Умумӣ

Офтобпараст: фоида ва зарар.

Аксарияти мардуми рӯи Замин истеъмоли донаи офтобпарастро дӯст медоранд. Гарчанде ин хӯрдании лазиз ба бемории газаки меъда,қарҳаи меъда (язва желудка) ва ҳатто ба шиддатёбии кӯррӯда оварда мерасонад, бо вуҷуди ин одамонро маҷбур карда намешавад, ки аз ин хӯрдании лазиз даст кашанд.
Аз сабаби он, ки шумо аз истеъмоли он пурра даст кашида наметавонед, бинобар бояд дар бораи зарари он огоҳ бошед ва донед, ки то кадом андоза истеъмол намудан мумкин аст.
Фоида:
1. Ин маҳсулот аз равғани растанӣ ва витаминҳои равғанҳалкунанда – А, Д ва Е ғанӣ аст.
Ҷавҳари равғанӣ, ки дар таркиби равғани растанӣ мавҷуд аст, пастравии сатҳи холестерин-протсесси пиршавиро суст мегардонад.
2. Тухми офтобпараст қобилияти бастани иштиҳоро дошта, бо ин роҳ намегузорад, ки одам зуд-зуд ғизои равғаниро истеъмол намояд.
3. Дар мағзи сафеди донаи офтобпараст беш аз 25 % сафедаиғизои хушсифат, қариб 35 % равған ва бисёр карбогидрат дорад. Ғайр аз ин тухми офтобпараст аз витаминҳое, ки пӯсти бадан ва пардаи луоби организми одамиро пурқувват мегардонанд, мувозинати ҷавҳариро – ишқориро мӯътадил мегардонад.
4.Донаҳои хӯрдакаки офтобпараст- анбори микроэлементҳоянд; руҳ, фтор, йод, калсий, оҳан. Ин боигариҳоро донаҳои офтобпараст дар тамоми тӯли зимистон нигоҳ медоранд.
5.Донаи офтобпараст воситаи пешгирии атеросклероз (инъисоби рагҳо, бемории пурдавоме, ки асосан дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи липоидҳо ба амал меояд ва аз гирд омадани моддаҳои чарбӣ дар пардаи андаруни артерияҳо ва минбаъд рӯй додани гиреҳҳои бофтаи пайванди иборат мебошад; ин гиреҳчаҳо боиси сахту дағал ва танг шудани артерияҳо ва инчунин пайдоиши тромбҳо мегарданд), сактаи дил ва дигар бемориҳои системаи дилу-раг ба шумор меравад. Дар донаи офтобпараст 20% сафеда аст, ки ба таркиби он аминокислотаҳои ивазнашаванда дохил мешаванд.
6.Донаи офтобпараст бо пучоқаш, нисбат бо он муфидтар аст. Дар донаҳои тоза кардашуда равғанҳояш турш мегардад.
7.Витаминҳои таркиби донаи он мустаҳкамии ҳам мӯй ва ҳам нохунҳоро фароҳам месозад. Ғайр аз ин донаҳои офтобпарастро ҳар чӣ бештар дар косметология истифода мебаранд.
8.Равоншиносон тасдиқ мекунанд, ки донаҳои офтобпараст, аниқтараш раванди қарс-қарси он барои ором кардани системаи асаб хеле фоидаовар аст.
9.Дар 100 грамм донаи офтобпараст беш аз 300 миллиграмм магний-шаш баробар зиёдтар нисбат аз нони ҷавӣ дорад.
Зарар
1.Шахсоне,ки хароб шудан мехоҳанд, набояд донаи офтобпараст истеъмол намоянд. Дар 100 грамм донаи офтобпараст 520 ккал мавҷуд аст.Инчунин маъно дорад:
1/2 истакони донаи офтобпараст = 2 порс биринҷиҷӯшонидашуда
1 истакон = 1/2 нони батон
2. Ҳангоим бирён кардан як қисми моддаҳои муфид, ки дар таркиби донаи офтобпараст вуҷуд дорад, вайрон мешавад.
3. Решаҳои дарози офтобпараст аз хок ҳамаи он чизеро, киҳам мумкин ва ҳам номумкин, ба худ мегиранд. Бисёр вақт дар байни иловаҳои нодаркор кадмий, ки таъсири манфии он ба организми одам барвақт исбот шудааст, мушоҳида мешавад. Азбаски назорат аз болои истеҳсол ва фурӯши донаи офтобпараст нест, пас кафолате вуҷуд надорад, ки шумо онро харида дар як шаб ба организми худ чӣқадар кадмий ворид мекунед.
4. Баъди қарс-қарс хӯрдани донаи офтобпараст сири дандон вайрон мегардад, дар дандонҳо доғҳои сиёҳ— сангҳои дандон пайдо мешаванд.
5. Донаи офтобпараст ба садопарда таъсири манфӣмерасонад. Сарояндагон онро бояд истеъмол накунанд.
6. Тадқиқотчиён ба чунин хулоса омаданд, ки донаҳои офтобпараст ба организм зарари ҷиддӣ мерасонад, агар онро доимо истеъмол намоед. Мумайизон огоҳ мекунанд, ки шахсе, ки доимо нонро истеъмол менамояд, дар ӯ хатари бемории гурда ва системаи асаб зиёд мегардад.

Leave a Reply