.Аввал рўҳи равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош   гуфтанд.

Ба пиндори банда, дар ин ки он шаб устод Айниро падари миллат номиданд, заррае муболиға роҳ наёфтааст. Алҳақ, Садриддин Айнӣ яке аз фарзанди бузурги миллат аст, ки дар як давраи бўҳронии сарнавиштсўз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон дода ва барои ин, ки халқ аз зери харобазори таърих дубора сар бардорад ва қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст. Устод Айнӣ ин хидматро на чун як сарвари сиёсӣ ё саркардаи низомӣ, балки ба сифати адиб ва донишманде, ба сифати як пешвои маънавӣ адо намуд. Дар даҳаи савуми қарни 20 мелодии мо, ки тоҷикони Мовароуннаҳр дар айни шиддати муборизаҳои таърихӣ бе раҳбари забардасти сиёсӣ ва тўдакаши ҷаррор монданд, қалами Айнӣ кори шамшер кард, фаъолияти иҷтимоъӣ ва илмиву равшангарии ў вазифаи муҳимми сиёсро адо намуда, барои       худшиносии   миллии   мардум,   барои пайдо шудани сардорони лоиқи сиёсӣ, барои муайян шудани сарнавишти таърихии миллат   нақши   муҳим  ифо  кард.

2

Айнӣ бо ташвиқи Шарифҷон — махдуми Садри Зиё (1867—1932) барои таҳсили илм соли 1891 ба Бухоро омад ва чанде дар ҳавлии Садри Зиё зиндагӣ кард. Садри Зиё шоир, насрнавис, муаррихи тоҷик, марди хушсўҳбат ва меҳмонавозе буда, ҳавлии ў ба гуфти Айнӣ «ҳар ҳафта се шаби таътил—сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагўён ва ширинкоронро мегирифт». Онҳо шеър мехонданд, шеъри нави якдигарро танқидан аз назар мегузарониданд, дар бораи навиштаҳои тозаи нависандагони замон изҳори ақида мекарданд, Ҳавлии Садри Зиё «мактаби адабиёти ҳамон давра» ва   китобхонаи   машҳури   ў   барои     «талабаи  маъниҷўй  як  хазинаи     маълумоти  беинтиҳо буд»   (7–4.5). Маҳфили адабии Садри Зиё аз масъалаҳои иҷтамоъии замон дур набуд, балки доғтарини он масъалаҳоро ба баррасӣ мегирифт.   Чунонки  Айнӣ  мегўяд,  аҳли  сўҳбат «аз бадкирдориҳои раҳбарони ҳукумат ва калонони   ҳамон       замон   шикоят»   мекарданд, (7—26),   «ҳамеша  як  навъ ҳаракатҳои  оппозитсионӣ  нишон медоданд»   (1 — 33). Ин  «шикоятҳои   иҷтимоъӣ»   ва   «ҳаракатҳои   оппозитсионӣ»   барои   ин,   ки   Айнии   ҷавон   моҳияти воқеаҳои  атрофро  амиқан  ва  бо диди  башардўстӣ   бубинаду   бифаҳмад,   барои   ташаккули назариёти иҷтимоъиву сиёсии ў бағоят аҳамият дошт.

  1. Шумораҳое, ки  баъди  иқтибос — нақли қавс дар байни ду қавс омадааст, ишора ба куллиёти Айнист, ки шумораи  якум рақами ҷилдро  ва  шумораи дувум  саҳифаи  онро нишон медиҳад.

Гуфтугузори аҳли сўҳбатҳои маҳфили Шарифҷон—махдуми Садри Зиё танҳо бо ҷанбаи иҷтимоъии рўйдодҳои рўз маҳдуд намегардид, балки заминаи густурдаи маънавӣ дошт. Аксари озодфикрони ин маҳфил аҳли фарҳанги маънавӣ буданд ва оддитарин масъалаҳои ҳастии маънавии инсонро ба доираи андеша, кашидаанд. Бесабаб нест, ки Айнӣ Садри Зиёро «аввалин тарбиятгари маънавии худ» донистааст (7—50) ва гуфтааст, ки «Шарафиҷон-махдум бешубҳа аз ҷумлаи маорифпарварон ва тараққихоҳони замони худ буд» (7—44).

Таҳкурсии маънавии ҷустуҷўҳои фикрии аҳли маҳфили адабии Садри Зиёро омўзаҳои Аҳмади Дониш устувор карда буд. Аҳмади Дониш, ки сардафтар ва пешвои равшангарони тоҷик буд, дар маҳфили Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ҳамеша ғоибона ҳузур дошт. Ба қавли Айнӣ «Шарифҷон—махдум ошиқи асарҳои Аҳмад—махдум буд» (7—444) ва чун боре «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Донишро ба дастхатти худи ў ба даст овард ба шоири навқаламе хушнавис Абдулвоҳиди Мунзим (1872—1934) фармуд, ки онро китобат кунад. Чун Мунзим ин корро пинҳонӣ анҷом дод (зеро хондани навиштаҳои Аҳмади Дониш гуноҳ ба шумор меомад), Айнӣ ва шоири ҷавон Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878—1902) аз Садри Зиё супориш гирифтанд, ки нусхаи Мунзимро бо дастнависи Аҳмади Дониш муқобила ва тасҳеҳ кунанд. Онҳо низ ин супоришро нинҳонӣ иҷро карданд2. Ин воқеа баъди як-ду соли вафоти Аҳмади Дониш, яъне соли 1316-и ҳиҷрӣ, ки баробари   1898—1899   аст,  рўй  дода  буд.

Айнӣ соли 1940 таъкид кардааст, ки пас аз хондани «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Дониш «ба ман ва баъзе шариконам инқилоби фикрӣ рўй дод», «назари мо ба амиру вазир,  ба  муллоҳо ва  ба  зиндагонии     онрўза қариб тамоман дигар шуд» (1—51)- То он вақт Айнӣ чун аҳволи замонро мушоҳида мекард,  худро  бо ин  байти  Бедил  тасаллӣ  медод:

Зиндагӣ  бар   гардан   афтодаст,
Бедил, чора чист?
Шод  бояд   зистан,  ношод  бояд  зистан!

Ҳангоме ки «Наводирулвақоеъ»-ро хонд, чунон ки дар китоби «Ёддоштҳо» мегўяд, дар бораи «аҳволи фалокатиштимо»-и  охири қарни нуздаҳ ба ин андеша омад: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модоме ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат  кардан  зарур  аст»   (7—445)

Чунонки мебинем, Айнӣ ва ҳамкорони ў дастпарварди мактаби равшангарии Аҳмади Дониш мебошанд, нуфузи омўзаҳои ў нахуст ба воситаи маҳфили адабии Шарифҷон—махдуми Садри Зиё ва баъд бевосита аз осори Аҳмади Дониш гузашта, онҳоро ба роҳи маорифпарварӣ ва ислоҳотталабӣ равон кардааст.

Айнӣ чун аз таъсири осори Аҳмади Дониш сухан рондааст, бештар ҷанбаи иҷтимоъии таълимоти маорифпарварии ўро таъкид намудааст. Ва дар охири умр дар «Ёддоштҳо»  мегўяд:   «Доираи назар ва мутолиаи ман он вақтҳо бисёр  танг буд.  Бисёр ҷоҳои  «Наводирулвақоеъ»-ро,   ки   ба   нуҷум,       ба фалсафа   ва   тасаввуф   оид   буданд,   намефаҳмидам»  (7—445). Аз ин рў вай аввал ба ҷанбаҳои   иҷтимоъии   назариёти   Аҳмади   Дониш бештар    диққат    мекард.   Аммо   баъдтар   ба дигар риштаҳо низ таваҷҷўҳ кардааст. Дар он бора, ки  Айнӣ дар бораи Аҳмади Дониш соли   1921  дар  китоби   «Таърихи  инқилоби  Бухоро»   навишта   буд,   дар  баъзе   қисмҳои  илоҳиёт   ва   фалсафаи   исломӣ   машғулӣ  кардани Аҳмади   Дониш   низ   таъкид   шудааст:      «Ба илмҳои  динӣ,  «Қуръон»,  ҳадис,   ба  шеъру  адабиёт,   ба   таърих   ва   тарҷумаи   аҳвол   ва     ба дигар   ҷузъиёти   илмҳо   маҳорат   пайдо   карда буд»3.

Пас аз чор соли дигар—соли 1926 Айнӣ   навиштааст:    «Аҳмади   калла    (яъне   Аҳмади Дониш,   ка  ба   сабаби  каллакалонӣ  ва бузургмағзӣ чунин лақаб гирифта буд— М-Ш.). чунонки осораш далолат мекунад. Дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ роҳбар ба шумор меравад»4.  Нахуст бояд   бигўем,   ки  ин  ҷо   «инқилоби  илмӣ» аз ҳама  пеш   номбар шудааст  ва   ин   шояд  нишонаи он бошад, ки Айнӣ барои ҷанбаи илмии бозҷустҳои  Дониш  бештар аҳамият қоил  аст. Сониян,   ин  ҷо  ҷанбаҳои гуногуни     ҷунбиши равшангарии   маорифпарварӣ   номбар   шудааст, ки дар ҳақиқат як  ҷараёни паҳноваре

буд ва ҳама соҳаҳои зиндагиро дарбар гирифта, дар ҷомеъа дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овардан мехостанд. Ба таъкид бояд гуфт, ки нияташ ислоҳоти маорифпарварӣ дар ҳамаи абъод бунёди маънавӣ дошт. Он «инқилоби фикрӣ», ки ба Айнӣ рух овард, низ танҳо дигаргуние дар ақидаҳои иҷтимоъиву сиёсӣ набуда, дар андак муддат асоси маънавии шахсияти ўро фаро гирифт. Аз фаъолияти баъдии Айнӣ маълум мешавад, ки аз аввал дарунмояи маънавии ақидаҳои Аҳмади Дониш дар афкори Айнӣ нақши носутурданӣ гузошта буд.

Чун Осиёи Мнёна дар охирин сеяки садаи нуздаҳ ба тасарруфи Русия даромад, дар кишвар баъзе дигаргуниҳои иҷтимоъӣ оғоз гардид. Ҷангҳои хонагӣ хотима ёфт. Роҳи рафтуомад ба Русия ва Аврупо васеътар шуд. Аҳмади Дониш се бор ба Петербург сафар кард, савдогарон ва баъзе зиёиён то ба Лондон мерафтанд. Кишвар ба ҷараёни фарояндҳои иқтисодии Русия ҳарчи бештар кашида мешуд, сармояи бозаргонӣ то рафт фаъолият афзуда, муносибатҳои нави сармоядорӣ рушд меёфт,  нуфузи  фарҳанги  пешқадами  русӣ ва аврупоӣ фикрҳрро ранги нав медод. Дар натиҷа қабоҳатҳои ақибмондагии Осиёи Миёна ва ҳукмронии мустабидонаи манғитиён дар Бухоро ба назарҳо бештар намудор омад ва ба вежа Аҳмади Дониш онро зери тозиёнаи танқид гирифт. Танқиди сахтро Садри Зиё, Абдуррауфи Фитрат (1884—1944), Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875—1919), Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927), Тошхоҷаи Асирӣ (1864-1915) ва дигар маорифпарварон давом доданд. Онҳо барои барпо намудани ҷомеаи тозае омодагӣ оғоз намуданд.

Дар ҷомеа умеди таърихӣ пайдо шуда буд.Баъзеҳо ба пешвози эҳёи миллӣ камар баста буданд.

Маорифпарварии тоҷикӣ пеш аз ҳама як омўзаи фалсафист, ки асосҳои маънавиву ахлоқии ҷомеа ва фардои онро меҷўяд, таҳкурсии илмиву назарии ҷомеаи ояндаро поягузорӣ мекунад. Биниши таърихии Аҳмади Дониш фарҳанги маънавии миллат ва таърихи ўро фаро гирифт. Умдатарин масъалаҳои бунёдии ислом, таърихи фалсафа, тасаввуф, фиқҳ, калом, ахлоқ ва ғайра, ақидаҳои имом Ғазолӣ, Алии Ҳамадонӣ, Насируддини Тўсӣ, Хоҷа Аҳрор, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон мавриди баррасии Аҳмади Дониш қарор ёфтанд. Ў бисёре аз риштаҳои асосии рушди маънавии миллатро ҷомеан аз назар гузаронида, ҷамъбаст кардан мехост. Андешапардозиҳои Аҳмади Дониш хусусияти ҷамъбандӣ дорад. Абдуррауфи Фитрат низ дар оғози садаи бист як андоза ба ҷамъбасту натиҷагирӣ ва ба таҷдиди назар дар мавриди фарҳанги маънавӣ пардохт («Роҳбари наҷот» ва «Оила»). Ҷамъбасти таърӣ нишонаи он буд, ки баъзе аз маорифпарварон ҷиддан аз паи устувор кардани пояҳои   маънавии  ҷомеаи   наванд

Leave a Reply