Умумӣ

Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

Шоир ёде аз пайғамбарон намуда: Одам, Шис, Идрис, Нўҳ, Халилуллоҳ, Исҳоқ, Яъқуб, Юсуф, ки ёздаҳ бародар дорад, дар ибтидо зикр мекунад. Баъд аз ҳамин лаҳза достон оғоз мешавад, ки чун Яъқуб(а) аз Шом ба Канъон омаду муқимӣ шуд, завҷааш фарзанди охиринаш- Бинёминро таваллуд намуд. Роҳил модари Юсуф ҷаҳони фониро падруд гуфт. Дар ин муддат Юсуф(а) панҷсола будааст. Бинёмин ширхора буд ва ўро хоҳари Яъқуб парвариш менамуд. Вай Юсуфро дида, ба Яъқуб мегўяд, ки писарони ту зиёданд, аз ин рў, Юсуфро бигузор, то ман ўро тарбия кунам. Бародар розӣ шуд. Вақте падараш Юсуфро пазмон мешуд, ба хонаи хоҳараш мерафт ва баъдҳо боре ба хоҳари худ гуфт, ки ман бе Юсуф(а) зиста наметавонам ва хоҳараш низ ҳамин гуфтаро такрор кард. Яъқуб(а) мегўяд, ки пас бигузор Юсуф як ҳафта дар хонаи ман ва як ҳафта дар хонаи ту истад. Вале хоҳараш макр карда, дар миёни Юсуф(а) камарбандеро пинҳон намуда, Юсуфро(а) дузд гўён ба хидмати 10-солаи маҷбурӣ мегирад. Вале пас аз ду сол хоҳари Яъқуб(а) аз олами фонӣ мегузарад ва Яъқуб(а) Юсуфро(а) ба хонаи худ мебарад.
Боре Юсуф(а) хоб мебинад, ки офтобу моҳ ва ёздаҳ ситора ба Юсуф(а) саҷда кардаанд ва падараш ўро таъкид мекунад, ки хобро ба бародарҳояш нагўяд.
Дар Мағрибзамин шоҳе бо номи Таймус аст, ки ў Зулайхо ном духтаре дорад:

Ки дар Мағрибзамин шоҳе баномус,
Ҳаме зад кўси1 шоҳӣ ном Таймус.
Зулайхо ном зебо духтаре дошт,
Ки бо ў аз ҳама олам саре дошт.
Зулайхо шабе Юсуфро хоб мебинад:
Ҷамоле дид аз ҳадди башар дур,
Надида аз парӣ, нашнида аз ҳур.
Зи ҳусни сурату лутфи шамоил,
Асираш шуд ба як дил не, ба сад дил.
Гирифт аз қоматаш дар дил хаёле,
Нишонд аз дўстӣ дар ҷон ниҳоле.

Зулайхо парешонҳол мешавад ва канизакону доя аз ин пай мебаранд ва боре доя аз ў пурсон мешавад, ки ту ба кӣ ва ё чӣ дилкашолӣ дорӣ, то ман афсуне созам. Зулайхо ҳақиқати ҳолро баён мекунад ва доя онро кори девҳо мегўяд, вале Зулайхо мегўяд, ки шояд фаришта бошад, зеро дев чунин ҷамол надорад. Доя сирро ба Таймус ошкор мекунад. Шоҳ ба тақдир ҳавола мекунад. Зулайхо бори дуюм хоб мебинад. Дар хоб ин дафъа изҳори ишқ мекунад ва аз Юсуф (а) низ онро мешунавад ва ин ҷудоӣ соле давом мекунад. Зулайхо бори сеюм Юсуфро (а) дар хоб мебинад ва таваллою зорӣ мекунад, ки: бигў, кӣ ҳастӣ, ки ман дигар дар худ нестам!
Юсуф(а) мегўяд:

Бигуфто:-Гар бад-ин корат тамом аст,
Азизи Мисраму Мисрам мақом аст.

Зулайхо ин муждаро ба воситаи канизон ба падараш мерасонад. Ба Зулайхо аз ҳар тараф ба ҷуз аз Миср хостгорҳо мерасанд, ки онҳо намояндагони беш аз 10 мамлакат буданд. Таймус ба Миср қосид мефиристад ва шоҳи Миср қабул мекунад. Зулайхоро ба он диёр равон мекунанд. Зулайхо бо кўмаки доя Азизи Мисрро мебинад ва дареғо мегўяд, ки ин он ҷавон нест. Бо супориши Азиз онҳо шаҳрро дида мебароянд, вале он ҷавонро пайдо карда наметавонанд.
Чуноне ки қаблан зикр кардем, Юсуф хоб мебинад ва он хобро ба падараш арз мекунад. Падараш махфӣ нигоҳ доштани хобро хоҳиш мекунад.
Бародарон боре машварат мекунанд, ки Юсуфро(а) аз Яъқуб дур созанд. Онҳо барои дар чоҳ афкандани Юсуф (а) ба як қарор меоянд ва аз падар барои ба саҳро бурдани Юсуф (а) иҷозат мегиранд ва ў иҷозат медиҳад. Юсуфро (а) дар биёбон аввал хорӣ медиҳанд ва ў мегўяд:

Куҷоӣ, ай падар, охир куҷоӣ,
Зи ҳоли ман чунин ғофил чароӣ?

Юсуфро (а) то се фарсах бо хориҳо пиёда бурда, аз мўи бузу гўсфанд банд омода сохта ўро баста ба чоҳ афканданд. Ў дар чоҳ болои санге буд, ки Ҷабраил пероҳану ваҳй (муждаи илоҳӣ) овард ва Худо ба Юсуф (а) мўхтоҷ гардонидани онҳоро хабар дод.
Иттифоқо корвониён ба сари чоҳ меоянд ва ба чоҳ далв (зарфи обкашӣ) фиканда Юсуфро (а), ки чаҳор рўз боз гурусна буд, ба берун мебароранд.
Юсуфро (а) аз чоҳ Молик бароварда буд ва бародарон, ки дар он наздикӣ ҳодисаро назорат мекарданд, ба сўи чоҳ садоҳо карданд ва пас аз ҷавобе нашунидан сўи корвон роҳ гирифтанд. Онҳо гуфтанд, ки ин ғулом хоназот аст, вале агар шумо хоҳед, бихаред ва Юсуфро(а) Молик мехарид. Шоҳи Миср аз омадани корвон хабар ёфта, Азизро ба назди онҳо равон мекунад:

Азизи Миср рў дар корвон кард,
Назар дар рўи он ороми ҷон кард.

Корвониён аз Азиз барои дамгирӣ ба муддати чанд рўз хоҳиш намуданд ва Азиз ба ин розигӣ дод. Ба хоҳиши Малик Юсуфро (а) дар дарёи Нил шустушў намуда, баъд ўро ба бозор мебаранд.

Чу Юсуф шуд ба хубӣ гарм бозор,
Шудандаш мисриён яксар харидор…
Зулайхо дошт дурҷе1 пур зи гавҳар,
На дурҷе, балки бурҷе2 пур зи ахтар.
Баҳои ҳар гуҳар з-он дурҷи макнун,
Хироҷи Миср будӣ, балки афзун.

Пас аз харидорӣ Зулайхо намедонист, ки ин ҳама дар хоб аст ё дар бедорӣ. Вале боз як мушкилот пеш омад:

Ба мулки Миср зебо духтаре буд,
Ки мисли Одиёнро3 сарваре буд.
Ҳадиси Юсуфу васфаш чу бишнид,
Ба моҳи рўи ў меҳраш биҷунбид.
Бино кард аз паси рафтан ба таҷлил,
Ибодатхонае бар соҳили Нил.
Дар он манбаъд ба сар мебурд то буд,
Ба тоат пой меафшурд, то буд.
Чу дар тоатгарӣ умраш саромад,
Ба ҷон додан чу мардон хуш баромад.
Напиндорӣ, ки ҷонро ройгон дод,
Фурўғи рўи ҷонон диду ҷон дод…

Баъд Зулайхо дар хидмату тарбияи Юсуф (а) мепардозад ва шабе Юсуф (а) саргузашти худро ба ў нақл мекунад:

Шабе пеши Зулайхо роз мегуфт,
Ғаму андўҳи пешин боз мегуфт.

Юсуф (а) таманнои шубонӣ мекунад ва Зулайхо ин талаби ўро аз ноилоҷӣ ба ҷо меорад ва чандин касро на барои нигоҳбонии рама, балки барои хизмат ба Юсуф (а) вобаста мекунад. Зулайхо васл мехоҳаду Юсуф(а) ҳаҷр ва боре доя аз Зулайхо сабаби лоғарандому парешонҳол шуданашро мепурсад ва Зулайхо ба дояи худ каме арзи дил намуда, ўро ба назди Юсуф (а) мефиристад. Доя саргузашти Зулайхоро ба ў пурра нақл мекунад ва дар ҷавоб мешунавад, ки ман танҳо хизматгорам ва набояд хиёнат кунам. Зулайхо дар боғ барои хизмати Юсуф (а) иддае канизаконро мегузорад, вале Юсуф (а) ба онҳо аз дин вазъ мегўяд. Зулайхо бо маслиҳати доя иморати мўҳташаме бо тасвирҳои Юсуф (а) месозад. Бо тўҳмати Зулайхо Юсуф (а) ба зиндон меафтад ва кўдаки семоҳа ба сухан даромада Юсуфро (а) ҳимоя мекунад. Дафъаи дигар дар зиндон Юсуф (а) бо аҳли маҳбас унс мегирад ва хоби якеро таъбири нек мекунад ва аз ў хоҳиш мекунад, ки дар ҳузури шоҳи Миср аз вай сухан кушояд:

Шабе султони Миср он шоҳи бедор
Ба хобаш ҳафт гов омад падидор.
Ҳама бисёр хубу сахт фарбеҳ,
Ба хубиву хушӣ аз якдигар беҳ.
В-аз он пас ҳафти дигар дар баробар
Падид омад саросар хушку лоғар…
Дар он ҳафти нахустин рўй карданд,
Ба сони сабза онро пок х(в)арданд…
Чу султон бомдод аз хоб бархост,
Зи ҳар бедордил таъбири он хост.
Ҷавонмарде, ки аз Юсуф (а) хабар дошт,
Зи рўи кори Юсуф (а) парда бардошт.

Бо супориши шоҳ ҷавонмард ба назди Юсуф (а) рафта, таъбири хоби шоҳро мекушояд ва ба самъи шоҳ мерасонад. Шоҳ хушҳол шуда худи Юсуфро (а) талаб мекунад:
Бигуфто: Хезу Юсуфро биёвар,
К-аз ў беҳ гардадам ин нукта бовар.
Юсуф(а) аз шоҳ аввалан қазовати кори худро талаб мекунад ва шоҳ ҷумлаи онҳоеро, ки дар ин ҷода каме саҳм доранд, ҷамъ месозад ва Зулайхо дар ин миён худро гуннаҳкор дониста, Юсуфро (а) ҳимоя мекунад:

Бигуфто: Нест Юсуфро гуноҳе,
Манам дар ишқи ў гумкардароҳе.
Ба зиндон аз ситамҳои ман афтод,
Дар он ғамҳо зи ғамҳои ман афтод.
Чу шоҳ ин нуктаи санҷида бишнид,
Чу гул бишкуфту чун ғунча бихандид.

Шоҳ аз Юсуф (а) тадбир мепурсад ва ў илоҷ мегўяд ва шоҳ Юсуфро(а) ба ҷои Азизи Миср вазир мехонад. Азизи Миср вафот мекунад ва Зулайхо пиру нотавон мешавад. Вай дар роҳи Юсуф (а) аз най хона месозад ва боз аз Юсуф (а) илтифот намебинад ва ба хона омада бутро мешиканаду имон меорад ва илтифот мебинад ва боз биноӣ ёфта, ҷавон мешавад, яъне аз 40-сола ба 18-сола бадал мешавад. Сипас бо амри Илоҳӣ тавассути ваҳйи овардаи Ҷабраил ақди никоҳ мебанданд:

Чу фармон ёфт Юсуф аз Худованд,
Ки бандад бо Зулайхо ақд пайванд.

Онҳо хонадор мешаванд ва пас аз чандин сол шабе Юсуф (а) падару модари худро ба хоб мебинад ва аз Худо илтиҷо мекунад, ки ўро ба олами ҷон бибарад ва пас аз вафоти Юсуф (а) Зулайхо низ вафот мекунад.
————————–
1. Кўс-нақора.
2. Дурҷ – сандуқчаи ҷавоҳир.
3. Бурҷ-1). бинои манорашакл, дидбонгоҳ. 2). яке аз 12 қисми доираи фалак
4. Одиён – номи қавме аз авлоди Нўҳи пайғамбар.

Leave a Reply