Умумӣ

«Муқаттаот»-и Ҷомӣ.

Муқаттаот

Дар ин нишемани идбор1, Ҷомиё коре,
Агар кунӣ на чунон кун, ки шармсор шавӣ.
Ниҳоди чархи фалак чун зумуррадин кўҳест,
Ки ҳар садо, ки бад-ў дар диҳӣ ҳамон шунавӣ.
Басити2 рўи замин мазраи мукофот аст,
Ки донае, ки дар ў афганӣ ҳамон даравӣ.

—————–
1. Идбор – бахтбаргаштагӣ, бадбахтӣ.
2. Басит – паҳновар, фарох.

 

* * *
Дар фунуни шоирӣ Ҷомӣ зи ҳад бурдӣ сухан,
Вақти он омад, ки дар кунҷи хамушӣ ҷо кунӣ.
Пир гаштӣ дар саводи шеър бурдан бо баёз
Чун қалам тарсам, ки рўзе cap дар ин савдо кунӣ.
Мояи мадҳу ғазал донӣ, ки ҳаст аксар дурўғ,
Бар киромулкотибин1 то кай дурўғ имло кунӣ.

————————
1. Киромулкотибин – дабирони (котибони) соҳибэҳсон.

* * *

Ҳар касе гуфтаем, ки пир шавӣ,
То ҷавонем расму ойин буд.
Чун шудам пир, шуд маро маълум,
Ки набуд он дуо, ки нафрин буд.
* * *
Зи бас, к-аз ошноён захм хўрдам,
Занад гар ҳалқа гирдам аждаҳое.
Наёяд бар дили ман сахттар з-он,
Ки кўбад ҳалқа бар дар ошное.
* * *
Чу ронад аз дари худ қаҳри Ҳаққ лаимеро,
Ба майли найли1 амониву ҳирси ҷамъи ҳутом2
Ҳавои молу манолаш чунон фурў гирад,
К-аз он на рўз қарораш бувад, на шаб ором.
На сер созад иззи қаноташ зи ҳалол,
На дур дорад ҳукми заҳодаташ3 зи ҳаром.
Гаҳе зи зулм ниҳад дар раҳи залол4 қадам,
Гаҳе зи фисқ5 занад дар тариқи ҳазлон6 гом.
Аҳабтар аз ҳама он, к-ин залолу ҳазлонро6,
Ниҳанд кўрдилон давлату саодат ном.

————————
1. Найл – ба мақсад расидан.
2. Ҳутом – моли дунё.
3. Заҳодат – зоҳидӣ, парҳезгорӣ.
4. Залол – гумроҳӣ, баргаштан аз роҳи дуруст.
5. Фисқ – фосиқӣ, бадахлоқӣ.
6. Ҳазлон – бечорагӣ, хорӣ.

 

* * *
Аблаҳеро чу бахт баргардад,
Умр дар кори батну фарҷ кунад.
Аз заифон ба зулм бистонад.
Бо ҳарифон ба фисқ харҷ кунад.
* * *
Дунё ҷифа1 асту аҳли дунё
Аксар чу сагони ҷифахора.
Ҷифа ба миёну ҷифахорон,
Рў карда дар ў зи ҳар канора.
Якдигарро ба захми дандон,
Карда сару рўй пора-пора.
Озода аз он миёна берун,
Бошад зи канора дар назора.
Гар ту ба масал шумора гирӣ,
Он тоифаро ҳазорбора.
Ўро ба нишемани фароғат,
Берун ёбӣ аз он шумора.

—————–
1. Ҷифа – мурдор, чизи пўсида, гандида.

 

* * *
Олам аз мардум пур аст, аммо набошад дар миён
Фориқи эшон зи гову хар ба ҷуз гўшу думе.
Кард доно вазъи ойина, ки чун онро гаҳе
Пеши рўи худ ниҳад, ояд ба чашмаш мардуме.
* * *
Ҷомӣ ба шеър мидҳати шерони мулк кун,
Не мадҳи ҳар авон1, ки ба сират саг асту гург.
Мадҳи касон ба cap ба масал хок кардан аст,
Чун хок мекунӣ ба cap аз тўдаи бузург.

——————–
1. Авон – сарҳанги девони подшоҳӣ, посбони давлатӣ.

 

* * *
Шоҳо, зи умуми некхоҳон,
К-Эзид зи хавоси халқ додат.
Гар з-он, ки яке бирафт ё ду
Сад беҳтар аз он иваз диҳодат.
Ҳар риштаи ҷонашон, ки бигсехт,
Пайванди таноби умр бодат.
* * *
Дӣ гуфт орифе, ки мазиқи1 хуми сипеҳр,
Аз меҳнати авом аҷаб танг хонаест.
Гуфтам зи тангхона яке нуқта маҳв кун,
К-аз миннати лиом2 аҷаб нангхонаест.

———————–
1. Мазиқ – ҷои танг, тангно.
2. Лиом – ҷамъи лаим – нокас, паст, сифла.

 

* * *
Ҳар чӣ аз ҷоҳ туро бинаму мол,
Ки туро монеи айши абад аст.
Баҳри имрўзи ту ҳар чанд накўст,
Баҳри фардои ту бисёр бад аст.
Баҳри он душмани бадхоҳи ту гар,
Бо ту дар маърази буғзу ҳасад аст.
Бикушо чашми ҳақиқатбинро,
Ки туро биниши аҳли хирад аст.
То бибинӣ, ки дар он буғзу ҳасад,
Некхоҳи туву бадхоҳи х(в)ад аст.
Некхоҳи ту чу бошад бо ў
Душманӣ қоидаи деву дад аст.
Шукри ў гўй, ки дар айши абад
Душманиҳош мадад бар мадад аст.
* * *
Хомие гар равад зи бехирадӣ,
Ки ба табъаш зи пухта хом беҳ аст.
Афв кун, афв з-он ки пеши карим,
Лаззати афв з-интиқом беҳ аст.
* * *
Ҷомиё, дар паноҳи фақр гурез,
Ҳаваси симу ҳирси зар бигзор.
Хармизоҷони ҳирсу шаҳватро
Масти хобу асири х(в)ар бигзор.
Рў ба узлатсарои Исо неҳ
В-ин харонро ба якдигар бигзор.
* * *
Ҳар кӣ орад хабар ба маҷлиси ту,
Ки набурдат фалон ба некӣ ном.
Қавли он нокас истимоъ1 макун,
З-он ки ў муфтарист2 ё наммом.3

——————–
1. Истимоъ – шунидан, гўш кардан.
2. Муфтарӣ – тўҳматкунанда.
3. Наммом – хабаркаш.

 

* * *
Бастанд аҳли дин паи озори аҳли дил
Пирояи таросухиёну ҳулулиён.
Хуш он, ки силки сўҳбати инон гусату шуд
Дамсози хирсу бўзинаву саг чу лўлиён.
* * *
Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдоӣ.
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаис1 аз шууру доноӣ.
Зикри дунон наёбӣ андар вай,
К-он бувад, нақди умрфарсоӣ.
Мадҳи шоҳон дар ў ба истидъост2,
На зи хушхотириву худроӣ.
Имтиҳонро агар зи cap то пош
Бар равӣ сад раҳу фуруд оӣ.
З-он мадоеҳ ба хотират нарасад,
Маънии ҳирсу озпаймоӣ.
Ҳеч ҷо набвад он мадоеҳро
Дар ақаб қитъаи тақозоӣ.

———————-
1. Мунбаис – ирсол дошташуда, фиристодашуда.
2. Истидъо – хоҳиш, талаб, дархост.

 

* * *
Шунидаӣ, ки Муиззӣ чӣ гуфт бо Санҷар,
Чу зикри ҷудати ашъор миннати сила1 рафт.
Мадеҳи ман паи нашри фазоиле, ки турост,
Ба Шарқу Ғapб рафиқи ҳазорқофила рафт.
Атийяи2 ту, ки вофӣ ба ҷавъи оз3 набуд
Зи ҳабси меъда чу озод шуд ба мазбала4 рафт.

——————–
1. Сила – ато, инъом; музде, ки барои шеър дода мешавад.
2. Атийя – бахшиш.
3. Оз – тангчашмӣ, ҳирс, тамаъ.
4. Мазбала – халоҷо, ҳоҷатхона.

 

* * *
Дило, чу рўй дар арбоби маънӣ овардӣ,
Мабар ба кор қавонини шеърдониро.
Ки саҷъу қофия гарчи латифу мавзунанд,
Ду пардаанд ҷамоли арўси маъниро.
* * *
Пире дидам хамидақомат
Дунболи ҷанозаи ҷавоне.
Бо ў ба забони ҳол мегуфт
Гирён-гирён ба ҳар забоне:
Рафтӣ ту чу тиру ман бимондам,
Дар қабзаи даҳр чун камоне.
* * *
Кард тўҳмат ҳосиде, к-аз шаҳриёрони куҳан
Меравад Ҷомӣ зи бас озорҳои нав ба нав.
Бихраде гуфто чу нақди умри худ, яъне сухан,
Мегузорад пеши мо ҳар ҷо, ки хоҳад гў: — бирав.
Чун зи кунҷид равғани софе тамом омад бурун
Табъи говон аст бо кунҷора дил кардан гарав.
* * *
Ҷомӣ, ба муқтазои замон чун баромаданд,
Саддиқиёни даҳр ба ранги салусиён1.
Макшо забон ба фазл, ки руҳмест заҳрнок
Дар таъни аҳли фазл забони фузулиён2.

——————–
1. Салусиён – фиребгарон, маккорон, риёкорон.
2. Фузулӣ – бисёргў, беҳудагў.

 

* * *
Халқи оламро зи гову хар набинам фориқе
Гарчи гову хар бар эшон фарзи гўшу дум кунам.
Рўй дар кашфи маориф гар равам дар гўшае,
В-аз миёни ин ҷамоат номи худро гум кунам.
Гоҳ-гоҳе байтаке гўям паи ташҳизи1 табъ,
Беҳ, ки бо инон нишинам ғайбати мардум кунам.

———————
1. Ташҳиз – тез кардан, бурро кардан; барҷаста кардан.

 

* * *
Ҷомӣ нифоқ пеша куну тарки сидқ гир,
То аз хилофи халк раҳӣ в-аз низоъашон.
В-ар майли ту ба маркази сидқ асту ростӣ
Як сў нишин зи доираи иҷтимоъашон.
* * *
Сифлае мехост узри орифе, к-аз омадан,
Сўи ту монеъ маро ашғоли гуногун бувад.
Гуфт хомўш кун, ки гар сўям наёяд чун туе
Миннати ноомадан аз омадан афзун бувад.
* * *
Ҳеч донӣ кафи диҳанда чаро
Бартар аст аз кафи ситонанда.
Он ғиноро1 зи пеш ронандаст
В-ин ғиноро ба хеш хонанда.

——————
1. Ғино – суруд, нағма, оҳанг.

Leave a Reply