Умумӣ

Низомии Ганҷавӣ – Хамса

  Аз рўи илми назарияи адабиёт, аслан «Хамса» жанри адабӣ нест ва ҳеҷ гуна хусусиятҳои махсуси шаклӣ ва мундариҷавӣ надорад. Воқеан худи калимаи хамса  аз лафзи арабии «хамс»-панҷ ё панҷгона буда, аслан ифодаи рақами панҷ шумораи миқдорӣ аст, вале аз эҷодиёти ҳаким Низомии Ганҷавӣ ба минбаъд «Хамса» тобиши нави маъноӣ гирифта, то ба дараҷае моҳияти навъи адабиро ифода менамояд, ки қонуниятҳои ба худ хос дорад. Воқеа чунин сурат гирифтааст, ки баъд аз сари ҳаким Низомии Ганҷавӣ фозилмарде панҷ достони ўро гирд оварда, бо номи «Хамса» мураттаб намудааст, ки ба маънои «Панҷ ганҷ», панҷ асар далолат мекунад. Ифодаи панҷ ганҷ танҳо дар нисбати «Хамса»-и Низомӣ дар таърихи адабиёт ба кор бурда шудааст ва дар нисбати назирагўёну ҷавобиясароёни анъанаи бунёдгузоштаи шоири ҳаким, калимаи «Хамса»-ро истифода бурдаанду халос. Масалан, дар ин қазовати шоири тавонои тоҷикКамоли Хуҷандӣ ба «Хамса»-и Низомӣ назари нозуки талмеҳӣ ба вуқўъ пайвастааст, чунончӣ:

Камол, ин панҷ байт он «Панҷ ганҷ» аст,

Ки монда ёдгорӣ аз Низомӣ.

  Яъне дар ин байт Камоли Хуҷандӣ таъкид мекунад, ки ғолибан ғазалҳои ман панҷбайтӣ мебошанд ва он мисли ҳамон панҷ ганҷи (яъне «Хамса»-и) Низомӣ машҳуранд. Дигархелтар арз намоем, шўҳрате, ки «Хамса» дораду ба он ҷавобияҳои сершуморе дар давронҳои гуногун рўи ҳастӣ омадаанд, ғазалҳои ман низ ҳамин гуна шўҳрату маҳбубият доранд.

  Аз тарафи дигар, саволе ба миён меояд, ки шоирони зиёде дар таърихи адабиёт то Низомӣ панҷ асар эҷод кардаанд. Устод Рўдакӣ ба қавле Нўҳ достон: «Калила ва Димна», «Даврони офтоб», «Синбоднома», «Юсуф ва Зулайхо», «Ароис-ун-нафоис» ва ғайра доштааст ва ё панҷ асари мунозиравии Асадии Тўсӣ: «Шаб ва рўз», «Арабу аҷам», «Муғу мусулмон», «Найза ва камон», «Замин ва осмон» ва ғайра. Пас худи онҳо ё муосиронашон ва ё нафаре аз бузургони пасин чаро асарҳои онҳоро панҷ ганҷ ва ё панҷгона ном наниҳодааст? Пас чаро панҷ асари гуногунперсонажу мухталифқаҳрамони Низомии Ганҷавиро «Хамса» ном гузоштаанд? Дар мантиқи оддии ифода чи чиз имконият додааст, ки он панҷ асари ҳатто гуногунвазни Низомӣ дар зери як унвон гирдоварӣ шавад? Мураттиби достонҳои Низомӣ дар кадом замина ва аз рўи кадомин асос чунин иқдомро ба миён гузоштааст? Ба андешаи мо, ин панҷ достони шоир, ки яке маснавӣ ва чаҳор дигар достонҳои комилҳуқуқанд ва аз нигоҳи мавзўи марказӣ, мазмун, вазн, миқдори персонажҳову қаҳрамонҳо, ширкаткунандагони лаҳзавӣ ва ғ. фарқ мекунанд, танҳо бо назардошти як мавзўи бунёдӣ, ки аз маснавии якум («Махзан-ул-асрор») то охирин достони «Хамса» («Искандарнома») давом менамояд, мавзўи адлу адолат, одиливу додхоҳӣ мебошад. Маҳз мавзўи ягонаи адлу дод ҳамчун хати сурх аз миёни ҳаводису воқеот мегузарад ва достонҳои Низомиро ба як хат мекашад, муттаҳид месозад.

  Панҷ асари Низомиро силсиладостон ва маҷмўи достонҳо метавон гуфт. Низомӣ дар мавзўи панду андарзӣ тавассути «Махзан-ул-асрор», ки дидактикаи холис аст, таҷдиди назар намуда, дар мавзўъҳои ишқӣ ва ҳиссиёти латифи инсонӣ бо эҷоди ду достони комилан ишқии «Хусрав ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун» назари тозаву навҷўёна намуд. Худхоҳӣ, хештанпарастӣ, сабукназарӣ, кўтоҳбинӣ, зоҳирбинӣ, фориғболӣ, ҳарисӣ, нафспарастӣ дар асарҳои ҷанбаи таърихидоштаи Низомӣ – «Ҳафт пайкар», «Искандарнома» бо диди тозаи бадеӣ ва аз нигоҳи адолати қавии иҷтимоӣ-мафкуравӣ дахолати бунёдӣ карда мешавад, ки ин тарзи гузориши масъала хоси тафаккури бадеӣҷодии Низомии Ганҷавӣ мебошад.

Махзан-ул-асрор

  Маснавии «Махзан-ул-асрор» (хазинаи сирҳо)-ро, ки дар ҳудуди 2260 байт буда, дар баҳри сареъ – сареи мусаддаси мақсур навишта шудааст, ба номи Фахриддин Баҳромшоҳ (1225) бинни Довуд — подшоҳи Арзантон (ё ки Арзинҷон), ки тобеи султони салчуқии Осиёи Хурд Қилич Арслон буд, бахшидааст. Аз рўи нақли Ибни Бибӣ дар асари худ «Салҷуқнома» (саҳ. 21) Баҳромшоҳ ба силаи маснавии мазкур панҷ ҳазор динор ва панҷ сар хачири саворӣ додааст, вале чӣ тавре ки аз шикоятҳои Низомӣ маълум мегардад, ин тўҳфа ба ў нарасидааст, онро ходимони дарбор аз худ кардаанд. Маснавии «Махзан-ул-асрор» дар соли 1174 таълиф шудааст. Ин маънӣ аз байтҳои зерин бармеояд:

Буд ҳақиқат зи шумори дуруст,

Бисту чаҳорум зи рабеи нахуст.

Аз гаҳи ҳиҷрат шуда то ин замон

Панҷсаду ҳафтоду ду афзун бар он.

Маснавии мазкур аз ҷиҳати ғоявӣ як навъ тазмин ба асари шоир ва сўфии машҳури асри XI—XII Саноии Ғазнавӣ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» аст ва   ин   маъниро аз байтҳои поин пай бурдан душвор нест:

Нома ду омад зи ду номусгоҳ,

Ҳар ду мусаҷҷал ба ду Баҳромшоҳ.

Он заре аз кони куҳан рехта,

В-ин дуре аз баҳри нав ангехта.

Он ба дар оварда зи Ғазнӣ алам,

В-ин зада бар сиккаи румӣ рақам.

Маснавии «Махзан-ул-асрор» аз бист мақолат иборат буда, мисли ҳамаи маснавиҳо сюжети ягона надорад ва аз масъалаҳои ҷудогонаи ақидавӣ иборат мебошад. Барои тақавияти ғояҳои пешрондашуда ҳикояте оварда мешавад, ки сюжети мухтасари номураккабе дорад, вале як сюжети кулро ташкил намедиҳад.

Ин асар аз қисми муқаддимавии анъанавӣ, қисми асосӣ ва хотима иборат аст. Дар муқаддима ситоиши Худову мунаҷот, се наъти пайғамбар, сифати меъроҷ, дар бораи сухани манзум ва одоб, шинохтани Ҳаққ ва чор масъалаи дигари сўфиёна, аз қабили расидан ба пири ҳақиқӣ, мақоми лоҳут (нестӣ) ва ғайра баҳс менамояд.

Мақолаҳои он ба масъалаҳои офариниши олам, ситоиши сухан, ҳақиқати ҳастӣ, ишқ, адолат, усули мамлакатдорӣ, муносибати фард ва ҷомеа, раиятпарварӣ, некӣ, саховат, сабр, одамият ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Муаллиф зулму ҷабр, нифоқ, хиёнат, ғафлат, рашку ҳасад, худписандӣ, танбалӣ, бадию зиштиро маҳкум менамояд. Мақолаҳои алоҳида ба меҳнат ва аҳамияти он дар зиндагӣ, тараннуми дўстӣ, тарғиби хизмат ва ғамхорӣ кардан ба одамон, раҳм кардан ба ҷонварон ва таҳқиқи муносибати инсон бо табиат хос гардонда шудаанд. Баъди қисмати назарии ҳар мақола шоир барои тасдиқи фикри худ ҳикоятҳои тамсилӣ меорад. Ҳикоятҳои «Подшоҳи ноумед», «Нўшервони одил ва вазир», «Подшоҳи золим» бар зидди ҷабру зулм нигаронда шудаанд. Ин мазмуни сарзанишомез хусусан дар «Достони пиразан ва Султон Санҷар» барҷаста ифода гардидааст. Санҷар (1117-1157) аз подшоҳони замони Низомӣ буд.

Достони маликзодаи ҷавон бо душманони пир
Қисса шунидам, ки дар ақсои Марв
Буд маликзода ҷавоне чу сарв.
Музтариб аз давлатиёни диёр,
Мулк бар ў шефта чун рўзгор.
Тозагияшро куҳанон дар ситез,
Пурхатар ў з-он хатари нимхез.
Як шаб аз он фитна бар андеша хуфт,
Дид, ки пиреш дар он ҳол гуфт:
«К-зй маҳи нав, бурҷи куҳанро бикан,
В-эй гули нав, шохи куҳанро бизан!
То ба ту бар мулк муқаррар шавад,
Айши ту аз хўи ту хуштар шавад».
Шаҳ чу сар аз хоби гарон баргирифт,
Он ду-се танро зи миён баргирифт.
Тоза бино карду куҳан дарнавашт,
Мулк бар он тоза, малик тоза гашт..
Рахнакуни мулк сарафканда беҳ,
Лашкари бадаҳд пароканда беҳ.
Сар накашад шохи ту аз сарвбун,
То назанӣ гардани шохи куҳун.
То нашавад баста лаби ҷўйбор,
Панҷаи даъвӣ накушояд чинор.
То накунӣ раҳгузари чашма пок,
Об назояд зи дилу чашми хок…
Як нафас он теғ барор аз ғилоф,
Чанд ғилофаш кунӣ, эй бар хилоф?
Он нафас аз ҳуққаи ин хок нест,
Ин ҳақ, он ҳам нафаси пок нест.
Пеши чунин кас ҳамагӣ пеш каш,
Номи карам бар ҳамаи хеш каш.
Давлатиён к-обу дирам ёфтанд,
Давлати боқӣ зи карам ёфтанд.
Тухми карам кишти саломат бувад,
Чун бирасад барг, қиёмат бувад.

Leave a Reply