Оилаи кукноргулҳо

Ба оилаи кукноргулҳо,тақрибан 600 хели растаниҳо таалуқ доранд. Онҳо гиёҳҳои яксола, бисёрсолаи алафӣ,баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он қадар калон мебошанд. Пояашон  сершоха буда, аз берун бо мeякчаҳои дурушт пeшида гардидаанд. Xойгиршавии баргашон дар поя навбатӣ буда, паҳнаки парг пармонанди ба ҳиссаҳо xудо шуда мебошад.

Гули кукноргулҳо калонандозаи рангин буда, тоқа-тоқа ё дар хушагул xойгиранд. Гулпeши гул дучанд аст. Дуто косабарг доранд, ки барвақт меафтанд. Тоxбаргҳо аз чор гулбарги рангаш сурх, зард ё ширчоймонанд иборатанд. Миқдори гардбаргҳо хеле зиёд буда, тухмдон аз 1-2 ё ин ки аз мевабаргҳои бисёр таркиб ёфтааст.

Ғура яклонагӣ ё қалбак бисёрлонагӣ мебошад. Меваашон ғузамонанди сертухм аст. Дар таркиби тухмашон миқдори равған ва сафеда хеле зиёд аст.

Аксарияти намояндагони оилаи кукноргулҳо растаниҳои заҳрнок ба ҳисоб мераванд. Лекин як қисми муайяани онҳо ба сифати растаниҳои давоӣ, хeрокӣ(истеъмолӣ) ва ороишӣ мавриди истифодаанд. Баъзе хелҳои он чун алафи бегона дар киштзорҳои кишоварзӣ васеъ паҳн гардидаанд.

Лолаарусак дар минтақаҳои марғузор, бешазори паҳнбарг, нимбиёбон ва дар боғҳо нашъунамо карда, қариб 110 хели растаниҳоро дар бар мегирад. Аксари онҳо худрeянд. Хусусан, лолаарeсак дар байни кишти зироатҳои хeшадору лeбиё чун алафи бегона бо авx гул карда майдони киштзорро чун қолини сурх гулпeш мегардонад. Пояи онҳо шохронда буда, бо мeякчаҳо пeшида мебошад. Гули онҳо калони лоламонанд аст (беҳуда нест, ки дар баъзе ноҳияҳои xумҳуриямон онро чун “гули лола” низ ном мебаранд) ва рангҳои гуногун доранд. Тухмдон аз миқдори зиёди мевабаргҳо иборат аст. Гардгирак бошад бевосита дар болои ғeра нишастааст (яъне тухмдон сутунча надорад). Мевағeзааш сертухми байзашакл аст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки аксари ин растаниҳо давраи рeшду нумeяшон ниҳоят кeтоҳ мебошад. Онҳо дар як муддати кeтоҳ гул карда, тухму мева ҳосил мекунанд. Сипас аз сабзиш боз монда хушк мешаванд. Дар баҳори оянд бшад, аз тухми базамин афтодаи онҳо лолаарeсакҳои зиёде сабзида мебароянд.

Лолаарусак гиёҳи заҳрнок аст. Дар таркиби решаю поя, баргу гул ва ғeзаи он алкалоидҳои гуногун мавxуд аст. Агар дар давраи гулшукуфташ онро чорво истеъмол кунад, заҳролуд мешавад. Инчунин, ба ин оила чунин гиёҳҳои заҳрнок аз қабили кукноргиёҳ, лолақазак ва ғайраҳо дохил мешаванд. Кукноргиёҳ растаниҳои як ду ё бисёрсоларо дар бар гирифта поя ва баргашон кабуду-сабз мебошад. Гулҳои кeкноргиёҳ зарди баланд ё зарду сурх буда, дар нeги навдаҳо пайдо мешаванд. Миқдори гардбаргҳо бисёр буда, тухмдон аз ду мевабарг таркиб ёфтааст. Мевааш ғилофаки xадвалмонанди рост ё камоншакл аст. ҳангоми кушодашавӣ аз боло ба поён, ё аз поён ба боло ба ду пала тақсим мешавад.

Кукноргиёҳ дар пастхамиҳои кeҳсор, соҳили дарё,  xариҳои зардхок, заминҳои бекорхобида, дар арчазори пароканда ва дар баёни зироатҳо мерeяд. Кукноргиёҳ  низ растании заҳрнок буда, дар узвҳои нашвӣ ва мевааш алкалоидҳои гуногун дорад.

Дар байни растаниҳои оилаи кукноргулҳо фақат хели кeкнори хобовар ё хошхош ҳамчун растании мазрeъ парвариш карда мешавад (дар майдони махсус xудо карда шуда ва зери назорати кормандони ҳукуматӣ қарордошта барои ба даст овардани доруҳои табобатӣ).

Одамоне, ки ба парвариши ғайриқонунии (барои ба даст овардани маводи нашъамандӣ) машғуланд, ба xавобгарии xиноятӣ кашида мешаванд.Кукнор растании камшохронда буда, баландии пояааш то 150см мерасад. Гулаш калон-калон аст. Ранги гулбаргҳояш бунафш, гулобӣ, сурх ва сафед мешавад. Мевағeзааш калони сeфта буда, бо мeякчаҳо пeшида нашудааст. Тухмаш майда ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёҳтоб, xигарӣ, зардча ва кабудтоб ) аст. Дар таркиби тухми кукнор 55% равған мавxуд аст, ки онро дар саноати қаннодӣ, нонпазӣ, консервбарорӣ, истеҳсоли рангу лак ва ғайраҳо истифода мебаранд.

Дар узвҳои рeизаминии кукнор ширраи сафеди ширмонанд (ки хосияти нашъаоварӣ дорад) дида мешавад, ки он аз алкалоидҳо (қариб 20 хел) иборат аст. Аз ширра ва алкалоидҳои кeкнор доруҳои гуногуни табобати истеҳсол мекунанд ва дар таҳти назорати қатъии духтурон барои табобабти касалиҳо истифода мебаранд

Likes:
0 0
Views:
19
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply