Умумӣ

Осори бадеии Ҷомӣ.

Ба ин қисмати осори Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг», «Баҳористон», «Чиҳил ҳадис» ва «Муншаот» дохил мешавад.
Ҷомӣ тӯли 50 соли фаъолияти эҷодии хеш тавонистааст аз худ мероси серсоҳаву гуногунмавзӯъ боқӣ гузорад. Асарҳои бадеии Ҷомӣ:
1. Се девони ашъор, ки аз рӯи марҳалаҳои умри шоир унвонгузорӣ шудаанд:

«Фотиҳат-уш-шубоб» (соли 1478),
«Воситат-ул-иқд» (соли 1489),
«Хотимат-ул-ҳаёт» (соли 1491).

   Ҳар се девон дар маҷмӯъ дорои 16 ҳазору 629 байт буда, қисмати асосии онҳоро ғазал ташкил медиҳад. Аз ҷумла, девони аввал дорои 1016 ғазал, девони дуюм аз 493 ғазал ва девони сеюм иборат аз 296 ғазал мебошад. Дар маҷмӯъ ҳар се девон 1805 ғазалро дарбар мегирад, ки аз 13 ҳазору 17 байт иборат аст, ки ин 78 фоизи таркиби девонҳои шоир аст. Дар ин бора худи Ҷомӣ чунин ишора низ дорад:

Ҳаст девони шеъри ман аксар
Ғазали ошиқони шайдоӣ.
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаъис1 аз шууру доноӣ.
Зикри дунон наёбӣ андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсоӣ.
Мадҳи шоҳон дар ӯ ба истидъост2,
На зи хушхотирию хушроӣ.
Имтиҳонро агар зи сар то пош
Барравӣ сад раҳу фуруд оӣ.
З-он мадоеҳ ба хотират нарасад
Маънии ҳирсу озпаймоӣ.
Ҳеч ҷо набвад он мадоҳро,
Дар ақиб қитъаи тақозоӣ.

_________________________________
1. Мунбаъис – моилу мутаваҷҷеҳ (иборат аз…)
2. Истидъо – хоҳиш, илтимос.

Leave a Reply