Умумӣ

Пайравӣ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ

Рубоӣ (шеъри иборат аз чаҳор мисраъ) навъи адабии бисёр гуворо ва гўшшинам буда, дар пояи таронаҳои дилангези мардумӣ ҳанўз дар замоноои куҳан падид омада, дар асри X – XI феьлан он ифодагари рўхи инсон, бузургии он, шукўҳу шаҳомат, талхию ширинии ҳаёт бо тамоми мураккабиҳояш гардида буд. Рубоӣ хосияти оҳанрабо дорад. Мекашад сўи худ.
Дар рубоиёти Хайём таъсири каломи ноби пири ботадбири олам Абўабдуллоҳи Рўдакии Панҷрўдиро мушоҳида метавон кард. Сарфи назар аз он ки устод Рўдакӣ нидо карда: “Бўи ҷигари сўхта олам бигирифт”, аз ноумедиҳо басе умед дошт, бо шунидани номи шахси дилхоҳ дилаш аз фараҳ зинда мешуд. Ӯ чун медид, ки дар ин дайри дудар “Як пурсиши гарм ҷуз табаш кам накунад”, бо ранҷу алам ба инсон муроҷиат мекунад:

Ҳон ташнаҷигар, маҷўй з- ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзӣ ба ду дар.
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузар.

Ба таҳлили рубоии фавқ намепардозем. Воқеъан гумон мекунем, ки ҳамин сатрҳо ба дили Хайём асар карда, санги гарони дар рўи чашмаи дилаш барҷо бударо ғел дода ва ин нидоро оварда:

Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз хуни дилу додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он, ки як нафас беш набуд,
В- осуда касе, ки худ назод аз модар.

Чаро чунин навмедиву шикоят падид омадааст, вақте ки Рўдакиву Хайём боз чунин панд додаанд:

Бо дода қаноат куну бо дод бйзӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

Рўдакӣ

Рўзе, ки гузаштааст, аз ў ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Хуш бош кунуну умр барбод макун.

Хайём

Ҷавоби шикоятро аз худи онон пурсон шуд. Зеро шеъри парвадигори сухан ҷавобгўи ҳолу рўҳи замони эшон аст:

Чархи качбоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади доира дарбохт каҷа…

Рўдакӣ

Ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам..

Хайём

Дар ашъори Рўдакӣ умед ба оянда чира аст. Ин ғоя ба осори Хайём низ таъсир дорад:

Ҳон, Рўдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ,
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!

Рўдакӣ

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад,
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр аст, бад- он сон гузаронӣ, гузарад.

Хайём

Ҳамоҳангии зиёдро дар “Шоҳнома”- и безаволи ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ ва Умари Хайём мебинем. Ин чанд мисоли зер аз қавӣ будани андешаи пешоварди мо гувоҳӣ медиҳад:

Замин гар кушода кунад рози хеш,
Намояд саранҷому оғози хеш.
Канораш пур аз тоҷдорон бувад,
Бараш пур зи хуни ҷавонон бувад.

Фирдавсӣ

Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
В – эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.

Хайём

Чун бо нияти нек, бо дасту дили пок ба Каъбаи дили бузургони гузашта амсоли Рўдакиву Фирдавсӣ ва Хайём рў биоварем, ба лак-лак розҳои нагуфтаву дуррҳои носуфтаи онҳо пай мебарем. Бузургон фармудаанд:

Ба чашми ниҳон дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми аёнат набинад ниҳон.

Рўдакӣ

Хирад ҷўяд оганда рози ҷаҳон,
Ки чашми сари мо набинад ниҳон.

Фирдавсӣ

Асрори бузург хому нопухта бимонд
В – ин гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Ҳар кас ба далели ақл чизе мегуфт,
Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.

Хайём