Умумӣ

Мазмуни барномави сурудхонӣ.

Ҳангоми ёд додани суруд, дар навбати аввал ритм (усул)-и онро ба хонандагон ёд додан лозим аст. Дар оҳанги суруд бояд нотаи ҳаштякии нуқтадор ( .) бо нотаи шонздаҳякӣ ( ) дар зарбу усул якҷоя бо матни шеър дуруст иҷро карда шавад. Диққат дода шавад, ки хусусияти меҳру муҳаббат нисбати кишвару Ватан афзуда, муқаддасоти он чун гавҳараки чашм эҳтиром карда шавад. Муаллимро лозим аст, ки ҳангоми омўзиши суруд ба тоза сурудани терсияҳои хурд ва калон (ре-фа, ми-сол, сол-си , фа-ля) ва квартаи ля-ре назорат намояд.
Инчунин пеш аз омўзиш ва сароидани суруд мазмуни матнро ба пуррагӣ ба хонандагон фаҳмонида, талаффузи дурусти ҳамсадоҳоро дар охири калимаҳо ба эътибор гирад. Пеш аз шурўъ кардан ба омўзиши суруд муаллимро лозим аст, ки машқҳои овозро якҷоя бо хонандагон гузарад. Тавассути машқҳо хонандагон соз ва зарбу усули сурудро хубтару зудтар аз худ менамоянд ва овози онҳо низ ба сурудхонӣ омода мешавад. Ҳангоми иҷрои машқи овозии (б) мебояд хонандагон дар ҷояшон рост истода бо зарби метрикии мусиқӣ як-ду гўён дар шумораи як – пои чапро бардошта, бо зарб ба замин монда, дар шумораи ду – пои ростро бардошта ба замин гузоранд.

Машқи овоз

Суруди «Кишварам» бо 10 тақтеъ мусиқии муқаддимавӣ оғоз шуда, бачагонро бо зарб ва сози суруд ошно месозад. Ибораи якуми суруд аз 4 тақтеъ сохта шуда, овозхонӣ аз зинаи якум оғоз мегардад. Сипас ба зинаҳои баланд (аз ре то си) ба боло ҳаракат мекунад ва дар мисраи охири банд, пеш аз нақароти суруд ба тони асосӣ (зинаи якум) бармегардад.
Пеш аз нақарот 4 тақтеъ мусиқӣ омадааст, ки бачагонро ба сурудани нақарот омода месозад. Нақарот дар авҷи суруд тарҳрезӣ шуда, ибораи якуми онро мебояд писарҳо сароянд ва хор (ҳама) аз ибораи дуюм ҳамовоз шавад. Ҳамин тариқ, аломати сэно ( ) ишора мекунад, ки банди дуюми

Leave a Reply