Умумӣ

Мафҳуми тағйироти иҷимоӣ

Омўзиш ва муайян намудани тағйиротҳои ичтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳими маркази илми сотсиалогия ба шумор меравад. Тағйироти иҷтимоӣ як ҷанбаи ҷудонопазир ва як хусусияти доимии ҷомеа мебошад. Тағйирот ҳаст пас ҷомеа вуҷуд дорад. Ҳанўз аз замонҳои қадим олимон, донишмандон ва файласуфон мехостанд, ки муаммои дигаркунии ҳастии ҷомеаро кўшоянд ва марбут ба ин масъала чандин тадқиқотҳо ва асарҳоро таълиф намудаанд, лекин бо вуҷуди он қонуниятҳои тағйироту инкишофи ҷомеа то асри XIX ин муамо боқи монд. Ҳанўз файласуфи юнони қадим Гераклит (охири асри VI-аввали асри V то давраи мо) идеяи тағйиротёбии бефосиларо пешниҳод карда буд: «ҳама дар ҷараёну тағйирёбист. Ба як об ду маротиба даромадан номумкин аст». П. Штомпка дар ин бора чунин менависад: «Эътироф шудааст, ки ҷомеа (гурўҳ, ташкилот, давлати миллӣ) –ро мо то он вақт вуҷуд дорад мегўем, ки, агар дар дохили он чизе ба вуҷуд ояд (ҳодисае рух диҳад), ягон амале ба анҷом расонида шавад, ягон раванд ҷараён гирад, чизе тағйир ёбад. Аз ҷиҳати онтологии ҷомеа дар ҳолати бетағйир вуҷуд надорад ва вуҷуд ҳам дошта наметавонад. Ҳангоме, ки ҳаракат, тағйирот вуҷуд надорад, пас ҳаёт нест, марг фаро мерасад».

Дар ҳақиқат, ҷамъияти инсони чунин офарида шудааст, ки ҳамеша дар ҳолати тағйирот ва инкишофи бетанаффус аст. Доимо сохтори хешро аз нав месозад, тағйир медиҳад ва инкишоф меёбад.
Аз ин гуфтаҳо хулоса мебарояд, ки тағйироти иҷтимоӣ раванди аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани низоми ичтимоӣ, умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоиро мебошад. Ҳама гуна дигаргуниҳое, ки дар сохтори ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимои ба миён меояд тағйроти иҷтимоиянд. Сотсиологҳое он тағйиротҳои куллиро, ки дар маданият сохтор ҷомеа ва рафтори одамон ба миён меояд бо мафҳуми тағйиротҳои иҷтимоӣ ифода менамоянд.
Тағйиротҳои иҷтимоӣ гуфта аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани низоми ичтимоӣ, умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоиро меноманд. Ҳама гуна дигаргуниҳое, ки дар сохтори ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба миён меояд тағйроти иҷтимоӣ мебошад.
Тағйироти иҷтимои аз инкишофи иҷтимоӣ маънои васеътар дорад, зеро он на танҳо маънои инкишоф, балки таназзул ва регресси ҷомеаро низ ифода менамояд. Аммо мафҳуми инкишофи ҷомеа чунин тағйироти иҷтимоиест, ки боиси пайдоиши муносибатҳои нави иҷтимоӣ, институтҳо, меъёрҳо ва арзишиҳои иҷтимоӣ мегардад. Ба инкишофи ҷомеа хусусиятҳои барнагашташуда, бетанаффус, самтноки ва қонуният хос аст. Инкишоф маънои гузариш аз содда ба мураккаб, аз паст ба баланд мебошад. Баргаштнопазирии инкишоф маънои онро дорад, ки ҷомеа ҳамеша ба пеш, аз содда ба мураккаб ҳаракат карда, сифатан ва миқдоран ташаккул меёбад. Хусусияти самтнокии инкишоф хати ташаккуёбии миқдорӣ ва сифатии муносибатҳои иҷтимоиро меноманд.
Сотсиологиҳо навъҳои гуногуни механизмҳои тағйирот ва инкишофи ҷомеаро нишон додаанд:
* Тағйироти эволютсионӣ ва револютсионӣ (таҳаввулот ва инқилоби иҷтимоӣ );
* Тағйироти прогрессивӣ ва регрессивӣ;
* Тағйироти такрорӣ (даврӣ) ва навоваранда.
* Ислоҳот;
* Модернизатсия;
* Трансформатсия;
* Глобализатсия;
* Бўҳронҳо ва ғ.
Тағйироти эволютсионии иҷтимоӣ гуфта тағйироти ботадриҷ, мунтаззам ва миқдории ҷомеаро меноманд. Тағйироти революсионии ҷомеа гуфта, тағйироти зудамал, таъҷилӣ, куллӣ ва сифатии ҷомеаро меноманд. Ба таври мутлақ расонидани ин ду навъи тағйирот боис гардид, ки дар илми сотсиология ду назария ба ҳам муқобили методологӣ: эволютсионизм ва револютсионизми иҷтимоӣ пайдо шаванд.
Зери мафҳуми прогресси иҷтимоӣ ташаккул ёфтани сохтори ҷомеа ва беҳтар гаштани сохтори ҷомеа ва беҳтар гаштани шароитҳои ҳаёти иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. «Муайян намудани фарқияти байни тағйироти иҷтимоӣ ва прогресс (тараққиёт) хело муҳим мебошад. Истилоҳи “прогресс” андешаи арзишнокеро инъикос менамояд. Прогресс маънои тағйирёбӣ ба самти дилхоҳро дорад».
Регресси иҷтимоӣ – тағйиротест, ки дар натиҷаи он устувории сохтори ҷомеа коҳиш ёфта дар он вазъитяи иҷтимоии ҳаёти мардум ру ба таназзул меоранд.
Ислоҳот (реформа аз лот. reformare – рус. преобразовывать- ба сурати (ба шакли) дигар даровардан, дигаргун сохтан, аз нав ташкил додан, аз нав сохтан) тагйир додан, азнавсозӣ. Нисбат ба инқилоб, ислоҳот тағйирёбии тадриҷии (оҳиста-оҳиста) ин ва ё он институтҳои иҷтимоӣ, соҳаи ҳаёту фаъолият ё тамоми система аст. Аслан ин ислоҳотҳо аз «боло» ба воситаи қонунҳо баҳри мукаммалнамоӣ, такмилдиҳии низоми мавҷуда (бе тағйирёбии сифатии ин низом) равона карда шудааст .
Навъҳои тағйиротҳои иҷтимоӣ гуногунанд. Онҳо метавонанд тамоми низоми иҷтимоиро фаро гиранд ва ё «бартариятро» танҳо як ҷанба (унсуар) доро бошад, кутоҳмуддат ё дарозмуддат бошанд, низомро ба тараққиёт ва ё ба таназзул баранд. Дар нақша навъҳои тағйиротҳои иҷтимоӣ оварда шудаанд. Пешниҳоди С. Ваго.

Равандҳо метавонанд дар шаклҳои гуногун ҷори шаванд; онҳо метавонанд самтнок ва бесамт, баргарданда ва барнагарданда, болораванда ва поёнраванда, мунтазам, зинагӣ, даврагӣ, печ дар печ (спиралевидные) ва ғ, бошанд.
Равандҳои самтнок мақсади муайян ё тамоюлеро мешбини менамояд. То дараҷае пешгуишавандаанд ё ошкоранд (масалан барпо намудани иттиҳоди ягонаи аврупо, раванди глобализатсия, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, равнди талоқу никоҳ).
Раванди бесамт хусусияти ногаҳонӣ, бетартибона ва пешгўинашавандаро доро аст (масалан, раванди барангезиш, ки издиҳомро фаро мегирад, раванди сафарбарӣ дар ҳаракатҳои иҷтимоӣ, низоъҳои эмотсионалии оилавӣ).
Равандҳои баргарданда ба тағйиротҳои муайяни система оварда мерасонанд (ҳатто қатъи), лекин бозгашт ба ҳолати пештара ба чашм мерасад.
Ҳаминро дар назар доштан зарур аст, ки бозгашт ба ҳолати пештара маънои онро надорад, ки система аз сари нав пештара мешавад. Танҳо унсурҳои асосии сохторӣ барқарор мешаванд, қисмҳои дигар бошанд баръакс тағйир меёбанд.
Равандҳои барнагарданда, чунин хосиятеро дороанд, ки тағйиротҳои ба амал омадаро ба қафо баргардондан номумкин аст. (масалан раванди пиршавии инсон).
Равандҳои болораванда ба инкишофи система оварда мерасонанд. Агар, ин тағйирот аҳамияти муҳим (нақши ҳалкунанда) дошта бошад онро (ба прогресс баробар кардан мумкин аст) прогресс гуфтан мумкин аст. Назарияҳои эволютсионӣ инкишофи ҷамъиятро тулии 10 ҳазор соли охир ҳамчун раванди болоравандаи прогрессивӣ баҳо медиҳанд.
Равандҳои поёнраванда, системаро ба тағйиротҳои манфи, таназзул (регрес) меоваранд.
Равандҳои мунтазам ин тағйироти беисти болораванда ва ё поёнравандаи система аст.
Равндҳои зинагӣ, тағйиротҳои беисту мунтазам, ки дар натиҷаи зиёд гаштану ҷамъ шудани иқтидор бавуҷуд меоянду дар вақти муайян сабаби ҷаҳиш мегардад, дар назар дошта мешавад. Масалан, зиддиятҳое, ки солҳои тулони дар иттиҳоди шурави пайдо шуданд, ногаҳон ба боссозӣ ва демократиякунонӣ ҷамъият гузаштанд.
Равандҳои даврагӣ,такроршавии марҳилаҳои муайяни инкишофи система дар назар дошта мешавад. Масалан интихобот, пешравии иқтисодиёт (чунин равандҳоро ҳамчун доира (сарбаста) гуфтан мумкин аст)
Равандҳои печ дар печ, ҳаракатҳои даврагии поёнраванда ва ё болоравандаанд. Тағйиротҳо баъд аз як давраро тай кардан системаро ба нуқтаи аввала меоранд, лекин аллакай ба сатҳи сифатан нав (масалан, аз синф ба синфи боло гузаштани мактаббача ё донишҷў аз курс ба курс).
Дар воқеъияти ҳақиқӣ дар сотсиум ҳамаи номбурдаҳо ва шаклҳои дигари равандҳои иҷтимоӣ метавонанд пайдарҳам якдигарро ивазкунанда ё паҳлуи ҳам; болои якдигар ё ба ҳам зид (муқобил) бошанд; унсурҳои асосии системаро фаро гиранд (бартари дошта бошад) ва ё дар қисматҳои гуногуни он амал кунад. Бо вуҷуди ин баъзе равандҳо ба сифати заминаи тағйиротҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд, баъзеи дигар ба тағйиротҳо теъсир намерасонанд ва сеюминҳо ба такрористеҳсолнамоӣ (нигоҳдорӣ) на ин ки ба гузариши система мусоидат мекунанд.

Leave a Reply