Умумӣ

Ақидаи Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд.

Ҷомӣ дар достон зимни образҳои Искандар ва Арасту муносибати устоду шогирдро бо камоли маҳорат нишон додааст. Адиб таъкид менамояд, ки ҳар як кас бояд ҳурмату эҳтироми устод, омўзгорро нигоҳ дорад.
Арасту рўзе аз Искандар мепурсад, ки агар дар оянда подшоҳ шавӣ, ба ман чӣ хел муносибат мекунӣ?

Чу мулки ҷаҳонат мусаллам шавад,
Дар он поя пои ту маҳкам шавад.
Чӣ бошад ба пеши ту миқдори ман?
Чӣ равнақ пазирад зи ту кори ман?

Искандар чунин ҷавоб медиҳад:
Бигуфто, ки бошад туро бартарӣ,
Бари ман ба миқдори фармонбарӣ…
Ба тоат туро то қадам пештар,
Бувад қадри ту пеши ман бештар.

Аз ин порчаи боло маълум мегардад, ки Искандар устодашро дар амру фармони подшоҳӣ баробар ва ҳатто аз худ бештар ҳисоб мекардааст.
Дар ҳақиқат, Искандар ҳурмату эҳтироми устодашро то охири умр ба ҷо овард. Бо маслиҳати ў ва дигар ҳакимон давлати бузургашро идора мекард. Боре як нафар аз Искандар мепурсад, ки чаро ў муаллими худ Арастуро аз падар беш ҳурмату эҳтиром мекунад? Ҷавоби Искандар:

Бигуфто: Зад ин нақши обу гилам,
В-аз он тарбият ёфт ҷону дилам.
Аз ин шуд тани ман пазирои ҷон,
В-аз он омадам зиндаи ҷовидон.
Аз ин по кушодан зи қайди адам,
В-аз он рў ниҳодам ба мулки қидам.

Ҷомӣ талаб мекунад, ки ҳар касе, ки муаллим дорад, то охири ҳаёташ бояд устодони худро ҳурмату эҳтиром кунад. Қадри муаллим аз падар ҳам зиёдтар аст. Зеро муаллим ба ў таълим медиҳад, ҳунару фарҳанг меомўзонад ва ба шогирд бахту саодат мебахшад. Ҷомӣ афкори пешқадамро зимни образи шоҳи муқтадир – Искандар инъикос намудааст. Ин ақидаи шоир то одаму олам аст, завол намеёбад, зеро чунон ки Ҷомӣ мегўяд:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор!

Ҷомеа ҳамеша ба омўзгор ниёз дорад ва ҳурмату эҳтироми муаллим амрест воҷиб. Андешаҳои Ҷомӣ нисбати омўзгор, имрўз ҳам қимати баланди таълимию тарбиявӣ дошта, барои инкишофи маънавиёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат мекунад.

Leave a Reply