Мавлоно – «Маснавии маънавӣ»

Ҳамин «Маснавии маънавӣ»-ст, ки номи Мавлоноро шўҳратёр кардаву тавони суханвариашро найваста меафзояд. Ин асар дар вазни рамали мусаддаси мақзуф (фоилотун, фоилотун, фоилун: -V – – / -V – – / – V -) навишта шуда, дар он масойили бисёри диниву мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва иҷтимоъиву сиёсии замони пурмоҷарои мутафаккир акс ёфтааст.

Тавре ки ишора рафт, вақте Ҳусомуддини Чалабӣ тақрибан соли 1258 м. ба хидмати Ҷaлолуддини Румӣ омад, аз устод хоҳиш намуд, то ў доир ба масъалаҳои нозуки тасаввуф, нукоти душворфаҳму торики диниву фалсафӣ дар либоси шеър, бо забони ба фаҳм наздик, андешаҳои ҷолиби худро дар асаре ифода намояд. Ҳамин аст, ки гўё Мавлоно дар охирҳои соли 1259 м. ба эҷоди «Маснавӣ» шурўъ намуд. Ба гумони ин ҷониб ин баҳонае буд, ки шоир ба таълифи асари худ шурўъ кунад. Суханвари орифе. ки ҳанўз дар баччагияш маснавии «Асрорнома» – ро аз мусаннифи он ҳадя гирифта, тамоми давраи таълиму омўзишу андўзиш «Ҳадиқа»-и Санойии ғазнавӣ, «Мантиқу-т-тайр»-и Шайх Аттору дигар осори ў, офаридаҳои орифони суханвари зиёди то аҳди худро хондаву ошноӣ дошт, бсгумон дар ниҳонхонаи қалб орзуи офаридани. чунин як шоҳасареро мепарварид ва он ишораи шогирду ҳамкории пайвастаи ў бо устод борвар гардид.

Мавлонои Рум дар тўли беш аз даҳ сол ин маснавии бузургро дар шаш дафтар гуфтааст, ки мувофиқи маълумцти мавҷуда ҳамаи онро шоири тавоно бадоҳатан эҷод мекарду Ҳусомуддин ва дигар муридони ў китобат менамуданд. Дафтари шашуми «Маснавӣ» тақрибан дар қисматҳои ба анҷомрасӣ дар нимаи ҳикояте қатъ мегардад ва бо ҳамин ин манзумаи бузург нотамом монда. «Аз ин ҷо тахмин кардан мумкин аст, ки, – менависад профессор Расул Ҳодизода, – Ҷалолуддин то дами марг ба гуфтани «Маснавии маънавӣ» машғул будааст».

Дар баробари нотамом мондани дафтари шашуми «Маснавӣ» дар мавлавишиносӣ бо ишораҳое дучор меоем, ки гўё  Мавлоно дафтари ҳафтуми шоҳасари худро гуфта будаасту бо мурури замон он аз ҷамъи шаш дафтар берун афтода. Аммо ин гумоне беш нест. зеро худи муаллиф дар дафтари шашум тамоми «Маснавӣ»-ро шаш дафтар дониста, нияти дар ҳамин дафтар ҷамъбаст кардани андешаҳову нуқтаи хотимавӣ гузоштанро доштааст. Ӯ ба ин маънӣ ба Ҳусомуддини Чалабӣ чунин ишорае дорад:

Эй ҳаёти дил, Ҳусомуддин, басе,
Майл меҷўшад ба қисми содисе,
Гашт аз ҷазби чу ту алломае.
Дар ҷаҳон гардон «Ҳусоминомае».
Пешкаш меорамат, эй маънавӣ,
Қисми содис дар тамоми «Маснавӣ».

Агар ба байти охири мисоли фавқ ҷиддан таваҷҷўҳ равад ва ба калимаи «тамом» хосса, метавон умқи масъалагузории Мавлоноро ва бад-ин васила қисмати охирин будани дафтари шашумро дар тамоми ин асар дарёфт намуд. Мақсуди Ҷалолуддини Румӣ аз «Маснавӣ»-ро дар шаш дафтар гуфтан он бошад, ки ў ба ҳастии дунё, ки аз шаш ҷиҳат – замину осмон ва чаҳор атрофи олам -Шарқу ғарб ва Ҷанубу Шимол иборат аст, бо нигоҳи илмӣ дар ҷомаи бадeӣ баҳо додан будааст. Ин ҳам як далели мантиқист, ки Мавлоно мебоист асари худро дар ҳамин шаш дафтар ҷамъбаст намояду ба хидмати ҷомиа пeшкаш  созад. Ҳайфо, дафтари шашум нотамом монд.

Роҷeъ ба маъниву муҳтаво ва бунёди фикриву иҷтимоии «Маснавӣ» аз ҳар масоили мухталифи дар рўзгор будаву дар ин асар забту сабтшуда оғоз намоему бигӯему бинависем, боз ҳам мебинем, ки нуктае ё андешаe аз нўки қалами мо афтода. Дар фарҳанги ҷаҳонӣ камтар китобе то бад-ин ҳад саршори маъонии баланд ва андешаву  мазомини  ба  ҳам печида аст. Гӯё «Маснавӣ» зиндагиро дар худ бо ҳама шодиву ғам, бешу кам, шўру шар, барору нобарориҳо, гармиву сардӣ, фарозу нишсбҳо. тавонгариву нотавонӣ, покиву нопокӣ, баҳору хазон, дороиву муфлисӣ ва ғайраву ғайраҳои зиёде дар худ таҷассум намудааст.

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо эҷоди «Маснавӣ» тавонист шавқҳое ба дилҳои маъюс андсзад, савдоҳои сархуше ба сарҳои саргардон ворид созад ва гармиҳои зиндагибахшe ба ҷонҳои сарду афсурда бахшад. Агар ба саросари мавзўъ вa муҳтавои ин асари зиқимат ворид шавем, мeбинeм, ки бо фикри волову кору талоши мусанниф ва ёрони ҳамфикраш гўшҳо шунаво, чашмҳо соҳиббасират, забонҳо гӯё, дидҳо моломоли шавқи озодӣ шуданду дар ҷомиа растoхези фикрӣ эҷод гардид. Вақтe ба «Маснавӣ» ва ҷараёни зиндагиву осори Ҷалолуддини Румӣ назари амиқ мeафканем, ба ин натиҷа мерасем, ки бузурпарин дарди ў дарди дину мазҳаб ва мардум буда. Ў ҳам мардумашро мешинохту ҳам дину мазҳабашро ва ҳам дарди муштараки худ ва ҷомиаро.

Мусташриқи ҳинд Халифаи Абдулҳаким ба мазмуну мундариҷаи «Маснавӣ» баҳои арзишмандеро қоил шуда, менависад, ки «Таҳқиқ дар бораи Мавлавӣ на танҳо аз ин ҷиҳат ҷолиб аст, ки ў бузургтарин шоири ирфонии исломист, балки аз ин ҷиҳат, ки ҳеҷ масьалаe аз масоили ҳаёти фалсафӣ ва динӣ нест, ки вай бад-он напардохта бошад. Таҳқиқ дар бораи Мавлавӣ таҳқиқ дар бораи беҳтарин дастовардҳои ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст».

Мавлонои Рум дар эҷоди «Маснавӣ» шоирест бо диду тафаккури илмӣ. Биниши вай дар  саросари   «Маснавӣ»  бинишест олимона ва ӯ хостааст бо ҳамин роҳ илмро бо ҳунар бипайвандад ва дар ин роҳ тавфиқ ёфтааст. Бале, Мавлоно бо диде олимона ба масоил менигарад ва таҷрибаро пояи кору андешаи худ қарор медиҳад. Ӯ ба «чашм» чандон итминон надорад. Шунидаҳоро ҳам бовар намекунад. Ба андешаи ў чашм фиребанда ва шунидаҳо афсонае беш наянд. Дар ин маврид таҷриба мставонад ба исботи масоили мавҷуда ёрӣ расонад. Ҷaлолуддини Румӣ дар «Маснавӣ» на аз нусха, балки аз асли зиндагӣ сухан мегўяд ва бештар ҳақиқати диданаш душворро рўйи тасвир қарор медиҳад. Қиссаи «Бозаргон ва тўтии маҳбуси ў», қиссаҳои «Макри харгўш бар шер», «Рафтани рўбоҳ ба хидмати шер ба шикор», ҳикояти «Ба aёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш» аз дафтари аввал, ҳикояти «Гум кардани шоҳ бозро ва дарёфтан дар хонаи кампир», қиссаи «Гирифтор шудани боз миёни ҷуғдон ба вайрона»  аз дафтари дувум, ҳикояти «Фирефтани рустоӣ шаҳриро» аз дафтари севум, қиссаи «Зани палидкор ва шохи амрудбун» аз дафтари чаҳорум, қиссаи «Оҳу ва охурони харон», ҳикояти «Макри рўбоҳ бар хар» аз дафтари ианҷум ва ғайра бозгўйи андешаи фавқанд. Шоир дар ҳамин замина сўфиёни муртаҷеъ ва мутаассибони ношудро зери тозиёнаи танқид мегирад ва мақоми Инсонро дар ҷойгоҳи олӣ қарор медиҳад. Мавлоно ба низоъҳои диниву мазҳабӣ сахт муқобил баромада, ваҳдату муҳаббатро байни одамон талқин менамояд. Андешаҳои ин суханвари асил доир ба масоили офариниши олам, ҳаракати моддиву ҳамбастагии ҳаводиси олам хеле ҷолиб мебошад. Қиёси мантиқии «Маснавӣ» дар ниҳояти баланд аст ва дарки ин ҳама дида ва диди чолокро тақозо дорад.

Ҷалолуддини Румӣ дар асари худ ба баъзе нукоти таълимоти дини ислом, ба ояҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо даст зада, онҳоро бо зеҳни фалсафиву сўфиёнаи худ тафсиру тавҷеҳ медиҳад ва ҳар чӣ бештар ба фаҳм наздик месозад. Ҳамчунин «Маснавӣ» қомуси пурарзиши суханони ҳикматомез, мақолу зарбулмасал, ианду мавъиза буда, шоир дар асараш аз ҳикоёти мардуми форсизабону туркнажод, аз тамсилоту қиссаҳои халқу қавмҳои дину мазҳабашон гуногун хеле бисёр истифода кардааст. Баъзе ҳикоёти тамсилии «Маснавӣ» дар алоҳидагӣ асари тамомшударо мемонанд, ки ба ҳамаи талаботи як асари комили бадеӣ ҷавоб дода метавонанд.

Бояд ёдовар шуд, ки «Маснавии маънавӣ» ба таври умум як асари хеле мураккаб буда, вусъати назар ва баландии андешаи муаллифи он бесобиқа мебошад. Дар фаҳми ин асари пурмуаммо иттилооти ҳамаҷониба бо фарҳанги ислом ва ошноии комил бо зарофатҳои хосси форсизабонон корро осон месозад. Ҳамзамон донистани таъриху фалсафаи Шарқ ва тафаккури исломӣ низ дар кушодани гиреҳҳои мушкилнnисанду печидаи «Маснавӣ» таъсири амиқе доранд, ки инро набояд нодида гирифт.

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ баробари истифода намудани маъонии ғанӣ дар «Маснавӣ» ба боигарии забони он низ таваҷҷўҳи махсус равона намудааст. Дарёфту бардошти калимаву таркибу иборот барои ифодаи маънӣ ва огоҳона истифода гардидани онҳо дар ин асар омўзишу таҳқиқи доманадору алоҳидаест, бо он ки доир ба забони «Маснавӣ» то ба имрўз  андешаҳое баён ёфтаанду корҳои зиёди илмие анҷом пазируфтаанд. «Маснавӣ» ҳамроҳ бо сохтору ороиши бадеӣ дар корбурди забон ҳам як падидае истисноист ва дар он суханофарӣ ба мартабаи камол аст. Забони ин асар дар маҷмўъ забони суханварони аҳди шоир буда, ба зарурати муҳтавову матолиби он мусанниф дар каломи худ аз истилоҳоти фикҳу калом, тасаввуф, оёти қуръониву аҳодис, таъбироти адаби арабӣ ва ғайра истифода намудааст. Илова ба истилоҳоту таркиботи арабӣ бо тақозои муҳити зист дар Осиёи Сағир дар «Маснавии маънавӣ» миқдоре калимаҳои юнонӣ ва туркӣ роҳ ёфтаанд. Мавлоно дар зарурат барои ҷой намудани маъонии бикр дар қолаби вазну қавофӣ гоҳо калимаҳоро мешиканад, феълҳоро новобаста ба замони мозиву ҳозир ё оянда истифода менамояд, аз калимаҳои сода маъонии тоза меофарад ва ғайра. Забони «Маснавӣ» забони зинда ва дар ҳаракати доимӣ аст.

Дар алоқамандиву робитаи сарояндаи «Маснавӣ» бо осори суханварони сутурги пешин низ метавон авроқи зиёдеро зеби рақам кард. Мавлоно пеш аз он ки ба сурудани ин асари пурмуаммо оғоз намояд он қадарҳо омўхтаасту андўхтааст, ки дар ин боб маҷоли ҳарф задан нест. Худи ў бо эҷоди асараш собит сохтааст, ки чи дониши воло ва чи фаҳму фаросати баланде дошта. Бо ин ҳама қудрату тавон, ки Мавлоно дар «Маснавӣ» намоиш додааст, худро пайраву муриди Саноии ғазнавӣ ва Аттори Нишоиурӣ медонад, ки гуфтааст:

Аттор рўҳ буду Саноӣ ду чашми ў,
Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.

«Маснавии маънавӣ» минбаъд на танҳо ба суханварон, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бетаъсир намонд. Шарқшиносон дар тамоми нуқоти олам аз Мавлоно Ҷaлолуддини Румӣ ва осори ў ёд мекунанд, мардум тавассути матни аслу тарҷумаи мухтасар ё пурра аз офаридаҳои килки сеҳрангези шоир баҳра мебардоранд. Шоири маъруфи Ҳинду Покистон аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938), ки худро тамоми умр муриди Мавлоно медонист бо овози баланд ва меҳру муҳаббати саршор нисбат ба пири маънавии худ чунин мегўяд:

Нуктаҳо аз пири Рум омўхтам,
Хешро дар ҳарфи ў во сўхтам.
Боз бархонам зи файзи пири Рум
Дафтари сарбаста – асрори улум.

Ҳамин тавр, агар мо ҷамъи ҷуставу дарёфтаҳо, андешаву ақоиди дар «Маснавӣ» омадаро аз тамоми «Маснавӣ» берун оварда, ба сурати як пайкара ё як мактаби тарбиявиву иҷтимоӣ ифода созем, дар ин nайкара устухонбандӣ ва риштаи иртиботи дарунӣ мисли «дастгоҳи гардиши хун ё аъсоб вуҷуд дорад», ки тамоми ин шоҳасарро ба ҳам мепайвандад ва ба ривоёти тамсилӣ, ояҳову ҳадисҳо, латифаҳову ҳикоёт ва бардоштҳои маънавии Мавлоно аз зиндагӣ як шўри давомнок мебахшад. Ин риштаи иртиботу алоқамандӣ хатти аслии андешаҳои Ҷалолуддини Румӣ «дар бораи ин ҷаҳон ва моварои ин ҷаҳон аст» ~ мегўяд доктор Муҳаммад Истеъломӣ дар муқаддимаи ба матни «Маснавӣ» навиштаи худ, ки ҳақ ба ҷониби ўст.

ОҒОЗИ МАСНАВӢ
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд –ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги ною нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Най ҳарифи ҳар кӣ аз –ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Рӯзҳо гар рафт, гӯ: “Рав бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест.”
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!
Банд бугсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад, қисмати якрӯзае?
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
Ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!
Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.
Ишқ ҷони Тур омад, ошиқо!
Тур масту “харра Мӯсо соиқо”.
Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.
Чун набошад ишқро парвои ӯ,
Ӯ чу мурғе монд бепар, вои ӯ.
Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ё–рам пешу пас?
Ишқ хоҳад, к-ин сухан берун бувад,
Ойина ғаммоз набвад, чун бувад?
Ойинат донӣ чаро ғаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.

 

Likes:
0 0
Views:
102
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply