Умумӣ

Низомии Ганҷавӣ – Достони «Хусрав ва Ширин»

Тавзеҳ

  Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии Хамсаи Низомии Ганҷавӣ буда, шоир ба сурудани он соли 1177 оғоз намуда, соли 1180 ба итмом расонд. Ҳаҷми достон 6500 байт аст. Шоир баъди тамом шудани достон онро ба ҳокими Озарбойҷон Атобак Шамсиддин Муҳаммад Ҷаҳонпаҳлавон (1174-1186) бахшида буд. Вале соли 1186 шоир ба ҳузури бародари Ҷаҳонпаҳлавон Қизил Арслон (1186-1191) даъват шуда, ин таклифро пазируфта, ба он ҷо рафт ва ба сўҳбати Қизил Арслон расид. Баъди баргаштан ба Ганҷа ў чанд байте оид ба ин вохўрӣ навишта, ба Хусрав ва Ширин илова намуд. Дар ҳамин порча Низомӣ хабар медиҳад, ки Ҷаҳонпаҳлавон ба ў деҳаи ҳамдуниёнро ҳадя карда буд, вале ў аз он баҳрае набурдааст.

Низомии Ганҷавӣ мувофиқи анъанаи достонсароии асримиёнагии тоҷику форс пеш аз нақли саргузашти Хусрав ва Ширин ва баъди ба охир расидани он чандин бобро ба он илова кардааст, ки ба мазмуни асосии достон алоқа надоранд. Дар ин бобҳо, ки дар якҷоягӣ 1043 байтро фаро мегиранд, шоир ақида ва афкори худро оид ба бисёр масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ баён мекунад. Аз ин бобҳо махсусан боби “Сухане чанд дар ишқ” шоистаи диққат аст. Дар ин боб Низомӣ ишқро мояи ҳастию офариниш ва қувваи ҷозибаи пешбарандае шумурда, таъкид менамояд, ки маҳз ишқ моҳияту сиришти инсонро муайян карда, хислати ўро ташаккул медиҳад. Ишқи Хусрав ва Ширин нисбат ба якдигар ҳамин навъ ишқест, ки мояи зиндагӣ ва ҳастии онҳост.

Ба тарзи дигар гўем, мавзўи асосии «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ ишқ буда, шоир бо сурудани он ба мактаби нави достонҳои лироэпикӣ дар адабиёти тоҷику форс асос гузошт.

«Хусрав ва Ширин» намунаи барҷастаи достонҳоест, ки бо услуби романтикӣ нигошта шудааст, яъне дар он на воқеаҳои реалистии зиндагӣ, балки саргузаштҳои дилхоҳи шоир ва орзую омоли ў доир ба қаҳрамонҳояш ҷои асосиро мегирад. Вале ў ҳангоме, ки дар бораи воқеаҳои замони худ сухан меронад, навиштаҳояш реалистист.

Ба ҳамин тариқ «Хусрав ва Ширин» достонест, ки аз чандин унсур таркиб ёфта, чун асари мукаммалу аз ҷиҳати сохт мураккаб сурат гирифтааст.

Қиссаю афсонаҳо ва ривояту воқеаномаҳои зиндагии Хусрав ва зани дўстдоштаи ӯ Ширин дар китобҳои таърих мавҷуд буданд. Фирдавсӣ нахустин бор онҳоро ба назм дароварда, дар «Шоҳнома» ҷой дод. Бар замми ин дар адабиёти лафзии халқ, аз ҷумла фолклори халқҳои Кавказ, қиссаю афсонаҳои зиёд мавҷуд буданд. Низомӣ ҳамаи инро медонист ва онҳоро меписандид. Ў беҳуда намегўяд:

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест,

В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Қаҳрамони асосии достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ Хусрави Парвиз аслан шахси таърихӣ буда, соли 590 ба тахти подшоҳони сосонӣ нишастааст. Соли 628 писараш Шерўя ўро кушта буд. Ин подшоҳ дар ҳақиқат ҳам бо номи Ширин зане доштааст, ки аз Бардаъ будааст. Ба ақидаи Низомӣ Фирдавсӣ ҳангоми назми ин достон аз ишқи Хусраву Ширин сарфи назар кардааст:

Ҳакиме, к-ин ҳикоят шарҳ кардаст,

Ҳадиси ишқ аз эшон тарҳ кардаст.

Низомӣ дар достони худ гуфтаҳои Фирдавсиро такрор намекунад. Фирдавсӣ асосан ба тасвири давлатдорӣ ва тадбирҳои Хусрав дар пойдор нигоҳ доштани давлат ва ҳукумат аз тарафи Хусрав пардохта буд. Низомӣ дар асоси нусхаҳое, ки дар шаҳри Бардаъ – пойтахти Аррону Арманистон, ки дар вақташ аз кишварҳои тобеи Сосониён буд, ба дасташ афтода буданд, маҳз ишқномаи Хусрав ва Ширинро ба риштаи назм кашидааст:

Нагуфтам ҳар чӣ доно гуфт аз оғоз,

Ки фаррух нест гуфтан гуфтаро боз.

Дар он ҷузве, ки монд аз ишқбозӣ,

Сухан рондам, ният бар марди ғозӣ.

Воқеаҳои достони Низомӣ дар Эрони давраи Сосониён (пойтахташ – Мадоин) ва Арманистону Аррон (марказаш – Бардаъ) мегузаранд. Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ дар ҳақиқат ишқнома аст. Воқеаҳо ва шахсони таърихӣ барои ў воситае шудаанд, ки хислатҳои барҷастаи инсонро нигошта, моҳияти зиндагӣ ва масъалаҳои ахлоқию иҷтимоиро тадқиқ намояд.

 

Мазмуни мухтасар

  Баъд аз сари Хусрави Анӯшервон Ҳурмуз ба тахти подшоҳии Сосониён нишаст. Ў назру қурбониҳо дода, соҳиби писаре шуд. Ўро Хусрави Парвиз ном ниҳоданд:

Падар дар хусравӣ дида тамомаш,

Ниҳода Хусрави Парвиз номаш.

Дар тифлӣ Хусравро чандин доя тарбия карданд. Дар шашсолагӣ падар ўро ба ихтиёри омўзгор дод. Хусрав даставвал илмҳои адабиро омӯхта, дар фасоҳат устод гардид. Дар нӯҳсолагию даҳсолагӣ илми чангро аз худ кард. Дар 14-солагӣ илми ҳисобро омўхт. Баъд аз Бузургмеҳр, ки вазири Ҳурмуз буд, ҳикмату фалсафаро ёд гирифт. Ба ҳамин тариқ Хусрав то 18-солагӣ ҳамаи илмҳоро омўхта, чун ҷавони зираку чолок ва далеру боақл ба воя расид ва бо ҳамин ин ҷавони зебо барои иҷрои корҳои давлатӣ тайёр шуд.

Баъди аз таҳсили илмҳои зарурӣ фориғ шудан Хусрав ба сайру гашт ва маишат машғул шуд. Боре ў субҳгоҳон ба деӣе даромада, ба ишрат пардохт. Аспи ў майсаи деҳқонро хўрда поймол кард. Ғуломону сипоҳиёни Хусрав ғўраҳои боғи деҳқонро ғорат карданд. Ба ҳамин қонуни адолат вайрон карда шуд. Аз ин худсарии Хусрав ба Ҳурмуз хабар доданд. Ҳурмуз Хусравро сиёсат намуда, фармон дод, ки аспи ўро пой бурида, ғуломонашро ба ҷазо расонанд ва тахташро ба деҳқон диҳанд. Фармон иҷро шуд. Хусрав назди шоҳ тавба кард. Пирон аз ҷониби ў узр хостанд. Шоҳ Хусравро авф намуда, валиаҳди худ таъин кард:

Сараш бўсиду шафқат беш кардаш,

Валиаҳди сипоҳи хеш кардаш.

Боре Хусрав бобояш Нўшервонро дар хоб дид. Ў ба вай башорат дод, ки ба тахт хоҳад расид ва соҳиби Шабдез ном аспи бодпо ва арўси зебо ва мутриби беҳамтое хоҳад шуд, ки Борбад ном дорад.

Хусрав Шопур ном надими хосе дошт. Шопур дар суратгарӣ ва рассомӣ мисли Монӣ устод буд. Вай мардиҷ чаҳондидае буд. Рўзе ў ба Хусрав нақл кард, ки дар мулки Арман Шумайро ном шоҳзане ҳаст, ки аз Аррон то ба Арман тобеи ўст. Чун шаҳбонуи бузург аст, ўро Меҳинбону мегўянд. Ў Ширин ном додарзодае дорад. Ширин дар ҳусну ҷамол бебадал буда, ҳамеша бо ҳафтод духтари руднавозу раққоса, ки канизакони ўянд, дар гулгашту саҳроҳо сайр карда мегардад. Меҳинбону Шабдез ном аспи бодпои мушкинфоми беҳамтое дорад, ки онро ба Ширин бахшидааст:

На ширинтар зи Ширин халқ дидам,

На чун Шабдез шабранге шунидам.

Аз ин нақл Хусрав ба Ширин ғоибона чунон ошиқ шуд, ки сабру қарорро аз даст дод ва Шопурро барои овардани Ширин ба Арманистон фиристод.

Шопур ба Арманистон рафта, хабар ёфт, ки Ширин дар наздикии кўҳи Албурз иқомат доштааст ва ҳар рўз бо ҳамон ҳафтод духтари зебо дар сабзазорон базм ороста мегаштааст. Ин духтаракон на танҳо оҳухиром, балки шерзўр низ будаанд ва ба шикор ҳам машғул мешудаанд. Шопур макони онҳоро пайдо карда, сурати Хусравро бо устодӣ кашида, дар гузаргоҳи онҳо ба дарахте часпонд ва худ пинҳон шуд. Тасодуфан назари Ширин ба он сурат афтод. Канизакон аз бими он ки мабодо бонуяшон ба он тасвир ошиқ шавад, суратро нест карда, ба ҷои дигар кўчиданд. Шопур манзили нави онҳоро ёфта, амали худро  такрор кард. Духтарон боз суратро нобуд карда, ҳамроҳи маликаашон ба ҷои дигар кўчида, дар дашти Анҷарак қарор гирифтанд. Сурат боз пайдо шуд. Ширин ин дафъа маҳви тамошои сурат шуда, ба он шефта гардид. Ў илоҷе меҷуст, то кӣ будани ҷавони дар сурат акс ёфта, эҷодкор ва сирри онро фаҳмад. Вале он сир дер ошкор нашуд. Ширин дар изтироб афтод. Ниҳоят Шопур рўзе худро намуд. Ширин аз ў дар бораи сурат пурсид. Шопур дар бораи кӣ будани Хусрав ва ошиқи ғоибонаи Ширин будани ў хабар дод, Ширин аз нақлҳои Шопур ба ҳаяҷон омада, ғоибона ба Хусрав меҳр баста, тоқату қарорро аз даст дод.

Бо маслиҳат ва раҳнамоии Шопур Ширин аммаашро партофта, савори Шабдез барои дидани Хусрав роҳи Мадоинро пеш гирифт. Аз ин рафтори ӯ Меҳинбону хеле ғамгин шуд. Дар ин миён Хусрав ба номи худ тангаи пўлодин сикка зад. Ин нишонаи ҳукуматталабии ў буд. Падараш аз ин рафтори ў хавф бурда хост, ки ўро ҷазо диҳад. Аз ин нияти падар Бузургмеҳр, ки вазири ў буд, Хусравро огоҳ намуд. Хусрав аз бими ҷазои падар ба сўи мулки Арман гурехт. Дар роҳ Хусрав Ширинро ҳангоми оббозӣ дид. Ширин низ ўро дид. Вале азбаски онҳо ҳамдигарро нашинохтанд, ҳамгап нашуда, ҳар кадоме роҳи худро давом дод. Ширин ба Мадоин расиду Хусрав ба Арманистон. Азбаски наздикони Хусрав аз ишқи ў ба Ширин огоҳ буданд, ўро ба хубӣ пешвоз гирифтанд. Вале занҳои ҳарамсаро ба ў рашк мебурдагӣ шуданд. Ширин талаб намуд, ки барояш қасри алоҳида созанд. Бо дасисааи канизакҳо барои Ширин на дар ҷои хушобу ҳаво, балки дар биёбоне даҳ фарсанг берун аз Кирмоншоҳ қаср сохтанд, ки он ҷо ҳатто барои чорво чарогоҳе вуҷуд надошт.

Хусрав ба Арманистон расида, баъди чанд рўзи меҳмонӣ бо таклифи Меҳинбону ба Бардаъ рафт. Шопур он ҷо пайдо шуд. Вай шабе ҳангоми базм Хусравро аз он огоҳӣ дод, ки Ширин ба Мадоин рафт. Хусрав Шопурро ба аспи дўстдоштааш Гулгуни Меҳинбону савор карда, барои Ширинро ба Бардаъ овардан ба Мадоин фиристод. Шопур фармонро ба ҷо овард. Вале дар ин миён ҷаври Ҳурмуз ба халқ аз ҳад гузашт. Мухолифонаш ба чашмони ў мил кашида куштанд. Хусрав бо шунидани марги падар Ширинро надида, зуд ба Мадоин баргашт ва тахти падарро соҳиб шуд. Овозае шуд, ки Хусрав падарашро кушта, ба тахт нишастааст. Вай подшоҳиро бо адлу дод ва инсоф оғоз намуд. Вале дере нагузашта ба айшу шикор дода шуд. Ширинро низ аз хотир баровард. Яке аз сарлашкарони ў Баҳроми Чўбина бо баҳонаи он ки зулми Хусрав аз ҳад гузашт ва ў ноҳақ ба чашмони падараш мил кашида, ўро куштааст, ба муқобили ў шўриш бардошт. Ба ақидаи ў:

К-аз ин кўдак ҷаҳондорӣ наёяд,

Падаркуш подшоҳиро нашояд.

Бар ў як ҷуръа май ҳамранги озар

Гиромитар зи хуни сад бародар.

Хусрав ба исёни Баҳроми Чӯбина тоб оварда натавониста, маҷбур шуд, ки боз ба паноҳи Меҳинбону гурезад. Вай ба Муғони Озарбойҷон, ки аз қаламрави Меҳинбону буд, худро расонд.

Дар яке аз шикоргоҳҳои Муғон Хусрав ва Ширин бо ҳам вохўрданд. Ин лаҳза аз муассиртарин лаҳзаҳои достон аст.

Ширин аммаашро аз омадани Хусрав хабар дода, ўро ба назди вай меҳмон бурд. Меҳинбону духтару ҷавони сармасти ишқро дида, ба Ширин панд дод, ки мабодо фирефтаи Хусрав нашавад, зеро дар зиндагӣ ҷавонони бадмеҳру бадаҳд ва мағруру бевафо зиёд вомехўранд. Аз ҳамин сабаб Ширин Хусравро аввал хуб санҷад. Агар эҳсоси ў ҷиддӣ бошад, қаробатро бо ў давом диҳад. Меҳинбону таъкид намуд:

Ту худ донӣ, ки вақти сарфарозӣ,

Заношўӣ беҳ аст аз ишқбозӣ.

Ширин қасам хўрд, ки худ чунин фикр дорад. Меҳинбону иҷозат дод, ки дилбохтагон хамроҳ бошанд. Онҳо вақташонро ба чавгонбозӣ, шикор ва базм мегузаронданд. Боре дар сабзазор ба онҳо шер ҳамла овард. Хусрав аз ҳамият ҷўшида, бе силоҳу зиреҳ онро бо даст зада афтонда, пўст канд. Рўзҳои зиёде ба ин минвол гузаштанд. Боре Хусрав хост, ки аз Ширин ком ситонад. Ширин ишқу ҳавас, ишқу булҳавасӣ, ишқу бемулоҳизагӣ, ишқу шитоб ва ишқу бадномиро оштинопазир шумурда, Хусравро водор намуд, ки дар ин роҳ сабрро пеш гирад. Ширин ба Хусрав шарт гузошт, ки аввал тахти подшоҳирр ба даст дароварда, мулки падарашро аз фитна эмин гардонад. Хусрав ба ҷуз таслим шудан илоҷи дигаре наёфт. Вай барои ёрӣ ҷустан назди қайсари Рум рафт. Қайсар духтари худ Марямро ба Хусрав ба занӣ дода, лашкари бешумореро ба ихтиёри ў гузошт. Хусрав бо ин қувва ба Эрон лашкар кашида, Баҳроми Чўбинаро шикаст дод ва тахти бобоиашро соҳиб шуд.

Вале фироқи Ширин ўро азоб медод. Ширин ҳам дар ғами Хусрав месўхт. Вале Меҳинбону ба ў панд медод, ки сабр кунад.

Меҳинбону аз олам гузашт. Ширин ба тахти подшоҳии Арман нишаст. Ў бо адлу инсоф хукм ронда, тамоми зиндониёнро озод кард. Вай як сол салтанат ронд. Аммо ба дарди ҳиҷрони Хусрав тоб оварда натавониста. мулки худро ба мавлое супурда, ба канизакон моли бисёр дода, дар рикобдории Шопур савори Гулгун худро ба Мадоин расонд ва дар қасри пештараи худ маскан гузид. Хусрав аз омадани Ширин хабар ёфта бошад ҳам, аз тарси Марям бо фиристодани паёме ба ў қонеъ шуд. Ширинро дар беруни шаҳр дар қасре ҷой доданд, ки домани кўҳе дар дашти беобу хушк воқеъ гардида буд. Ў бо машаққат рўз ба сар бурда, фақат аз шири гўспандон ғизо мехўрд. Чарогоҳ низ аз он ҷо хеле дур буд. Шопур маслиҳат дод, ки Фарҳоди кўҳканро, ки ҳамроҳи ў дар Чин хонда, кўҳбуриро омўхтааст, даъват намуда, аз байни кўҳҳои баланд ҷўй гузаронанд, то ин ки шир бо он чўи сангин ба манзили Ширин ҷорӣ шавад. Фарҳод таклифи Ширинро бо хушнудӣ пазируфт.

Дар ин асно хабари марги Баҳроми Чўбина ба Хусрав расид. Хусрав базм орост. Борбад, ки ромишгари овозадори ў буд, бо ҳамроҳии мутрибону созандагони дигар садои созу сурудро ба фалак расонданд. Худи Борбад бо барбату руд аз “Сад достон” сӣ наворо баргузида, базмро тасфонд. Хусрав баъди базм назди Марям аз Ширин қисса кушода хост, ки Ширинро ба хона орад. Аммо Марям ин хоҳиши ўро қатъан рад намуда, савганд хўрд, ки агар Ширин ба даргоҳи Хусрав наздик шавад, худро мекушад. Хусрав ноилоҷ монд.

Ширин аз бепарвоии Хусрав нисбат ба худ ба танг омада, Шопурро назди ў фиристод. Хусрав Шопурро фармуд, ки барои хилват гузидан Ширинро пинҳонӣ наздаш орад. Ширин ин таклифро дар ҳакқи худ таҳқир шумурда, рад намуд.

Фарҳод ба кор шурўъ карда, ошиқи Ширин шуд. Вай дар муддати як моҳ аз чарогоҳ то ба наздикии қасри Ширин, ки дар водии харобе ҷойгир буд, бо тешаи худ ҷўи сангине канда, дар охири он ҳавзе низ сохт. Ширин ба Фарҳод офарин хонда, ба ў чанд гавҳаре шабчароғ бахшид. Фарҳод онҳоро ба пеши пои Ширин партофта, роҳи саҳроро пеш гирифт. Вале шабҳо гирду атрофи қасри Ширин мегашт.

Аз ишқи Фарҳод ба Ширин Хусрав хабар ёфта, дар оташи рашк сўхт. Вай Фарҳодро ба назди худ хонда, хост, ки тарсонда, ўро аз ишқи Ширин даст кашонад. Фарҳод табиист, ки ин таклифи нанговарро рад кард. Пас Хусрав роҳи ҳиларо пеш гирифта, ба Фарҳод ваъда дод, ки агар аз кўҳи Бесутун роҳ кушояд, Ширинро ба ў хоҳад дод. Фарҳод ин пешниҳодро пазируфта, ба кандани синаи кўҳи хоро сар кард. Вай дар дили кўҳ сурати Ширинро кашид. Ин амали ў овоза шуд. Рўзе Ширин ба дидани ў рафт. Вале дар бозгашт аспаш касал шуд. Фарҳод Ширинро рўи даст бардошта, то ба қасраш бурда расонд. Ин рафтори ў рағбати Ширинро бедор кард. Хусрав инро шунида, чораи халосӣ аз Фарҳодро дар хиёнат ёфт. Вай ба Фарҳод бардурўғ хабар расонд, ки Ширин мурд. Фарҳод аз ин хабар ихтиёр аз даст дода, афтод ва ҷон дод:

Чу афтод ин сухан дар гўши Фарҳод,

Зи тоқи кўҳ чун кўҳе дарафтод.

Ширин бо оҳи ҷигарсўз ва ашкони шашқатор Фарҳодро ба хок супурд. Хусрав дар марги Фарҳод ба Ширин таъзияти кинояомез фиристод. Дар ҳамин ҳангом зани Хусрав Марям аз олам гузашт.

Хусрав баъди марги Марям боз ба талаби Ширин афтод. Вале Ширин ба ў номаи таънаомезе навишт. Хусрави сустирода аз номаи Ширин ранҷида, дар ҷустуҷўи ёри дигар шуд. Ў васфи моҳрухи исфаҳонӣ Шакарро шунида, ўро ба никоҳи худ даровард. Ширин ҳоли табоҳе дошт. Вале Шакар низ оташи дили Хусравро паст накард. Фироқи Ширин дар вуҷудаш оташ  меандохт:

Дилаш мегуфт: Ширин боядам зуд,

Ки айшамро намедорад Шакар суд.

Рўзе ба баҳонаи шикор Хусрав назди иқоматгоҳи Ширин рафта, базме орост ва ширакайф шуда, хост, ки бо Ширин мулоқот кунад. Ширин ўро ба қасри худ роҳ надод. Мулоқоти онҳо дар ҳолати болои бом будани Ширин ва зери девори қаср аспсавор истодани Хусрав сурат гирифт.

Хусрав ба боргоҳи худ баргашта, аз номеҳрубонии Ширин ба Шопур шиква кард. Шопур ўро тасаллӣ дод, ки итоби Ширин аз сари ноз аст. Аз таҷрибаи рўзгор Хусрав натиҷаҳо гирифта, аз гуфтаҳою кардаҳои худ нисбат ба Ширин пушаймон шуд. Аз рафтани Хусрав Ширин низ пушаймон шуд. Хусрав хоб дид, ки дар боғе чароғе дар даст гаштааст. Шопур таъбир мегўяд, ки Хусрав ба васли Ширин хоҳад расид. Ба ин муносибат дар шикоргоҳе Хусрав базм орост. Ширин низ пинҳонӣ дар он ҳозир шуд. Борбади барбатӣ аз номи Хусрав ва Накисои чангӣ аз тарафи Ширин ғазал мегўянд. Баъди як ҳафта Хусрав Ширинро ба Мадоин оварда, ба никоҳи худ даровард. Бо ҳамин ошиқу маъшуқа баъди пушти по задани монеъаҳои зиёде ба муроду мақсад расиданд.

Хусрав ва Ширин солҳо бо ҳам дар ширинкомӣ ҳаёт ба сар бурданд. Мамлакат аз адлу доди Хусрав маъмур гашт. Ширин мулки Меҳинбонуро ба Шопур вогузошт. Онро ў обод гардонд ва дар он ҷо иморатҳо сохт.

Хусрав аз Марям Шерўя ном писаре дошт. Ин писар аз нўҳсолагӣ ба модарандари худ – Ширин ошиқ шуда буд. Вай чун ба синни ҷавонӣ расид падарро дар оташгоҳ гўшанишин кард. Ба ин ҳам қонеъ нашуда, шабе дар хобаш падарро ба дасти ғуломе кушта, Ширинро барои худ хост. Ширин мегўяд, ки бо се шарт тайёр аст, ки зани Шерўя шавад: Ў бояд қасри Хусравро сўзонад, Шабдезро кушад ва ҷасади падарашро бо шукўҳ дафн намояд. Шартҳои ў ба ҷо оварда шуданд. Худи Ширин низ аввал молу дороиашро ба бечорагон бахш намуд ва ҳангоми дафни шавҳараш дар дахма, болои ҷасади Хусрав, бо ханҷар ба синаи худ зада, ҷон дод. Достонро Низомӣ чунин ба поён мерасонад:

Зиҳӣ Ширину ширин мурдани ў,

Зиҳӣ ҷон додану ҷон бурдани ў.

Чунин воҷиб кунад дар ишқ мурдан,

Ба ҷонон ҷон чунин бояд супурдан.

Leave a Reply