Низомии Ганҷавӣ — Достони «Хусрав ва Ширин»

Панди Ширин ба Хусрав дар доду дониш
Ба нузҳат буд рўзе бо дилафрўз,
Сухан дар доду дониш мешуд он рўз.
Замин бўсид Ширин, к-эй худованд,
Зи ромиш сўи дониш кўш якчанд.
Басе кўшидаӣ дар комронӣ,
Басе дигар ба коми дил биронӣ.
Ҷаҳонро кардаӣ аз неъмат обод,
Харобаш чун тавон кардан ба бедод?
Чу он гове, ки аз вай шир хезад,
Лагад дар шир гирад, то бирезад.
Ҳазар кун-з-он ки ногаҳ дар камине,
Дуое бад кунад хилватнишине.
Зане пир аз нафасҳои ҷавона,
Занад тире саҳаргоҳ бар нишона,
Надорад судат он гаҳ бонгу фарёд,
Ки нафрин дода бошад мулк барбод.
Басо оина, к-андар дасти шоҳон
Сияҳ гашт аз нафири додхоҳон.
Чу давлат рўй баргардонад аз роҳ,
Ҳама коре на бар мавқеъ кунад шоҳ.
Чу барги боғ гирад нотавонӣ,
Хабар пешин барад боди хазонӣ…
Чу селе рехтан хоҳад ба анбўҳ,
Биғуррад кўҳаи абр аз сари кўҳ.
Тагарге, к-ў занад гашниз бар хок,
Расад худ бўи гашнизаш бар афлок.
Дарахте, к-аввал аз пайванд каж хост,
Нашояд ҷуз ба оташ карданаш рост.
Ҷаҳонсӯзӣ бад асту ҷаврсозӣ,
Туро беҳ, гар раиятро навозӣ.
Аз он тарсам, ки гардад ин масал рост,
Ки он шаҳ гуфт, к-ўро кас намехост.
Куҳан давлат чу бошад дерпайванд,
Раиятро набошад ҳеч дар банд.
Зи мисли худ ҷаҳонро тоқ бинад,
Ҷаҳон худро ба истеҳқоқ бинад.
Зи мағрурӣ, ки дар сар ноз гирад,
Муроот аз раият боз гирад.
Навиқболе барорад даст ногоҳ,
Кунад дасти дароз аз халқ кўтоҳ.
Халоиқро чу некўхоҳ гардад,
Ба иҷмои халоиқ шоҳ гардад.
Хирадмандию шоҳӣ – ҳар ду дорӣ,
Сапедию сиёҳӣ – ҳар ду дорӣ.
Касе, к-ў симу зар таркиб созад,
Қиёматро куҷо тартиб созад.
Бубин, дур аз ту шоҳоне, ки мурданд,
Зи молу мулку шоҳӣ ҳеч бурданд?
Бидонӣ, мол бадхоҳи ту бошад,
Бубахшӣ, шаҳнаи роҳи ту бошад.
Фурў хон қиссаи Дорою Ҷамшед,
Ки бо ҳар як чӣ бозӣ кард хуршед.
Дар ин нўҳ парда оҳанг ончунон соз,
Ки донӣ пардаи пўшидаро роз…

Мунозираи Хусрав бо Фарҳод
Нахустин бор гуфташ, к-аз куҷоӣ?
Бигуфт: Аз дори мулки ошноӣ.
Бигуфт: Он ҷо ба санъат дар чӣ кўшанд?
Бигуфт: Андўҳ харанду ҷон фурўшанд.
Бигуфто: Ҷонфурӯшӣ аз адаб нест.
Бигуфт: Аз ишқбозон ин адаб нест.
Бигуфт: Аз дил шудӣ ошиқ бад-ин сон?
Бигуфт: Аз дил ту мегўӣ, ман аз ҷон.
Бигуфто: Ишқи Ширин бар ту чун аст?
Бигуфт: Аз ҷони ширинам фузун аст!..
Бигуфто: Дил зи меҳраш кай кунӣ пок?
Бигуфт: Он гаҳ, ки бошам хуфта дар хок…
Бигуфт: Аз дил ҷудо кун ишқи Ширин.
Бигуфто: Чун зиям бе ҷони ширин?
Бигуфт: Ў они ман шуд, з-ў макун ёд.
Бигуфт: Ин кай кунад бечора Фарҳод?
Бигуфт: Ар ман кунам дар вай нигоҳе?
Бигуфт: Офоқро сўзам ба оҳе!
Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,
Наёмад беш пурсидан савобаш.
Ба ёрон гуфт, к-аз хокию обӣ,
Надидам кас бад-ин ҳозирҷавобӣ.

Дар подшоҳии Ширин
Чу бар Ширин муқаррар гашт шоҳӣ,
Фўрӯғи мулк бар маҳ шуд зи моҳӣ.
Ба инсофаш раият шод гаштанд,
Ҳама зиндониён озод гаштанд.
Зи мазлумони олам ҷавр бардошт,
Ҳама оини ҷавр аз давр бардошт.
Зи ҳар дарвозае бардошт боҷе,
Наҷуст аз ҳеч деҳқоне хироҷе.
Дар он як сол, к-ў фармондиҳӣ кард,
На мурғе, балки мўреро наёзард.
Ҷаҳонсўзӣ бад асту ҷаврсозӣ,
Туро беҳ гар раиятро навозӣ!
На ҳар к-ў зан бувад номард бошад,
Зан он мард аст, к-ў бедард бошад.
Басо раъно зано, к-ў шермард аст,
Басо дебо, ки шераш дар навард аст.

 

Дар насиҳати фарзанди худ
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ,
В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Ному насабат ба хурдсолист,
Насл аз шаҷари бузург холист.
Ҷое, ки бузург боядат буд,
Фарзандии ман надорадат суд.
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош!…
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ,
Мекӯш ба хештаншиносӣ…
Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
К-он донишро тамом донӣ.

Likes:
0 0
Views:
97
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply