Умумӣ

Мавзўъи Фалсафа ва табиати дониши фалсафӣ.

Фалсафа мавзўи баҳси худро дорад, ки принсипан имконпазирии мавқеъгирии он хусусияти хоси фалсафа мебошад. Ин ҳамон соҳаи фаъолияти маънавии Инсон аст, ки дар пояи он рефлексияи худи ҳамин фаъолият ва аз ин рў моҳияти худи инсон ва муаян намудани субъекти маданият, яъне моҳияти муносибати инсон ба олам қарор гирифтааст.
Фалсафа на фақат фанни махсуси илмист, балки типи махсуси тафаккур ва ҳатто як навъ кайфияти ҳоли «фалсафии» эмотсионалӣ, система эҳсосҳои ҷаҳонбиниест, ки инсон ба ин вазъи руҳии «фалсафӣ» ғутта зада аз боби олам аз некию бадӣ, зебоию зиштӣ, адолати иҷтимоӣ ҳақиқат ва дуруғ аз маъною мақсади таърихии инсонӣ мулоҳиза меронад.
Фалсафаи ҳақиқатан илмӣ ба Одам имкон медод, ки дар уқёнуси бекарони воқеаҳо мақоми худро ёбад. На фақат олами берунӣ, балки олами дохилӣ, олами маънавии худро ҳам мукаммал фарқ
кунад.
Фалсафа вазифаи худро дорад, ки санъати оқилона зистанро ба инсоният меомўзад.
Омўхтани фалсафа на фақат ҳаловати интелектуалӣ, балки ҳаловати эстетикию маънавӣ ҳам мебахшад, ки он асосан ба фалсафаи пешқадами гуманистӣ дахл дошта, ҳисси гражданиятро такмил медиҳад, ки ин ба ҷиҳати асосист.
Дар замони антиқа этика ва эстетика чун илми алоҳида доир ба сохти мутаносиби олам ва муносибати шоистаи инсон буд. Дар он замон фалсафаи иҷтимоӣ ва таърихи фалсафа дар ҳолати боз ҳам бештар бо ҳам тобеъ буданд. Фалсафа асоси зист – шиносӣ, риторика, илмӣ бадеъ, муносибати мусиқӣ ва тамоми дониши ҳозираи гуманитариро дар бар мегирифт.

Табиати дониши фалсафӣ

Фалсафа дар маданияти инсон мақоми махсус дорад, зеро он манба ва нуқтаест, ки дар он нури ҳамаи соҳаҳои дигари фаъолияти маърифатӣ ва амалии (сиёсӣ, эмотсионалӣ, эстетикӣ ва ғайра) инсон гирд меояд ва ҳам як навъ импулси умумии энергетикаи ҳамаи ин шаклҳои фаъолияти интелектуалӣ, эстетикӣ ва ҷамъиятии Инсон мебошад.
Масъалаҳои табиати умумаи дониши фалсафӣ ба илмҳои махсус ва хелҳои дигари фаъолияти эҷодии инсон масъалаҳои ба ҳам алоқаманди фалсафӣ мебошанд.
Ба қавли Б. Рассел «Фалсафа» як навъ миёнарави байни теология ва илм мебошад.

Leave a Reply