Мактабҳо, равияҳо ва назарияҳои сотсиологӣ.

Дар асри ХХ дар сотсиология ба шарофати «маводҳои сотсиологӣ» – и то ин замон кор кардашуда, мактабҳо ва равияҳоӣ (парадигмаҳои) – и мухталиф ба вуҷуд омаданд. Парадигма (аз калимаи юнонии paradigma – мисол, намуна) – ин тасаввуротҳои муайянест оиди хусусияти воқеияти иҷтимоӣ ва ё амсила (модел) – и илман асоснокшуда, намунаи масъалагузорӣ ва ҳалли проблемаҳои таҳқиқотии дар доираи як гурўҳ олимон қабулшуда мебошад.

Сотсиология илми мултипарадигмалӣ буда, ҳар як парадигма мактаби муайянеро дар сотсиология ифода менамояд. Ҳар як мактаб мустақил буда, усулҳо ва назарияҳои худро истифода мебарад. Парадигмаҳои сотсиологӣ дар омўзиши зуҳуротҳо ва равандҳои мушкили ҳаёти ҷомеа диди махсуси таҳқиқотии худро пешниҳод мекунанд.
Аз байни парадигмаҳои зиёде, ки дар сотсиологияи муосир вуҷуд доранд, парадигмаҳои асосии дар таҳқиқотҳои сотсиологӣ нисбатан бештан истифодашавандаро ҷудо кардан мумкин аст. Ба парадигмаҳои асосии сотсиологӣ навъҳои муайяни назарияҳои сотсиологӣ мувофиқат мекунанд. Парадигмаи «далелҳои иҷтимоӣ» аз нуқтаи назари назарияҳои функсионалӣ – сохторӣ ва низои иҷтимоӣ, шарҳ дода мешаванд. Парадигмаи «тафсирҳои иҷтимоӣ» (социальных дефиниций) аз нуқтаи назари назарияҳои амали иҷтимоӣ, интераксионализми рамзӣ, сотсиологияи феноменологӣ ва этнометодологӣ, шарҳ дода мешаванд. Парадигмаи «амали иҷтимоӣ» воқеияти иҷтимоиро аз нуқтаи назари назарияҳои бихевиоризми иҷтимоӣ, сотсиологияи бихевиористӣ ва назарияи мубодилаи иҷтимоӣ фаҳмонда медиҳад.
Аз байни назарияҳои номбаршуда муҳимтаринашонро мухтасар дида мебароем.
Функсионализми сохторӣ – яке аз усулҳои асосӣ дар сотсиологияи муосир ба ҳисоб рафта, моҳияти он аз тасавуротҳо оиди ҷомеа ҳамчун низоми ягонаи аз зернизомҳо (қишрҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва ғ.) – и бо ҳам пайвастбуда иборат аст. Ҳар як зернизом вобаста ба мавқеи дар низом доштааш вазифаи танҳо ба худ хосро иҷро мекунад. Якдигарро пурра кардан ва амали байниҳамии зернизомҳо ба ҷомеа ягонагии функсионалӣ – сохториро таъмин менамояд. Масъалаи асосӣ дар функсионализми сохторӣ ин идеяи тартиботи иҷтимоӣ мебошад, ки дар он, ризоият (консенсус) бартарӣ дорад.
Заминаҳои назарияи функсионализми сохториро ҳанўз Г. Спенсер ва Э. Дюркгейм гузошта шуда буд. Онҳо сохтори ҷомеаро бо организми зинда ва зернизомҳои алоҳидаро бо узвҳои муайян муқоиса мекарданд. Дар пайдоиш ва ташаккулёбии ин равияи сотсиологӣ сотсиологони амрикоӣ Роберт Мертон (1910) ва Талкотт Парсонс (1902 – 1972) саҳми арзанда гузоштаанд.
Низои иҷтимоӣ равияи сотсиологиея мебошад, ки намояндагони он дар фаҳмиши ҷомеа бархилофи функсионализми сохторӣ баромад мекунанд. Агар барои функсионализми сохторӣ ризоият (консенсус) ва амали байниҳамии зернизомҳои ҷомеа дар мадди аввал истад, пас аз нигоҳи равияи низоъӣ омили асосии рушди ҷомеа ин низоъ аст. Ин истилоҳро ба илми сотсиология Г. Зиммел ворид кардааст. Мазмунҳои асосие, ки дар ин таълимот нисбатан паҳн гардидааст, аз ҷониби Ралф Дарендорф кор карда бароварда шудаанд. Ба андешаи сотсиологи олмонӣ Р. Дарендорф ҳама ташкилотҳои мураккаб ба такроран тақсимкунии ҳокимият асос меёбанд ва ин сарчашмаи низоъ мебошад.
Мувофиқи назарияи муборизаи синфии К. Маркс ҳама гуна ҷомеаҳои синфӣ ба ду синфи ба ҳам муқобил ҷудо мешаванд ва муборизаи байни онҳо бо инқилоб анҷом меёбад. Дар фарқият бо назирияи марксиситӣ назарияи низои иҷтимоӣ чунин пешниҳод менамояд, ки дар ҷомеаҳои муосири демократӣ байни гурўҳҳои гуногун низоъҳои хурд бениҳоят зиёд ба вуҷуд меоянд. Гуногунсамтии ин низоъҳо устувории ҷомеа нигоҳ медоранд, яъне ҷомеаро ба инқилоб намебаранд. Инчунин дар ҷомеаи кушод роҳҳои қонунии ҳал намудани низоъҳо вуҷуд доранд. Ба андешаи Р. Дарендорф бо муваффақият ҳал намудани низоъҳои иҷтимоии ба вуҷудомада аз имкониятҳои зиёди ҷомеа шаҳодат медиҳад .
Назарияи мубодилаи иҷтимоӣ равияест дар сотсиологияи муосир, ки мубодилаи неъматҳои иҷтимоии гуногунро ҳамчун асоси бунёдии муносибатҳои ҷамъиятӣ дида мебарояд ва аз ин мубодила ташкилотҳои сохтории гуногун (ҳокимият, нуфуз ва ғ.) ба вуҷуд меоянд. Намояндагони машҳури ин равия Ҷорҷ Хоманс ва Блау мебошанд. Ба андешаи Ҷ. Хоманс сотсиология ин натиҷаи ташаккули психология меьошад. Унсури асосии ин равия назарияи рафтори иҷтимоӣ аст, ки ҳамчун мубодила шарҳ дода мешавад. Моҳияти ин назария аз он иборат аст, ки инсонҳо дар асоси таҷрибаи худ фоида ва зарари имконмазирро тахмин карда, бо якдигар муносибатҳои манфиатноки тарафайнро ба роҳ мемонанд. Тарзи рафтори инсон аз он, ки кирдори ў дар гузашта мукофонида шуда буданд ё не, вобастагии зиёд дорад аст.
Моҳияти назарияи мубодидаи иҷтимоӣ ба андешаи П. Блау дар он аст, ки ба инсонҳо навъҳои гуногуни мукофот заруранд ва онҳоро танҳо ба воситаи бо дигар инсонҳо муносибати байниҳамдигарӣ доштан ба даст овардан мумкин аст. Инсонҳо барои он ба муносибатҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд, ки мукофотро интизоранд ва ин муносибатро аз он хотир давом медиҳанд, ки ҳар он чизе мехостанд, гирифта истодаанд. Дар раванди муносибатҳои байниҳамдигарӣ мукофот метавонад эътирофи иҷтимоӣ, қадрдонӣ, нуфуз ва кўмак бошад .
Назарияи бихевиоризм (аз забони англисии ӣўhavioқ – рафтор) равияест дар сотсиологияи позитивистӣ, ки асоси онро ин дарк намудани рафтори инсон ҳамчун маҷмўи реаксияҳо (вокунишҳо, ангезаҳо) ба таъсири муҳити беруна (стимулҳо) ташкил медиҳадмебошад. Ин равия дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар Амрико ба вуҷуд омадааст. Бихевиоризм ба сифати усули асосӣ тасвир, бақайдгирӣ ва тағйироти нишонаҳои берунаи рафторро дар шароитҳои назоратшаванда истифода мебарад.
Бихевиоризм ба ҳамаи соҳаҳое, ки бо омўзиши инсон сару кор доранд, таъсири зиёд расонидааст. Дар сотсиология идеяҳои асосӣ, усулҳо ва истилоҳҳои ин равия дар назарияи «бихевиоризми иҷтимоӣ» инъикос гардидаанд. Бихевиоризми иҷтимоӣ ба ғайр аз назарияи «стимул – реаксия» – и алакай номбаршуда, инчунин назарияи «майдон» (поля), назарияи «омўзиши иҷтимоӣ» ва назарияҳои мухталифи «психотерапиягӣ» – ро дар бар мегирад. Назарияи «майдон» аз назарияи «стимул – реаксия» бо он фарқ мекунад, ки дар он диққати асосӣ ба хусусиятҳои фардӣ, реаксияи организм ба стимулҳои муҳити беруна равона мешавад. Мувофиқи ақидаи намояндагони ин назария дар асоси ба назар гирифтани хусусиятҳои фардии организм чунин стимулҳоро муайян намудан мумкин аст, ки ба реаксияи дилхоҳ оварда мерасонад. Дар назарияҳои психотерапиягӣ диққати асоси ба воқеаҳои гузаштаи ҳайти ин ё он фард дода мешавад. Назарияҳои «омўзиши иҷтимоӣ» ҳангоми фаҳмондадиҳии рафтори иҷтимоӣ ба қобилиятҳои фардии инсон ва ҳам ба омилҳои таъсиррасонандаи беруна аҳамияти баробар медиҳад.
Интераксионализми рамзӣ (аз забони англисии intўқaction – амали мутақобила) – яке аз равияҳо муҳими сотсиологияи муосир мебошад. Моҳияти ин равия дар он иборат аст, ки дар усулҳои таҳқиқи рафтори иҷтимоӣ (дар муқоиса бо бихевиоризм) ҳам нишонаҳои берунаи рафтор ва ҳам ҳаёти ботинии инсонро ба назар мегирад. Ҷонибдорони ин равия ба рамзҳои забонӣ аҳамияти хоса медиҳанд.
Аз рўи назарияи интераксионализми рамзӣ инсонҳо дар рафти амали мутақобилаи худ амалҳои якдигарро маънидод мекунанд ва ба онҳо ин ё он маъно (рамз) медиҳанд. Дар ин асос онҳо рафтори худро ташкил мекунанд ва ба тағйир ёфтани воқеияти иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки рамз дар раванди амали мутақобилаи иҷтимоӣ нақши хоса дорад .
Сотсиологияи феноменологӣ – равияест дар сотсиология ҳамчун як навъи сотсиологияи фаҳмиш. Дар ташаккули ин равия файласуф ва сотсиологи австриягӣ Алфред Шютс (1899 – 1959) саҳми арзанда гузоштааст.
Ба андешаи феноменологҳо фардҳо бо муҳити гирду атроф муносибат карда, онро ба воситаи ҳиссиёт меомўзанд. Аммо барои дарки олам мавҷуд будани як ҳисиёт нокифоя аст, чунки инсонҳо бо таассуроти бениҳоят зиёд, рангҳо, буйҳо, садоҳо ва ғайра вомехўранд. Барои ҳамин онҳо муҳити атроф ва зуҳуротҳоро гурўҳбандӣ мекунанд ва баъд таҷрибаи ҳиссии худро дар шакли ашёҳои хусусиятҳои умумидошта ба навъҳо ҷудо менамоянд. Инсонҳо олами берунаро ба воситаи таснифот қабул мекунанд. Мисол, савдогари бозор, корманди ошхона, бозии футбол. Ин гуна таснифот аз ҷониби аъзоёни ҷомеа қабул карда шуда, дар раванди иҷтимоишавӣ аз насл ба насл гузаронида мешаванд. Дар натиҷа ҳар як инсон «донишҳои ақли солим» – ро, ки ҳамаи аъзоёни ҷомеа эътироф кардаанд, захира мекунад ва ин ба онҳо имкон медиҳад то бо якдигар ҳаёт ба сар баранд ва гуфтугў кунанд.

Likes:
0 0
Views:
81
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply