Умумӣ

Садриддин Айнӣ – Мактаби кўҳна

I

Ман бояд шашсола шуда бошам, ки маро падарам ба мактаби пеши масҷиди қишлоқ бурда монд, модарам мегуфт:

— Туро дар вақти 4-сола, 4-моҳа, 4-ҳафта ва 4-рӯза буданат бо лаълӣ ва дастурхон ба мактаб фиристода сабақ сар кунонда монда будем. Аммо ту он вақтҳо бисёр хурд будӣ; дили ман ба ту месўхт, ки дар мактаб бисёр азоб хоҳӣ кашид, бинобар ин мондем ки то ҳол бозӣ карда гаштӣ, акнун хуб кўшиш карда хон ки мондагиҳоятро гирӣ ва бо ҳамсолонат, ки дар 4-солагӣ ба мактаб рафтаанд, баробар шавӣ.

Ман ҳам ин тавсияи модарамро, ки дар он вақтҳо ба ман хеле хуб таъсир карда буд, мехостам ба амал оварам ва ҳар чӣ зудтар сабақ омўхта бо ҳамсолонам баробар шавам, ҳатто аз онҳо гузарам.

Аммо ҳаёт ва шароити мактаб ба ин кўшишу ғайрати ман роҳ надод.

Ман ба мактаб рафтам, мактабхона монанди хонаи мо васеъ, дубаҳра (чордара)1, равшан ва беғалоғула набуд. Мактаб як хонаи танг буд, ду дар дошт, ки яке аз онҳо дари даромади яктабақа буд, он дарро ҳам дар вақтҳои сармо пўшонда мемонданд. Дари дигараш даричае буд, ки се чоряк оршин қад ва ним оршин бар дошт. Мактабдор (муаллим)-амон ба вай як коғаз (тирезаи коғазӣ) карда барои дар барф ва борон надаридани он ба коғазаш равғани зағир молида буд. Қоғази равғанин чангу хоки кўчаро ба худ гирифта буд, ки монанди дамгири * дег сиёҳ ва чиркин шуда буд. Агар аз хотир фаромўш накарда бошам, он коғаз ба рўи пурчини мактабдор ҳамрангӣ дошт. Бинобар ин аз ин дарича ҳам ба хона равшании дуруст намедаромад. Мактабхона аз зери сақф, аз ҷое ки сақф бо девор пайванд меёбад, аз ду тараф дутоӣ равзанҳои чорякоршинӣ дошта бошад ҳам, рўшноиҳое ки аз он равзанҳо медаромаданд на ба зами-ни мактаб, балки ба рў ба рўи худ: бар девори хона — ба зери сақф меафтоданд.

1 Хонаеро, ки ду дар аз тарафи ҷануб ва ду дар аз тарафи шимол дошта бошад, дубаҳра меноманд. Яъне ҳам тобистонӣ ва ҳам зимистонӣ аст.

Замини ин хонаро, ки ҳамаи вусъати он тахминан чор оршини дар чор оршин, яъне 16 оршини мураббаъ буд, чор синҷи аз болои якдигар гузаранда кашида дарунашро ба 9 қисм ҷудо карда буданд, ки гўё дар даруни мактаб 9 охурча ба вуҷуд омада буд.

Дар охурчаи гўшаи пешгоҳии ин хона, ки дарича ҳам он ҷо буд, ҷои мактабдорнишин буда, охурчаи пеши дари даромад кафшкан буд ва дар охурчаҳои дигар бачагон менишастанд.

Ҳоло ман дар хотир надорам, ки дар он мактаб он вақтҳо чӣ қадар шогирд буд. Ҳамин қадарашро медонам, ки аз 4-сола то 12-сола бачагони деҳаи мо ки он вақтҳо мегуфтанд, сесад хонавор аст, дар он ҷо ҷамъ шуда бу-данд. Илова бар ин азбаски деҳаи мо деҳаи хоҷагон буда, як ҷои мутабаррик ҳисоб меёфт, баъзе ихлосмандон аз ҳамсоя деҳаҳои мо ҳам бачагони худро ба мактаби деҳаи худ нагузошта, ба мактаби мо меоварданд.

Ман ҳанўз дар хотир дорам, ки ин мактаб ба назари ман ба он катаки хурдтараке ки мо доштем ва дар он ҷо модарам чўҷа хобонида буд ва мокиёни мо бештарин вақтҳо чўҷаҳои худро ба он ҷо дароварда дар зери боли худ гирифта мехобид, монандӣ дошт. Фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки агар чўҷагони мо бо овози нозуку форами худ чуғур-чуғур кунанд, овози пуршўриши ин бачагон гўши одамро метарконид…

Ман ба мактаб даромадам. Ҳамроҳи ман падарам як лаълӣ кулчаву мавизро ба як дастурхон печонида ҳалвоӣ гўён бурда буд. Мактабдор дастурхонро кушод, яке аз кулчаҳоро шикаста қадре худаш хўрд ва падарамро ҳам таклиф кард, падарам ҳам як бурда хўрд. Пас аз он як кулчаи дигарро чунон реза кард, ки гўё ба мурғон медода бошад, ва он нонрезаҳоро ба ҳар тарафи мактаб ба болои бачагон пош дод.

1 Дамгир — латтаест, ки дар вақти дам кардани палав вайро ба сарпўш печонда ба даҳани дег мегузоранд..

Дар ин вақт як занозанӣ, ҷомадаронӣ, ғӯшкашӣ, рӯйханҷолкунӣ ва чашмкание буд, ки дар даруни мактаб пайдо шуд. Ба болои ин, доду фарёд, оҳу фиғон гиряву зории бачагон, гўё боми мактабро ба ҳаво мебардошт.

Ин шўру ғавғо бар болои нонрезаҳое буд, ки мактабдор аз ҳалвоии ман ба бачагон бахшиш карда буд…

Мактабдор ба ин аҳвол бетараф намонд: дар пушти ў дарозу кўтоҳ чанд чўб ба девор рост гузошта шуда буд, яке аз ин чўбҳоро ки тахминан 5 оршин дарозӣ дошта, нўги он ба гўшаи дигари хона ба девор хобонидагӣ буд, гирифта ба сари бачагон бе он ки яке аз онҳоро интихоб кунад, задан гирифт. Бачагон аз задан ва кўфтани якдигар бозистода, баробар ба гиря даромаданд ва фарёди «домуллоҷон, тавба кардам» аз ҳамаи даҳонҳо баробар баромада ба осмон баланд мешуд.

Ман дигар тоқат карда натавониста ба қатори бачагони дигар ба гиря даромадам. Аммо падарам ба ман тасаллӣ дод ва агар гиря накарда ба мактаб давом кунам ба ман як курра гирифта доданӣ шуд ва мактабдор ҳам ба сухани падарам ёрӣ дода «ман ҳам ҳар рўзи бозор як лўнда қанд оварда медиҳам» гуфт.

Ваъдаи падарам он қадар дили маро ба он хона, ки гўё барои азоби бачагон сохта бошанд, розӣ карда натавониста бошад ҳам, ваъдаи мактабдор, ки бо вуҷуди ҷаллодвор заданаш бачагони дигарро, ба ман ваъдаи қанд дод, дили маро хеле ором гиронид. Ба дили худ тасаллӣ медодам, ки ў маро нахоҳад зад.

Аммо чашми худро аз он чўбҳо, хусусан аз он чўби дароз, ки ба сар то сари мактаб мерасид ва ба ҳеҷ бача, ҳарчанд дар гўшаи дури мактаб хазида бошад ҳам, амон намедод, намекандам…

Бачагон як қадар ором гирифтанд. Мактабдор як тахтачаро аз пеши худ гирифта дар вай чизи бисёреро навишт ва ба падарам нишон дод. Аммо падарам, ки саводнок буд, ба баъзе чизҳои мактабдор навишта эътироз кард.

Дар аввали кор мактабдор ҷанҷол бароварда, сухани падарамро қабул накард. Аммо падарам ҳам ҷанҷол карда оқибат гапашро гузаронид ва «худатон дуруст кунед» гўён мактабдор тахтачаро ба пеши падарам ҳаво дод. Ӯ ҳам аз кисаи худ кордчаашро бароварда баъзе чизҳои

мактабдор навиштаро тарошида, худаш аз сари нав навишт.

Аз ҳамон рўз сар карда падари ман ба назарам хеле одами калон намуд ва ўро ҳатто аз мактабдор ҳам, ки ўро донотарин ва зўртарини мардуми қишлоқ медонистам, донотар ва зўртар донистам. Ин ҳол ба дили ман қувват дод, ки агар мактабдор маро занад, ман ба падари худ шикоят хоҳам кард ва ў ҳам омада мактабдорро хоҳад зад. Агар мактабдор барои задан чўб дошта бошад, падарам ҳам халачўби говронӣ дорад. Ба халачўби вай барзагов — бо он бузургӣ тоб оварда наметавонад. Аммо ин мактабдор, ки як одами борикрўи хурд ва лоғари пажмурда аст, бо як халачўб задани падарам хоҳад мурд…

Пас аз он мактабдор маро дар рў ба рўи худ дузону шинонида тахтачаро ба рўи он синҷ ки деворчаи охурча ҳисоб меёфт, гузошт ва ба ман «аузу биллоҳ» ва «бис-миллоҳ»-ро гуёнид. Инҳоро хеле вақт шуда буд, ки падарам ба ман ёд дода буд, ман ҳам бе он ки забонам ги-рад ва ё тарсам, гуфтам. Мактабдор хеле изҳори хурсандӣ кард. Ба назари ман менамуд, ки бачагони дигар ба ман бо ҳасад нигоҳ мекарданд. Ҳарчанд аз тарси чўби мактабдор сари худро боло накунанд ҳам, ба ман нигоҳ карда ва ангуштҳояшонро пеши чашмҳояшон оварда маро ба якдигар нишон медоданд. Ва ман гумон мекардам, ки агар танҳо ёбанд, бо он ангуштон чашми маро хоҳанд кофт.

Мактабдор фотиҳа хонд, бачагон ҳам «омин» гўён ба он фотиҳа ҳамроҳӣ карданд ва бо ҳамин расми сабақсаркунии ман тамом шуд. Падарам ба хонаи худамон баргашт ва ман дар он ошўбгоҳ мондам.

II

Пас аз падарам рафтан, мактабдор маро ба наздиктари худ ҷой дода ба яке аз бачагони калон амр дод, ки маро ёд диҳад. Он бача маро ба он тахтача нигоҳ кунонда «алиф, бе, те, се» гуфт. Ман ҳам аз забони ў гирифта ин чор калима, яъне номи чор ҳарфро такрор кардам, пас аз он ки худи ман инҳоро гуфта метавонистагӣ шудам, он бача ба сари бачаҳои дигар рафт ва онҳоро ҳам ёд медод.

Бачагон он бачаро «халифа» мегуфтанд.

Баъд аз он мактабдор аз мактаб баромада рафт. Акнун шўрест, ки дар мактаб бархост! Бачагон аввал рост хеста бо якдигар гўштӣ гирифтанд, пурзўрон камзўронро меафтонданд ва мезаданд, пас аз ним соат афту дарафт кардан, халифа аз ҷои худ хест ва чўби дарози мактабдорро гирифта аз як сар бачагонро задан гирифт. Ман тарсида хостам, ки аз мактаб баромада гурезам, аммо муяссар нашуд: дари мактабро аз дарун занҷир карда ба зулфинаш чўб гузаронида буданд, ки даромад баромад кардани мисли ман бачаи шашсола мумкин набуд, ва бо «ба ҷоят нишин, вагарна мезанам» гуфтани халифа баргашта ба ҷоям нишаста ва сари худро хам карда зери чашм ба халифа нигоҳ мекардам.

Пас аз он ки ҳамаи бачагон бо зарби чўби халифа ҷо ба ҷо нишастанд, халифа дар ҳолате ки он чўби дароз дар дасташ буд, аз ҷояш рост хест ва гуфт:

—Бачагон! Акнун камонбозӣ…

Бо баромадани ин овози халифа ҳамаи бачагон фарёд кашиданд:

  • Камонбозӣ!..
  • Камонбозӣ!..
  • Камонбозӣ!..

Баробари ин шўру ғавғо корҳои амалӣ ҳам шуд: ҳар кадом аз бачагон аз бўрёи дар зери худашон буда, ки ягона палоси мактаб он буд, хасҳоро кашида баровардан гирифтанд. Бачагон аз кисаҳояшон риштаҳои борики дарздўзӣ ҳам бароварданд. Ҳар бача яке аз он хасҳоро камонвор хам карда, дар ду сари он риштаро кашида мебаст. Ба ин тариқ як камончаи бачагонаи соддае пайдо мешуд. Пас аз он, хаскамонро камонвор ба дасташ нигоҳ дошта ба ресмони он хаси дигареро гузошта онро пеш кашида сар медод. Он хас монанди тири камон парида рафта ба бачаи дигаре бармехўрд.

Боз бачагон ба ҳам омаданд, ҳар бача бачаи дигареро аз рўй, бинӣ, пешонӣ ва чашм нишон гирифта бо тири камони худ мезад…

Пас аз қадре ин гуна ҷанги якка ба якка кардан, халифа боз чўбро бардошта бачаҳоро аз як сар заду овоз дод:

—Акнун саф кашида ҷанг мекунем!
Бачагон ҳам:

—Саф мекашем, саф мекашем! — гўён фарёд кашиданд.

Халифа бачагонро калону хурд ду тақсими баробар карда дар ду тарафи мактаб ҷой дод. Дар ҳар тараф ду саф тартиб дода бачагони хурдро дар пас ва калонтаронро дар пеш гузошт ва худаш дар зери девор дар миёнаи ду саф рост истода фармон дод:

— Парронед!

Аз сафи пеш хаскамонҳо ба ҳаракат омаданд. Хастирҳо аз камони ҳамаи бачагон баробар ва пай дар ҳам мепариданд. Бачагони дар сафи пушт истода аз бўрё боз хас кашида, ба бачагони сафи пеш тир тайёр карда ме-доданд.

Дар ин миён хастири яке аз бачагон ба сафи тарафи муқобил рафта ба чашми як бача бархўрд. Ў фарёдкунон ва «во чашмам» гўён аз саф баромад. Ҳамсафони он бача ҳам якбора шўрида бўрёи дар асл порча-порча шу-да даридаро аз замин бардошта ба сару рӯи сафи муқобил ҳаво доданд. Аҳли сафи муқобил ҳам ин ҳуҷумро оромона қабул накарданд, онҳо ҳам аз зери пойҳои худ бўрёҳоро бардошта ба сари муқобилҳояшон ҳаво доданд. Даруни мактаб пур аз чанг ва хоку хас шуд. Ман аз тарси он ки дар зери поҳои бачагон поймол нашавам, ба охурчаи мактабдорнишин гузашта сурати девор шуда рост истодам…

Ҷанг давом мекард. Дар ҳамин вақт дари мактаб бо шиддати тамом кўфта шуд, кўбанда дарро асабиёна бо пояш мезад. Ман гумон кардам, ки ҳамин замон дар ме-шиканад.

Бачагон бо шунидани садои кўбиши дар мисли мушбачагоне, ки аз садои фишир-фишири гурба гурезанд, шитобкорона ба ҷойҳои худ гузашта дар даруни охурчаҳои худ дар паси синҷ пинҳон гардиданӣ шуданд. Аммо он синҷ яъне деворчаи охурча на он қадар баланд буд, ки бачаҳоро пинҳон кунад. Бо вуҷуди ин бачагон сари худро поён карда рўи худро дар он ҷо руст мекарданд, аммо пуштҳошон дўнг шуда баромада аз даруни охурча намоён мегардид.

Кўбиши дар ҳанўз давом мекард, аммо ҳеҷ кас ҷасорат намекард, ки дарро кушояд. Пас аз ором гирифтани бачагон ба даруни охурчаҳои худ, халифа рафта дарро кушод. Як одаме ки аз ғояти ғазаб рўю абрўю, ришу бу-руташ монанди гурбаи сагдида фахкарда буд ва чашмонаш калон шуда қариб буд, ки аз косахонаашон барояд, аз дари мактаб даромад. Ин одам мактабдор буд.

Мактабдор баробари ба мактаб даромадан аз дасти халифа ки ҳанӯз чӯби дарози мактабдор дар дасти ӯ буд ва барои кушодани дар рафта буд, он чӯбро гирифта аввал ба сари халифа даҳ-дувоздаҳ бор қулочкашӣ карда зад.

Халифа бо бардошта шудани чӯби мактабдор монанди саги бегонаи барои ангурдуздӣ ба боғе даромада ва ба боғбон вохўрда, фарёдкунон ба ҳар тараф мегурехт. Аммо чӯби дарози мактабдор ба ҳама гўшаҳои мактаб расо расида сари халифаро молиш медод.

Пас аз он ки мактабдор бо задани халифа қадре ғазаби худро таскин дод, ба ҷои худ гузашта нишаст ва маро ки ҳанўз дар охурчаи ў сурати девор будам ба ҷои худам гузаронид, аммо маро назад.

Баъд аз он боз чўби дарози худро боло карда ҳамаи бачагонро, ки ҳанўз сарпоину пуштболо буданд, задан гирифт. Ў ба ҳар як чўб ҳавола кардан 15—20 бачаро якбора мезад ва онҳо ҳам баробар.

—Тавба кардам! — гўён фарёд мекашиданд.
Пас аз он мактабдор амр дод:

— Хонетон!

Бачагон пуштҳои чўбхўрдаи худҳошонро хорида-хорида сар бардоштанд ва бе он ки гўшаи чашмҳошонро аз мактабдор кананд, сарҳошонро ба тарафи китоб ва тахтачаҳошон хам карда, ман намедонам, чиҳо буд ки хонда фарёд мекашиданд. Ман ҳам ба онхо тақлид карда ба тахтачаи худ сарамро хамонида ва гўшаи чашмро ба мактабдор дўхта «алиф, бе те, се» гўён дод мегуфтам.

Баъд аз он мактабдор халифаро ба пеши худ ҷеғ зад. Ў ҳам, бо вуҷуди ин ки ҳозир аз мактабдор он ҳама чўбро хўрда буд, бе ҳеҷ тарсу бим ба пеши ин золим омад.

Ман ба ҷасорати халифа ҳайрон шудам ва мехостам, ки ман ҳам мисли он нотарс шавам. Аммо ман ба дили худ мегузаронидам, ки агар ман ҳам монанди халифа нотарс шавам ва мактабдор маро задан хоҳад, ман мисли ин халифа аз вай нахоҳам гурехт, балки чўбро аз дасти ў кашида гирифта ба сари худаш хоҳам зад. Ҳайфо, ки ҳоло хурд ҳастам ва дар дилам тарс ҳам бисёр аст.

Мактабдор ба халифа гуфт:

—Гўй ба ман, ки киҳо ин ҳама шўру ғавғоро барпо  карданд?

Халифа ягон-ягон 10—12 бачаро номбар карда шумурд.

Бачаҳо аз хондан бозистода гӯш доданд, ки шунаванд ва донанд, ки халифа киҳоро ба мактабдор хабаркашӣ мекунад?

Аммо мактабдор ба ин кор роҳ надод ва дубора чўби калони худро бардошта онҳоро ба ёд овард, яъне онҳоро ба хондан даровард…

Мактабдор номи гунаҳкоронро аз халифа шунида:

—Хомўш! — гуфта фарёд кашид.
Бачагон ҳама ба якборагӣ дам истоданд.
Мактабдор бачагонеро, ки халифа ба ў хабаркашӣ карда буд, ягон-ягон номбар карда ҷеғ задан гирифт. Агар мактабдор ягон бачаро саҳв карда ҷеғ занад, халифа сухани ўро тасҳеҳ мекард:

—Не, ин нест, он аст,— гўён бачаи днгареро нишон дода ном мебурд.

Ба ҳамин тариқа 10—12 нафар бача ба пеши мактабдор ҷамъ шуданд. Инҳо ҳамагӣ аз бачагони калонсолтар буданд.

—Дарро банд,— гуфт мактабдор ба халифа.
Халифа рафта дари даромади мактабро аз дарун занҷир карда ба зулфинаш чўб ҳам гузаронид.

—Фаллоқро гир! — гўён мактабдор ба халифа фармон дод.

Ман фаллоқро шунида бошам ҳам, то он вақт он чизи шумро надида будам.

Халифа ба паҳлуи мактабдор гузашта як чўберо, ки бар болои сари мактабдор ба девор овезон буд, гирифт. Ин чўб, ки тахминан якуним оршин дарозӣ дошт, қадре хам буда ба ду сари он як ресмон бастагӣ буд. Он вақт ман дидам, ки фаллоқ чи гуна мешудааст.

  • Аҳмад, боз шўхӣ мекунӣ? — гуфт мактабдор ба як бачае ки дар пеши ў дар қатори бачагони гунаҳкор рост истода буд.
  • Тақсирҷон, тавба кардам, ман шўхӣ накардаам,Муҳаммад кард,— гўён фарёд баровард ў.

Аммо мактабдор ба ин оҳу вой ва тавбаву зории ў нигоҳ накарда ба бачагоне, ки дар паҳлуи ў рост истода буданд, нигоҳ карда:

—Пахш кунетон инро!—гуфта фармон дод.
Бачагони дигар ўро пахш карданд ва ба амри дуюми мактабдор мунтазир нашуда ресмони фаллоқро ба пойҳои он бача гузарониданд ва ду бача аз ду сари чўби фаллоқ гирифта тофтан гирифтанд. Ба ҳадде ки ресмон ба соқи пои бача сахт печида, магар, пояш ба бурида шудан наздик расид, ки бача:

—Вой мурдам! Вай поякам! — гуён фарёд кашид.
Бачагони дигар аз хондан бозистода бо тарсу ларз овози ўро гўш медоданд. Аммо мактабдор ба ин кор роҳ надод ва бо бардошта ба сари бачагон хобонидани чўби дарози худ бачагони дигарро ҳам ба фарёд овард.

Онҳо бо овози баланд ба хондан даромаданд. Мактабдор як чўби дугазиро аз даруни чўбҳои ба пушти сараш ба девор рост истода гирифта ба дасти халифа супурда:

Зан! — гуфта фармон дод.

Халифа бо он чўб ба кафи пойҳои Аҳмад, ки ду бачаи дигар онро ба фаллоқ печонда бардошта истода буданд, задан гирифт.

Акнун ба фарёду фиғони Аҳмад ҳеҷ тоқат карда намешуд, аммо фарёди вай бо фарёди бачагони хонанда омехта, аз миён ҷудо намегардид. Ҳар кас ки аз кўча мегузашт, гумон мекард ки бачагон бо овози баланд хонда истодаанд…

Халифа ба кафи пои Аҳмад ба дараҷае зад, ки аз ҷоҳои чўбрасида хун шорида чўбро рангин кард.

Мактабдор, магар бо дидани ранги хунини чўб бошад:

—Бас! — гуфт.

Халифа аз задани Аҳмад бозистод. Фаллоқро ҳам аз пои ў кушоданд ва Аҳмад манаҳи худро дошта ба халифа нигоҳи ғазабноке кард.

—Муҳаммадро гиред! — гўён мактабдор боз фармон дод. Бачагон Муҳаммадро ҳам бо ҳамон тарз хобониданд ва ба пойҳояш фаллоқ андохта тофтанд. Ўро ҳам
халифа то ба дараҷае ки кафи пойҳояш хуншор шавад,зад.

Ба ҳамин тариқа 10—12 бачаи ба он ҷо ҷеғзадашударо заданд.

Аммо дили ман ба ҳоли онҳо месўхт, зеро ҳеҷ кадоми онҳо ба бозӣ роҳбарӣ накарда буданд, ҳамаи корҳоро худи халифа карда буд ва боз худи ў онҳоро бардурўғ ба мактабдор хабаркашӣ кард. Мехостам, ки ин ҳолро ба мактабдор гўям, аммо аз халифа тарсидам.

Лекин ин раҳмхўрии ман нисбат ба бачагони чўбхўрда ва ғазабам дар ҳаққи халифа бисёр дер накашид: мактабдор пас аз он ки ҳамаи бачагони ҷеғзада овардаашро занонда шуд, ба халифа нигоҳ карда гуфт:

  • Ман медонам, ки ҳамаи шӯхиҳоро худи ту сар мекунӣ,— вай ба бачагони ҳанўз дар он ҷо рост истода, ки поҳояшонро монугир ба замин мениҳоданд ва аз озори
    кафи по тоқат надоштанд, ки пайваста як пояшонро ба
    замин ниҳода истанд, нигоҳ карда гуфт:
  • Пахш кунед инро!

Бачагон ҳам, ки гўё ба ҳамин амр мунтазир буданд, халифаро пахш карданд ва ба соқҳои пояш фаллоқро андохта тофтан гирифтанд. Халифа фарёд мекард:

—Пойҳоямро бурид, сахт натобед!
Аммо ҳеҷ кас гўш намедод.

Мактабдор як чўби тозаро ба дасти яке аз бачагон дода ба задан амр кард. Он бача он чўбро гирифта ба кафи пойҳои халифа задан гирифт.

Бачагони фаллоқдор боз ҳам фаллоқро сахттар метофтанд. Халифа фарёд мекард, ки:

—Ҳар қадар ки занед ихтиёр доред, аммо фаллоқро ин қадар сахт натобед!

Аммо бачагон боз ҳам сахттар метофтанд.

Пас аз он ки бачаи чўбдаст якчанд чўб ба кафи пои халифа зад, мактабдор ба бачаи чўбхўрдаи дигаре нигоҳ карда гуфт:

Акнун чўбро ту гир, қарзат ба қиёмат намонад.

Он бача аз бачаи аввалӣ чўбро гирифта боз ҳам сахттар ба кафи пои халифа задан гирифт…

Ба ҳамин тариқа аз ҷумлаи бачагоне, ки аз халифа чўб хўрда буданд, якчанд нафарашон «қарзҳои худашонро» аз ў бо фоизаш гирифтанд.

—Акнун бас! — гуфт мактабдор.

Чўбзан аз задан бозистод. Аммо фаллоқдорон ҳанўз поихалифаро сар намедоданд. Мактабдор:

  • Боз чӣ мегўед, магар ҳанўз дилатон хунук нашудааст? — гуфт: ….  ,
  • Намак! — гуфт яке аз онҳо.
  • Дарвоқеъ, намак! — гуфта такрор кард мактабдор. Киса ва зери кўрпачаи худро кофта,— ба ман намак
    нест, ба кӣ ҳаст? — гуфт.

Ҳамаи бачагони чўбхўрда кисаҳояшонро кофтанд, аз кисаи як-дуи онҳо намаки кўфтаи ба латта баста баромад.

—Пошед! — гуфт мактабдор. Ба ҷойҳои кафида хун баромадаи кафи пойҳои халифа намаки сударо пошида бо дастҳошон молиш доданд.

Акнун халифа чун гов бонг мезад:

—Сар диҳетон! — гуфт мактабдор.

Бачагон фаллоқро чаппа тоб дода пойҳои халифаро аз ресмон сар доданд. Халифа чашмони гиряолуди худашро бо остинаш пок карда лангон-лангон ба ҷояш рафта нишаст.

Бачагон ҳоло ҳам бо овози баланд баробар фарёд мекарданд, яъне мехонданд.

Мактабдор чўби дарози худро бардошта пас аз он ки боз як бор пушти гардани бачагонро молиш дод:

—Хомўш! — гуфт.

Бачагон хомўш истоданд, мактабдор гуфт:

—Фардо ҳамаатон ҳаштпулӣ пули бўрё биёретон, ки имрўз ҳамаи бўрёҳо даридааст.

Ҳамаи бачагон:

  • Мебиёрем, мебиёрем! — гуфта овоз баланд карданд.
  • Озод! — гуфт мактабдор.

Бачагон чун гурўҳи гунҷишкон, ки аз калхот мегурехта бошанд, якбора аз ҷойҳояшон ҷаста ба тарафи дар давиданд. Дар ҳанўз баста буд. Халифа ҳам ба оҳистагӣ аз ҷояш хеста, лангон-лангон ба таги дар омада дарро кушод, аввал худаш баромад, бачагони дигар ҳам аз паси ў якдигарро пахш карда, тела дода баромаданд, аз ҳама пастар ман баромадам.

Ҳамаи бачагон ба пеши мактабхона тўда шуда истоданд. Халифа ба онҳо нигоҳ карда:

—Салом! — гуфт. Ҳамаи бачагон бо як овоз:

—Ассалому алайкум! — гўён фарёд кашиданд.
Бачагон ба ҳар тараф пароканда шуда гурехтанд. Аммо бачагони чўбхўрда бо халифа ба паскўчаи пушти мактаб, ки роҳи ҳавлии мо буд, баргаштанд. Халифа ба онҳо гуфт:

—Фардо иштибозӣ ва бедонабозӣ. Тайёр шуда оед!

—Дуруст! — гуфтанд бачагони дигар ва инҳо ҳам  рафтанд.

Мо имрўз аз мактаб озод шуда будем. Ман дар умри худ  ду озодиро дидам, яке соли 1917 дар вақте ки 42-сола будам, аз зиндони амир, баъд аз 75 чўб хўрдан, дуюм дар вақти шашсолагиам, он рўзе ки аз мактаб озод шу-да будам. Аммо ба назари ман ҳар дуи ин озодӣ ҳам аз якдигарашон ширинтар менамуданд.

III

Ман ба хона рафтам, баробари дидани мо-дарам гиря карда сар додам. Модарам ҳарчанд мегуфт:

—Чӣ шуд ба ту, чаро гиря мекунӣ? — ман чизе ҷавоб гуфта наметавонистам. Охир, аз куҷо буд, падарам
пайдо шуд. Ў аз модарам зиёдтар шиддат карда пурсид:

—Зуд гўй, ба ту чӣ шуд, вагарна гўшатро мебурам?
Ман дар ҳолате ки гиря гулўямро гирифта буд, ҳиққосзанон гуфтам:

—Бачаҳо бо якдигар ҷанг карданд.

  • Бачаҳо бо якдигар ҷанг  карда бошанд, ба ту чӣ? — гуфт падарам,— ту ки ҷанг накардаӣ ва касе ҳам туро ҷанг накардааст, пас чаро гиря мекунӣ?
  • Домулло онҳоро зад.
  • Хуб кардааст, бачагони ҷангараро мезананд.
  • Ман мактаб намеравам.
  • Номаъқул кардӣ,— гуфт падарам бошиддат ва пас аз қадре хомўш истодан:
  • Чаро мактаб намеравӣ? — гуфта пурсид садои худро нармтар карда.
  • Домулло маро мезанад.
  • Ҳад надорад, зада наметавонад, агар туро занад,ман гўши ўро мебурам,— гўён падарам аз кисаи худаш
    кордчаашро бароварда нишон дода гуфт:
  • Ин аст кордча,— ва такрор кард:
  • Агар домулло туро занад бо ҳамин кордча гўшашро мебурам!

Ман аз ин сухани падарам гўши бурида ва хунолуди мактабдорро, ки ўро хеле бад дида будам, ба хотир оварда хеле шодмон шудам, ҳатто ба дили худ гузаронидам, ки:

«Майлаш, як бор мактабдор занад ва ман омада ба падарам хабар диҳам, ин ҳам рафта гўши ўро бураду ман тамошо кунам».

Аммо боз тарсидам, зеро то он вақт чўби сахт нахўрда будам, вақте ки чўби мактабдорро дар ҳолате ки ба поям расида истодааст, ба хотир меовардам, кафи пойҳоям хоришкунон сўзиш мекард, дилам ба пушт мекашид ва нафасам тангӣ мекард. Аз баҳри ин тамошо, яъне бе-гўш дидани мактабдор, гузаштанӣ шудам. Аммо инро ҳам дилам қабул намекард. Зеро ки дарҳамсоягии мо як хари гўшбурида буд, ҳар вақт ки соҳибаш он харро савор шуда мебаромад, бачагон:

1 Бачагон мактабдорро домулло мегуфтанд ва ман ҳам ба онҳо тақлид карда аввалин бор ин калимаро ба забон оварда будам.

  • Хараш бегўш-а, хараш бегўш-а,— гуён чапакзанон киғғос мекашиданд. Ман, ки ин шавқу завқи бачагонро дида будам ва худам ҳам бо дидани он ҳол хеле шодмон
    мешудам, гумон мекардам ки бачагон ин мактабдорро,ки онҳоро ин ҳама мезанад, агар бегўш бинанд, на монанди имрўза бозӣ мекунем гуфта якдигарро мезананд, бал-
    ки шодикунон мактабдори бегўшро тамошо хоҳанд кард.
    Ба ин тамошо дили ман хеле моил буд. Як тадбир ба хотирам расид, ки агар он тадбир ба амал меомад, ман бе ин ки худам чўб хўрда бошам, мактабдорро гўшбурида медидам ва ба ин мулоҳиза ба падарам гуфтам:
  • Агар аввал рафта гўши домуллоро набуред, ман мактаб намеравам.

Ў гуфт:

—Ман ҳам курра гирифта намедиҳам.

«Оҳ, курра!.. Он чӣ қадар чизи зебост, агар ба гардани вай гарданбанди сурхи пўпакдори зангўланок бандам, боз чӣ қадар зебо хоҳад шуд. Вақте ки ба вай савор мешавӣ, гўши худро сих карда думашро бардошта ва пойҳои пасашро ба ҳар тараф ҳаво дода медавад, дар он вақт ту на ба болои хар, балки гўё ба ҳаво парида абрҳоро савор шуда сайр карда истода бошӣ!».

Хаёли ширини ин гуна хар ҳамаи душвориҳои мактабро ба ман осон кард, ман аз гарданшахии худ фуромадам ва лекин боз аз падарам як чиз рўёнданӣ шуда гуфтам:

—Агар курраи гарданбанднок, пўпакдор гирифта доданӣ шавед, майлаш мактаб меравам.

—Боракалло, писарам! — гуфт ў,— ту ба мактаб гиря накарда рав, ҳама чизро гирифта медиҳам.

Ман чашмони худро пок карда пас аз як даҳан нонро ба даст гирифтан, рўи дарича баромада аз паттаи бед як чўб ҳам шикаста гирифтам, ба як девори якпохсагӣ, ки падарам ба рахнаи руйдарича зада буд савор шуда он чўбро ба худам халачўб қарор дода он деворро хар фарз карда:

—Хих, хих!..— гўён ҳай кардан гирифтам. Албатта,девор роҳ намерафт, бо вуҷуди ин ман орзуи харро бо девори шикаста иҷро карданӣ шуда дили худро хуш мекардам.

 

IV

              Рўзи дуюм аввали пагоҳӣ ман ба мактаб рафтам, ки дар он ҷо ғайр аз мактабдор каси дигаре нест. Ба вай салом дода хостам ба ҷои ба ман таъин кардааш гузашта нишинам.

Ў ба ин хоҳиши ман роҳ надода гуфт:

  • Пули бўрё овардӣ?
  • Не, аз ёдам баромадааст.
  • Ту ки пули бўрёро аз ёд мебарорӣ, чи гуна мул-
    ло мешавӣ? Зуд дав аз падарат ҳашт пул пули бўрё
    биёр.

Ман тахтачаамро ба болои синҷи пеши худам гузошта, аз мактаб бозгашта баромадам.

Ҳанўз дур нарафта будам, ки маро мактабдор:

—Садриддин! — гўён ҷеғ зад.

Пасгашта даромада рў ба рўи мактабдор ба ў чашм дўхта истодам.

—Даст пеш гир! — гуфт ў бо оҳанги қадре нохушнудона.

Ба ин фармони ў амал карда даст пеш гирифтам, лекин ба шубҳа афтода аз ў чашм канда ба чўбҳои паси сари ў рост истода нигоҳ кардам. Ў ҳам дасташро ба чўб дароз кард. Ман аз тарси он ки маро хоҳад зад, бо як ғайрати бехудона:

  • Агар шумо маро занед, падарам гўшатонро ме-
    буранд! — гўён фарёд кашидам. Ў хандиду:
  • Не туро намезанам, агар шўхӣ накунӣ ҳеҷ наме-
    занам,— гуфт.

Ман аз хандаи ў осуда шуда мунтазири фармони дуюми ў гардидам.

Чўбҳои кўтоҳро гирифту ба дасти ман дода гуфт:

—Инҳоро бар, ба ҳавзи масҷид парто, баъд ба хонаатон рафта аз падарат пули бўрёро гирифта биёр.

Ман аз як тараф барои дур шудани чўбҳо аз мактаб ва аз тарафи дигар барои хандаи мактабдор хурсанд шуда давадам, ба тарзе ки поям ба замин намерасид. Аввал чўбҳоро ба ҳавз бурда партофтам. Пас аз он ба хона рафта аз падарам, ки ба чархи осиётарошӣ даромада буд, пули бўрёро талаб кардам.

  • Чанд пул даркор будааст? — гуфт ў.
  • Ҳашт пул.

Кисаашро кофта ҳашт пули сиёҳ шумурда ба дасти Ман дод. Ман аз дӯконхонаи падарам баромадам ва боз пас гашта ба падарам гуфтам:

—Домулло ба ман ханда кард, туро намезанам гуфту чўбҳоро ҳам ба ман дод, ки ба ҳавз бурда партофтам.

—Хуб, хуб. Зуд рав, сабақатро такрор кун,— гуфт ў.
Давон-давон боз ба мактаб омадам. Акнун як қисми

бачаҳо ҳам омада буданд ва мактабдор ба ҷамъ кардани пули бўрё машғул буд, ман ҳам пули аз падарам гирифтаамро бурда ба мактабдор доданӣ шудам. Аммо дастонамро болои ҳам бар синаам монда бе он ки дастамро дароз кунам пулро ба кафи дастам ва дар хами ангуштонам нигоҳ дошта ба ў нишон додам. Ӯ боз хандида:

—Баракалло, акнун ба одоб шудӣ,— гуфт ва илова кард:

—Дар вақти пул додан дастатро пеш нагирӣ ҳам мешавад.

Ман аз ин гузашти мактабдор ба ҷасорат омада бе он ки дасти чапамро аз сари синаам бардорам, бо дасти ростам пулро дароз кардам.

Мактабдор пулро аз дасти ман гирифт ва маро:

—Илоҳӣ калон шавӣ, мулло шавӣ! — гўён дуо ҳам кард.

Ман ба дили худ гузаронидам, ки «мактабдор он қа-дар ҳам бад набудааст, чўбҳоро аз мактаб дур кард ва ба бадали пуле, ки барои бўрёи мактаб гирифт, дар ҳаққи ман дуо ҳам кард.»

Мактабдор боз ба пулҷамъкунии худ даромад, ҳар бачае ки пул наоварда буд, ўро боз ба хонааш барои пул овардан пас мефиристод. Баъзе бачагон дубора ҳам пул намеоварданд ва ҳамин қадар хабар меоварданд, ки падарашон, ваъда кардааст, рўзи бозор пул диҳад.

Мактабдор ба муқобили онҳо мегуфт:

—Ман ҳам то ҳамаатон пул наёваред, бўрё намехарам ва ин бўрёҳои кўҳна ва даридаро барои сўхтан ба таҳоратхона мефиристонам, шумо ба замин менишинед ва барои бозӣ хас ҳам намеёбед.

Бо ин сухани мактабдор бачаҳои пул оварда онҳоеро, ки пул наёварда буданд, нихтакӣ мезаданд:

—Магар барои ҳашт пул падарат мемурд? Биёрдия!

Он бача ҳам:

—Рӯзи бозор гуфтам-ку! — гуён гиря мекард.
Ман ҳам ба дили худ падари он бачаро    бахил ва сахтдаст мешумурдам ва он вақт намедонистам, ҳашт пулро ки баробари ду тин аст, чӣ қадар қурбу манзалат дошт ва ёфтани он барои камбағалон чӣ андоза душвор буд. Ҳоло дар хотир дорам, ки ҳамон рўзҳо ба хонаи мо меҳмон омада буд ва падарам ба ман як танга, ки 64 пул ҳисоб меёбад, бо як халта дода ба ҳавлии Шарифбои биринҷфурўш, ки ҳамдеҳаамон буд, фиристод ва гуфт:

—Ин пулро бурда деҳ, ў ду чорик биринҷ медиҳад.
Аммо ширбиринҷ, мепазем нагўй, ки биринҷи паст медиҳад. «Чӣ мепазетон?» гуфта пурсад, ош гўй мон, ам-
мо нагўй, ки чӣ ош мепазем.

Акнун фикр мекунам, ки вақте ки ба 64 пул ду чорик яъне 4 кило биринҷи нағз диҳанд, ба ҳашт пул ним кило биринҷ мешавад, ки ин хеле пули калон будааст.

Хулоса бо ҷанҷоли пулғундорӣ рўз чоштгоҳ шуд ва мактабдор ҳам:

—Хезетон чойхўрак! — гуфт.

Бачагон ғуррос зада аз ҷо хестанд ва аз дари мактаб баромада мисли дирўза, пас аз салом додан, хона ба хона пароканда гардиданд.

Ман ҳам ба хона рафта хўрок хўрда қадре гурбаи худро бозӣ кардам ва боз ба мактаб омадам. Мактабдор ҳанўз дар мактаб буд, бачагон ҳам акнун ягон-ягон баргашта меомаданд.

Бачаҳо ҷамъ шуданд, мактабдор:

—Хонетон! — гўён чўби дарози худро бардошт. Ҳама ба фарёд даромаданд ва ман ҳам «алиф, бе, те, се» гўён дод мегуфтам.

Мактабдор ба халифа нигоҳ карда:

—Сабақ деҳ! — гуфт.

Халифа аз зарби чўби дирўза лангон-лангон хеста бо навбат пеши ҳар бача нишаста ўро сабақ медод.

Имрўз ба сабақи ман худи мактабдор мутасаддӣ шуда маро ба рў ба рўи худ нишонид ва тахтачаро ба пешам гузошта:

—Сабақатро хон! — гуфт.

Ман бе он ки ба тахтача нигоҳ кунам:

  • Алиф, бе, те, се,—гуфтам.
  • Дуруст, боракалло! — гуфт мактабдор ва худаш дар вақте ки ба хатнависӣ машғул буд
  • —Поёнашро хон, «ҷим, ҳе, хе» гӯй,— гуфт.

Ман аз забони мактабдор гирифта ҳамчунон ба рўи чиркини пажмурда ва чашмони бенури обрав ва риши бузвораш, ки дар вақти гап задан баробари ҷунбидани манаҳаш боло-поин мерафт, нигоҳ карда он ҳарфҳоро, яъне номи он ҳарфҳоро гирифта такрор мекардам.

Пас аз он ки мактабдор ин гуна талқин кард ва ман такрор намудам, гуфт:

  • Акнун худат хон!
  • Алиф, бе, те, се,— гуфтам ман.
  • Не,— гуфт ў,— поёнашро хон!

Аммо ман намедонистам, ки болои инҳо кадом асту поёнаш кадом аст. Бинобар ин, дар ҳолате ки ҳоло ҳам башараи мактабдорро тамошо мекардам, даст пеш гирифта истодам.

  • Поёнашро хон, мегўям,— гуфта мактабдор шиддат кард. Худи ў ҳоло ҳам ба хатнависӣ машғул буд,
    пас аз он ки ў хатҳои навиштаи худро ба ҷузгираш ба болои он хатҳое, ки аз пагоҳ боз менавишт, гузошт, ба ман нигоҳ карда қадре хомўш истод ва гуфт;
  • Ту бачаи бисёр кундзеҳн будаӣ, ман ҳамин қадар ёд додам, ҳанўз ёд намегирӣ.
  • Чиро ёд додед? — гуфтам ман.
  • Ҷим, ҳе, хе-ро,— гуфт ў.
  • Инро медонам,— гуфтам ман ва такрор кардам:
  • Ҷим, ҳе, хе — ва илова кардам,— инҳоро медонам, аммо поёнашро намедонам.
  • Поёнаш ҳамин аст, боракалло, рав ба ҷоят нишин, хондан гир! — гуфт.

Ман ҳам ба ҷои худ рафта «ҷим, ҳе, хе» гўён ба такрор даромадам. Лекин ҳоло ҳам чашмамро аз афту андоми мактабдор, хусусан аз риши бузвори он намекандам. Дар вақте ки ў чашмони худро нимпўш карда хомўш истода хат менавишт, риши ў ба ман хеле аҷиб менамуд ва риши бузи худамонро ба ёдам меовард.

Пештар мо як буз доштем, худам ўро чаронда хеле фарбеҳ карда будам. Зимистони сахт омад, ҷўйҳо ях бастанд. Осиёҳо хобиданд ва чархҳои осиёи падарам тарошидаро ҳам касе нахарид. Қариб ду моҳ падарам пул намеёфт, ки гўшт бихарад. Оқибат ҳамон бузро куштанӣ шуд, ман розӣ нашудам, доду бедод кардам. Аммо падарам ба оҳу вои ман нигоҳ накарда кордро тез карда, бузро хобонда пойҳояшро баст ва модарам пойҳои бузро нигоҳ дошта истод, падарам ҳам вайро сар бурид.

Ман ҳамчунон гиря мекардам ва ба буз нигоҳ мекардам. Буз дар вақте ки чаккак зада ҷон меканд, ришаш чунон ки риши мактабдор дар вақти гап заданаш, меҷунбид, ҳаракат мекард. Вақте ки буз тамоман мурд ва падарам сари ўро тамоман аз танаш ҷудо карда партофт, ман он сарро бардошта хеле дўстдорикунон тамошо карда будам. Чашми буз нимкоф буд, ришаш ба пеш хеста истода буд. Мактабдор, ки ҳоло хомӯш меситод, ришаш ба риши он бузи мурдаи ман монандӣ дошт. Ман аз дидани ин ҳол, он бузи худро ёд карда хеле андўҳгин шудам, бо вуҷуди ин ҳам «ҷим, ҳе, хе» гўён такрор мекардам…

Дар ин вақт касе ба пеши даричаи мактаб, ки дар тарафи даруни он мактабдор менишаст, омада дарро тақ-тақ кард.

Мактабдор «кист?» — гўён коғазгирашро кушод. Он кас намоён шуд. Ин як зан буд. Ба сари худ чашмбанд ва фаранҷӣ дошт. Ба мактабдор як танга дароз карда гуфт:

  • Ин назрро гиред, дуои дарди сар, дуои дарди дандон, дуои дарди чашм ва дуои кушоиш диҳед ва бачагонро ҳам имрўз озод кунед.
  • Ба як танга чор дуо. Боз бачаҳоро озод кунам?
    Ин намешавад, ҳеҷ набошад боз як тангаи дигар диҳед,— гуфт мактабдор.
  • Ман аз роҳи дур, аз Обкена омадам,— гуфт он зан,— маро ҳамсояамон Шарофбой, ки занаш зоида натавониста дарди сахт кашида истодааст, як танга дода
    барои дуои кушоиш фиристоданӣ шуд, занаки ҳамсоягони дигар ҳам ки ҳар кадом дардманд будаанд, барои дардҳои худ дуо фармуданд ва «ҳар вакт пул ёбем назри домуллоро медиҳем, бурда медиҳӣ» гуфтанд. Ман
    ҳам аз барои савоб ба ин қадар роҳ пои пиёда хеста омадам. Шумо дуоҳоро диҳед, боз ҳар вақт онҳо пул диҳанд, оварда медиҳам. Ҳоло аз барои ризои худо бачагонро озод кунед.

Мактабдор як тангаро гирифта ба кисааш андохт ва аз он хатҳое ки пагоҳ боз менавишт ва ҷузгираш ҳам аз онҳо пур буд, чор донаашро ба занака дод.

—Кадоми ин дуоҳо ба кадом дард аст? — гуфта он зан пурсид.

—Инҳо дуоҳои ҳамабобанд,—гуфт мактабдор,—кадомашро, ки ба кадом касал диҳед, як ба як шифо меёбад.

Занак дуоҳоро гирифта аз ҷояш хест. Мактабдор ҳам имрўз «барои ризои Худо» бачагонро озод кард.

Рўзи дигар мо ба мактаб омадем. Ҳанўз чойхўрак нашуда будем, ки ба дари мактаб як савора омада:

  • Домулло, домулло! — гўён мактабдорро ҷеғ зад ва мактабдор бе ин ки аз мактаб барояд ва ё даричаашро кушояд:
  • Ҳа, чӣ мегўед? — гуфта садо дод.
  • Дар Обкена ҷаноза, зани Шарофбой мурд! — гўён аспашро ба як тарафи дигар ҳай карда рафт.

Мактабдор саросема шуда саллашро аз сар гирифта ба замин монда, магар барои таҳорат кардан бошад, берун баромадан гирифт.

  • Дуотон нафъ накардааст-дия домулло, зани Шарофбой мурдааст-ку,— гуфт тамасхуркунон ба ў халифа.
  • Шаккокӣ накун! — гуфт ба ў мактабдор,— дуо нафъ накардан надорад, ў аз беихлосии худаш мурдааст. Агар ихлос медошт, халос мешуд, «ихлосу халос»
    гуфтаанд. Ба бачагон нигоҳ карда:

— Шумоҳо чойхўрак! — гўён берун баромада рафт. Бачаҳо ҳам барои чойхўрак пароканда шуданд. Ман ҳам рафтам…

Пас аз як соат боз ба мактаб омадам. Бачаҳои дигар ҳам ҷамъ шуданд.

—Бачаҳо, як маслиҳат,— гуфт халифа.

—Чӣ маслиҳат?—ҳама бо як овоз пурсиданд.
Мо ҳар бозие, ки кунем ҳеҷ кас ба домулло хабар надиҳад ва аз болои касе хабаркашӣ накунад,— гуфт халифа.

  • Аввал худатро саришта кун,— гуфт ба ў яке аз бачагони калон, ки бо хабаркашии халифа аз мактабдор чўб хўрда буд.
  • Минбаъд шумо ҳам хабар надиҳеду ман ҳам хабар намедиҳам!—гуфт халифа ба бачагони калон ва ба ман нигоҳ карда:
  • Ту ба падарат ҳам хабар надеҳ,— гуфт,— падарат иғвогар аст, як рўз ман аз дарахти шумоҳо зардолу дуздида будам, ҳам ба домулло хабар дод, ҳам ба падарам. Ҳар дуи онҳо ҳам маро заданд.
  • Не, хабар намедиҳам! — гуфтам ман. Агар хабар диҳӣ,— гуфт ӯ,— туро ба бачаҳо фар-
    муда хармурд мекунонам!
  • Не хабар намедиҳам! — гуфта боз такрор кардам,
    Ман аввал бор рўякӣ «хабар намедиҳам» гуфта бошам ҳам ин бор ваъдаам ҷазмӣ буд. Зеро, ман аз хармурд бисёр метарсидам.

Як бор маддоҳе омада ба деҳаи мо маърака гирифт. Калонони деҳа, ба деҳаи ҳамсоя барои тўй рафта буданд. Ба маъракаи маддоҳ ғайр аз ҷавонон ва бачагон дигар кас ҷамъ нашуд.

Маддоҳ ҳикоят сар кард. Вақте ки ҳикояти ў ба ҷои ширинаш расид, талаб андохт:

—Ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, нон, пул, харбуза, тарбуз,ғўлунг, мавиз оварда диҳад, пас аз он боқимондаи ҳикоятро мекунам,— гуфт.

Бачагон ва ҷавонон ба хонаашон давиданд ва ҳар кас як чиз оварда ба маддоҳ дод, ман ҳам рафта аз модарам як мушт ғўлунг гирифта оварда ба маддоҳ додам.

Маддоҳ ҳамаи чизҳои ҷамъшударо ба хӯрҷинаш андохта ба хараш бор кард ва:

—Бақияи ҳикоятро ҳафтаи оянда омада мегўям,—гуфта ба хараш савор шуданӣ шуд.

Ҳарчанд ҷавонон:

—Бақияашро ҳам ҳозир гўед, агар чиз кам ҷамъ
шуда бошад, боз меорем,— гуфта зорӣ карданд, ў қабул
накард ва ба хараш савор шуд.

Дар ин вақт яке аз ҷавонон:

  • Хармурд! — гуфта овоз баровард. Ҳама якбора:
  • Хармурд, хармурд, хармурд! — гўён ба  маддоҳ часпиданд ва ўро аз хараш ба замин гардонда, фуроварданд ва задан гирифтанд. Маддоҳ:
  • Вой мурдам, монед ҳикоятро   мегўям,— гуфта
    фарёд мекард.

— Аз ҳикояти шумо ҳам хармурди шумо тамошои хуб дорад,— гўён боз ҷавонон ўро мезаданд.

Охир маддоҳ суст шуд, акнун тоқати фарёд кашиданаш ҳам намонд.

—Акнун ба об меғўтонем,— гуфт яке аз ҷавонон,—бардоред!

Ҳама ба якбора маддоҳи нимҷоншударо ба рўи даст бардоштанд ва ба ҷўи Мазрангон, ки аз даруни деҳаи мо мегузарад, андохтанд ва пас аз ба об ғўтонидан боз ӯро кашола карда бароварданд. Саллаи маддоҳ аз са-раш ба об афтода буд, ки вайро ҳам яке аз ҷавонон як дарахтро дошта истода ба ҷўй хам шуду гирифта баровард.

Саллаи маддоҳро ба хӯрҷинаш андохтанд ва худашро ҳам бо ҳамон ҷома ва либосҳои тараш ба хараш савор карданд ва харашро ба роҳ андохта аз пасаш як чўб ҳам заданду:

—Рав, дафъ шав, худат пеш пешу ҳикоятат аз пушт! — гуфтанд.

Ман аз ҳамон ҳодиса боз аз «хармурд» метарсидам, бинобар ин аз таги дил ба халифа:

  • Бозиро ба падарам хабар намедиҳам,— гуфтам.
  • Акнун иштибозӣ,— гуфт халифа.

Магар бачагон ин бозиро пеш аз ин ба даруни мактаб чандин бор карда буданд, ки даррав аз ҷойҳояшон хеста бўрёҳои даридаро ба як тараф ғундошта хоначаҳои иштиро канданд…

Бозӣ сар шуд, дар миёна хеле донак бурду бой ёфт, бачагони ҳунарманд бачагони соддаро фиреб доданд, бачагони пурқувват бачагони камқувватро зада донакҳошонро гирифтанд. Боз занозанӣ, гиря ва зорӣ, ҷомадаронӣ сар шуд.

Яке аз бачагон ба ман омада чақид:

—Ё бозӣ кун,— гуфт ў,— ё туро дар миёна гирифта
каллакўбак мекунем.

Ман на иштӣ доштам, на донак ва на иштибозиро медонистам. Модарам ҳеҷгоҳ ба ҷома ва куртаи ман киса намекард:

—Бачаи кисадор дузд мешавад,— мегуфт ва барои
рўйрост бардошта гаштани асбоби бозӣ рухсат ҳам намедод. Бинобар ин ман он вақтҳо ҳеҷгуна бозиро намедонистам.

Аммо аз каллакўбак ҳам метарсидам, зеро ин як бозӣ, ё шўхии бисёр бад буд, чанд бача як бачаро дар миёна гирифта сари ўро бараҳна карда бо нўги нохунҳошон чунон ки эзорсурхак дарахтро нўл мезанад, мезаданд.

Ман ҳайрон шудам, ки чӣ кор кунам ва аз каллакўбаки бачагон бо кадом роҳ халос шавам. Ҳар чӣ халифа ба фарёди ман расид:

—Монетон ўро ба ҳоли худаш,— гуфт,— падари ў бисёр одами бад аст.

Ҳарчанд «бад» гуфтани ӯ падарамро дар дили ман сахт расида бошад ҳам, барои халос шудани ман аз ин гуна маҳлакаҳо халоскор ёфт шуда буд: баъд аз он ҳар вақт ки ба сабаб ё бесабаб бачагон ба ман мечақиданд, ман ба халифа фарёд мекардам:

—Ё бачагонро саришта кун ё ин ки бозиҳоятонро ба падарам мегўям.

Халифа ҳам дарҳол бачагонро аз чақидан ба ман боз медошт. Халифа пас аз он ки чўби дарози мактабро гирифта бачагонро як қатор зада ҷанҷоли иштибозиро бартараф кард:

—Акнун бедонабозӣ,— гуфт.

Аммо ба ин бозӣ бачагон бисёр рағбат накарданд. Зеро ғайр аз худи халифа ва як бачаи дигар, бачагони дигар бедона надоштанд.

Аммо халифа илоҷи ин корро ҳам ёфт:

—Мо ҳар ду бедонаҳоямонро ҷанг меандозем, шумоҳо бологарав монетон,— гуфт.

Аммо барои бологаравмонӣ ба бештарини бачагон пул набуд, донак ҳам дар бурду бохти иштибозӣ тамом шуда буд.

Гуфтанд:

— Набошад мо рафта аз хонаҳомон донак меорем.

Халифа қабул кард. Бачагон ҳам ба тарафи хонаҳошон нигоҳ карда давиданд.

Халифа то омадани бачагон ба бачагони дар мактаб монда иштихонаҳоро гўронда бўрёҳои даридаро ба ҷойҳошон паҳн карда, аммо аз миёнаҷои охурчаи дар миёнаи мактаб буда як қадар заминро доиравор кушода монд.

Бачагон омаданд, бедонабозӣ ҳам сар шуд.

Халифа бо як бачаи бедонадори дигар дар гирди доираи заминаш кушода рў ба рўи якдигар нишастанд. Дар паҳлуҳои онҳо бачагони дигар ҳам нишастанд. Он бачагон, ки барои нишастанашон дар гирди доира ҷой набуд, дар гирдогирди бачагони нишаста рост истоданд.

Халифа ва он бачаи бедонадори дигар аз бағалашон, ки аз рўи курта миёнашонро баста бедонаҳошонро дар он ҷой дода буданд, онҳоро бароварданд. Аввал нўли бедонаҳошонро лесиданд, пойҳои бедонаҳоро ёзонда ба панҷаҳояшон ҳам оби даҳан молиданд, ба зери болҳоя-шон ҳам оби даҳан заданд…

Халифа ба он бача гуфт:

—Чанди ману чанди ту?

-Бисти ману бисти ту,— гуфт ӯ.

  • Сии ману сии ту.
  • Панҷоҳи ману панҷоҳи ту.
  • Оқибати бозӣ ба «сади ману сади ту» қарор ёфт. Яъне бедонаи ҳар кас гурезад, ба тарафи муқобилаш садта донак медод.

—Шумо ҳам бологарав монетон,— гуфт халифа ба
бачагони дигар.

Бачагони дигар яке аз болои бедонаи халифа, яъне «бедонаи халифа зўр мебарояд» гуфта, дигарӣ аз болои бедонаи они дигар, яъне «аз они ў зўр мебарояд» гуфта ду ба ду гарав бастанд. Онҳо ҳам ҳар кас мувофиқи ҳоли худ бо «даҳи ману даҳи ту» ё «панҷоҳи ману пан-ҷоҳи ту» ё ин ки «сади ману сади ту» бологарав гузоштанд.

Гаравбандӣ тамом шуд. Халифа ва он бачаи дигар бедонаҳошонро ба маърака  сар доданд. Ҳар ду бедона панҷаҳошонро кушода, гарданҳошонро ёзонда ба ҷанг даромаданд. Ин ба каллаи он мезад, он аз гўши ин ме-кашид. Яке нохунҳои худро хезонда чашми дигариро нишон мегирифт, дигарӣ аз гардани они дигар газида мехост, ки ба замин ғелонад…

Дар андак вақт сару рўи бедонаҳои бечора хуншор шуд. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо нагурехт. Ҳарифҳо бедонаҳошонро гирифта боз хору мол карданду боз ба ҷанг сар доданд, боз бедонаҳо ҷанги худро давом доданд. Вақте ки ба ҳамин тариқа ду-се бардор ҷанг карданд, бе-донаи тарафи муқобили халифа «ҳушт» гўён гурехт ва бедонаи халифа онро ба ҳар тарафи доира пеш мекард.

Як қиғғосест, ки аз тарафи бачагон баромад! Чапакзаниҳо, ҳуштаккашиҳо, чиртак ҳаводиҳиҳо сар шуд…

Дар ҳамин вақт мисли балои ногаҳонӣ мактабдор омад. Магар бачагон имрўз аз хонаашон донак оварда бетадбирӣ карда дари мактабро аз дарун набаста будаанд, ки мактабдор бе ҳеҷ гуна даркўбӣ ба мактаб даро-мада тавонист.

Бачагон чунон саргарми ҷўшу хурўш буданд, ки то ба мактаб даромада чўби дарозро ба дасти худ гирифта ба сари бачагон кўфтани ў ҳеҷ кас хабардор нагардид. Танҳо ман будам, ки дар берунтари маърака истода як чашмамро ба бозӣ дўхта бошам ҳам чашми дигарамро аз дар намекандам. Бинобар ин, бо намоён шудани риши бузвори мактабдор оҳиста омада ба ҷои худ нишаста будам.

1 Давраи бедонабозӣ, мурғбозӣ, гўштигириро «маърака» меноманд.

Мактабдор пас аз он ки аз чўбзанӣ монда шуд, омада ба ҷои худ нишаст ва ба ман:

—Ту бачаи баақл ҳастӣ,— гуфт.

Бачагони дигар ҳам ба ҷойҳои худ ором гирифтанд. Халифа рў ба рўи мактабдор рост истод. Ў магар умед мекард, ки мактабдор боз аз ў номгўи «гунаҳкорон»-ро хоҳад пурсид. Аммо ин умеди ў беҷо баромад ва мактабдор аз ў чизе напурсида:

—Рав, аз ҳавз чўбҳои дирўз ба об партоёнда мондаамро биёр, хуб об гирифта барои адаб додан ба шумоён соз шудагистанд.

Халифа рафт, ҳамаи бачагон чун барги бед меларзиданд, танҳо ман будам, ки бо «ту бачаи баақл ҳастӣ» гуфтани мактабдор осуда шуда будам.

Халифа чўбҳоро оварда ба пеши мактабдор партофт. Мактабдор ҳам бе ҳеҷ ҷавобу савол:

— Аввал худи инро хобонед! — гуфта ба бачагони дигар амр дод.

Якчанд бачаи калонтар пеш омада халифаро рўйболо ба замин хобонданд ва фаллоқро ҳам ба пойҳояш андохта печонда кафҳои пояшро барои чўбзанӣ соз карда нигоҳ доштанд.

Ман дидам, ҳанўз ҷароҳатҳои дирўзаи кафи пои ў намоён буданд, ки рўи онҳо шӯх баста буд.

—Зан! — гуфта амр дод мактабдор.

Яке аз бачагон яке аз он чўбҳоеро, ки худи халифа оварда буд, аз замин гирифта ба пои халифа зад. Лекин бо як задан он чўб шикаста пора шуд. Бача чўби дигарро гирифт, он ҳам бо задани аввалӣ шикаст. Ба ҳамин тариқа ҳамаи чўбҳо бе он ки ба пои халифа озоре расонанд, шикаста пора шуда ба замин афтоданд.

Мактабдор оташин шуда, шикастаи чўбро гирифта аз назараш гузаронид ва гуфт:

  • Чўбҳои ман ба ҳавз фиристодагӣ чўбҳои тут буданд, ки хусусан баъд аз як шаб ба об хобидан ҳеҷ намешикастанд. Ин бадкирдор он чўбҳоро наёварда, хим-
    чаҳои хушкидаи бедро ба об як ғўтонида гирифта овар-
    дааст,— ва:
  • Рав, он чўбҳои худамро аз ҳавз биёр! — гуфта ба бачаи чўбдаст амр дод
  • Он бача рафт, халифа ҳамчунон пой ба фаллоқ меистод.
  • Дар ҳавз чӯб нест! — гуфта омад он бача.
  • Маълум мешавад, ки,— гуфт мактабдор,— ин бадкирдор он чўбҳоро ба ҷое пинҳон кардааст. Хуб майлаш, минбаъд ба ҷои чўби тут чўби анор тайёр мекунам. Ҳозир метавонам,ки аз ин бадкирдор чи гуна ниқор гирам.
  • Рӯ ба замин хобонед ӯро! — гуфт мактабдор ба бачагоне ки ба сари халифа гирд омада буданд.

Бачагон халифаро баъд аз баровардани фаллоқ аз пояш рў ба замин хобониданд ва мактабдор чўби дарози худро бардошта худаш ба пушти халифа задан гирифт. Аммо халифа, монанди ин ки гавак кашад ба сари оринҷ ва зонуҳояш хобида буд, дар вақти задани мактабдор худро тоб дода зарбаи чўбро рад мекард.

Дасту пойҳояшро кашида тахт хобониданд ва як бачаи дигар ҳам аз пушти шонааш зер кард ва халифа беихтиёр:

  • Оҳистатар, бедона намурад! — гуфта фиристод.
  • А, магар ин бедона ҳам дорад? — гуфт мактабдор ва илова кард:
  • Бедонаашро ёфта ба ман диҳед!

Бачагон даррав ба бағали халифа даст андохта аз он ҷо бедонаашро бароварда ба мактабдор доданд. Мактабдор ҳам бе ҳеҷ мулоҳиза сари бедонаро, ки ҳанўз аз асари ҷанг хуншор буд, канда ҳаво дод.

Халифа фарёд кард:

—Аҳмад ҳам бедона дорад, бедонаи ўро чаро намекушед?

—Бедонаи ўро ҳам ёбед! — гуфт мактабдор.
Бачагон халифаро монда ба Аҳмад часпиданд, халифа ҳам аз ҷо хеста ба бағали Аҳмад даст зад ва бедонаи ўро ёфта бароварда бо дасти худ ба мактабдор дод.

Мактабдор сари ин бедонаро ҳам канда ҳаво дод.

  • Имрўз дафъ шавед, озод. Чўбзанӣ фардо! —гуфт ва илова кард:
  • Фардо панҷшанбе аст, нони панҷшанбегиро фаромӯш накунед.

Дар мактаби кўҳна ҳар рўзи панҷшанбе бача маҷбур буд, ки ба мактабдор якта нон биёрад. Ин нонро «нони панҷшанбегӣ» ме-гуфтанд.

Бачагон ба пахшопахши якдигар аз мактаб баромаданд, аммо имрўз баъд аз саломи умумӣ дарҳол пароканда шуда нарафтанд. Дар кўча истода ба ҳисоби бурду бохти бологаравии бедонабозӣ даромаданд. Бойбурдагон аз бойдодагон ҳақ талаб мекарданд. Онҳо:

  • Бедонаҳо мурданд, чанги онҳо ва гаравии бар болои ҷанги онҳо баста шуда ҳам тамом шуд! — гўён ҳақ надоданӣ мешуданд. Ҳамаи бачагон ба якдигар дарафтоданд. Халифа бо Аҳмад ҷомаҳои худро кашида ба як тараф гузошта ба ҷанг даромаданд. Ман гурехта ба тарафи ҳавлии худамон рафтам.

V

Ман ба мактаб давом мекардам, ҷўшу ғавғои мактаб ҳам давом мекард. Ман дар миёнаи чанд ҳафта дар даруни ҳамон қадар шўру ғавғо бошад ҳам, номҳои ҳарфҳои алифбои арабро азбар кардам. Ба ман гоҳо халифа ва гоҳо худи мактабдор сабақ медод. Баъд аз ин дарси зеру забар сар шуд. Дарси зеру забар аз дарси номҳои ҳарфҳо дилчасптар буд, дар ин дарс ба ман сар карда «алиф забар-а, зер-и, пеш-у»-ро ёд доданд. Ман ҳам мад кашида:

«Алиф забар-а, зер-и, пеш-у» гўён такрор мекардам. Гуфтани ин суханҳо ба гўшам мавзун ва форам мерасиданд. Ин дарсро ҳам то охири алифбои араб азбар кардам.

Пас аз он навбати дарси ду забар, ду зер, ду пеш расид, дар ин дарс ба ман «алиф ду забар-анду, ду зер-инду, ду пеш — ун» гуфта ёд доданд. Ин дарс ҳам бад набуд. Калимаҳои ин дарс боз ҳам мавзунтар ва боз ҳам оҳангдортар буданд.

Агар дар дарси як забар, як зер, гуфтани «алиф за-бар-а, зер-и, пеш-у, бе забар-ба, зер-бе, пеш-бу», сарахбори ягон ҳавои мусиқӣ ҳисоб ёбад, дар дарси ду за-бар, ду зер гуфтани «алиф ду забар-анду, ду зер-инду, ду пеш-ун; бе ду забар—банду, ду зер бинду, ду пеш-бун» тарона ва рези он ҳаво ба шумор мерафт.

Ин дарсро ҳам то охири алифбои араб азбар кардам.

Дар ҳар кадоми ин дарсҳо тахтачаи таълимии ман дигар мешуд. Лекин онҳоро мактабдор навишта намедод:

—Падарат одами айбҷӯй аст. Навиштаи маро хуш  намекунад, гўй худаш навишта диҳад,— гуфта ба падарам ҳавола мекард. Падарам навишта медод.

Дар охири сол ман ба дарси абҷад даромадам, аммо ин дарсро ҳеҷ хуш накардам. Дар ин дарс ба ман:

—Алиф бо бе забар — аб, ҷим бо дол забар —
ҷад — абҷад гўй,— гуфта ёд медоданд.

Аз як тараф гуфтани ин калимаҳо душвор бошад, аз тарафи дигар садояш ҳам беоҳанг ва дилгир буд…

Рўзе падарам ,ба ман гуфт:

Акнун, ки ту абҷадхон шудӣ, ман ба ту ҳисоби абҷадро ҳам ёд медиҳам ва тахтачаи абҷаднавишташударо ба пеши ман гузошт. Аз он тахтача ҳарфҳоро ягон-ягон ба ман нишон дода:

  • Ин чист? Ин чист? — гуфта мепурсид. Ман ба ҳеҷ кадоми пурсишҳои падарам ҷавоб дода натавонистам.
    Зеро чӣ будани он чизҳоро намедонистам ва касе то ҳол ба ман онҳоро нишон ҳам надода буд.
  • Охир, ҳамин рўзҳо ту дар мактаб чӣ хонда истодаӣ? — гуфта падарам ба ман шўрид. Ман:
  • Алиф бо бе забар—аб, ҷим бо дол забар—ҷад—абҷад…— гўён дарсҳоеро, ки аз абҷад гирифта будам,аз ёд хонда додам.
  • Ҳа… ту тўтӣ! — гуфт падарам,— ту ҳар чизро мегўӣ, аммо чӣ гуфтанатро намедонӣ.

Он вақт дар дилам гузашт, ки бояд тўтӣ чи чизи бисёр баде бошад. Лекин сонитарҳо фаҳмидам, ки тўтӣ як мурғи бисёр зебои зирак будааст. Ҳар чизро ба вай талқин кунанд, ёд мегирифтааст ва такрор карда мегуфтааст. Аммо азбаски вай одам нест, маъниашро намедонистааст. Бинобар ин, касонро ки маънии чизеро надониста онро ёд кардаанд, ба тўтӣ монанд мекардаанд.

Пас аз он падарам даруни ҷилдамро кофта, тахтачаҳои кўҳнаро, ки дар он дарсҳои алифбо ва зеру забар навишта шуда буданд, ёфта баровард ва аз ҳар кадоми онҳо нақшҳои сиёҳро ба ман нишон дода боз: — Ин чист? Ин чист? — гуфта мепурсид.

Ман боз ҷавоб дода наметавонистам. Аммо вақте ки падарам ҳар тахтачаро ба ман нишон дода:

—Инро хон!—мегуфт, ман аз сар то поён ҳар чизеро, ки дар он навишта шудааст ва ё навишта нашудааст, аз ёд хонда медодам. Падарам такрор кард:

 

  • Ту тўтӣ ҳастӣ! — ва илова намуд:
  • Айб ба ту не, ба домуллот ба халифат аст. Онҳо ба ту ҳар чизро тўтивор ёд кунондаанд, аммо ҳеҷ чизро ёд надодаанд…

Вай қадре сокит шуд ва боз илова кард:

  • Ӯ кўрсаводи кўр аст, ман аз кўр чашми бино мехоҳам. Ман аҳмақам,— ва ба ман нигоҳ карда гуфт:
  • Имрўз ту мактаб нарав.

Ман бисёр хурсанд шудам, зеро абҷадхонӣ ба дилам бисёр зада буд.

Падарам хатиби деҳа, мутаваллӣ, муаззин ва як-ду мўйсафеди деҳаро ба меҳмонӣ хабар карда будааст. Баъд аз шом инҳо омаданд. Дастурхон баровардем, ширбиринҷ баровардем.

Ҳаминро ҳам ман бояд дар ин ҷо гуфта гузарам, ки дар хонаи мо бегоҳҳои бозор ва ҳам рўзҳое ки меҳмон ояд, бештарин ширбиринҷ мепухтанд. Падарам ба модарам мегуфт:

—Барои палав равған бисёр меравад, ҳам гўшт   сарф мешавад. Аммо ширбиринҷ арзон меафтад, ба ин танҳо биринҷ мехарем, шир ва қадре равғани зард бошад, аз гови худамон мерўяд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳар вақт, ки маро ба хонаи биринҷфурўш барои биринҷ мефиристод:

—Ширбиринҷ мепазем нагўй, вагарна биринҷи паст медиҳад,— мегуфт.

Як бор ман пурсидам:

—Палав мепазем гўям-чӣ?

— Не,— гуфт падарам! — ин дурўғ мешавад, ба дуруғгӯӣ одат накун. Ҳеҷ ошро ном набар.

Ҳикояи худро давом медиҳам.

Баъд аз он ки меҳмонон табақи ширбиринҷро лесиданд, ба чойнўшӣ даромаданд, падарам ба хатиб нигоҳ карда гуфт:

  • Ғараз аз ташвиш дода ба ин ҷо овардани азизон ин аст, ки дар бораи мактабдор як машварат мекардетон.
  • Ба мактабдор чӣ шудааст? — гуфт хатиб бо оҳанги нохушнудона.
  • Ҳеҷ чӣ нашудааст, аммо бесавод аст,— гуфт падарам ва илова кард:
  • Ҳатто алифбонависиро ҳам намедонад, ки ман алифбои писари худамро худ навишта додам.

Мутаваллӣ тарафи хатибро гирифта гуфт:

—Ба бачагони деҳаи мо ҳамон чизи худаш медонистагиро ҳам ёд диҳад кифоя аст, ҳеҷ кас дар ин деҳа писари худашро мударрис карданӣ нест.

Падарам гуфт:

—Ин мактабдор ҳамон чизи худаш медонистагиро ҳам ёд дода наметавонад. Як зимистон писари ман хонд, ҳоло абҷад мехонад, лекин аз рўи хат «алиф» то«б»-ро фарқ намекунад. Ба болои ин мактабдор аз бачаҳо ҳеҷ хабардорӣ намекунад, ҳама қиморбоз ва бедонабоз шуда рафтаанд.

Ман, ки аз ин сухани падарам донистам, ў бедонабозии бачагонро фаҳмидааст, сахт тарсидам. Агар ин ҳолро халифа шунавад «ў ба падарам бозии моро гуфтааст» гўён маро хармурд мекунонад гуфта дар андеша афтодам.

—Худи шумо ки,— гуфт хатиб — хушсаводтар ва ёд доданро хубтар медонистаед, писари худатонро худатон хононед, ба мактаб фиристода нони панҷшанбегӣ ва ҳалвоӣ додан чӣ ҳоҷат аст? Бечора мактабдорро ҳам ба ҳолаш гузоред, ки аз як даҳан нонаш маҳрум нашавад.

Падарам гуфт:

—Ман як порча замин дорам, барои нафақаи аҳлу аёл маҷбурам, ки дар он ҷо киштукор кунам. Даромамади он ба рўзгорам намерасад, дар вақти холигии дастам маҷбурам, ки чархи осиётарошӣ кунам. Ба болои инҳо зимистонҳо барои пўшоки бачагон дўконбофӣ
ҳам мекунам. Агар ман писарамро худам хононам рўзғорамро кӣ мегузаронад?

—Падарам пешонаи худро қадре турш карда хомӯш истод ва якбора хандакунон ба хатиб нигоҳ карда гуфт:

  • Ғарази ман аз зиёфати шумоён ин буд, ки мак-табдорро бекор кунонам ва ба ҷои ў як мактабдори
  • хубтар ёбем, модоме ки онро қабул накардед, акнун як коре кунед, ки ширбиринҷи ман муфт наравад.

Падари ман як одати аҷиб дошт, мардуми он замона он гуна одатро айб медонистанд. Ӯ чизи дар дилаш бударо руйрост мегуфт ва аз ҳеҷ кас ибо намекард. Дар ин ҷо ҳам мақсади зиёфати худро рўйрост гуфта дод. Фақат барои сахт нарасонидан ба дили меҳмонон суханашро қадре ба ханда омехта гап зад:

  • Чӣ кор кунам, ки ширбиринҷи шумо ба ман ҳазм
    шавад? — гуфт хатиб.
  • Роҳ диҳед, ки писари ман дар қатори духтарон дар хонаи шумо ба пеши бибихалифаатон хонад.
  • Писарбачаро чӣ тавр дар байни духтарбачагон
    роҳ медиҳем? — гуфт хатиб.
  • Ин гуна тақвоҳои аз  шариат берунро монед, —
    гуфт падарам,— писари ман акнун ҳафтсола шудааст,
    шариат бошад то 12-солагӣ дар миёнаи духтарбачагон гаштани писарбачагонро раво медонад.

 

Хатиб розӣ шуд:

—Хуб майлаш, фиристонед, хондан гирад. Лекин  гоҳ-гоҳ ширбиринҷ зиёфат кунед,— гўён ў ҳам сухани худро бо ханда тамом кард…

Зиёфат бо ҳамин ба поён расид. Ман хурсанд шудам, ки аз бими ба дасти халифа хармурд шудан халосӣ ёфта будам.

VI

Фардои он рўз маро модарам ба мактаби бибихалифа бурд, барои ҳалвоӣ ба болои лаълии мавиз ва кулча як рўмол ва каллапўшро ҳам, ки ба нияти тўи ман дўхта буд, зам намуд.

Бибихалифа зани хатиби деҳаи мо буд, худи хатиб аз вилояти Дарвоз буда, занаш аз Саримазори Ғиҷду-вон буд.

Бибихалифа як зани сафедрўи миёнасоли фарбеҳ ва шикамкалон буд. Фарбеҳиаш ба дараҷае буд, ки дар вақти чорзону нишастанаш зонуҳои ў монанди чархи осиё менамуд, ки гўё падарам ба пешаш гирифта тарошида истода бошад.

Дар вақте ки мо ба пешаш даромадем, ў дар пешго-ҳи хона ба рўи панҷ-шаш қабат кўрпача чорзону менишаст. Ба гирдогирди хона духтарбачагон бар рўи намад менишастанд. Ба пеши онҳо ба ҷои синҷи мактаби писарбачаҳо, болиштҳоро дуқат карда монда буданд, ки онҳо китобҳошонро ба рўи он болиштҳо монда мехонданд.

Бибихалифа модарамро хуш қабул карда «барои хотири ширбиринҷи падарам ба қабули ман маҷбур шуданашро» хандида изҳор намуд ва илова кард:

  • Ҳар вақт, ки писаратон ба «Таббат»1 дарояд ба
    ман ҳам як табақ ширбиринҷ меоред.
  • Худо ба он рўз расонад, ба шумо як табақ палав
    меорам,— гуфт модарам дар ҷавоби ў.

Бибихалифа дастурхонро кушода, нон шикаст ва ба духтарбачагон ҳам аз ҳалвоии ман нон бахшиш кард. Аммо ин монанди мактабдори мард нонро пора карда ба пеши онҳо ҳаво надод. Балки ба дасти халифаи  худ, ки он ҳам як духтари калонсолтар буд, дод ва ў ҳам аз як сар ба ҳар духтар як бурдагӣ аз он нон дод. Аммо қисми калонтарашро худаш хўрд.

Ба дастурхон фотеҳа хонда шуд. Бибихалифа ба ман бисмиллоҳ, аузу биллоҳ гўёнда сабақ сар кунонид. Бо ҳамин расми дарссаркунии дубораи ман ба анҷом расид. Модарам рафту ман дар мактаби духтаракона мондам.

Бибихалифа ба ман аз миёнаҷои абҷад, ки то он ҷо ман дар мактаби пеши масҷид хонда будам, сабақ дод. Тарзи сабақдеҳии ин қадре дигаргунатар буд. Ў бо нўги як чўбчае, ки дар даст дошт, ҳар ҳарфро нишон дода, номи онро мегўёнид. Аммо ин ҳам ба шинохтан ва ё нашинохтани ман он ҳарфро кор надошт.

Бибихалифа ҳамеша ба сабақдиҳӣ машғулӣ мекард, шогирдонашро бо навбат ягон-ягон ҷеғ зада сабақ медод, бо ҳамин як қатор сабақ додан як рўз мегузашт.

Вақти дарси бибихалифа пас аз хўрдани чой то соати 12 рўз буд. Шогирдони ў пас аз хўрдани чояшон ба мактаб меомаданд. Вақте ки соат 12 шуд, бибихалифа онҳоро нонхўрак мекунонид. Аммо бачагон барои нонхўрак ба хонаашон намерафтанд ва нонеро, ки ҳамроҳи худашон аз хонаашон меоварданд дар он ҷо нишаста мехўрданд. Ҳар кас аз нони худ нимашро ба бибихалифа медод.

Ман рўзи аввал нон набурда будам, бибихалифа як бурда нонеро, ки як духтарбача ба вай дода буд, ба ман дода:

Туро имрўз ман зиёфат кунам, фардо нонатро бисёртар мебиёрӣ ва ба ман ҳам бисёртар медиҳӣ,

1.Номи яке аз сураҳои қуръон аст.

— гуфт.

Пас аз нонхўрак бачагон хонаҳо ва рӯи ҳавлии би-бихалифаро покиза рўфта медоданд. Баъзе рўзҳо бибихалифа ба бачагон ҷомашўӣ мекунонид. Ҳатто маро ҳам ба ҷомашўӣ иштирок мекунонид.

— Ҷомашўиро ёд гирифта мон, агар калон шавӣ, ба-рои хондан ба Бухоро ба мадраса равӣ, ба ту даркор мешавад,— мегуфт.

Бибихалифа ҳам ба паси худ як чўби дарозро ба девор рост монда буд. Лекин ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки ў бо он чўб касеро зада бошад. Ҳар касро, ки сабақ медод, агар чизи вай ёддодаистодаро дуруст гуфта натавонад, ба остини васеу дарози куртааш, ки вай ё аз суф ва ё аз чит буд, ба рўи ў мезад. Аммо ин остинзании ў аз як боди суст зиёдтар таъсир надошт.

Шогирдони ў ҳам, ки ғайр аз ман ҳамагӣ духтарбача буданд, бозиҳои бад намекарданд ва якдигарро намезаданд. Агар дар вақти ҳавлирўбӣ, ё ҷомашўӣ фурсат ёбанд, зоча (лўхтак) — бозӣ мекарданд, дар сафолпорчаҳо аз хок ош пухта барои зочаҳошон тўй медоданд.

Онҳо барои ман ҳам як зочаи писарбача сохта до-данд. Дар тўяшон зочаи маро барои зочаҳои худашон домод мекарданд. Азбаски ғайр аз зочаи ман дигар зочаи писар набуд, ба вай баъзан даҳ-дувоздаҳ духтарзоча мерасид. Ростӣ ин бозӣ ба ман хеле хуш меомад.

Аммо гоҳо мешуд, ки духтарбачагон зочаҳои худа-шонро, ки ҳамаи он бечорагон ба як шавҳар расида буданд, ба ҳам ҷанг меандохтанд ва зочаи маро маҷбур мекарданд, ки баъзан онҳоро раҳо кунад. Ҳанўз аз хотир набаровардаам, ки дар ин мавридҳо қадре дилам сиёҳ мешуд ва ба дили худ аҳд мекардам, ки агар калон шавам, ман ду зан нахоҳам гирифт. Бо вуҷуди ин, барои ин ки ҳамон қадар зочадухтарон ба зочаи ман мўҳтоҷ буданд, ба дили худ фахр мекардам.

Сонитар боз як писарбачаи дигар ба мактаб омада бошад ҳам, ў ба давлати домодӣ мушарраф нашуд. Азбаски ў қадре бачаи дурушттар буд, духтарбачагон барои ў зоча сохта надоданд (ман ҳикояти ин писарбачаро як вақти дигар хоҳам навишт, ки ў саргузаштҳои бисёр аҷиб дорад).

Ман дар мактаби бибихалифа давом мекардам, «Ҳафтяк»1-ро тамом кардам, чанд сураҳои кўтоҳи онро аз ёд кардам, «Қуръон»-ро ба поён расондам, «Чор китоб»-ро ҳам хондам, қадре аз Хоҷа Ҳофиз ҳам хондам. Аммо ҳоло ҳам ба ғайр аз чизҳое, ки дар пеши бибихалифа хонда будам, дигар чизеро аз рўи хат хонда наметавонистам, масалан як ғазали Ҳофизро, ки дар мактаб хонда будам, дар ҳар куҷо ва бо дастхати ҳар касе ки бошад, онро хонда метавонистам. Аммо ғазали дигарашро, ки вайро дар мактаб нахонда будам, аз китоби худам ҳам хонда наметавонистам, яъне савод надоштам. Хатнависиро бошад, ҳеҷ наметавонистам. Бо вуҷуди ин падарам маро аз мактаби бибихалифа гирифта ба пеши хатиб ба дарс монд. Худаш ҳам аввал ба ман илм ёд медод. Ман он вақт даҳсола будам.

Аммо абҷадро хуб омўхта будам ва сураҳои «Қуръон»-ро, ки он ҳам ба расми абҷад навишта мешавад, оҳиста-оҳиста хонда метавонистам. Акнун фикр мекунам, ки сабаби он ин будааст:

Падарам маро ба мактаби бибихалифа фиристода бошад ҳам, аз орзуи ёд додани ҳисоби абҷад ба ман бознаистод. Дар ин хусус ў ҳар шаб баъд аз шом то хуфтан, яъне тахминан як соат бо ман машғулӣ мекард.

Аввал овози абҷад: «а», «бе», «ҷе», «де»-ро ба ман шиносонид. Пас аз он бо якдигар ҳамроҳ карда чӣ тавр хондани онҳоро ҳам ёд дод. Пас аз он «алиф-як, бе-ду, ҷим-се. дол-чор» гўён ҳисоби он ҳарфҳоро ёд дод…

Ба ҳамин тариқа падарам абҷадро ба ман то охираш бо ҳисобаш ёд дода баромад. Дар муддати тахминан як моҳ ман ҳарфҳои абҷадро шинохта мехондагӣ шудам ва ҳисобашро ҳам, ки аввал як-як зиёд шуда то даҳ, пас аз он даҳ-даҳ зиёд шуда то ба сад ва баъд аз он сад-сад шуда то ҳазор мерафт, омўхтам.

Баъд аз он ки ман инҳоро омўхтам, падарам гуфт:

— Акнун ба ту боз як чизи ғалатиро ёд медиҳам. Ин 9 рақам ва як сифр (нул) аст, ки онро ҳакимҳои Ҳин-дустон ёфтаанд. Бо он 9 рақам ва як сифр ҳисоби та-моми   дунёро ёд гирифтан мумкин аст.

1 «Ҳафтяк» — китобест, ки аз сураҳои кўтоҳтари «Қуръон» барои бачагони хурдсол 
							алоҳида ҷилд кардаанд.

Ман дар шавқ ва ҳавас омадам, ки ин чи гуна як кори соҳирона бошад.
Бо даҳ чиз ҳисоби ҳамаи дунёро гирифтан ҳақиқатан як чизи омўхтанӣ аст.
Ман ҳам, ки даҳ ангушт дорам, бо инҳо рўзҳои ҳафтаро чанд бор ғалат карда
базўр мешумурам…

Ман аз падарам сахт хоҳиш кардам, ки ҳар чӣ зудтар он даҳ чизи ҷодугаронаро ба ман ёд диҳед.

Падарам ба кор даромад.

Аввал рақамҳои 9-гонаро ягон-ягон навишта ба ман нишон дод. Дар ҳар рўз як рақамро нишон медод ва баъд аз он сифр (нул)-ро ба ман нишон дода онро ҳам шиносонид. Баъд бо як сифр 10 шудани якро ёд дод ва бо ҳамин тариқа то охири 9 рақам давом кард.

Ин дарс ба ман он қадар зўрӣ накард, зеро ман дар ҳисоби абҷад чи гуна як-як, даҳ-даҳ ва сад-сад зиёд шуданро омўхта будам.

Баъд аз он ки ман инҳоро омўхтам, падарам ба ман гуфт:

  • Ту чизҳоеро ёд гирифтӣ, ки дар деҳаи мо инҳоро ҳеҷ кас намедонад. Ҳисоби абҷадро бошад, ҳатто мак-табдори деҳа ҳам, ки домуллои пештараи ту аст, намедонад.

Ман ҳам бо омўхтанам ин гуна илмҳои камёбро, дар дили худ хеле фахр мекардам. Дар ин миён як ҳо-диса рўй дод, ки ҳисоби абҷад ҳақиқатан ҳам сабаби фахри ман гардид.

Он ҳодиса ин гуна буд:

Дар Саримазори мо сайри соли навӣ —Наврўзӣ бар-по шуд. Ба он сайр аз ҳамсоядеҳаҳои мо ҳам хеле ода-мон омаданд. Дар сайр гўштигирӣ сар шуд, одамони ҷамъшуда ба ду тақсим ҷудо шуда, ба якдигар тараф гашта, маърака гирифта нишастанд.

Падарам дар даруни маърака дар пеши тарафи ху-ди моён менишаст ва маро ҳам дар пеши худаш нишонда буд. Аз ду тараф паҳлавонон баромада бо ҳам гўштӣ мегирифтанд, пурзўрон камзўронро меафтонданд. Дар аввали кор деҳаи мо ғолиб буд, аз инҳо ҳеҷ кас намеғалтид.

Як вақт аз тарафи муқобил як муллобача, ки дар Бухоро таҳсили илм мекардааст, бо ҷавоне, ки аз тарафи мо баромада як каси онҳоро ғалтонда буд, талабгор шуда баромад.

Ҷавони мо ҳам бе ҳеҷ гуна қилуқол бо он мулло1 гўштӣ гирифт. Аммо баъд аз фурсате бо ҳам дарафтодан ҷавони мо афтод.

Як ҷавони дигар аз тарафи мо ба он мулло талаб-гор шуда баромад. Магар ин ҷавон ба назари он муллобача зўртар намуд, ки:

  • Ман бо ин гўштӣ намегирам,— гуфт. Аммо на-
    гуфт, ки «ў аз ман пурзўр аст», балки гуфт:
  • Ў чапан аст, ман мулло; дастбагиребон шудани
    чапан бо мулло сабаби таҳқири уламо мешавад.

Падарам бо шунидани ин суханони вай якбора шў-рид ва маро ба бағали худ бардошта аз ҷояш ҷаста хест, ва ба миёнҷои маърака рафта он муллобачаро ба пеши худ ҷеғ зад. Муллобача ҳам рў ба рў истода:

  • Чӣ мегўед? —гуфт ба падарам.
  • Шумо муллоед ё паҳлавон? — падарам  аз  он муллобача пурсид.
  • Ман муллои паҳлавонам! — ҷавоб дод ў.
  • Агар мулло бошед,— гуфт падарам,— ба ҷаса-
    даш нигоҳ накарда бо ин писари ман, ки ҳаштсола аст,мунозира кунед. Мардум бинанд, ки ҳақиқатан шумо муллоед ё не? Агар паҳлавон бошед бо он ҷавоне, ки ҳамсол ва ҳамҷасади шумо аст гўштӣ
  • гиред, то мардум бинанд, ки кадоми шумо зўр ҳастед?

Падарам илова кард:

—Биёед, аввал муллоии шуморо озмоем,— ва ба ман нигоҳ карда гуфт:

  • Пурс, писарам, аз ҳисоби абҷад чизеро аз ин кас!
    Ман ҳам бе ҳеҷ андеша:
  • «Те» чанд аст? — гуфта аз он кас пурсидам.

Ў дам истод, ҷавоб додан натавонист. Падарам ба ман гуфт:

  • Худат гўй ки «те» чанд аст.
  • Чорсад аст! — гуфтам ман.

Пас аз он падарам якчанд ҳарфҳои дигарро ягон-ягон «ин_ чанд аст, он чанд аст» — гўён аз он мулло пурсид. Ӯ ба ҳеҷ кадом ҷавоб дода наметавонист. Ҳар ҳарферо, ки ў ҷавоб дода наметавонист, падарам аз ман мепурсид ва ман ҷавоб медодам.

Тарафи мо он муллобачаро «ўйд-ўйд» гўён масхара доштанд. Ў аз хиҷолат суп-сурх шуда буд.

Падарам ба ў гуфт:

  • Акнун муллоии шумо тамом шуда монд, монанди як чапан бо он ҷавон гўштӣ гирифтан гиред. Ӯ ҳам розӣ шуд, ки бо он ҷавон гўштӣ гирад.

Ҳар ду гўштӣ гирифтанд. Аммо даст ба гиребон шу-дани онҳо ҳамон буду  ғалтидани мулло ҳамон.

Шўрест, ки аз маърака бархост! Гўштигирӣ ҳам бо ҳамин тамом шуд.

Ҷавонони тарафи моён ба падарам мегуфтанд:

— Ҳақиқатан он муллоро писари шумо ғалтонд. Аз-баски ў дар мунозира мулзам шуд ва хиҷолат кашид, натавонист, ки қуввати худро тамом ҷамъ карда кор фармояд.

Аз ин сухани онҳо фахри ман боз зиёдтар мешуд ва ба дили худ мегуфтам, ки ман бояд ҳар илмро омўзам, лекин дар ҳақиқат ман ҳанўз савод надоштам…

Бо ҳамин ман ҳикояти мактаби ибтидоии худро тамом кардам, аммо чи гуна дарс хонданам, савод бароварданам ва ба адабиёт шуғл карданамро дар як вақти дигар хоҳам ҳикоят кард.

26 октябри соли 1934, Самарқанд.

Leave a Reply