Мероси Адабӣ – Саъдии Шерозӣ

Эҷодиёти Саъдӣ аз замони донишҷўи мадрасаи Низомияи Бағдод буданаш шурўъ шуд. Даставвал ў ҳам ба форсӣ-тоикӣ ва ҳам ба арабӣ шеър мегуфт. Шеърҳои форсӣ-тоҷикии ўро, ки дар оғози эҷодиёташ ғазалу қитъа ва навъҳои дигари хурди лирика ташкил мекарданд, ба ҳамаи кишварҳои форсизабон мебурданд. Дар омади гап қайд кардан лозим аст, ки Саъдӣ Форсро чун як вилояти Эронзамин шумурда, тамоми кишварҳои форсигў ва тоҷикзабонро бо як калима – тоҷик ифода намуда, онро дар баробари Араб, яъне мамлакатҳои арабизабон, Турк, яъне кишварҳои қавмҳояшон турк ва Рум, яъне сарзаминҳои мардумони руминажод мегузорад:

Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.

Ҷои дигар Саъдӣ калимаи “тоҷик”-ро дар баробари “турк”, ки тамоми қабилаҳои омадаро ифода мекард, ба маънои тамоми халқҳои маҳаллии эронинажод, истифода менамояд:

Аз баҳри худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд, ки ба подшаҳ бигўянд:
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Ғайр аз ин, Саъдӣ аз Самарқанду Марв, Вахшу Балх ва дигар мавзеъҳои тоҷикнишин зиёд ёд мекунад. Дар забони асарҳои Саъдӣ хурд, нағз, абра, улоғ, андовидан, таъна, тунук, хоиск, сунбидан, сияҳгўш”, мағок, майда ва амсоли ин калимаҳое, ки бештар дар гўиши тоҷикӣ мустаъмаланд, истифода шудаанд.
Саъдӣ дар мактаби бузурги адабие, ки ба он Рўдакӣ асос гузошта буд, тарбия ёфта, бо эҷодиёти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Анварӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Низомӣ ва бисёри дигарон ошноӣ дошт.
Аз рўи он ки шеъри Саъдӣ бо зиндагии ў зич вобаста буда, воқеаҳои муҳимтарини замонро таҷассум мекард, зуд ба дили хонандагон ва шунавандагон роҳ меёфт. Ба ин маънӣ шоири муосираш гуфтааст:

Басе намонд зи ашъори ошиқонаи ту,
Ки шоҳбайти суханҳо шавад фасонаи ту.

Саъдӣ дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёти бошуурона ва марҳилаҳои зиндагии қаҳрамононаи худ ҷаҳони зиндаро тасвир намуда, чун сарояндаи ҳаёт ҳама нафъи маънавии дар сайру сафарҳо ба даст овардаашро дар асарҳои худ дарҷ намудааст. Ў ин дурҳои маъниро дар асарҳои лирикиаш дар сурати абёти латиф, ки ашъори ишқию пандро ба вуҷуд меоранд, шакл медиҳад. Вале дар “Бўстон” ва “Гулистон” онҳо чун ҳикоятҳои таърихию воқеии пандомўз, ҳикматҳои олӣ ва мақолу зарбулмасалҳо тарҳ рехта шудаанд. Рисолаҳои Саъдӣ матнҳои оммавии сўҳбатҳои гарму ҷўшони воизонаи ўро сабт кардаанд.
Ба ҳамин тариқ, Саъдии Шерозӣ дар навъ ва намудҳои гуногуни назму наср асар офаридааст. Вай ҳанўз дар замони зиндагии худ чун машҳуртарин аллома ва номвартарин адиби форсизабон ном бароварда буд. Аз рўинавиштаҳои ў нусхаҳо бардошта, онро ба атрофу акнофи кишварҳои тоҷикзабон мебурданд. Худи Саъдӣ чандин бор девон ва куллиёташро тартиб дода буд. Куллиёти ў аз бахшҳои зерин иборат аст:
Панҷ рисолаи мансур оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти маънавии замони шоир; “Бўстон”, “Гулистон”, “Тайибот”, “Хавотим”, “Бадоеъ”, “Қасоиди форсӣ”, “Қасоиди арабӣ”, “Рисолаи ақл ва ишқ”, “Тарҷеот”, “Насиҳатулмулук”, “Соҳибия”, “Маҷлиси ҳазл”, “Муқаттаот” ва рубоиёт.
Куллиёти Саъдӣ баъдтар сурати дигарро гирифт. Ин корро Алӣ ибни Аҳмад ибни Абўбакри Бесутун анҷом дод.

Девонҳои Саъдӣ

Саъдии Шерозӣ дар тамоми давраи эҷодиёти худ ғазал менавишт. Аз ин рў, ғазалҳои ў қисмати бузурги эҷодиёти ўро ташкил мекунанд. Миқдори умумии ғазалҳои Саъдӣ ба 700 адад расида, ҳаҷми он дар ҳудуди 7000 байт аст. Ашъори дигари лирикии ў ҳаҷман камтар аст. Дар гузашта Саъдиро маҳз пайғамбари ғазал гуфтаанд.
Ғазалҳои Саъдӣ дар чор девони ғазалиёти ў фароҳам оварда шудаанд. Ин девонҳо чунин ном доранд: Тайибот, Бадоеъ, Хавотим ва Ғазалиёти қадим.
Калонтарин девони ғазалиёти Саъдӣ, ки 400 ғазал (беш аз 4000 байт)-ро дарбар мегирад, Тайибот ном дорад. Тайибот – покиҳо, тозагиҳо гуфтан аст. Ин девони худро Саъдӣ соли 1263 тартиб додааст. Аз ҷиҳати ҳаҷм дар байни девонҳои Саъдӣ Бадоеъ (Тозапардозиҳо) ҷои дуввумро мегирад. Дар ин девон, ки соли 1260 мураттаб гардидааст, қариб 200 ғазал гирд оварда шудааст. Он тақрибан 2000 байт дорад. Девони Хавотим девони ғазалҳои давраи охир. Он то соли 1260 тадвин шуда, ин ҷо Хавотим шакли ҷамъи калимаи “хотам” – нигин буда, он бо хотима алоқае надорад. Яъне хотимаи эҷодиёти Саъдӣ нест. Девони Ғазалиёти қадим бо номи худ мувофиқат надорад. Дар он ғазалҳое низ ҷой дода шудаанд, ки баъди таҳия шудани се девони аввал суруда шудани онҳо аниқ аст.
Девонҳои чаҳоргонаи Саъдӣ дар якҷоягӣ хазинаи бузурги эҳсосоти латиф ва маъниҳои бикр буда, шоирро чун устоди мумтози ғазал нишон медиҳанд.
Мавзўи асосии ғазал аз аввали пайдоиши он ишқ буд. Саъдй низ анъанаҳои беҳтарини ғазалнависони асрҳои Х-Х11-ро давом дода, дар ғазалҳои худ қабл аз ҳама шўру шавқи ҷавонӣ, сўзу гудоз, нозу ниёз, васлу ҳиҷрон, лутфу қаҳр ва беқарорию шикебоӣ барин кайфиятҳои ботинии дилдодагон, лаззатбахшии ишқ, ҷилваҳои ҳусн, хубии рафиқ ва зиштии рақиб ва нишоту хуррамиҳои ҳаётро таҷассум менамояд. Бузургии Саъдӣ дар он аст, ки дарду ҳасрати ошиқро шабеҳи нолаҳои мардуми хонабардўши аз зулми муғул ба ҷонрасида ва маҳрумиятҳои дилбохтаи номуродро ба ғами гирифторони панҷаи зулм монанд ба қалам медиҳад, орзую муроди ошиқони покбозро бо суханони сеҳрангез ва ибораю таъбирҳое адо менамояд, ки ормону умедҳои дерини мазлумонро ба хотир меоранд. Ҳамаи ин гуфтори шоири дилогоҳи дардошноро ба дилу шуури мардуми ситамкаш наздик мегардонад. Маҳз аз ангезаҳои ботинӣ шодоб шудани ғазалҳояшро худи Саъдӣ низ таъкид менамояд:

Оташкада аст ботини Саъдӣ зи сўзи ишқ,
Сўзе, ки дар дил аст, дар ашъор бингаред.

Одамият дар осори Саъдӣ мафҳуми бузурги фалсафию ҷамъиятӣ дошта, тарғиби ин мафкура шоҳроҳи эҷодиёти шоирро ташкил мекунад. Саъдӣ дар ғазале, ки “одамият”-ро барои он радиф интихоб кардааст, моҳияти ин мафҳумро хеле муфассал ва ҳадафрас тавзеҳ дода, таъкид менамояд, ки камоли инсонӣ на дар сурату либоси зебо, на дар доштани даҳону чашму бинӣ, на дар хўрду хобу шаҳват, на дар ибрози ғазаб аст, балки дар одамият буда, одами ҳақиқӣ бояд аз зиштию бадӣ ва худписандию дарандахўӣ барҳазар бошад. Ҳамин навъ инсон метавонад, ки дар ҳама кор пешрав ва дар зиндагӣ комёб бошад:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият…

Ҳамаи ин Саъдии Шерозиро чун вассоф ва ситоишгари ишқ нишон медиҳад. Аз ҳамин чиҳат ғазалҳои ў шўҳрати ҷаҳонӣ доранд. Ҳанўз сайёҳи араб Ибни Батута (асри XIV) хабар медиҳад, ки маллоҳони чинӣ ҳангоми сафари соҳилҳои ҷанубии Хитой дар киштӣ баробари сурудҳои хитоӣ ва арабӣ ғазалҳои Саъдиро месароиданд.

«Бўстон»

Бузургтарин асари манзуми Саъдӣ «Бўстон» мебошад. Чунон ки гуфта шуд, Саъдӣ «Бўстон»-ро соли 1257 дар Димишқ ба назм оварда, онро ба ҳокими Форс Абўбакр ибни Саъди Зангӣ тўҳфа фиристода буд.
«Бўстон» аз чаҳор ҳазор байт иборат буда, дар баҳри мутақориби мусаммани мақсур суруда шудааст. Рукнҳои ин вазн ба фаўлун фаўлун фаўлун фаўл баробар аст:
Қа-но-ат та-вон-гар ку-над мар-д-ро
Ха-бар деҳ ҳа-ри-си ҷа-ҳон гар-д-ро!
Фа-ў-лун фа-ў-лун фа-ў-лун фа-ўл
V– v– V– V-
Шоҳномаи Фирдавсӣ ва достонҳои қаҳрамонии дигар бо ин вазн навишта шудаанд. Маснавии Саъдӣ дар аввал Саъдинома унвон дошт, зеро қаҳрамони асосии он худи шоир буда, на фақат бисёр ҳикоятҳо аз саргузашти худи Саъдӣ гирифта шудаанд, балки тамоми асар намоёнгари афкору андеша ва ифодакунандаи мавқеи ғоявии ўст. Баъди таълифи «Гулистон» «Саъдинома» номи «Бўстон»-ро гирифт.
Саъдӣ чун қаламкаши дунёозмуда дониши дар мадрасаҳо омўхта, таҷрибаи дар сафарҳо андўхта, одобу расму одати писандида, ҳикмати гирдоварда ва афкору андешаҳои пешниҳод мекардагиашро дар асарҳои худ, аз ҷумла дар «Бўстон» бо ибораҳои рангин ва суханҳои намакин дар либоси шеъри шево ҷой кунондааст. Ҳангоми бозгашт ба Шероз адиб ин колои худро ба ҳамватанони азизаш чун ҳадя армуғон оварда:
Дар ақсои1 олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтўъ2 зи ҳар гўшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хўшае ёфтам.
Чу покони Шерози покиниҳод
Надидам, ки раҳмат бар ин хок бод!
Таваллои мардони ин хокбум
Барангехтам хотир аз Шому Рум.
Дареғ омадам з-он ҳама бўстон
Тиҳидаст рафтан бари дўстон.
Бари дўстон армуғонӣ баранд,
Ба дил гуфтам аз Миср қанд оваранд.
Маро гар тиҳӣ буд аз он қанд даст,
Суханҳои ширинтар аз қанд ҳаст.
На қанде, ки мардум ба сурат хўранд,
Ки арбоби маънӣ ба коғаз баранд.

1 Ақсо – гўшаю канорҳо.
2 Таматтўъ – фоида, баҳра.

Дар «Бўстон» Саъдӣ масъалаҳои адлу дод, некию хубӣ, эҳсону ҷавонмардӣ, тавозўъу хоксорӣ, қаноату офият, тани дуруст, шафқату мурувват, ҳаё, номи нек ва амсоли инро пеш гузошта, бар зидди зулму ситам, худписандию ғурур, такаббур, ҷаҳлу нодонӣ ва хиёнат исён мебардорад. Ў мардумро ба фаъолиятмандӣ ва ғамхорӣ нисбат ба аҳли меҳнат даъват намуда, дар ҳама маврид ҳимояти манфиати халқро фарз мешуморад. Ин гуна мулоҳизаҳо ва таълимоти Саъдӣ, ки қадри баланди инсонро ситоиш намуда, ифодаи орзўю омоли халқ буданд, имрўз ҳам аҳамияти худро нигоҳ дошта меоянд.
«Бўстон» аз муқаддима ва даҳ боб иборат аст. Бобҳои он чунин ном доранд: боби аввал – “Дар адл ва рои ҷаҳондорӣ”, боби дуввум – “Дар эҳсон”, боби сеюм – “Дар ишқ”, боби чаҳорум – “Дар тавозўъ”, боби панҷум – “Дар ризо”, боби шашум – “Дар қаноат”, боби ҳафтум – “Дар олами тарбият”, боби ҳаштум – “Дар шукр бар офият”, боби нўҳум -“Дар тавба” ва боби даҳум – “Дар муноҷот”.
Ғояи асосии боби аввалро шарҳи мақоми ҳокиму раият, муносибати ин ҳар ду ба якдигар ва ўҳдадорию вазифаи онҳо ба ҳамдигар ташкил мекунад. Ба андешаи Саъдӣ раият мисли рамаву подшоҳ шубон ва султон дарахту шаҳрвандон бехи он дарахтанд:
Раият чу беханду султон дарахт,
Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт!
Бинобар ҳамин, эҳтиёт намудани раият, дар ҳаққи он ғамхорӣ кардан, нисбат ба он адлу инсоф варзидан, пушту паноҳи деҳқону косиб будан, ба доди мўҳтоҷон расидан, амалдорони худотарсу ҳалолкорро гумоштан, дасти ғосибону қаллобон ва дуздону ҳаннотонро кўтоҳ гардондан фарз аст. Ҳифзи ном ва нангу номуси мардум вазифаи подшоҳу ҳоким аст. Барҳазар будан аз зулму ситам, аҷала накардан дар куштан, ҷустани сулҳ бо мухолифон, карам, мурувват, шафқат ва андешаву тадбир бар шукўҳу шавкати ҳокимон меафзояд. Дарвешпарварӣ ва илмдўстӣ ҳар ҳокимеро насиб гардад, ў зафарманд хоҳад буд. Тамоми ҳикояту тамсилҳои ин боб ҳамин ғояро талқин мекунанд. Хазинаи давлат на барои подшоҳ, балки барои ободии кишвар аст:
Шунидам, ки фармондеҳи додгар
Қабо1 доштӣ ҳар ду рўй остар.
Яке гуфташ: “Эй хисрави некрўз,
Зи дебои2 чинӣ қабое бидўз!”‘
Бигуфт: “Ин қадар сатру3 осоиш аст,
В-аз он бигзарӣ зебу ороиш аст.
На аз баҳри ин меситонам хироҷ,
Ки зинат кунам бар худу тахту тоҷ.
Агар чун занон ҳулла4 дар тан кунам,
Ба мардӣ куҷо дафъи душман кунам?
Маро ҳам зи сад гуна озу5 ҳавост,
Валекин хазина на танҳо марост.
Хазоин6 пур аз баҳри лашкар бувад,
На аз баҳри озину7 зевар бувад.
Ҳар боби «Бўстон» бо муқаддимаи манзуми назарие оғоз меёбад, ки асли мақсад, ғоя ва мазмуни бобро баён мекунад. Сипас шоир барои тақвияти фикри худ роҷеъ ба мавзўъ ҳикояту тамсилҳое меорад, ки натиҷаи таҷрибаҳо, мушоҳидаҳо, мутолиаҳо ва хулосабарориҳои шоир мебошанд. Аммо ҳар кадоми ин ҳикоятҳо чун асари мустақили санъат дорои сюжет, қахрамонҳо, низоъҳо ва натиҷагириҳои хос мебошанд. Саъдӣ зимни ин “ҳикоятҳо ва шеърҳои кўтоҳ-кўтох, ҷаҳон-ҷаҳон маъниро ифода карда. хонандаро бо ғизои маънавӣ сер мекунад”
(С. Айнй). Саъдӣ эҳсонро бузургтарин фазилати инсон мешуморад. Ҷуду карам, саховатпешагию хайрандешӣ, ғарибнавозию ятимпарварӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ, хушгўӣ, нармӣ ва донишу тақво сифатҳои писандидае ҳастанд, ки Саъдӣ онҳоро ташвиқ менамояд. Дар баробари ин шоир ҷаҳолат, мумсикӣ, кибру ғурур, ғафлат ва амсоли инро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Раҳму шафқат на фақат нисбат ба одамон, балки ба ҳайвонҳо низ воҷиб аст. Ба ақидаи Саъдӣ дар назди ятим ҳатто навозиши фарзанди худ раво нест. Ў мефармояд:
Чу бинӣ ятиме сар афганда пеш,
Мадеҳ бўса бар рўи фарзанди хеш

1 Қабо – ҷомаи рўпўш. 2 Дебо – ҳарир.
3 Сатр – пўшиш.
4 Хулля – либоси абрешимӣ.
5 Оз – ҳирс.
6 Хазоин – хазинаҳо.
7 Озин – зебу зинат.

Мурувват, бахшиш, авф ва маърифат хислатҳои ҳамидаи инсонанд. Аммо ба бадхоҳон, золимон, ситамгарон ва мардумозорон раҳму шафқат раво нест:
Бигуфтем дар боби эҳсон басе,
Валекин на шарт аст бо ҳар касе.
Бихўр мардумозорро хуну мол,
Ки аз мурғи бад канда беҳ парру бол…
Барандоз бехе, ки хор оварад,
Дарахте бипарвар, ки бор оварад.
Бояд ба касе мансабу амал супурда шавад, ки ғами хурдонро хўрад:
Касеро бидеҳ пояи меҳтарон1,
Ки бар кеҳтарон2 сар надорад гарон.
Раҳм бар золимону шафқат бар дуздон гуноҳи азимест, ки бар одамони бегуноҳ, беозор ва нек ҷавр аст:
Мабахшой бар ҳар куҷо золимест,
Ки раҳмат бар ў ҷавр бар олимест.
Ҷаҳонсўзро кушта беҳтар чароғ,
Яке беҳ дар оташ, ки халқе ба доғ.
Ҳар он кас, ки бар дузд раҳмат кунад,
Ба бозуи худ корвон мезанад.
Хулосаи Саъдӣ чунин аст, ки ситамгор бояд нест карда шавад, зеро бо ситам ҷазо додани ситамгар худ адолат аст:
Ҷафопешагонро бидеҳ сар ба бод,
Ситам бар ситампеша адл асту дод.
Дар Бўстон Саъдӣ инсонро чун мукаррамтарин офаридаи худованд ба қалам дода, дар бораи модарону падарон ва занон бо эҳтиром сухан меронад. Вай ба мақоми зан дар оила то ба дараҷае эътиқод дорад, ки мефармояд:
Зани хуби фармонбари порсо
Кунад марди дарвешро подшо…
Дилором бошад зани некхоҳ,
Вале аз зани бад, худоё паноҳ!
Ҳикоятҳои зиёди Бўстон, ки ба тарзи шўхӣ, ҳачв ва мутоиба иншо гардидаанд, ба адабиёти лафзии халқ гузашта, чун моли халқ шинохта шудаанд. Бўстон дар адабиёти тоҷику форс мақоми бузург дорад ва ба забонҳои зиёди дунё тарҷума ва нашр шудааст. Он дар тўли қарнҳо ҳамчун намунаи барҷастаи асари ахлоқӣ дар адабиёти халқҳои Шарқ назираҳои бисёреро ба вуҷуд овардааст.
1 Меҳтарон – калонон, раисон.2Кеҳтарон – хурдон, одамони мутеъ.

«Гулистон»

«Гулистон» бузургтарин ва маъруфтарин асари ҷаҳоншумули Саъдии Шерозӣ мебошад. Он аз китобҳои машҳуртарини насри бадеии классикии тоҷикист, ки чун дурдонаи тобнок ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шудааст. Ба қавли шоире:
Булбули табъи ў сафире зад,
Ҳама офоқ Гулситон бигрифт.
«Гулистон» асари комилан адабӣ, тарбиявӣ ва ахлоқист. Вале масъалаҳои тарбия ва ахлоқ дар он ба тарзи хулосаҳои илмӣ баён карда намешаванд. Ин мазмун аз тору пуди бадеии он ҳувайдо мегардад. Саъдӣ дар «Гулистон» бо се роҳ андешаҳои ҳакимонаи худро ба қалам оварда, афкори инсондўстонаи хешро талқин менамояд. Якум, бо роҳи тасвири амалиёту ҳаракати мушаххаси қаҳрамонҳои ҳикоятҳояш. Хонанда аз хислатҳои неки қаҳрамонҳои мусбат ибрат мегирад, кирдори ношоистаи персонажҳои манфиро маҳкум намуда, ба зуҳуроти номатлуб ҳисси оштинопазирӣ пайдо мекунад. Дуввум, Саъдӣ масъалаҳои тарбия ва ахлоқро дар «Гулистон» ба воситаи натиҷагирӣ аз воқеаҳои ибратбахши зиндагӣ ва хулосабарорӣ аз рафтори қаҳрамонҳои ҳикоятҳо баён мекунад. Ин натиҷагириҳо ва хулосабарориҳо дар шакли муколамаҳои кўтоҳ, шеър ва мақолу зарбулмасалҳо сурат мегиранд. Сеюм, нависанда фалсафаи зиндагиро дар шакли ҳикматҳои барҷаста ба миён мегузорад. Дар ин мавридҳо ба назар чунин мерасад, ки гўё нависанда аз нақли хикоятҳо сарфи назар карда, фақат натиҷаю хулосаро гирифтааст.
Дар «Гулистон» ҳикоятҳои кўтоҳи пурмазмуни воқеӣ, нақлу ривоятҳои таърихӣ, латифаҳои дилангези ахлоқӣ, мутоибаҳои зариф, тамсилҳои марғуби иҷтимоӣ, панд ва мавъиза ҷамъ оварда шудааст. Ин ҳикояту ҳикматҳо сиёсат ва одоби зиндагиро меомўзонанд. Муаллиф дар «Гулистон» бар замми мушоҳидаҳои шахсии хеш аз қиссаю ривоятҳо ва маълумотҳои таърихие истифода бурдааст, ки онҳоро ба тарзи ёддошт тамоми умр ҷамъ мекардааст ва ё дар хотир нигоҳ медоштааст. Аз ин ҷиҳат дар «Гулистон» ба ғайри ҳикоятҳое, ки соф зодаи тахайюли нависанда мебошанд, навъҳои дигари ҳикоятҳо низ ҳастанд. Як қисми онҳо ҳикоятҳои воқеие мебошанд, ки бо мазмунҳои баланди иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ороста шуда, саргузашту ёддоштҳои худи муаллифро фаро мегиранд. Ривояту мутоибаҳое, ки асоси халқӣ доранд, низ дар асар кам нестанд. Ривоятҳо ва ҳикояҳои таърихие, ки ба саргузашти шахсони таърихӣ вобастаанд, шояд манбаъҳои китобӣ дошта бошанд. Ҳамаи инро Саъдӣ ба як маром дароварда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Саъдӣ дар баробари офаридаҳои тахайюлии худ ривоятҳои таърихӣ ва мазмунҳои халқиро чунон дар банду баст, пуррагӣ, маҳкамӣ, забон, тарзи баён ва ғоя аз нав кор кардааст, ки алҳақ тамоми ҳикоятҳои «Гулистон» моли ҳалоли ў мебошанд. Бар замми ин, Саъдӣ ривояту ҳикоятҳоеро нақл мекунад, ки воқеаҳои монанди онҳо борҳо аз мушоҳидаю таҷрибаи худи ў гузаштаанд.
Гулистон аз дебоча, ҳашт боб ва хотима иборат аст. Бобҳои он чунин ном доранд:
Боби аввал – “Дар сирати подшоҳон”
Боби дуввум – “Дар ахлоқи дарвешон”
Боби саввум – “Дар фазилати қаноат”
Боби чаҳорум – “Дар фавоиди хомўшӣ”
Боби панҷум – “Дар ишқ ва ҷавонӣ”
Боби шашум – “Дар заъф ва пирӣ”
Боби ҳафтум – “Дар таъсири тарбият”
Боби ҳаштум – “Дар одоби сўҳбат”.
Номи бобҳои «Гулистон» ба мавзўъҳои асосии онҳо ишорат мекунад. Дар асл мазмуни ҳар кадом боб аз мавзўе, ки дар сарлавҳа хотирнишон карда шудааст, хеле васеътар ва бою рангоранг аст. Онҳо дар бобҳои «Гулистон» бо тобишҳои нав ба нав ҷилвагар мешаванд. Адиби одамшинос ба масъалаҳои ғанимат шумурдани умр ва онро сарфи кори хайр кардан бисёр аҳамият медиҳад.
Саъдӣ дар «Гулистон» баробари ситоиши ҳусни маънавӣ ва ахлоқи ҳамида ҷавру зулм, хислатҳои зишти инсонӣ ва ахлоқи разиларо маҳкум менамояд. Вай дар «Гулистон» роҷеъ ба некӣ ва бадӣ ақидаҳои мухталифи намояндагони табақаҳои гуногунро ба қалам медиҳад. Халқияти «Гулистон» пеш аз ҳама дар тарғиби ғояҳои инсондўстӣ ва мавқеи халқии муаллифи он ҳувайдо мегардад.
Мароми умумии «Гулистон» панд аст. Ҳамаи ҳикоятҳо ва ҳикматҳоро мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ ба ҳамдигар муттаҳид мегардонад. Вале чунон ки гуфтем, панди Саъдӣ панди урён нест. Ў дар ҳама мавридҳо доруи талхи насиҳатро чунон бо шаҳди зарофат омезиш медихад, ки аз шунидани онҳо хотири кас малол намегирад. Баръакс. табъи шунаванда ба кабули он моил мешавад. Нависанда ақидаи худро ба хонандаю шунаванда бор намекунад. Радду қабулро ў ба ихтиёри худи онҳо мегузорад:
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Ақидаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Саъдӣ дар «Гулистон»

Меҳру муҳаббати Саъдӣ ба халқи ситамкаши ҷафодида ва табақаҳои меҳнаткаши ҷамъият бузург аст. Ақидаҳои сиёсй ва иҷтимоии нависанда дар «Гулистон» низ аз ҳамин мавқеъ баён шудаанд.
Саъдӣ ҷамъиятро ба золимону мазлумон тақсим мекунад. Ў пуштибон ва хайрхохи мазлумон аст. Вай зулму ҷавр ва беадолатиҳои замони худро дида, тағйир додани онҳоро тарафдорӣ мекунад. Ў тарафдори подшоҳи одили маърифатпарвар мебошад. Боби якуми «Гулистон», ки «Дар сирати подшоҳон» ном дорад, моҳияти адлро аз рўи фаҳмиши Саъдӣ дуруст мекушояд. Мувофиқи ақидаи муаллифи «Гулистон» адолат беҳтарин сифати подшоҳон аст. Инсондўстй, раиятнавозӣ ва фуқаропарварии подшоҳон ҳама ба адли онҳо вобаста аст. Подшоҳи одил бояд зулмро барҳам занад, бадонро гўшмол диҳад, амалдорони мардумозорро аз вазифа фуроварда, ба ҷазо расонад, додраси ситамдидагон бошад. Аз рўи талаби Саъдӣ подшоҳи одил бояд барои ободии кишвар кўшад, хазинаро эҳтиёт кунад, дар қаламрави худ илму ҳунарро равнақ диҳад. Подшоҳи одил вазифадор аст, ки мададгори пирону бевазанон ва дастгири ятимону мўҳтоҷон бошад. Подшоҳи одил бояд аз хашму ғазаб парҳез намояд, аз қаҳру худписандӣ арҳазар бошад, чунки ин сифатҳо ўро ба хирасарӣ ва ҷафокорӣ бурда, боиси сар задани зулм ва ривоҷи тааддӣ мегардонад.
Ҷолиби диққат аст, ки Саъдӣ дар замони худ ягон подшоҳи одилро наёфта, барои мисол подшоҳони бостонро намунаи ибрат нишон медиҳад, ки дар байни халқ чун подшоҳони орзуии дилхоҳи одил шинохта шудаанд. Саъдӣ Искандару Нўшервон ва Фаридуну Ҳорунаррашидро чун подшоҳони додгустар боэҳтиром ёд мекунад. Вале ба хотир овардан лозим аст, ки ин подшоҳон, ки Саъдӣ онҳоро чун подшоҳони одил намунаи ибрат нишон медиҳад, дар асл дар хунхорӣ, истилогарӣ, золимӣ, аҳдшиканӣ ва номардӣ аз ҳамтабақаҳои дигари худ фарқ намекарданд. Фақат бо гузашти айём халқ, ки ба адолат эхтиёҷи зарурӣ дошт, ба воситаи нақлу ривоятҳо образи идеалии онҳоро офарид. Инсониятро Саъдӣ аз рўи нажод, оину мазҳаб ва забону кишвар ҷудо намекунад. Дар пеши марг ҳамаи онҳо баробаранд. Вале муаллифи «Гулистон» дар зиндагӣ одамонро ба хубу бад тақсим менамояд. Одами хуб шахси некниҳоди ҳамидакирдор, фидоии роҳи хайр, муборизи некӣ, нафърасони кишвар, осоишдеҳи халқ аст. Одами бад шахси золим, хунхор, бадтинат, разилахлоқ, мардумозор, қаллоб, дузд, муфтхўр, коҳил ва ҷоҳил аст. Ин навъ одам аз ҳайвон фарк намекунад, ҳатто аз сагу гург ва дигар даррандаҳо бадтар аст. Саъдӣ таълим медиҳад, ки фақат инсони соҳибхирад аз ҳайвон авлотар буда, инсоне, ки халқро азоб медиҳад, аз ҳайвони дарранда, яъне дад бадтар аст:
На ҳар одамизод аз дад беҳ аст,
Ки дад з-одамизодаи бад беҳ аст.
Беҳ аст аз дад инсони соҳибхирад,
На инсон,ки дар мардум афтад чу дад.
Саъдӣ бо бадон бадӣ варзиданро таълим медиҳад. Ин ақида гувоҳи он аст, ки дар масъалаҳои хайру шар, неку бад, хубу зишт дар мавқеи гуманизми фаъол меистад. Ў бо чандин роҳ ақидаи худро баён ва талқин мекунад:
Аввал, фақат таъкид менамояд: “Раҳм овардан ба бадон ситам аст бар некон ва авф кардан бар золимон ҷавр аст бар мазлумон”. Ин ҷо нависанда ҳалли масъаларо ба худи иҷрокунанда вогузор менамояд. Аз ин ҳикмат маълум мешавад, ки Саъдӣ ҳарчанд лутфу тараҳҳумро беҳтарин хислатҳои инсон шумурад ҳам, фақат мазлуму меҳнаткашро ба он мустаҳиқ, мешуморад. Ҷафокорону золимон ва бадкирдорон сазовори авфу марҳамат нестанд. Зеро:
Тараҳҳум бар паланги тездандон
Ҷафокорӣ бувад бар гўсфандон.
Дуввум, ў қатъан талаб мекунад:
Бо бадон бад бошу бо некон накў,
Ҷои гул гул бошу ҷои хор-хор.
Сеюм, ба ақидаи Саъдӣ, ҷазо додани гунаҳгор айни савоб аст. Лекин ҷазо ҳатман бояд, ки ба андозаи гуноҳ бошад. Ин нуктаро Саъдӣ дар боби дуввуми «Бўстон», ки “Дар эҳсон” ном дорад, хеле барҷаста ифода карда буд. Ҳукми ў чунин аст: Ситам бар ситамгар адлу дод буда, бар золими ҷафопеша некӣ раво нест:
Чу андар саре бинӣ озори халқ
Ба шамшери тезаш биёзор ҳалқ!
Бадтарини бадон, хунхортарини хунхорон ва золимтарини золимон дар замони Саъдӣ ғоратгарони муғул буданд. Саъдӣ дар ҳаққи онҳо мегўяд:
Ҳама одамизода буданд, лекин
Чу гургон ба хунхорагӣ тезчанге.
Муаллифи «Гулистон» шоҳиди фатароти кишварҳо ва вазъи тоқатшикани халқҳо буд. Ў ҳамчунин бо чашми худ медид, ки рехтани хуни бегуноҳон ва ғурриши раъди ситам иттиҳоди мазлумонро низ мустаҳкам мекард. Бадбахтӣ мардумонро ҳамдард мекард. Ситам онҳоро тифоқ мегардонад. Дар ниҳоди онҳо оташи мубориза аланга мезад. Онҳо ба қасосу интиқом бармехостанд. Саъдӣ ба қувваи иттиҳоди мазлумон боварии куллӣ дошт.
Вай табақаи ҳокимро аз ғазаби халқ огоҳ менамояд ва бидуни тарсу ҳарос мегўяд, ки агар мўрчагон иттифоқ кунанд, барои интиқом шери жаёнро пўст мекананд, аз ин панд бояд гирифт ва душманро набояд ҳақиру бечора шумурд:
Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,
Бо ҳама сахтию салобат, ки ўст.
Мўрчагон гар бикунанд иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пўст.
Саъдӣ ба бебақо будани пояи истибдод ва заволи зулму тааддӣ эътиқод дорад. Вай хитоб менамояд:
Намонад ситамгори бадрўзгор,
Бимонад бар ў лаънати кирдигор!
Бидуни мулоҳиза ба куштан додани худро Саъдӣ намепазирад. Ў насиҳат мекунад, ки дар ҳолати ногузир будани мағлубӣ бо душман муросо кардан лозим аст. Ин навъ муросо то расидани фурсати мувофиқи интиқом бояд давом кунад. Ҳамин, ки фурсат расид мағзи душманро ба коми дўстон баровардан шарт аст.
Аз масъалаи муросо бо душман масъалаи ҷангу сулҳ пеш меояд. Саъдӣ чун шахси ватанпарвар ақида дорад, ки дар корзор фақат қаҳрамонӣ бояд нишон дод. Ҷонро дар муҳофизати Ватан набояд дареғ дошт. Аз ин ҷиҳат хоини Ватан, ки аз ҷанг мегурезад, бояд кушта шавад, зеро нанги ў ба ҳамаи лашкар мерасад:
Якеро, ки дидӣ чу дар ҷанг пушт,
Бикуш, гар адў дар масофаш1 накушт.
Муханнас беҳ аз марди шамшерзан,
Ки рўзи вағо2 сар бипечад чу зан.
——————————————————————————–

Андешаҳои панду ахлоқӣ дар «Гулистон»

Муаллифи «Гулистон» Саъдии Шерозӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқҳои тоҷику эронӣ чун муаллими ахлоқ, шахси сиёсатдон ва ҳакими зиндагидўст шинохта шудааст. Саъдӣ адибест, ки масъалаҳои сиёсат, нуктаҳои иҷтимоӣ ва муаммоҳои зиндагиро бо меъёри ахлоқ чен мекунад. Аз нуқтаи назари Саъдӣ ахлоқ ба ҷо овардани расмиятҳо ва урфу одат нест. Ахлоқ ниёзи ботинӣ буда, хулқу хў ва рафтору кирдорест, ки аз одоб, дониш ва дараҷаи тарбияи кас ба вуҷуд меояд. Ахлоқ талаботи маънавист, ки онро шахс бошуурона ба ҷо меорад. Ахлоқ ду навъ мешавад: ахлоқи нек ва ахлоқи бад. Дар замонҳои пеш ахлоқи некро ахлоқи ҳамида ва ахлоки бадро ахлоқи разила мегуфтанд.
«Гулистон» асарест, ки ахлоқи ҳамида ва одоби баландро талқин менамояд. Саъдӣ хусусан дар бобҳои сеюм, чорум, ҳафтум ва ҳаштуми «Гулистон» ахлоқи покизаро ҳимоят мекунад ва ахлоқи бадро танқид менамояд.
Саъдӣ ҳусни ахлоқро дар одоби нек, кирдори шоиста, рафтори писандида ва иффату покдоманӣ мебинад. Ў ақида дорад, ки ба воситаи тарбия, омўзондану омўхтан, машқ ва худтарбиякунӣ ахлоқро нек, дуруст ва комил гардондан зарур аст.
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» ба одоби сўҳбат аҳамияти хос медиҳад: Боби ҳаштуми китоб “Дар одоби сўҳбат” ном дорад. Боби чаҳорум “Дар фавоиди хомўшӣ” низ бештар роҷеъ ба ҳамин мавзўъ баҳс мекунад. Шартҳои одоби сўҳбат мувофиқи гуфти Саъдӣ чунин мебошанд: кас дар сўҳбат бояд, ки хушмуомилаю ширинзабон бошад, бо лутф ва хубии сухан майли шунавандаро ба худ ҷалб намояд. Хубии сухан дар кўтоҳу далелнок ва мантиқию бамаънӣ будани он падидор мешавад. Гўянда бояд, ки аввал андеша кунад, баъд сухан ба миён оварад, мағзи гапро гўяд, ҳар нуктаро бомавриду баҷо гўяд. Дар вақти сўҳбат шунаванда набояд, ки сухани касро буррад. Сухангў пеш аз он ки шунавандаҳо дилбазан шуда, ўро аз гуфтан боздоранд, худаш гапро тамом кунад. Аз сухани бад хомўшӣ авлотар аст. Вале хомўшӣ на ҳама вақт хуб аст. Дар зарурат суханро гуфтан шарт аст. Саъдӣ дар ин хусус равшан ақида меронад:
Агарчӣ пеши хирадманд хомўшӣ адаб аст,
Ба вакти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кўшӣ.
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурў бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вакти хомўшӣ.
Албатта, касе, ки дашном медиҳад, таҳсину дуо нахоҳад шунид. Вале хирадманд ба дашном бо дашном ҷавоб намедиҳад. Баръакс, саъй менамояд, ки дашномдиҳандаро аз ин айб пок гардонад. Саъдӣ мефармояд:
Агар нодон ба ваҳшат сахт гўяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷўяд.
Шарти дигари сухан ростгўист. Сухани рост таҷассуми кирдори рост аст. Бояд гуфтору кирдори кас баробар рост бошад, балки кирдор беҳтар аз гуфтор мебояд. Қатъан дурўғ гуфтан мумкин нест. Саъдӣ таълим медиҳад, ки кас хоҳ дар болои дор бошаду хоҳ дар зери теғ бояд рост гўяд, зеро:
Гар рост сухан гўиву дар банд бимонӣ,
Бех з-он ки дурўғат диҳад аз банд раҳоӣ.
Ҳурмати падару модарро Саъдй фарз мешуморад:
Эй тифл, ки дафъи магас аз хеш надонӣ
Ҳарчанд, ки болиғ наӣ, охир на ҳамонӣ!
Шукронаи зўроварии рўзи ҷавонӣ
Он аст, ки қадри падари пир бидонӣ!
Эҳтиром ба гузашта низ як навъ эҳтиром ба падарону бобоён мебошад. Аз ин рў бадгўии бузургони гузаштаро аҳли хирад бузург нахоҳанд шумурд:
Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зиштӣ барад.
Саъдӣ ба бисёр масъалаҳои ҳаррўзаи зиндагӣ диққат мегуморад. Ў таълим медиҳад, ки шахс бояд сирри худ, сирри рафиқу оила ва сирри давлатиро нигоҳ дорад. Вай сарфаю сариштакориро тарғиб менамояд: “Ба нониҳода даст нарасад ва ниҳода ҳар куҷо, ки ҳаст, бирасад».
Муаллифи «Гулистон» боз бисёр масъалаҳои зиндагиро аз рўи ҳикмат ҳал мекунад. Ў ақида дорад, ки тадбири бе қувват макру фусун буда, қуввати бетадбир ба ҷаҳлу девонагӣ монанд аст. Ў ҳатто мегўяд:
Онро, ки ақлу ҳиммату тадбиру рой нест,
Хуш гуфт пардадор, ки кас дар сарой нест.
Саъдӣ дар ҳама кор, ҳатто дар сабру тоқат, тавозўъ, хоксорӣ ва амсоли инҳо низ нигоҳ доштани ҳадди эътидолро дуруст мешуморад. Масалан, ў ҳар қадар тавозўъро ситоиш намояд ҳам, аз ҳад гузарондани онро маслиҳат намедиҳад:
Тавозўъ гарчи маҳбуб асту фазли бекарон дорад,
Набояд кард беш аз ҳад, ки ҳайбатро зиён дорад.
Харҷ низ бояд ба дахли кас мувофиқ бошад, вагарна оқибати он пуртаассуф хоҳад буд. Ин матлабро Саъдӣ ба воситаи ташбеҳе ба як ҳодисаи маълуми табиат ифода мекунад:
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегўянд маллоҳон суруде:
Агар борон ба кўҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрўде.
Ҳамият аз сифатҳоест, ки Саъдӣ дар таълифи он суханро дареғ намедорад. Ҳамият аз рўи таълимоти ў он аст, ки кас тавонад, ки шаъну шарафи худро нигоҳ дорад, муҳофизати Ватанро таъмин намояд, падару модар, аҳли оила ва зану фарзандро ба сахтӣ нагузорад. Саховату инъомро низ Саъдӣ таъриф мекунад. Вале ў хотирнишон менамояд:
Чу инъом кардӣ, машав худпараст,
Ки ман сарварам, дигарон зердаст.
Саъдӣ ситоишгари дўстони ҳақиқӣ ва рафоқати самимист. Ў панд медиҳад: “Хонаи дўстон бирўб, дари душманон макўб”. Вай дўстони беғарази ҳақшинос, ёрони содиқ ва рафиқони мувофиқро меписандад. Ба ақидаи Саъдӣ дўсти ҳақиқӣ шарики ранҷу роҳат аст. Махсусан, дар вақти мусибат, дармондагӣ ва ҳоҷат дўстро шинохтан мумкин аст. Саъдӣ аз номи ҳакимони адабомўз мефармояд: “Дўстон ба зиндон ба кор оянд, ки бар сурфа ҳама душманон дўст намоянд.
Дўст машмор он кӣ дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст
Дар парешонхолию дармондагӣ”.
Иттифоқу иттиҳод шарти дигари дўстӣ буда, қувваи дўстй маҳз дар ягонагӣ ва муттаҳидии ёрон ҳувайдо мегардад. Дўстони муттаҳид аз ҳеҷ душмане боке надоранд, зеро ягон душман наметавонад, ки онҳоро мағлуб созад. Саъдӣ ин маъниро бо чандин тарз ифода менамояд. Ба ақидаи ў инсони танҳо мисли ришта (хайт)-е мебошад, ки кандани он ҳеҷ душворие надорад. Аммо агар риштаҳо ба ҳам тофта шаванд, касе, ҳатто агар мисли яке аз қаҳрамонҳои Шоҳнома Исфандиёр зўр дошта бошад ҳам, онхоро пора карда наметавонад:
Дўстони сахтпаймонро зи душман бок нест,
Шарти ёр он аст, к-аз пайванди ёраш нагсалад.
Сад ҳазорон хайти яктавро набошад қуввате,
Чун ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нагсалад.
Айбҷўиро Саъдӣ мазаммат мекунад ва онро амали ношоиста мешуморад. Вале айби дўстонро дидан ва рўирост онро танқид кардан шарти дўстист. Бо машварату маслиҳат дўстонро аз айбу нуқсон эмин гардондан фарз аст. Агар дўст ин таклифро напазирад, ўро душманӣ варзидан лозим меояд:
Оини бародарию шарти ёрӣ
Он нест, ки айби ман ҳунар бишморӣ.
Саъдӣ нуқсонҳои дигари маънавии инсонро низ маҳкум менамояд. Шахси сустирода ва беҳамиятро Саъдӣ хурмат намекунад. Баръакс, панд медиҳад:
Аз он беҳамият бибояд гурехт,
Ки номардияш оби мардон бирехт.
Нависандаи бузург хешовандони бевафоро низ намеписандад:
Х,ар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дўстрўю давлатманд.

Тарғиби илму ҳунар дар «Гулистон»

Дар «Гулистон» ва умуман, дар эҷодиёти Саъдӣ тавсифу тарғиби илму ҳунар ҷои намоёнро мегирад. Саъдӣ дар илму ҳунар воситаҳоеро мебинад, ки мамлакатро равнақ дода, дунёи маънавии инсонро сафо мебахшанд. Азбаски ривоҷи илму ҳунар ба фаъолияти инсон вобаста аст, Саъдӣ ба тарбия ва сабзиши олимону ҳунармандон аҳамияти махсус медиҳад. Ба ақидаи Саъдӣ, қадру эътибори илму ҳунар ба иззату обрўи соҳибони онҳо вобаста аст. Ҳар қадар олим ё хунарманд нисбат ба касби худ ҷиддӣ ва бо ҳисси масъулият муносибат намуда, онро пок нигоҳ дораду равнақ диҳад, қисмати дониш ва аҳамияти ҳунари ў афзун мегардад. Аз ин ҷиҳат олим ва ҳунарманд вазифадоранд, ки пеш аз ҳама дараҷаи илмӣ ва маҳорати касбии худро баланд бардоранд. Дар он сурат шахси боилм ва соҳибҳунар ҳар ҷо равад, иззату эхтиром мебинад. Ин ғоя дар хикояти ду амирзода хеле барҷаста ифода гардидааст.
Талаботи Саъдӣ аз ҳунармандон дида ба олимон бештар аст. Зеро олимон қувваеро доранд, ки дар пешравии ҷамъият, инкишофи мамлакат ва балоғати маънавии инсон ҳамто надорад. Илм шакли олии фаъолияти инсон буда, чароғест, ки мардумро ба пеш мекашад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Олим бояд аз ҳар ҷиҳат ба атрофиёни худ намунаи ибрат бошад. Хусусан, ахлоқи пок, одоби шоиста, ширинзабонӣ, нисбат ба одамон ғамхор будан шарти олимист. Саъдӣ олими соҳиби ин гуна фазилатҳоро мўҳтарам мешуморад. Ба қавли ў “олиме, ки бо мантиқи ширину қувваи фасоҳат ва мояи балоғат ҳар ҷо, ки равад, ба хизмати ў икдом намоянд ва икром кунанд:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тилост,
Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.
Бузургзодаи нодон ба шаҳраво1 монад,
Ки дар диёри ғарибаш ба ҳеҷ настонанд”.
Саъдӣ ҳамеша таъкид менамояд, ки қадру қимати инсон дар илму ҳунари ўст, на дар аслу насабаш. Аммо илму ҳунар бидуни таълиму тарбия ҳосил намешавад. Аз ин ҷиҳат Саъдӣ ба масъалаҳои тарбия ва таълим аҳамияти зиёд медиҳад. Вай боби ҳафтуми «Бўстон»-ро “Дар олами тарбият” номида, ба боби ҳафтуми «Гулистон» “Дар таъсири тарбият” унвон гузоштааст. Мувофиқи ақидаи Саъдӣ инсон аслан гавҳари қобилест, ки дар натиҷаи таълиму тарбия комил мегардад. Муаллиму омўзгор бояд ҷиддӣ, серталаб ва тарбиятгар! бошанд, зеро:
Устоду муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кўдакон дар бозор.
Ҳар кас, ки аслаш аз азал зишт бошад, бо тарбият онро нек гардондан ғайри мумкин аст. Ин кўшиш ба он мемонад, ки одам гирдакон, яъне чормагзро болои гунбаз партояд, ки биистад:
Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.
Ҳамин ақидаро Саъдӣ ба навъҳои дигар боз чандин бор такрор мекунад, мисли:
Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахурӣ.
Бо фурўмоя рўзгор мабар,
К-аз найи бўрё шакар нахўрӣ.
Аз файзи борони баҳор бебаҳра будани хасу хошок ва шўразор барои Саъдӣ образест, ки ба воситаи диққатро ба он ҷалб кардан, бо тарбият кас нашудани нокасони бадгуҳарро мефаҳмонад:
Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчи бо одамӣ бузург шавад.
Ҳамин тарбиятнопазир будани ҷавхари бад дар як ҳикояти «Гулистон» чунин баён шудааст: “Яке аз вузароро2 писаре кавдан3 буд.
1 Шаҳраво – пули мисини камарзиш. ки фақат дар як шаҳр ё вилоят равост, аммо дар беруни он қурбу арзиш надорад.
2Вузаро – вазирон.
3 Кавдан – кундзеҳн.

Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Рўзгоре таълим кардаш ва муассир набуд1. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.
Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ў асар бошад.
Ҳеч сайқал накў наёрад кард,
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона машўй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо2 гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанўз хар бошад.

Саъдӣ дар бадгавҳарӣ ва нокасӣ писарони подшоҳону вазирон ва фарзандони сарватмандонро намуна нишон медиҳад. Ин ҷо ду фикри Саъдӣ аҳамияти бузург дорад: Аввал он ки илму дониш, ҳунар ва адабро наметавон бо пулу мол ба даст овард, яъне онро харидан мумкин нест. Дуввум, ақлу ҳунарро Саъдӣ аз ганҷи падар авло мешуморад. Ба ақидаи ў ҳунар аз ному насаб ҳам боло меистад. Ин ақидаро Саъдӣ тамоми умр тарғиб мекард. Дар ҳамаи бобҳои «Гулистон» ин матлаб мавриди тасвир қарор гирифтааст. Муаллиф меорад: “Аъробиеро дидам, ки писарро ҳаме гуфт: Туро пурсанд, ки ҳунар чист, нагўянд, ки падар кист!”
Барои он Саъдӣ ҳунарро аз молу сарват боло мегузорад, ки ҳунарро ҳунарвар ҳар қадар бештар харҷ кунад, он ҳамон миқдор зиёдтар сайқал меёбад ва такомул мепазирад. Аммо пулу мол бо харҷ кардан рў ба костан мениҳад.

САБКИ «ГУЛИСТОН»

Шоҳасари Саъдии Шерозӣ «Гулистон» ҳамчун намунаи барҷастаи насри классикии тоҷик хусусиятҳое дорад, ки онро аз китобҳои насри тоҷикӣ мумтоз мегардонанд. «Гулистон» бо насри мусаҷҷаъи ба назм омехта навишта шудааст. Ин ду таркиб, яъне назму наср дар «Гулистон» на фақат аз ҷиҳати маънӣ, балки аз лиҳози сабк ва услуб низ дар камоли ягонагӣ қарор доранд. Он мисли шеър кўтоҳсухан, хушбаён ва бонизом буда, ҳатто саҷъу қофия дорад. Он насрест, ки дар ниҳояти хубию маҳкамӣ, фасоҳату балоғат ба дараҷаи шеърҳои баланд истода, хеле пурҳикмату мақоломез мебошад.
1 Муассир набуд- таъсир намекард.
2 Хари Исо- мувофиқи «Инҷил» харе, ки ҳазрати Исои Масеҳ бо он ба Байтулмуқаддас рафта буд.
Назми «Гулистон» мисли наср содаю равон ва аз ҷиҳати мазмун заминӣ ва реалӣ Буда, дар маънӣ насри онро такмил медиҳад. Муаллиф дар «Гулистон» аввал ҳикоят, воқеа ё андарзҳоро бо насри мусаҷҷаъ баён мекунад. Баъд дар хотимаи нақлҳо ё охири гуфтори қаҳрамонҳо байту қитъа, рубоиву зарбулмасал, ҳикмати манзум ва ё порчаҳои дигари шеърӣ меорад. Ин воситаест, ки нависанда фикрашро мантиқан ва ё аз ҷиҳати фалсафӣ хулоса ва ҷамъбаст менамояд. Ба назар чунин мерасад, ки хулосаҳои адиб маҳз шакли шеърро тақозо менамоянд ва маъниҳои порчаҳои мансурро тавзеҳ медиҳанд. Ҳамаи порчаҳои шеърии «Гулистон» ба қалами худи Саъдӣ тааллуқ доранд. Фақат 5-6 ҳикояи «Гулистон» пурра дар шакли назм навишта шудаанд. Ҳикоятҳои манзуми «Гулистон» ҳикматомез набуда, зарофатангезанд.
Ягонагии ғоявӣ ва санъати баланди насру назми «Гулистон»-ро тамоми ҳикояҳои он намоиш медиҳанд. Барои намуна як ҳикоятро аз назар мегузаронем. Дар он назму наср чунон бо ҳам омезиш ёфтаанд, ки онҳоро наметавон аз якдигар ҷудо кард. Ҳикоят: «Луқмонро гуфтанд: Адаб аз кӣ омўхтӣ? Гуфт: Аз беадабон – ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.
Нагўянд аз сари бозича ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш.
В-агар сад боби ҳикмат пеши нодон
Бихонанд, оядаш бозича дар гўш».
Пайванди насру назм дар тамоми «Гулистон» ба ҳамин минвол аст.
Ҳикоятҳои «Гулистон» тарзе таълиф гардидаанд, ки гўё ду кас сўҳбат доранду яке бар дигаре онҳоро нақл мекунад. Худи Саъдӣ ҳам онҳоро дар маҷлисҳои ваъз ҳангоми суханрониҳояш истифода мебурд.
Аз ҷиҳати ҳаҷм ҳикоятҳои «Гулистон» гуногунанд. Ҳикоятҳои «Муштзан ва сафари ў» ва «Ҷидоли Саъдӣ бо муддаӣ дар баёни тавонгарӣ ва дарвешӣ» ҳар кадоме аз 9-10 саҳифа иборатанд. Аммо аксарияти ҳикоятҳои «Гулистон» гоҳе як-ду саҳифа ва баъзан ду-се сатр ва пораи шеъриро ташкил мекунад. Дар ин навъ ҳикоятҳо на ба рафтор, балки асосан, ба гуфтор ва нақли воқеаҳо аҳамият дода мешавад. Ҳикоятҳои калонҳаҷм бештар ба новелла монанд буда, хусусиятҳои ин жанрро дороянд. Ҳикоятҳои хурд, асосан, аз муколамаҳои кўтоҳ ва хулосаи манзум иборатанд, мисли: «Ранҷуреро гуфтанд: Дилат чӣ мехоҳад? Гуфт: Он ки дилам чизе нахоҳад.
Меъда чу пур гашту шикам дард хост,
Суд надорад ҳама асбоби рост».
Яке аз хусусиятҳои услубии «Гулистон» аз он иборат аст, ки Саъдӣ ҳангоми баёни андешаҳои худ роҷеъ ба адолат, раиятпарварӣ, саховат, ҳамият ва амсоли инҳо барои образнок баён кардани ҳикоят ва афзудани таъсири он аз гузашта мисолҳо меорад. Ин ду сабаб дошт:Аввал он ки нависанда дар ин соҳаҳо аз зиндагии воқеии замони худаш қаҳрамонони мусбат ёфта наметавонист. Дигар ин ки дар тасаввури халқ баъзе шахсиятҳои таърихии гузашта (Искандар, Анушервон, Ҳотам ва ғайра) чун образҳои идеалӣ мақом доштанд.Дар таълифи чунин ҳикоятҳо Саъдӣ услуби нақлу ривоятро истифода мебарад. Одатан ин қабил ҳикоятҳо бо иборатҳои «овардаан, ки», «шунидам, ки», «ҳикоят кунанд, ки» ва монанди инҳо шурўъ мешаванд. Дар ҳикояти поён нависанда идеали сиёсию иҷтимоии худро оид ба подшоҳи одил дар шахси Нўшервон таҷассум менамояд:
«Овардаанд, ки Нўшервони Одилро дар шикооргоҳе сайд кабоб карданд. Намак набуд. Ғуломе ба русто1 рафт, то намаке орад. Нўшервон гуфт: Намак ба қимат биситон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад. Гуфтанд: Аз ин қадар чӣ халал ояд? Гуфт: Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андак будааст, ҳар кӣ омад, бар ў мазиде2 кард, то бад-ин ғоят расид.
Агар зи боғи раият малик хўрад себе
Бароваранд ғуломони ў дарахт аз бех.
Ба панҷ байза3,ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих».
Муаллифи «Гулистон» дар бисёр ҳикоятҳои он аз воқеаҳои замони кўдакию ҷавонӣ ва саргузаштҳои худ дар Балху Бағдод, Димишқу Миср, Уршалиму Мака, Ҳалабу Диёрибакр ва ғайра нақлҳо меорад. Ин ҳикоятҳо барои омўхтани шарҳи ҳоли нависанда, тарзи зиндагӣ, одоби баҳси ў ва мавқеаш дар ҷомеаи онрўза маълумоти гаронбаҳо медиҳанд. Дар ин мавридҳо воқеаҳои аз забони шахси якум баён шуда, услуби ҳикоят нигоҳ дошта мешавад. Дар ин бора, махсусан, ҳикояти тўлонии «Ҷидоли Саъдӣ бо муддаӣ дар баёни тавонгарӣ ва дарвешӣ» аҳамияти хос дорад.
Он ҳикоят назарияҳои Саъдиро доир ба сиёсат, тарзи давлатдорӣ, ҷангу сулҳ, мавқеи инсон дар ҷамъият, боигарӣ, дарвешӣ ва ғайра ифода менамояд.
Баъзе ҳикоятҳои «Гулистон» бо услуби ҳаҷв ва зарофат (юмор) таълиф шудаанд. Барои ба вуҷуд овардани вазъи хандаовари қаҳрамонҳо Саъдӣ аз муболиға ва киноя зиёд истифода мебарад. Намунаи хуби ин навъ ҳикоятҳои «Гулистон» «Дуои дарвеш Ҳаҷҷоҷро», «Бозаргон» ва «Байтор» мебошанд, ки шумо онҳоро медонед.
Услуби умумии «Гулистон» панд буда, нависанда ба одамони оддӣ бо нармӣ насиҳат медиҳад. Аммо «забони панду насиҳатҳои Саъдӣ нисбат ба подшоҳон ва табақаҳои ҳукмрон қаҳрамонона ва нотарсона аст» (С. Айнӣ).
Дар «Гулистон» чанд ҳикояти тамсилии хурде низ мавҷуд аст, ки қаҳрамонҳои онҳо ҳайвонот буда, ба воситаи ташхисонидани онҳо ба тариқи рамз хислатҳои бади инсонӣ мазаммат карда мешаванд.
1 Русто – деҳа.
2 Мазид – зиёдатӣ.
3 Байза – тухм.
Масалан: «Каждумро гуфтанд: Чаро ба зимистон берун наёӣ? Гуфт: Ба тобистон чӣ ҳурмат дорам, Ки ба зимистон биёям ». Ин навъ ҳикоятҳои тамсилӣ, Ки мазмуни баланди иҷтимоӣ доранд, гоҳе андаруни ҳикоятҳои дигар меоянд. Яъне Саъдӣ дар «Гулистон» услуби ҳикоят андар ҳикоятро низ ба кор мебарад.
Сабки боби ҳаштум, ки «Дар одоби сўҳбат» ном дорад, аз услуби бобҳои дигари «Гулистон» фарқ мекунад. Дар ин боб , асосан, андарзу ҳикмат, панду насиҳат ва афоризмҳо ҷой дода шудаанд. Вале дар ҳамин ҳолат ҳам насри мусаҷҷаъ ва хулосаи манзум нигоҳ дошта мешавад:
1. «Ду касс душмани мулку динанд: подшоҳи беҳилму зоҳиди беилм.
Бар сари мулк мабод он малик фармондеҳ,
Ки худоро набувад бандаи фармонбардор».
2. «Хабаре донӣ, ки диле биёзорад, ту хомўш бош, то дигаре биёрад.
Булбуло, муждаи баҳор биёр,
Хабари бад ба бум бозгузор!»
3. Гадои неканҷом беҳ аз подшоҳи бадфарҷом.
Ғаме, к-аз паяш шодмонӣ барӣ,
Беҳ аз шодие, к-аз пасаш ғам хўрӣ.

Шўҳрат ва мақоми Саъдӣ дар адабиёти ҷаҳон

Саъдии Шерозӣ дар адабиёти тоҷик, чунон ки гуфта шуд, бо се хизмати худ мақоми арзандаеро ишғол менамояд. Аввалан, ў ғазалро дар шаклу мазмун ба ҳадди аъло расонд. Аз ҳамин ҷиҳат барҳақ ўро устод ва пайғамбари ғазал меноманд. Ғазалҳои Саъдӣ роҳи минбаъдаи ин навъи шеъри лирикиро муайян намуд. Ҳофизи Шерозӣ, Носири Бухороӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва даҳҳо ғазалсароёни дигар анъанаи ғазалнависии Саъдиро давом ва инкишоф доданд. Дуввум, Саъдӣ бо танзими «Бўстон» дар адабиёти тоҷик достони ахлоқиро ба пояи баланде бардошт. То Саъдӣ Саноӣ, Низомӣ ва дигарон масъалаҳои ахлоқро вобаста ба масъалаҳои дигар (масалан, тасаввуфу ирфон) баён мекарданд. Дар «Бўстон» Саъдӣ масъалаҳои ахлоқро дар мадди аввал гузошта, тарзи давлатдорӣ, сиёсат ва иҷтимоиётро бо он алоқадор медонад. Сеюм, Саъдӣ бо таълифи «Гулистон» дар адабиёти тоҷик мактаби тамоман навро кушод. Ў намунаи бузурги насри ахлоқиро офарид, ки ғояи асосии он аз тасвири ҳаракату рафтори қаҳрамонҳои хикоятҳо ва хулосаҳои мантиқии муаллиф аён мегардад. Бинобар ҳамин баъди Саъдӣ бисёр адибон дар пайравӣ ва тақлиди «Гулистон» асарҳо навиштанд. Машҳуртарини онҳо «Хористон»-и Маҷди Хофӣ, «Нигористон»-и Ҷувайнӣ (ҳардуяш асри XIV), «Баҳористон»-и Ҷомӣ (аСрИ XV), «Мўлистон»-и Тамкини Бухороӣ (ибтидои асри XX) ва амсоли инҳо ҳастанд.
Таъсири эҷодиёти Саъдӣ ба адабиёти халқҳои ҳамсояи мо -ўзбакҳо, озарбойҷониҳо, туркманҳо, казоқхо, паштунҳо, урдуҳо ва ғайра хеле калон аст. Бузургтарин адибони ин халқҳо – Насимӣ, Саккокӣ, Навоӣ, Фузулӣ, Махтумқулӣ, Хаттак, Ғолиб, Абай ва дигарон дар ғазал Саъдиро пайравӣ намуда, дар асарҳои худ аз мазмунҳои «Бўстон»-у «Гулистон» истифода бурдаанд. Ҳатто як нависандаи югославӣ дар пайравии «Гулистон» бо номи «Булбулистон» китоб эҷод кардааст. «Гулистон»-ро ба туркӣ, тоторӣ, бошқирдӣ ва арабӣ шарҳ баста, онро дар асл мехонанд.
Сабаби мақбубияти «Гулистон»-ро барои мардумони Европа донишманди Фаронса Барбиэ Мейнор чунин шарҳ медиҳад: “Бузургии Саъдӣ дар «Гулистон» он аст, ки ба мо хонандагони аврупоӣ зарофати Горатсий, соддагии Овидий, ҳаҷви истеҳзоомези Рабле ва нармдилии Лофантенро ба хотир меорад”. Гёте, Пушкин, Есенин низ ба эҷодиёти Саъдӣ пайравӣ кардаанд.
Саъдӣ бо дахои офарандагӣ ва мазмуни умумиинсонии гуманистии эҷодиёти худ дар адабиёти дунё чунон мақоми бузурге дорад, ки ўро барҳақ адиби рўйиҷаҳонӣ шумурд. Ҳақ ба ҷониби худи ўст, ки гуфта буд:
Ҳафт кишвар намекунанд имрўз
Бе мақолоти Саъдӣ анҷумане.

Виктор Гюго – адиби маъруфи Фаронса
ШОҲИ ФОРС
(аз китоби «Савтҳои Машриқ»)
Подшоҳи форс дорад зиндагӣ бо тарсу бим,
Дар тамуз ояд ба Тифлис, фасли дай дар
Исфаҳон..
Баҳри тоҷу тахт дорад тарс аз ёрони худ,
Бўстонаш гулфишону посбон ҷанговарон,
Лек ў бедорхобу музтариб аз бими xон.
Як сабо бархўрд андар роҳ бо пири шубон,
Кўзапуште лек ҳамроҳаш ҷавони сарвқад.
Кистӣ,—пурсид аз ў. Гуфт: «Номи ман
Карам, –
(Як нафас нои шубониро гирифта аз лабон)
Ман шубонам, сайргоҳам даштҳои пурсукут,
Паҳлўям фарзанди ман, меросам аз дори вуҷуд.
Месароям, менавозам бо наи пуршеванам
Ҳамчу Ҳофиз як замоне, ҳамчу Саъдӣ ин замон.
Аз саҳар то шом байни даштҳои бекарон»…
Он писар, фарзанди ў, бўсид дастори варо,
Дасти пиреро, ки чун Саъдию Ҳофиз шеърхон,
«Дўст медорад падарро ин писар,—мегуфт шоҳ—
Бояд ин сон буд моро низ бо ҳам меҳрубон»!
Тарҷумаи Лоиқ

Ҳайне
ШОИРОНИ ШАРҚ
Ҳар кӣ бадгўӣ кунад аз пушти Саъдӣ, кинаxўст,
Шарқӣ ё ғарбӣ бароям фаҳш бошад, фаҳш ўст.
Дар замони пеш ҳам булбул ва ё сулсул суруд,
Ин замон ҳам чаҳ-чаҳи булбул ба он рангу намуд.
Бо сурудат меҳри поки дўст бар ёд оварӣ.
«Сўи машриқ!» — гўи, миxморуқчаҳо дар чокарӣ,
Гов мебошад муқаддас аз барои ҳиндувон:
Дар Олимп омода ҳам гавхонаи юнониён.
Меваи шерозӣ он сон анбарину шаккарин,
Аз ғазал мастаст ҳар хурду бузурги ин замин.
с. 1826
Тарҷумаи Лоиқ

Likes:
0 0
Views:
85
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply