Умумӣ

Мавлоно — Ҳикоятҳо

Марди аблаҳ ва хирс
Аждаҳое хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи ҳар чо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳаққ медаванд.
Он сутунҳои халалҳои ҷаҳон,
Он табибони маразҳои ниҳон.
Маҳзи меҳру довариву раҳматанд,
Ҳамчу Ҳақ беиллату беришватанд.
«Ин чӣ ёрӣ мекунӣ якборагиш?»
Гўяд: «Аз баҳри ғаму бечорагиш».
Меҳрубонӣ шуд шикори шермард,
Дар ҷаҳон дору наҷўяд ғайри дард.
Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад…
Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,
Шермарде кард аз чангаш раҳо.
Ҳилату мардӣ ба ҳам доданд пушт,
Аждаҳоро ў бад-ин қувват бикушт.
Аждаҳоро ҳаст қувват, ҳила нест,
Низ фавқи ҳилаи ту ҳилаест.
Ҳилаи худро чу дидӣ, бозрав,
К-аз куҷо омад? Сўйи оғоз рав…

Татимаи ҳикояти хирс ва он аблаҳ, ки бар вафои ў эътимод карда буд

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳ
В-он карам з-он мард мардона бидид.
Чун саги асҳоби Каҳф он хирси зор,
Шуд мулозим дар пайи он бурдбор.
Он мусулмон сар ниҳод аз хастагӣ,
Хирс ҳорис гашт аз дилбастагӣ.
Он яке бигзашту гуфташ: «Ҳол чист?
Эй бародар, мар туро ин хирс кист?»
Қисса вогуфту ҳадиси аждаҳо,
Гуфт: «Бар хирсе манеҳ дил, аблаҳо!
Дўсти(й) аблаҳ батар аз душманист,
Ў ба ҳар ҳила, ки донӣ, ронданист».
Гуфт: «Валлоҳ, аз ҳасудӣ гуфт ин.
В-арна хирсе чӣ-нгарӣ? Ин меҳр бин».
Гуфт: «Меҳри аблаҳон ишвадеҳ аст.
Ин ҳасудии ман аз меҳраш беҳ аст.
Ҳай, биё бо ман, бирон ин хирсро,
Хирсро магзин, маҳил ҳамҷинсро».
Гуфт: «Рав, рав кори худ кун, эй ҳасуд!»
Гуфт: «Корам ин буду ризқат набуд.
Ман кам аз хирсе набошам, эй шариф,
Тарки ў кун, то манат бошам ҳариф.
Бар ту дил меларзадам з-андешае,
Бо чунин хирсе марав дар бешае.
Ин дилам харгиз наларзид аз газоф,
Нури Ҳаққ аст ин, на даъвиву на лоф.
Мўъминам, «янзур бинуриллаҳ» шуда,
Ҳону ҳон, бигрез аз ин оташкада».
Ин ҳама гуфту ба гўшаш дарнарафт,
Бадгумонӣ мардро саддест зафт.
Дасти ў бигрифту даст аз вай кашид,
Гуфт: «Рафтам, чун найӣ ёри рашид».
Гуфт: «Рав, бар ман ту ғамхора мабош,
Булфузуло, маърифат камтар тарош».
Боз гуфташ: «Ман адувви ту наям,
Лутф бошад, гар биёӣ дар паям».
Гуфт: «Хобастам, маро бигзору рав»,
Гуфт: «Охир ёрро мунқод шав.
То бихуспӣ дар паноҳи оқиле,
Дар ҷавори дўсте, соҳибдиле».
Дар хаёл афтод мард аз ҳадди ў,
Хашмгин шуд зуд гардонид рў.
К-ин магар қасди ман омад, хунӣ аст,
Ё тамаъ дорад, гадову тунӣ аст.
Ё гарав бастаст бо ёрон бад-ин,
Ки битарсонад маро з-ин ҳамнишин.
Худ наёмад ҳеҷ аз хубси сираш,
Як гумони нек андар хотираш.
Занни некаш ҷумлагӣ бар хирс буд,
Ў магар мар хирсро ҳамҷинс буд.
Оқилеро аз сагӣ тўҳмат ниҳод,
Хирсро донист аҳли меҳру дод.

Тарк кардани он марди носеҳ баъд аз муболиғаи панд мағрури хирсро

Он мусулмон тарки аблаҳ карду тафт
Зери лаб «ло ҳавл» гуён бозрафт.
Гуфт: «Чун аз ҷидду пандам в-аз ҷидол
Дар дили ў беш мезояд хаёл,
Пас сари панду насиҳат баста шуд,
Амри «аъриз анҳуму» пайваста шуд.
Чун давоят мефизояд дард, пас
Қисса бо толиб бигў, бархон абас.

Тамаллуқ кардани девона Ҷолинусро ва тарсидани Ҷолинус

Гуфт Ҷолинус бо асҳоби х(в)ад,
«Мар маро то он фалон дору дихад».
Пас бад-ў гуфт он яке: «Эй зуфунун,
Ин даво хоҳанд аз баҳри ҷунун.
Дур аз ақлӣ ту, ин дигар магў»,
Гуфт: «Дар ман кард як девона рў.
Соате дар рўйи ман хуш бингарид,
Чашмакам зад, остини ман дарид.
Гар на ҷинсийат будӣ дар ман аз ў,
Кай рух овардӣ ба ман он зиштрў?
Гар надидӣ ҷинси худ, кай омадӣ?
Кай ба ғайри ҷинси худро барзадӣ?
Чун ду кас бар ҳам занад, бе ҳеч шак
Дар миёншон ҳаст қадри муштарак.
Кай парад мурғе магар бо ҷинси х(в)ад?
Сўҳбати ноҷинс гўр асту лаҳад.

Сабаби паридан ва чаридани мурғе бо мурғе, ки ҷинси ў набуд

Он ҳакиме гуфт: «Дидам ҳамтаке
Дар биёбон зоғро бо лаклаке.
Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон,
То чӣ қадри муштарак ёбам нишон.
Чун шудам наздик ман ҳайрону данг,
Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг».
Хоса шаҳбозе, ки ў аршӣ бувад,
Бо яке чуғде, ки ў фаршӣ бувад.
Он яке хуршеди иллиййин бувад
В-ин дигар хуффош, к-аз сиҷҷин бувад.
Он яке нуре, зи ҳар айбе барӣ
В-ин яке кўре, гадои ҳар даре.
Он яке моҳе, ки бар парвин занад
В-ин яке кирме, ки дар саргин зийад.
Он яке юсуфрухе, исонафас
В-ин яке гурге ва ё хар бо ҷарас.
Он яке паррон шуда дар ломакон
В-ин яке дар коҳдон ҳамчун сагон.
Бо забони маънавӣ, гул бо ҷуъал
Ин ҳамегўяд, ки эй гандабағал!
Гар гурезонӣ зи гулшан бегумон,
Ҳаст он нафрат камоли гулситон.
Ғайрати ман бар сари ту дурбош
Мезанад, к-эй хас, аз ин ҷо дур бош.
В-ар биёмезӣ ту бо ман, эй данӣ,
Ин гумон ояд, ки аз кони манӣ.
Булбулонро ҷой мезебад чаман,
Мар ҷуъалро дар чаман хуштар ватан.
Ҳақ маро чун аз палидӣ пок дошт,
Чун сазад бар ман палидиро гумошт?
Як рагам з-эшон буду онро бурид,
Дар ман он бадраг куҷо хоҳад расид?
Як нишони Одам он буд аз азал,
Ки малоик сар ниҳандаш аз маҳал.
Як нишони дигар он ки он Билис
Нанҳадаш сар, ки манам шоҳу райис.
Пас агар Иблис ҳам соҷид шудӣ,
Ў набудӣ Одам, ў ғайре будӣ.
Ҳам суҷуди ҳар малак мизони ўст,
Ҳам суҷуди он адў бурҳони ўст.
Ҳам гувоҳи ўст иқрори малак,
Ҳам гувоҳи ўст куфрони сагак.
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чӣ кард он хирс бо он некмард.

Татиммаи эътимоди он мағрур бар тамаллуқи хирс

Шахс хуфту хирс мерондаш магас
В-аз ситез омад магас з-ў бозпас.
Чанд бораш ронд аз рўйи ҷавон,
Он магас з-ў боз меомад давон.
Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт,
Баргирифт аз кўҳ санге сахт зафт
Санг оварду магасро дид боз,
Бар рухи хуфта гирифта ҷою соз.
Баргирифт он осиёсангу бизад,
Бар магас, то он магас вопас хазад.
Санг рўйи хуфтаро хашхош кард,
Ин масал бар ҷумла олам фош кард:
Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин,
Кини ў меҳр асту меҳри ўст кин.
Аҳди ў суст асту вайрону заиф,
Гуфти ў зафту вафои ў наҳиф.
Гар хурад савганд ҳам бовар макун,
Бишканад савганд марди кажсухун.
Чун ба бесавганд гуфташ буд дурўғ,
Ту маюфт аз макру савгандаш ба дўк.
Нафси ў мир асту ақли ў асир,
Садҳазорон мусҳафаш худ хурда гир.
Чунки бесавганд паймон бишканад,
Гар хурад савганд ҳам, он бишканад.
3-он ки нафс ошуфтатар гардад аз он.
Ки кунӣ бандаш ба савганди гарон.
Чун асире банд бар ҳоким ниҳад,
Ҳоким онро бардарад, берун ҷаҳад.
Бар сараш кўбад зи хашм он бандро,
Мезанад бар рўйи ў савгандро.
Ту зи «уфу билуқуд»-аш даст шў,
«Иҳфазу аймонакум» бо ў магў…

 

ҚИССАИ МУШ ВА ЧАҒЗ
Аз қазо мушею чағзе1 бовафо
Бар лаби ҷў гашта буданд ошно.
Ҳар ду тан марбути миоде2 шуданд,
Ҳар сабоҳе ҷамъ як ҷо омаданд.
Нарди дил бо ҳамдигар мебохтанд.
В-аз васовис3 сина мепардохтанд.
Ҳар дуро дил аз талоқӣ4 муттасеъ5,
Ҳамдигарро қиссахону мустамеъ6.
Он ашир7 чун ҷуфти он шод омадӣ,
Панҷсола қиссааш ёд омадӣ.
[Ҷўши нутқ аз дил – нишони дўстист,
Бастагии нутқ аз беулфатист8.
Дил, ки дилбар дид, кай монад туруш?
Булбуле гул дид, кай монад хамўш?
.. Ин сухан поён надорад.] Гуфт муш
Чағзро рўзе, ки: «Эй фахри вуҳуш9,
Вақтҳо хоҳам, ки гўям бо ту роз,
Ту даруни об дорӣ турктоз10.
Бар лаби ҷў ман туро наъразанон,
Нашнавӣ дар об аз ошиқ фиғон.
Ман бад-ин вақти муайян, эй далер,
Менагардам аз мулоқоти ту сер.
… Як дами ҳичрон11 бари ошиқ, чу сол,
Васл соле муттасил12 пешаш хаёл.
… Рўз нуру максабу13 тобам туӣ,
Шаб қарору салвату14 хобам туӣ.
Аз мурувват15 бошад, ар шодам кунӣ,
Вақт бевақт аз карам ёдам кунӣ.
Дар шабонрўзе вазифа чоштгоҳ
Ротиба кардӣ висол, эй некхоҳ16.
Ман бад-ин як бор қонеъ нестам,
Дар ҳавоят турфа инсонестам.
… Эй ахӣ17, ман хокиям, ту обиӣ,
Лек шоҳи раҳмати ваҳҳобиӣ18.
Ончунон кун аз атову19 аз қасам20,
Ки гаҳу бегаҳ ба хидмат мерасам.
Бар лаби ҷў ман ба ҷон мехонамат,
Ман набинам аз иҷобат марҳамат.
Омадан бар об бар ман баста шуд,
3-он ки таркибам зи хоки руста шуд
Ё расуле, ё нишоне кун мадад,
То туро аз бонги ман огаҳ кунад».
Баҳс карданд андар ин кор он ду ёр,
Охирини баҳс он омад қарор,
Ки ба даст оранд як ришта(и) дароз,
То зи ҷазби ришта гардад кашф роз21.
Як саре бар пои ин банда(и) ду ту
Баста бошад, дигаре бар пои ту.
То ба ҳам оем з-ин фан мо ду тан,
Андар омезем чун ҷон бо бадан.
… Он сиришта(и) ишқ ришта мекашад
Бар умеди васли чағзи борашад22.
… Чун ғуроб-ул-байн23 омад ногаҳон
Дар шикори мушу бурдаш з-он макон.
Чун баромад бар ҳаво муш аз ғуроб,
Мунҳааб24 шуд чағз низ аз қаъри об.
Муш дар минқори зоғу чағз ҳам
Дар ҳаво овехта, по дар ратам25.
Халқ мегуфтанд: «Зоғ аз макру кайд26
Чағзи обиро чӣ гуна кард сайд?
Чун шуд андар обу чунаш дар рабуд?!
Чағзи обӣ кай шикори зоғ буд?
Чағз мегуфт: «Ин сазои он касе,
К-ў чу беобон, шавад ҷуфти хасе».
* * *
Эй фиғон, аз ёри ноҷинс, эй фиғон,
Ҳамнишини нек ҷўед, эй меҳон!
———————–
1 Чағз – қурбоқа.
2 Миод – ҷои ваъдагӣ;
3 Васовис – васвасаҳо, андешаҳои бад.
4 Талоқӣ – вохўрӣ;
5 Муттасеъ – фарох;
6 Мустамеъ – шунаванда;
7 Ашир – худписанд.
8 Беулфатӣ – беошноӣ, бедўстӣ.
9 Вуҳуш – ҷонварони ваҳшӣ.
10 Турктоз – тохтутоз.
11 Ҳиҷрон – дурӣ, ҷудоӣ.
12 Муттасил – пайваст, ҳампаҳлў.
13 Максаб – касбу кор;
14 Салват – хушӣ.
15 Мурувват – лутфу эҳсон, ҳимматбаландӣ.
16 Дар як шабонарўз фақат чоштгоҳ висоли худро ба ман чун нафақа таъин кардаӣ.
17 Ахӣ – бародари ман.
18 Ваҳҳоб – бисёр бахшанда, босаховат.
19 Ато – бахшиш, инъом.
20 Қасам – тақсимкунӣ.
21 Бо кашидани ресмон ҳамдигарро ҷеғ зананд.
22 Борашад – бофаҳм;
23 Ғуроб-ул-байн – зоғи сиёҳи даштӣ.
24 Мунҳааб – кашидашуда.
25 Ратам – ресмоне, ки барои дар хотир нигоҳ доштани чизе ба ангушт банданд.
26 Макру кайд – ҳилла, фиреб.

Leave a Reply