Умумӣ

Мазмуни мухтасари «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.

«Хирадномаи Искандарӣ», ки ҳафтумин достони «Ҳафт авранг» аст, 2315 байтро фаро гирифта, соли 1485 (890 ҳиҷрӣ) дар вазни мутақориб таълиф гардидааст. Достони Искандар дар адабиёти Шарқ мавзўи анъанавӣ буда, Ҷомӣ на ҷангнома, балки хираднома навиштааст.
Искандар (Александр) ҳангоми солхўрда будани падараш таваллуд мешавад. Падараш Файлақус (Филипп) ўро барои тарбия ба ихтиёри Арасту (Аристотел) медиҳад. Арасту ба Искандар илмҳои замонро меомўзонад. Ў махсусан ба омўхтани асарҳои Уқлидус (Евклид) ва Батламус (Птолемей) аҳамияти калон медиҳад. Дар натиҷа Искандар чун шахси баркамол, олими тавоно ва хирадманди дурандеш ба камол мерасад. Файлақус наздик шудани марги худро пай бурда,      Искандарро бо устодаш ба назди худ даъват мекунад ва аз писараш имтиҳон мегирад. Искандар аз санҷиш хуб мегузарад. Бо супориши падар устод барои Искандар «Хираднома» тартиб медиҳад.
Баъди марги Файлақус Искандар халқро чамъ мекунад, ки подшоҳашонро баргузинанд. Халқ ўро интихоб мекунад. Баъди ин хирадномаҳои Арасту, Афлотун (Платон), Суқрот (Сократ), Буқрот (Гиппократ), Фисоғурас (Пифагор), Асқалинус (Аскасниюс), Ҳармис (Гермеси Трисмегист) паиҳам меояд, ки афкори баланди таълимӣ, сиёсӣ ва фалсафии муаллифро дар бар мегирад.
Искандар баъди ҳокимияти худро мустаҳкам кардан ва дар мамлакат адлу инсофро ҷорӣ намудан ба сўи ғарб, ба хоки Доро, ба шимолу, шарқ ва ҷануб лашкар кашида, ҷаҳонгирӣ мекунад ва дар ҳама ҷо шаҳрҳои нав бунёд менамояд, кишвари Яъҷуҷу Маъҷуҷро забт карда, онро бо садди азиме мебандад. Баъд саёҳатҳои Искандар ба баҳрҳо шурўъ мешавад, ки ба ў Хизру Илёс ва Балинос роҳбарӣ мекунанд.
Баъд хирадномаи Искандар шурўъ шуда, шоир аз забони ў бисёр афкори пешқадами худро роҷеъ ба давлатдорӣ пеш мегузорад.
Сипас Искандар ба сўи Чин лашкар мекашад. Хоқони Чин наздик расидани ўро шунида, ба ў як канизак, як ғулом, як даст ҷома ва як хон таъом мефиристад. Искандар аз ин тўҳфаҳои ночиз ранҷида дар ғазаб мешавад. Вале олимони дарбори ў мефаҳмонанд, ки ин тўҳфаҳо рамзӣ буда, ҷаҳонкушоро ба қаноат даъват менамояд. Искандар бо хоқон сулҳ мебандад.
Дар ин миён Искандар аз модараш нома мегирад. Модар ўро насиҳат медиҳад, ки аз роҳи аҳли хирад рафта, адлу додро пеша кунад ва фақирпарвар бошад.
Искандари дур аз ватан афтода ба Арасту нома навишта талаби васият мекунад, Арасту дар ҷавобномаи худ ба Искандар насиҳат медиҳад. Шогирдони Арасту дар мактаби ў, ки «байт-ул-ҳикмат» ном дошт, илмро равнақ медиҳанд.
Искандар ба Ҳинд сафар карда, бо бараҳманҳо вомехўрад ва дар назди онҳо аз заъфу нотавонии худ лаб ба шиква мекушояд. Баъд Искандар ба шаҳре меояд, ки на шоҳ дораду на гадо, ҳама дар он баробар буда, аз кизбу дурўғ, ҷангу ғорат ва истисмор хабар надоранд.
Искандар боз чанд шаҳрро забт карда, аз лашкариёни худ ҷудо мешавад ва дар киштие нишаста ба кўҳи Қоф мерасад. Аз он ҷо баргашта, дар биёбони сўзоне ба дарди аҷал гирифтор мешавад. Ўро ба хок месупоранд. Ҳакимон дар сари қабри ў хутбаҳо мегўянд.
«Хирадномаи Искандарӣ» тамсилу ҳикоятҳои зиёд дорад.

Leave a Reply