Умумӣ

Математика – Саволҳо синфи 4

1) Бо 51 сомонӣ 17 кг себ хариданд. Нархи 1 кг себро ёбед.

2) 1 см2 ба чанд мм2 баробар аст?

3) Аз 4 соату 25 дақиқа 2 соату 48 дақиқаро тарҳ кунед.

4) Дарозии хона 6м, бараш 3м. Периметрро ёбед?

5) 40 сол ба чанд моҳ баробар аст?

6) Падарам 3 моҳиро аз дарё дошт.Вазни ҳамаи моҳиҳо 3кг 150г шуд. Дутои вазни онҳо баробар, сеюмаш ними ҳар як онҳо бошад. Вазни моҳиҳоро ёбед?

7) Як чиптаи сирк 24 сомони аст. Барои 27 чипта чанд сомон лозим аст?  Агар шумо 1392 сомони дошта бошед чанд то чипта харида метавонед?

8) 2 дақиқа 36 сония + 3 дақиқа 14 сония  = ?

9) (298 + 62) : 6 • 8 + 27 = ?

10) х + 649 = 1537 – 437

11) (395 + 205) • (48 : 24) = ?

12) 475 • 8 + (3 745 – 2 495) = ?

13) 5 932 – 412 • 4 + 3 669 : 3 = ?

14) 6300 : 6 = Y – 2455

15) 8816 : 4 – 1 782 + 4 • 1 528 = ?

16)300000 + 30000 + 3000+300+30+3 = ?

17) Мошин бо суръати 35км/соат ҳаракат мекунад. Вай дар 5 соат чанд км роҳро тай мекунад?

18) София ададеро фикр карда, онро 25 воҳид зиёд кард. Натиҷаи ҳосилшударо 13 воҳид кам карда, адади 112-ро ҳосил кард. Ӯ кадом ададро фикр карда буд?

19) Периметри росткунҷаро ёбед, агар бари он 65 см ва дарозиаш 1169 мм бошад. Қимати ёфташударо бо мм ифода кунед.

20) 2•(300+x)=600

21) 800:x-300=500

22) 999-x=223•4

23) (x+200):400=2

24) Дар тарозу ду бодиринг ба 4 помидор баробар, ва як помидор ба 3 шалғам баробар бошад.  Барои баробар шудани тарозу, чанд то помидор даркор аст дар рости коса, агар 1 бодринг ва 3 шалғам дар чапи коса тарозу бошад?

25) (1604 – x) – 108 = 800

Leave a Reply