Мӯҷизаи биологӣ қисми II.

1. Дар Куба шахсест, ки 60 сол хоб накардааст. Ин шахс деҳқони Кубагӣ Висенти Медина мебошад, ки гирифтори бемории бехобӣ аст. Ӯ аз 4 солагӣ инҷониб хоб накардааст. Ин рафтори ӯ табибонро дар тааҷҷуб мондааст.
2. Ҳашаротҳое мавҷуданд, ки як ё якчанд рӯз зиндагонӣ мекунанд. Ин гуна ҳашаротҳоро қатори якрӯзаҳо меноманд.
3. Шутурҳо баъд аз ташнагии сахт тақрибан аз 140 то 350 литр обро менӯшанд.
4. Гаҳвораҷунбонак, ки ҳашароти дарранда ба ҳисоб меравад дар 70 рӯз 147 ширинча, 41 пашшаи дарозфил ва 266 пашшаи хонагиро мехӯрад.
5. Занбӯрҳое, ки баҳор ё тобистон пайдо мешаванд, ба ҳисбои миёна 35 – 40 рӯз, вале занбӯрҳое, ки тирамоҳ зиндагонӣ мекунанд то 8 моҳ зиндагонӣ мекунанд.
6. Сагмоҳии хурдтарин мистихтис мебошад, ки дарозиаш 1 см аст.
7. Моҳиҳо дар як шабонарӯз баробари вазни худ об менӯшанд.
8. Агар занбӯрҳо одамро газанд худашон мемиранд, чунки неши аррашаклро доро мебошанд, ки онро аз дохили пӯст кашида гирифтан наметавонанд ва ин боиси мурдани онҳо мегардад.
9. Занбӯри модина ки малика ном дорад, дар баҳорон дар як шабонарӯз то 2000 тухм мемонад.
10. Занбӯрҳои модина пас аз бордор кардани занбӯрҳои нарина мемиранд.
11. Хурӯси калонтарини Дунё “Боеч” ном дорад, ки дар муддати 18 моҳ 26 кг вазн пайдо кардааст.
12. Малахҳо хӯроки дӯстдоштаи гӯсфанд, асп ва фил мебошанд.
13. Баъзе сӯзанакҳо дар як соат то 100 – 150 км ҳаракат мекунанд.
14. Кирмаки занбӯри асал хеле тез инкишоф карда дар 7 соат вазнаш то 2 маротиба меафзояд.
15. Госин ягона паррандаест, ки чор пой дорад. Ин парранда дар Амрико зиндагӣ мекунад.
16. Кива ном парранда, ки дар Зелландияи Нав зиндагонӣ мекунанд, хело умри кӯтоҳ дошта, дар давоми умри худ ҳамагӣ як маротиба тухм мегузорад.
17. Як намуди шапалак ки монарх ном дорад, то 3000 км парвоз мекунад.
18. Магасҳо баъди 3 рӯзи аз зоча баромаданашон ба тухммонӣ шурӯъ мекунанд ва дар 3 моҳи тобистон то 9 маротиба насл медиҳанд, ки дар натиҷа 5 трлн. Фарди магас пайдо мешавад.
19. Мӯрчагон фарди аз дигар оилаи мӯрчагон бударо аз душманон ҳифз карда онро ҳамчун ғулом истифода мебаранд.
20. Хуни нармбаданҳо вобаста ба он ки дар таркибаш кадом элементи кимёвӣ дорад (оҳан ё мис) сурх ё кабуд мешавад.
21. Як тухми шутурмурғ 10 кг вазн дорад, ки ба 150 тухми мурғи хонагӣ баробар аст.
22. Дар гӯши терпанга нисбат ба гӯши гов миқдори I (йод) 10 000 маротиба зиёдтар аст.
23. Дар Бразилия колокол ном паррандаи хурдакаке зиндагонӣ мекунад, ки овози он аз 2 км шунида мешавад.
24. Дар Австралия мурғе мавҷуд аст, ки дар болои тухмаш хоб накарда чӯҷа мебарорад.
25. Нештаршаклон шабона фаъоланд, чунки онҳо дар равшании зиёд тоқат надоранд ва аз равшании зиёд мефавтанд.
26. Равғанмоҳӣ то 10 млн. тухм мегузорад.
27. Тляпия ном моҳии Африқоӣ ки, тухмиҳои моҳии модинаро дар даҳони худ то баромадани моҳичаҳо нигоҳ медорад.
28. Дар баҳрҳои тропикӣ суфрамоҳиҳои барқӣ зиндагӣ мекунанд, ки онҳо аз худ ҷараёни барқро бо шиддати 70 Вт ҷудо мекунанд.
29. Дар Дунё дар 1 сол то 5 млн. тонна моҳи сайд карда мешавад, ки он аз рӯи вазн ба 650 млн. сар гов баробар аст.
30. Вазни моҳии белута то 1000 кг мешавад.
31. Паррандаи аз ҳама хурдтарини Дунё колибра аст, ки 2 грамм вазн дорад.
32. Хазандаҳо дар як сол 4 – 5 маротиба пӯсти худро иваз мекунанд.
33. Андозаи бадани баъзе соддатаринҳо (бронтозаврҳо) то 3 метр ва вазнашон то 50 тонна мешавад.
34. Дар Калифорния обсабзе мавҷуд аст, ки дар як шабонарӯз то 50 см қад мекашад.
35. Фароштурукҳо, достакҳо ва баъзе аз паррандагони дигар дар вақти парвоз хомӯшакҳо ва дигар ҳашаротҳои майдаро дошта мехӯранд.
36. Паррандаҳое, мавҷуданд, ки (фотимачумчуқ, майна ва ғ.) хӯрок дар меъдаи онҳо дар 8 – 10 дақиқа ҳазм мешавад.
37. Калонтарин боғи ботаникӣ дар Лондон аст, ки 110 га заминро ишғол кардааст.
38. Тарзи нафасгирии паррандаҳо аҷиб аст, онҳо як маротиба нафас мегиранд ва ду маротиба нафас мебароранд.
39. Дили кабӯтарҳо дар ҳолати оромӣ 165 маротиба ва дар вақти парвоз 550 маротиба кашиш мехӯранд.
40. Дар Афғонистон ҷонваре мавҷуд аст, ки Самандар ном дорад ва дар оташ намесӯзад.
41. Мӯрчахӯр ном ҳайвоне мебошад, ки дар як шабонарӯз 30 000 мӯрчаро мехӯрад.
42. Андозаи бадани шутурмурғи Африқоӣ то 2,75 метр ва вазанаш то 75 кг мерасад. Вай бо суръати 70 км/соат давида метавонад.
43. Баъзе паррандагон дар як рӯз то 400 маротиба чӯҷаи худ хурок медиҳанд. Фотимачумчуқ яке аз ин намуди паррандагон мебошад.
44. Мӯҳраҳои гардани заррофаи гардандароз баробари мӯҳраҳои гардани одам мебошанд, яъне вай ҳамагӣ дар гардани худ 7 мӯҳра дорад.
45. Гов дар як шабонарӯз 50 литр луъоби даҳонро ҷудо мекунад.
46. Хирсҳо дар 3 солагӣ ба балоғат мерасанд.
47. Аз равғани дар бадани одам буда, метавон 7 дона собуни калон истеҳсол кард.
48. Бадани одам он қадар карбони зиёд дорад, ки агар онҳоро ҷамъ кунем 90 000 дона қалам сохта мешавад.
49. Бадани инсон барои баровардани 2200 дона гӯгирд фосфор дорад.
50. Морж яке аз ҳайвонҳои калонатрин мебошад, ки дарозии танаи он ба 4 метр ва вазнаш то 2000 кг мерасад.

Likes:
0 0
Views:
82
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply