Умумӣ

Мафҳуми умумии таъминоти барномавии СИ

Таъминоти барномавии СИ гуфта, маҷмўи барномаҳо, амалҳо ва қоидаҳоро якҷоя бо ҳуҷҷатҳои ба онҳо алоқаманде мефаҳманд, ки истифодаи дастгоҳҳои техникиро барои коркарди ахбори масъалаҳои гуногуни система таъмин менамоянд.
Таъминоти барномавии СИ ба ду гурўҳи асосӣ ҷудо карда мешавад, ки яке аз он таъминоти барномавии системавӣ ва дигаре таъминоти барномавии амалиявӣ номида мешавад.
Ба гурўҳи таъминоти барномавии системавии СИ эзоҳот, дастуруламалҳо, ки барои автоматонидани давраҳои технологии меҳнатталаби тартибдиҳии алгоритму барномаҳо, барои ташкили равандҳои ҳисобкунӣ ва назорати онҳо, барои идоракунии техникаи ҳисоббарор ва ғайраҳо хизмат мекунанд, дохиланд. Ба таъминоти барномавии системавӣ дохиланд: системаҳои амалиётӣ, воситаҳои назорат, системаҳои хизматӣ, системаҳои барномасозӣ ва ғайраҳо.
Таъминоти барномавии амалиявӣ ин маҷмўи барномаҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарандагон мебошанд. Таъминоти барномавии амалиявӣ ба гурўҳҳои барномаҳои истифодабарандагон ва дастаи барномаҳои амалиявӣ ҷудо карда мешаванд. Барномаҳои истифодабарандагон ин барномаҳое мебошанд, ки аз тарафи истифодабаранда – барномасоз дар ягон забони барномасозӣ сохта шуда, истифода мешаванд ва дуюм ин чунин барномаҳое мебошанд, ки аз тарафи ширкатҳои калони барномасозӣ (ба монанди Microsoft) сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар навбати худ дастаи барномаҳои амалиявӣ низ ба намудҳои зерин ҷудо мегарданд: муаммогӣ (проблемавӣ) ва таъиноти умум. Намуди якум барои ҳалли ягон масъалаи мушахасси соҳаҳои хоҷагии халқ равона карда шудааст, масалан, барномаи ҳисобкунии музди меҳнати коргарон, ҳисобкунии молиявӣ ва ғайраҳо. Намуди дуюми дастаи барномаҳои амалиявӣ ин барномаҳоеро дар бар мегиранд, ки ҳама имконияти истифодаи онро доранд, ба монанди барномаҳои мусиқӣ, протсессорҳои матнӣ ва электронӣ, системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо, системаҳои муттаҳида.

Leave a Reply