Мӯҷизаи биологӣ қисми I.

1. Паррандаҳое, мавҷуданд, ки (фотимачумчуқ, майна ва ғ.) хӯрок дар меъдаи онҳо дар 8 – 10 дақиқа ҳазм мешавад.
2. Дар Африқо дарахте мавҷуд аст, ки аз худ рӯшноӣ медиҳад, зеро дар таркиби ин дарахт миқдори зиёди фосфор мавҷуд аст. Аҷибаш дар он аст, ки шабона дар зери ин дарахт бе мушкилӣ китоб хондан мумкин аст.
3. Дарахти нормушк (эвкалипт) беш аз 100 метр қад мекашад.
4. Дони гандум дар таркиби худ 13 – 14% об дорад.
5. Растаниҳое мавҷуданд, ки гулҳои онҳо дар соатҳои муайян кушода ва пӯшида мешаванд. Ин гуна растаниҳоро “соатҳои биологӣ” меноманд.
6. Ламинария (карами баҳрӣ) яке аз обсабзҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, ки то 5 метр қад мекашад.
7. Арчаҳо зиёда аз 1000 сол умр мебинанд.
8. Дар Бразилия дарахте мерӯяд, ки бо захми кардани бадани он аз баданаш шир мерезад, таркиби ин шир ба монанди шири гов аст. Агар чанд ҷои ин дарахтро захмӣ кунем он то 4,5 – 5 литр шир медиҳад.
9. Барои то 3 метр қад кашидани арча зиёда аз 100 – 120 сол вақт лозим аст.
10. Дарахти тут 200 – 300 сол умр мебинад.
11. Меваи тут дар таркибаш тақрибан 10% моддаи қандӣ дорад.
12. Гули анҷир ягона гулест, ки танҳо тавассути занбӯри бластофаг гардолуд мешавад.
13. Тухмҳои пахта бо нахҳои дароз пӯшида шудаанд дар як тухм то 7 000 нах дида мешавад. ( Дарозии ҳар як нах то 60мм мешавад).
14. Ҳамагӣ 500 навъи харбуза мавҷуд аст, ки 230 навъи он дорои номҳои тоҷикӣ мебошанд.
15. Баъзе намуди карамҳо дар як шабонарӯз то 10 литр обро истифода мебаранд.
16. Дарахти себ аз 100 сол то 300 сол умр мебинад.
17. Дар як грамм хоки хокистаранг ҳамагӣ 2 миллиард ва дар як грамм қум 0,5 миллиард бактерияҳо мавҷуданд.
18. Морҳо то се сол чизе нахӯрда хоб рафта метавонанд.
19. Дар Япония марде мавҷуд аст бо номи Киото, ки ба монанди хирс ба хоби зимистона меравад.
20. Фил ягона ҳайвонест, ки 4 зону дорад.
21. Вазни заррофа то 900 кг мерасад, қадаш бошад то 5,5 метр. Заррофаи навзод тақрибан 2 метр қад дорад ва вазнаш 50 кг мебошад.
22. Заррофаҳо дар як рӯз танҳо аз 10 дақиқа то 2 соат хоб мекунанд. Онҳо бисёртар рост истода хоб мекунанд.
23. Дар шаҳри Фениксии Амрико тимсоҳе мавҷуд аст, ки мошин меронад.
24. Соддатаринҳое мавҷуданд, ки баъди мурда рафтанашон аз скелеташон оҳаксанг ҳосил мешавад.
25. Тавассути фораминифераҳои мурдарафта, ки яке аз намуди соддатаринҳо мебошанд, синну соли қабатҳои Замин ва мавҷуд будан ё набудани нафтро дар қабатҳои замин муайян мекунанд.
26. Пирамида (аҳром) – ҳои Миср ва баъзе биноҳои куҳнаи он аз оҳаксангҳои аз гӯшмоҳи ё садафи соддатаринҳои гӯшмоҳидор ҳосилшуда сохта шудаанд.
27. Дар пулҳои куҳнаву фарсуда зиёда аз 500 намуди бактерияҳо мавҷуд аст, ки бовуҷудоварандаи бемориҳои зуком, сил, зардпарвин ва ғ. мебошанд.
28. Дар як грамм хок аз 150 ҳазор то 1млн. Адад соддатаринҳо зиндагонӣ мекунанд. Дар 1 га. замини корам то 8,5 – 9 тонна фарди соддатаринҳо зиндагонӣ мекунанд.
29. Як исфанҷ дар як шабонарӯз 20 литр ва тӯдаи онҳо бошад дар ин қадар вақт 1500 литр обро меполоянд.
30. Дар уқёнуси яхбастаи Шимолӣ яхпораҳо чунон тез об мешаванд, ки пас аз 30 сол шояд Қутби Шимол дохили об монад.
31. Дар Африқои Ҷанубӣ шутурмурғро ба ҷои саг барои муҳофизати рамаи гӯсфандони худ истифода мебаранд.
32. Гӯши медуза тӯфони баҳру уқёнусҳоро 15 соат пештар аз бавуқуъ омадан мефаҳмад.
33. Андозаи бадани рӯдаковокҳо гуногун мебошад, намуди аз ҳама хурдашон 1мм буда, намуди аз ҳама калонашон бошад то 3 метр мерасад.
34. Бандкирми болиғ дар бадани одам то 15 сол зиндагӣ карда метавонад.
35. Аскаридаи модина, ки дар бадани инсон муфтхӯрӣ мекунанд, дар як шабонарӯз тақрибан 200 000 тухм мемонад.
36. Гепард яке аз ҳайвонҳои баландсуръат буда, дар як соат то 112 км роҳро тай мекунад, оҳӯ 80 км, дар байни ҳайвонҳои обӣ делфин ҳайвони баландсуръат буда, дар як соат 55 км роҳро тай мекунад.
37. Дар Австралия одамон баъзе намуди кирми лойхӯракро дар хӯрокашон истифода мебаранд.
38. Дар Австралия Коала ном хирс зиндагӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ об наменӯшад. Хӯроки асосии Коала барги дарахти эвкалипт аст, бинобар ин шираи он ҷои обро мегирад.
39. Дар 1 га замин то 4,5 млн. кирми лойхӯрак зиндагӣ мекунад. Онҳо дар як шабонарӯз то 250 кг хокро аз рӯдаашон мегузаронанд.
40. Як шуллуки тиббӣ дар як вақт то 50 грамм хунро мемакад, ки ин миқдор ғизо барои 0,5 сол зиндагӣ кардани он кифоя аст.
41. Вазни китбачаи навзод ба 5 тонна мерасад.
42. Шуллуки тиббӣ то 2 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонад.
43. Вазни харчанги баҳрӣ (омар) то 25 кг мешавад.
44. Каждумҳо асосан шабона фаъоланд.
45. Бордоршавии баъзе аз ҳайвонҳо аҷиб аст, махсусан ғундаҳо. Ғундаи модина баъди бордор шуданаш ғундаи наринаро мехӯрад.
46. Заҳрнокии ғундаи модина нисбат ба ғундаи нарина 160 маротиба зиёдтар мебошад.
47. Канаҳо пӯсти инсон ё ҳайвонро хоида, роҳ кушода ба даруни пӯст медароянд ва дар он ҷо зиндагонӣ мекунанд.
48. Канаҳо то 6 сол бехӯрок зиндагӣ карда метавонанд.
49. Таъсири заҳри қароқут ба организми зинда аз заҳри мор 15 маротиба зиёдтар мебошад.
50. Занбӯрҳо дар қуттии занбӯри асал ба якдигарашон ахбор ё худ хабар медиҳанд.

Likes:
0 0
Views:
104
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply