Умумӣ

Назарияҳо оиди тағйироти иҷтимоӣ

Ин ҳақиқатро, ки ҷомеаи пеш дигар хел буд ва мисли ҳозира боқӣ намемонад аз замонҳои қадим дарк намуда буданд. Масалан, мисриҳои қадим дар папирусҳо оиди шуришҳо, қашшоқи, бетартибии ҷомеа, тағйирёбии ҳаёти ҷомеа ёдгориҳои хаттӣ боқӣ гузоштаанд. Зардушт дар асараш «Авасто» дар бораи тағйирот ва ивазшавии ҳаёти ҷомеа, амалу кирдори нек ва бад маълумот додаст.Бисёре аз мутафаккирони шарқ ҳаёти иҷтимоиро тағйироти даври мешумориданд, ки аз як нуқта оғоз шуда ба охир мерасад.

Пас аз оне, ки мафҳуми «эволютсия» ба гардиши илмӣ ворид шуд (дар асри XIX) ва назарияи эволютсияи биологӣ кор карда баромада шуд, олимон ба андешае омадаанд, ки ба ҷомеа низ раванди эволютсия ва инкишоф аз содда ба мураккаб хос аст. Кушиши сотсиологҳо барои дар доираи қонуни сотсиологӣ барои дар доираи қонунҳои эволютсия шаҳр додани прогресси ҷомеа назарияи эволютсионизми иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Асосгузори равияи эволютсионализми иҷтимоӣ сотсиологи англис Герберт Спенсер мебошад. Ба андешаи Спенсер ҳамаи низомҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи эволютсия мураккаб гашта, ташаккул ёфтанд, ки дар ниҳодҳои иҷтимоӣ ва мутамарказгардии онҳо зоҳир мегардад.
Аввалин маротиба сотсиологи англис Г. Спенсер нақшаи прогрессии эволютсионии ҷомеаро тартиб дода, мувофиқи он организми биологӣ ва ҷомеаи инсонӣ ба қонуни ягонаи инкишофи эволютсионӣ итоат менамояд. Ҷомеа бо тадриҷ вобаста ба ҳаҷм бузург ва мураккаб мегардад. Унсурҳои алоҳидаи он тафовут пайдо намуда ба ҳам вобаста мегарданд. Яъне ҷомеа аз сохтори содда ба мураккабу муташаккил, аз технологияи дастӣ ба технологияи мошинӣ, аз сохтори анъанавӣ ба сохтори ратсионалӣ инкишоф меёбад. Эмил Дюркгейм дар доираи назарияи эволютсионизми иҷтимоӣ идеяи худро пешниҳод менамояд. Мувофиқи он тақсимоти меҳнат сабаби асосии мураккабгардии ҳаёти ҷомеа аст. Ба андешаи Дюркгейм ҷомеа аз як сохтор ба сохтори дигар бо роҳи дурударози эволютсионӣ мегузарад.
Намояндаи назарияи функсионализми сохторӣ – Т. Парсонс фарзияи зеринро пешниҳод менамояд: ҷомеа боз ҳам ба функсияҳо ва сохторҳо тафриқа ёфта истодааст. Сохтори нави ҷомеа аз сохтори қабли бештар функсионалӣ ва бонизом мебошад.
Муносибати эволтсионӣ дар тағйироти ҷомеа ба антропологияи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ таъсири худро расонида аст. Бузургтарин антропологҳои асри XIX Э. Тейлор, ва Л. Морган ҷомеаро дар асоси инкишофи эволютсионӣ класификатсия намудаанд. Л. Морган андеша дорад, ки ҳама гуна ҷомеа дар инкишофи худ як роҳ, яъне аз «ваҳшигӣ» ба марҳилаи мобайнии «варварӣ» ва аз он ба ҳолати «таммадунӣ» тай менамояд. Э. Тейлор низ инкишофи динро эволютсионӣ номидааст, яъне ананизм ба марҳилаи политеизм ва аз он ба монотеизм инкишоф ёфтааст.
Дар асри XIX ба эволютсия ва прогрессии инсоният бовари доштанд. Ҷанги авали ҷаҳонӣ ва буҳрони шаддиди иқтисодии асри XX боис гаштанд, ки бисёре аз олимон ба рафти прогрессивии таърихи инсоният шубҳа намоянд. Онҳо инкишофи даврии ҷомеаро кор карданд. Назарияҳои тағйиротҳои даврагӣ. Давраги будани зуҳуротҳои гуногуни табии, биологӣ ва иҷтимоӣ ҳануз дар замонҳои қадим маълум буд. Ҳамин тавр хирадмандони чини қадим дар падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ давраҳоро бо марҳилаҳои 3, 9, 18, 27 ва 30 сол ҷудо кардаанд; дар сарчашмаҳои бобулистон давраҳо бо чунин марҳилаҳои 600, 59, 54, 19 ва 8 сол қайд шудааанд; файласуфон ва таърихнигорони юнони қадим Геродот, Афлотун, Арасту ва дигарон таълимотро дар бораи давраги будани режимҳои ҳокимияти сиёси баён намуданд.
Дар асрҳои миёна олим ва шоири араб Ибни Халдун давраҳои тамаддунро бо давраҳои ҳайёти организмҳои зинда муқоиса мекард: инкишоф – камолот – пиршавӣ.
Нақши муттафаккири барҷастаи Замони нав Н. Макиавеллӣ ба назарияи тағйиротҳои даврагӣ бузург аст. У чунин мешуморид, ки ҳамаи давлатҳо ба як сатҳи камолот расида ҳатман ба сукут мераванд ва баръакс дар ҳолати сукути мутлақ қарор гирифта, онҳо бояд боло бароянд.
Дар замони Маорифпарварӣ муаррихи дарбори итолё Ҷ. Вико назарияи даврагии инкишофро кор карда баромад. У чунин мешуморид, ки давраи таърихии маъмулӣ се зинаро мегузарад: 1) беҳокимиятӣ ва ваҳшигӣ; 2) тартибот ва тамаддун; 3) таназзули тамаддун ва бозгашт ба ваҳшигии нав. Бо вуҷуди ин ҳар як давраи нав аз гузашта сифатан фарқ мекунад яъне, ҳаракат бо роҳи морпеч ба бола сурат мегирад.
Назариячии муосири немис Освалд Шпенглер (1880-1936) дар китоби «Ғуруби Аврупо»- и худ қайд менамояд, ки тамаддунҳои ҷаҳонӣ мисли инсон марҳилаҳои инкишоф ва таназзулро доранд ва мисли умри инсон давраҳои инкишоф, камолот, таназзул ва маргро аз сар мегузаронанд. Дар асоси таҳлили 8-намуди маданият Шпенглер ба хулосае меояд, ки ҳар як маданият тахминан 1000 умр мебинад. Маданияти Аврупо 900 сол шуд ва ғуруби он наздик аст.
Дар солҳои 60-уми асри XX назарияи «Панҷ марҳилаи инкишофи иқтисодиёт» – и сотсиолог ва иқтисодшиноси амрикоӣ У. Ростоу хеле машҳур гардида буд. Мувофиқи он ҷомеа ҳангоми гузариш аз ҷомеаи анъанавии аграрӣ ба ҷомеаи саноатӣ 5- давраро аз сар мегузаронад:
1. Ҷомеаи анъанави, ки ба хоҷагии кишоварзи ва технологияи содда асос ёфтааст.
2. Ҷомеаи гузаранда, ки ба он инкишофи истеҳсоли ва интегратсияи иқтисоди, ҳудуди миллӣ ва пайдоиши давлатҳои мутамарказ хос аст.
3. Марҳилаи «инкишофи иқтисодиёт» ё инқилоби саноатӣ ба истеҳсолот ва технологияи саноатӣ алоқаманд аст.
4. Марҳилаи камолот ё ҷомеаи саноатӣ ба прогресси бошиддати саноат ва корхонаҳо вобаста буда, дастовардҳои илмӣ ва техникӣ дар истеҳсолот тадбиқ шуда, раванди урбанизатсия меафзояд.
5. Марҳилаи инкишофе, ки ҷомеа на ба истеҳсолот, балки ба истеъмол ва хизматрасонӣ бештар диққат медиҳад.
Дар асоси ин консепсияи У. Ростоу назарияии “ҷомеаи постиндустриалӣ” сохта шудааст. Масалан, соли 70-уми асри XX назарияи ҷомеа посиндустриалӣ хеле машҳур гардид, намояндагони он Д. Белл, А.Тоффлер (амрикоӣ), А. Турэн ва Ж. Фурсате се зинаи инкишофи ҷомеаро дида баромадаанд:
1. Ҷомеаи то индустриалӣ
2. Ҷомеаи индустриалӣ
3. Ҷомеаи посиндустриалӣ
Дар ҷомеаи аввал хоҷагии қишлоқ шакли фаъолияти иқтисодӣ буда, мақсади асосии ба даст овардани ҳокимият мебошад, феодалон мақоми ҳукумрониро соҳибанд ва ташкилотҳои асосии ҷомеа муассисаҳои динию артиш маҳсуб мешаванд.
Дар ҷомеаи индустриалӣ саноат дар маркази фаъолияти иқтисодӣ мақсади асосии одамон ба даст овардани пул ва мол аст. Ташкилоти асосии ин зинаи инкишофи ҷомеа ширкатҳои истеҳсолӣ, мақоми тоҷирон ва соҳибкорон хеле боло рафтааст.
Дар ҷомеаи постиндустриалӣ шакли асосии фаолияти иқтисодии одамон хизматрасонӣ, истеҳсолоти фардӣ ва истеъмол хоси ин зинаи инкишоф мебошад. Мақсади асосии мардум ба даст овардани илм, дониш ва ихтисоси бонуфуз аст. Ташкилоти асосии ҷомеа донишгоҳои олӣ буда, мақоми мутахассисон, олимон, менеджер – машваратчиён ба маротиб меафзояд.
Консепсияи эволютсияи иҷтимоӣ ё эволютсионизми иҷтимоӣ айни ҳол дар илми сотсиология мавқеи ҳукумронро соҳиб аст. Назарияи эволютсионизми классики якчанд маротиба аз тарафи рақибон ба танқиди асоснок ру ба ру шудааст. Ба сифати далел чунин санадҳо пешниҳод мешуданд:
• ҳодисаҳои дар раванди таърих рух диҳанда: оқибнишинӣ, таназзул ва несту нобуд гаштани давлатҳо, халқҳо, тамаддунҳо имконият намедиҳанд, ки дар бораи сенария ягонаи эволютсионӣ ҳарф занем;
• ҳақиқи будани ақидаи эволютсионӣ дар бораи пайдарҳамии ногузири инкишоф шубҳаро ба миён меорад, зеро дар раванди инкишофи таърихии чамъиятҳо, баъзе давраҳо метавонанд ногузашта монанд ва дигар давраҳо ниҳоят бо суръати тез гузаранд. Масалан, бисёри аз кишварҳои аврупо давраи ғуломдориро нагузаштаанд;
• баъзе аз ҷамъиятҳои ғайри ғарбро бо як ченаки инкишофу рушд баҳо додан номумкин аст – онҳо сифатан аз ғарб тафовут доранд;
• набояд эволютсияро бо прогресс айният дод, зеро аксари ҷамъиятҳо дар натиҷаи тағйиротҳои иҷтимоӣ дар ҳолати буҳронӣ қарор мегиранд ё ба таназзул мераванд. Масалан, Русия дар солҳои 90-уми асри ХХ ислоҳоти озодро, (иҷтимоӣ-иқтисодӣ, технологӣ, одоб ва ахлоқ) оғоз намуд, ки аз руи нишонаҳои асосии худ даҳсолаҳо қафо монд;
Дар радифи он консепсияи революсионизми иҷтимоӣ ё тағйироти инқилобии ҷомеа низ васеъ паҳн гардидааст. Ҷонибдори асосии тағйироти револютсионизми ҷомеа ё назарияи низои К. Маркс андеша дорад, ки манбаи асосии тағйроти ҷомеа зиддиятҳои байни гуруҳҳои рақобаткунандаи иҷтимоӣ ё синфҳои ба шумор меравад. Мувофиқи материализми диалектикӣ низоъи байни синфҳо манбаи нерўманди тағйиротҳои иҷтимоӣ аст. Гузариш аз як форматсияи иқтисодӣ – иҷтимоӣ ба дигар бевосита бо инқилоби иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Инқилоби иҷтимоӣ ба андешаи Маркс – ин тағйироти куллӣ ва сифатии тамоми низоми ҳаёти иҷтимоӣ аст. Инқилоби иҷтимоӣ – ин саршавии сохтори давлатҳо ва синфҳои иҷтимоӣ ва ивазшавии тартиботи нави иҷтимоӣ дар онҳо мебошад, ки аз сохтору тартиботҳои қаблии онҳо кулан фарқ мекунад. Дар инқилоб қувваҳои нави истеҳсолӣ ба низоми муносиби истеҳсолоти консервативӣ, ки мехоҳад сохтори қаблии ҷомеаро нигоҳ дорад низоъ сар мезанад. Мақсади асосии револютсияи иҷтимоӣ ҳокимияти сиёсӣ аст. Бо воситаи ҳокимияти сиёсӣ синфи ғолиб дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиро тағйир медиҳад. Аз ин рў, Маркс инқилобро «локомативи таърих» номида буд.
Сотсиолог Ралф Дарендорф намояндаи назарияи низоъи иҷтимои ҳарчанд назарияи низои Марксро эътироф менамояд, аммо андеша дорад, ки муборизаи синфҳо таърихро муайян менамояд. Ё низоҳои байни миллатҳо, гуруҳҳои этникӣ, динҳо ва гуруҳӣ манфиатҳои гуногуни иқтисодидоштаро низ низоъҳои асосӣ меноманд.

Leave a Reply