Умумӣ

МУҚАДАСОТИ МО.

  – Дар Конститутсияи ( Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳои артиши миллиамон қарз ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди тоҷику тоҷикистонӣ дониста мешавад.

-Матни Суруди Миллӣ, шакли Нишони давлатӣ ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Қонунҳои давлатӣ тасдиқ намудаанд ва Низомномаҳои онҳо бо қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунъявӣ ва ягона, ифодагари дўстии пойдори ҳаммаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Иҷрои Суруди миллӣ қоидаҳои худро дорад, яъне онро дар ҳар куҷою дар ҳар як маърака хондан мумкин нест. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, тавре Президенти давлатамон Эмомалии Раҳмон таъкид кардаанд, хуб азёд карда ба таври овози зинда хондан лозим аст. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми оѓозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, иҷлосияҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва ҷашнҳои ҷумҳуриявии мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гардида иҷро карда мешаванд.

Суруди миллиро дар оѓози барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ дар рўзҳои идҳои умумимиллӣ – 1 январ ( Соли Нав ), 8 март (Рўзи байналхалқии занон), 21-24 (Иди Наврўз), 9 сентябр (Рўзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон), 6 ноябр (Рўзи Конститутсия); ҳамарўза дар ибтидо ва анҷоми барномаҳои радиои умумиҷумҳуриявии Тоҷикистон; ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигари мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондодашаванда, маросимҳои барафроштани Парчами давлатӣ, пешвозгирӣ ва гусели сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷии расман ба Тоҷикистон ташриф оварда (баъди иҷрои Суруди миллии он давлатҳо) ва дигар ҳолатҳои ҳатмии пешбиникардаи қонунгузорӣ иҷро мекунанд.

Ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ иштирокдорон Сурудро рост истода мехонанд. Суруди миллӣ дар қисмҳои ҳарбӣ низ мувофиқи Низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти Низомномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.Суруди миллиро дар муассисаҳои тобеи Вазорату Комитетҳои давлатӣ ва идороти ҶТ тибқи тартиботи мукарраршуда иҷро мекунанд.Барои вайрон карда хондани матни Суруди миллӣ, ки таҳқир кардани Суруди Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Нишони (Герби) давлатӣ аз тасвири тоҷ, нимдоираи иборат аз ҳафт ситораи рўяшон бо нурҳои аз паси кўҳҳои барфпўш тулўъкунанда фарогирифта ва бо чанбаре оро додашуда, ки атрофашро аз тарафи рост хўшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота карда иборат аст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён рўи курсӣ китоби саҳифаҳояш бозшуда ҷой дода шудааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кўҳҳо, хўшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, пояи баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошанд (агар Нишони давлатӣ ба таври ранга тасвир наёфта бошад, тасвири маълумиаш бо ранги сиёҳу сафед аст). Азбаски Нишони давлатии Тоҷикистон рамзи муқаддас ҳисоб меёбад, онро эҳтиром бояд кард ва онро дар ҳаркуҷою лозиму нолозим овехта мондан нашояд.

Тасвири Нишони давлатии ҶТ дар ҷойҳои зайл гузошта мешаванд: дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии ҶТ; дар болои биноҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи ҶТ: дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи ҶТ; дар толорҳои маҷлисгоҳи Президенти ҶТ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ва Раёсатҳои онҳо, Ҳукумати ҶТ, Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияву шаҳрҳо, дафтарҳои кори Президенти ҶТ, Раисони ВМКБ. вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳо, дар биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва биноҳои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва акди никоҳ.

Вақтҳои охир дар бланкаҳои ҳуҷҷатии баъзе идораю созмонҳо ва ташкилотҳои ҷаъмиятию ѓайридавлатӣ ва муқоваи шаҳодатномаҳои хизматӣ ва ҳатто дар шаҳодатномаҳои студентон ҷой додани тасвири Нишони давлатии ҶТ ба назар мерасанд, ки ин риоя накардани талаботи Низомномаи Нишони давлатӣ мебошад. Тасвири Нишони давлатии ҶТ дар мўҳру бланкаҳои ҳуҷҷатҳои Президенти ҶТ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ва Раёсатҳои он, Ҳукумати ҶТ, вазорату кумитаҳои давлатии ҶТ, Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, судҳо ва мақомоти прокуратураи ҶТ, идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҶТ, инчунин корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои ҷумҳуриявии бо қонунҳои ҶТ ба онҳо ҳуқуқи дар мўҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳо ҷой додани тасвири Нишони давлатӣ иҷозат дода шуда, ҷой дода мешаванд.

Тасвири Нишони давлатӣ дар нашрияҳои расмии МО ҶТ ва Раёсати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ва Ҳукумати ҶТ ҷой дода мешавад. Тасвири Нишони давлатӣ дар шиносномаҳои шаҳрванди ҶТ, инчунин шиносномаҳои дипломатӣ ва шиносномаи махсуси хориҷии ба шаҳрвандони ҶТ додашаванда ҷой дода мешаванд.

Дар сутунҳои марзии дар Сарҳади давлатии ҶТ гузошташуда низ Нишони давлатии ҶТ насб карда мешаванд. Тасвири Нишони давлатии ҶТ сарфи назар аз андозаҳояш ва рангаш бояд дақиқан ба тарҳи тасдиқшудаи  он мувофиқат намояд. Баъзан рассомон рўзҳои иду ҷашнҳо шумораи ҳафт ситораро ё кўракҳои шукуфони пахтаро (даҳ кўраки шукуфон ва як кўраки ношукуфта) аз будаш кам нишон медиҳанд, ки ин амал хилофи муқаррароти Низомнома мебошад.

 

            Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии ҶТ аз матои росткунҷае, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад. Рахи боло ранги сурх, мобайнӣ ранги сафед, рахи поён ранги сабз дошта, паҳноии рахи сурху сафед ба ҳам баробар, рахи сафед баробари якуним паҳноии ин ду ранг мебошад. Дар рўи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ зада шуда, дар болои он ба шакли нимдоира ҳафт ситора тасвир карда шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Азбаски Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддасоти давлатист, онро бояд эҳтиром намуд, Баъзан Парчами давлатиро лозиму нолозим истифода мебаранд, онро дар мошинҳои шахсӣ, утоқҳои кори раисони ширкату идораҳои ѓайридавлатӣ, дўконҳои пивофурўшӣ, баъзан  чаппа, рахи сурхашро аз поён ҷой медиҳанд, ки он таҳкир ҳисоб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи  Низомномааш дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот (ҷамоатҳо) ба таври доимӣ (ҳамарўза) барафрохта мешавад; дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо гузаронида мешаванд, дар давоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон ( ҷамоат ) дар тамоми давраи гузаштани маҷлис барафрохта мешавад.

Дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии ҶТ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳою ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳои ид ва рўзҳои хотиравии бо қонуни ҶТ муайяншуда барафрохта мешавад.

Дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар мамлакатҳои хориҷӣ будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаста бошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешаванд.

Дар биноҳои раъйдиҳӣ – рўзҳои интихоботу раъйпурсӣ, толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои ҶТ, дар қисмҳои ҳарбии ҶТ – мутобиқи талаботи Оинномаҳои ҳарбӣ, дар посгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои гумрукию рухсатдиҳии Сарҳади давлатии ҶТ Парчами давлатии ҶТ барафрохта мешавад.

Парчами давлатиро мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ё Ҳукумати ҶТ ҳангоми гузаронидани маросимҳою чорабиниҳои тантанавии мақомоти давлатӣ барафрохтан мумкин аст.

Баъзан вақти ба утоқҳои кори сардорони идораю корхонаҳо, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ворид шудан мебинем, ки сари мизи эшон Парчами давлатӣ гузошта шудаанд. Шояд ингуна ашхос барои ҳавою ҳавас ва ё нишон додани мансаби хеш Парчами давлатиро сари мизашон гузошта бошанд. Аммо, мутобиқи талаботи банди 4 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кабинетҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахщон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12, с. 1999, моддаи 332). Яъне, барои ҷойгир кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кабинетҳои кори дигар сардорон Низомномаи мазкур иҷозат надодааст.

Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои Маҷлисҳои МО ҶТ ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта мешавад. Дар ин маврид ба чўбдасти парчам овезон карда мешавад. Агар парчам дар симчўб овезон бошад, аз нўги симчўб каме поёнар ва бо чўбдаст баста бошад, парчам ба андозаи 1/3 дарозии чўбдаста хам карда мешавад.

Тасвири Парчами давлатӣ дар киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд. Агар мушоҳида карда бошед, дар қаноти думии киштиҳои ҳавоии ширкати ҳавоии «Тоҷикистон» расми кабутар бо рангҳои рахи парчам кашида шудаанд.

Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боѓу хиёбонҳо, гулгашту болои биноҳои истиқоматӣ инчунин ба сифати ороиш барафрохтан мумкин аст, фақат нисбат ба Парчами давлатӣ беҳурматӣ содир нашавад. Баъзан расми парчамро рўи роҳравҳо мекашанд ва одамон онро зери пой карда аз рўяшон роҳ мераванд, ин бошад, рўирост таҳқири Парчами давлатӣ ҳисоб мешавад. Аксар вақт дар намоишҳои ахбори телевизион нишон медиҳанд, ки дар кадом гўшаи ҷаҳон парчами ягон давлатро зери по карда пора мекунанд ё оташ мезананд ва бо ҳамин ба давлати соҳиби парчам эътирози худро баён мекунанд. Ин ҳам таҳқири ҳамон давлат ҳисоб мешавад.

Шахсоне, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳурмату эҳтиром нисбати муқаддасоти давлатамон – Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрванди ҳар як сокини Тоҷикистон ҳисобида мешавад.                                                                        

 

Leave a Reply