Намунаи тарзи навишти ҳуҷатҳо.

Ариза (намуна)

Ба дирекори мактаби миёнаи
№___-уми нoҳияи Синои шаҳри Душанбе
(ному насаб), аз номи (ному насаб) ноҳияи Сино,
кӯчаи_________, хонаи___, ҳуҷраи___,
(ному насаб).

Ариза
Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки писари ман ______________ро ба синфи панҷум қабул намоед. Аз сабаби аз ноҳияи Фирдавси ба нохияи Сино омаданамон, писарамро аз он мактаб гирифтем.
имзо_______________(ному насаб)
(таърихи рӯз)

Забонхат (намуна)

Ман (ному насаб), маъмурияти корхонаи___________, бо сабаби калон намудани масоҳати корхона, аз Бонк бо маблағи 300 (сесад) ҳазор сомони қарз гирифтам.
имзо__________ (ному насаб)
(таърихи рӯз)

Тарҷумаи ҳол (намуна)

Ман (ному насаб), 27-уми апрели соли____ дар шаҳри Душанбе, дар оилаи______ таваллуд шудаам. Соли 2007 ба синфи якум, ба мактаби миёнаи раками 2-юми шаҳри Душанбе дохил шудам. Дар оила 5 нафар ҳастем. Падарам (ному насаб) муаллими мактаб, модарам (ному насаб) низ дар мактаб муаллима шуда кор мекунанд ва хоҳару бародарам дар мактаб таҳсил мекунанд, ман бошам дар Донишгоҳи техникиӣ таҳсил карда истодаам.
имзо______________(ному насаб).
(таърихи рӯз)

Хислатнома (намуна)

Ба хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №____-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (ному насаб), соли таваллудаш _______, миллаташ тоҷик.
(ному насаб) соли даҳум аст, ки дар мактаби миёнаи №____-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳсил менамояд.
(ном) писари бонтизом буда, супоришҳои дар мӯҳлати муайяншударо ичро мекунад. Дар таҳсил фаъол буда, бо баҳои аъло мехонад. Дар корҳои ҷамъиятии синф ва мактаб фаъолона иштирок мекунад.
(ном) талабаи боадаб аст, ҳамсинфон, муаллимон ва калонсолонро эҳтиром менамояд. Ба фанҳои дақиқ шавқу ҳаваси зиёд дорад, дар маҳфилу озмунҳои фанни фаъолона иштирок карда, доимо барои баланд бардоштани дониши худ кӯшиш менамояд.
(ному насаб) аъзои ҳайати тозагии синф аст. Вай ба варзиш низ шавқи зиёд дорад, аъзои дастаи футболбозони мактаб аст.
Рохбари синф: имзо___________(ному насаб)
(таърихи рӯз)

Табрикнома (намуна)

Мӯҳтарам(а) муаллимаи азиз (ному насаб) шуморо бо фарорасии иди Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба шумо дар ин рӯзҳои зебои сол сарбаландӣ, мувафаққият, тансиҳатӣ ва хонаободиро таманно дорам. Бигузор ҳар он орзӯе ки доред, орзӯҳоятон ҷомаи амал бипӯшанд.
Бо эҳтиром шогирдатон_______________________
(таърихи рӯз)

Даъватнома (намуна)

Мӯҳтарам(а)_____________________________, шуморо аз номи_______________ ба маҳфили намоиши либосҳо, рӯзи______ соати______, дар толори Донишгоҳи дизайнерӣ ва рассомӣ, даъват мекунем.
Бо эҳтиром___________________
(таърихи рӯз)

Likes:
0 0
Views:
417
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply