Умумӣ

Образҳои достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

 Образҳои достон низ хеле ҷолибанд. Ду образи марказии асар-нақшхои Юсуф (а) ва Зулайхо аст. Образҳои фаъоли дигар Яъқуб(а), хоҳари бузурги Яъқуб(а), ки ў низ сидқан Юсуфро (а) ҳамчун модар дўст медорад ва ҳастиашро бе ҳастии бародарзодааш тасаввур карда наметавонад. Ҳатто чун ба таври ошкоро ба мақсад расидани хешро пайдо намекунад, пас бо роҳи макр ба мақсад мерасад, зеро тавассути камарбанд Юсуфро(а) аз Яъқуб (а) ба муддати даҳ сол мерабояд. Бародарони Юсуф(а), ки образи мусбат нестанд ва мехоҳанд бародарашон, ки таваҷҷўҳи падар ба ў бештар аст, миёни онҳо набошад.
Аз тарафи дигар, Молики корвон, падари Зулайхо – шоҳ Таймус, доя, канизакон беш аз онҳо, Азизи Миср, шоҳи ин сарзамин, аҳли зиндон, хусусан ҷавонмарди зиндоние, ки барои раҳоии Юсуф (а) аз зиндон мусоидат намуд, хеле ҷолиб аст. Занони мисрӣ, ки бо як пичинг дар як лаҳзаи достон иштирок намуда, ҷанбаи ахлоқии достонро хеле ва хеле қувват бахшидаанд, ниҳоят муҳим ва ҳатто то дараҷае образҳои ҳалкунанда мебошанд.
Дар ҳамин поя нақши зиндониён низ ба инҳо монанд аст, зеро агар инҳо ба Зулайхо таъсир расонида афкори умумро ба миён оварда бошанд, ҳамин гуна нақшро дар сарнавишти Юсуф (а) зиндониён бо сарварии ҷавонмарде бозидаанд, ки хобашро Юсуф (а) нек таъбир карда буд ва аз ў хоҳиши ҷиддӣ низ карда буд, ки албатта, ту бо шоҳи Миср ҳамсўҳбат мешавӣ ва дар он ҷо аз фурсат истифода бурда, аз ман ҳикоят бикун, маро ба ў хабар деҳ. Ин лаҳза оддӣ намояд ҳам, барои равиши хатти минбаъдаи сюжети достон нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз ҳамин эпизод, равиши минбаъдаи сюжетро дигар кард ва Юсуф(а)-ро аз печидагиҳои зиндагӣ, аз таззодҳои рўзгор, аз тўҳмату бўҳтонҳо раҳоӣ дод.
Ба мақсад расидани каҳрамонҳои марказӣ, тантанаи адолат, ғалабаи ҳақиқат, заволнопазирии ростӣ, самараи сабр, натиҷаи бурдборӣ, вале беш аз ҳама ғалабаи ишқи поку муҳаббати сидқии беолоиш, дўстдории ҳақиқиву эҳтирому гиромидории ишқ ва зебоиҳои зоҳирии инсон ва созгории онҳо бо ҷаҳони ботинӣ, бо дунёи маънавӣ, бо олами ниҳонии инсон аст.
Аз тарафи дигар, таълимоти ахлоқии ислом, фалсафаи амалии он, асосҳои тарбиявию таълимии исломӣ ва афзалияти он дар ин достон тараннум карда мешавад.

Leave a Reply