Панди Ҷомӣ ба писараш Юсуф.

Эй шаби уммеди маро моҳи нав!
Дидаи бахтам ба ҷамолат гарав.
Аз паси сӣ рўз барояд ҳилол,
Рўй намудӣ ту пас аз шаст сол.
Соли ту чор аст ба вақти шумор,
Чори ту чил боду чилат бод чор…

Мекунам аз хомаи ҳикматнигор
Баҳри ту ин номаи ҳикмат нигор.
Гарчи туро нест кунун фаҳми панд,
Чун ба ҳади фаҳм расӣ, кор банд…

В-ар ба дабистон сару корат диҳанд,
Лавҳи «алиф, бе» ба канорат ниҳанд…
Лавҳи худ он дам, ки ниҳӣ бар канор,
Чун «алиф» ангушт аз он бар-мадор…

Хандазанон гоҳ ба он, гаҳ ба ин
Рустаи дандон манамо ҳамчу «син»..
Гўш макун беҳуда ҳар қилу қол,
То накашӣ дарди сари гўшмол.
Дор адаби дарси муаллим нигоҳ,
То нашавӣ таблаки таълимгоҳ…

Дасти талаб деҳ ба қалам, гоҳ-гоҳ,
Шав ба сўи хиттаи хат рў ба роҳ.
Боз-нишон аз раҳи касбу камол,
Аз нами он ноижа1 карри малол…
Шеър агарчи ҳунаре дигар аст,
Шаммае аз айб ба шеър андар аст.

Шеър, ки айбаш ба миён сар занад,
Ҳиммати покон-ш қалам дарзанад.
В-ар фитадат гаҳ-гаҳе андешааш,
Кўш, ки чун ман накунӣ пешааш.
Ҳар нафас омад гуҳаре арҷманд,
Қимати он бештар аз чуну чанд.

Он гуҳар аз даст мадеҳ ройгон,
Хоса, ки дар мадҳи фурўмоягон!
Меҳнати ин кор ба худ раҳ мадеҳ,
Ранҷ кашӣ дар талаби илм беҳ!
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм…

Бо ту пас аз илм чӣ гўям сухун?
Илм чу ояд, ба ту гўяд чӣ кун.
Илм касир2 омаду умрат қасир,3
Он чӣ зарурист, бад-он шуғл гир.
Ҳар чӣ зарурист чу ҳосил кунӣ,
Беҳ, ки иморатгарии дил кунӣ!

———————–
1. Ноижа — қубур.
2. Касир — бисёр.
3. Қасир — кўтоҳ.

Likes:
0 0
Views:
61
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply