«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

Дар баёни ҳоли Маҷнун, ки вай аз сурати маҷоз
ба маънии 
ҳақиқат расида буд ва аз ҷоми
сурат шароби маънӣ чашида

Хон, то набарӣ гумон, ки Маҷнун
Бар ҳусни маҷоз буд мафтун.
Дар аввал агарчи дошт майле
Бо ҷуръакашӣ зи ҷоми Лайлӣ.

Андар охир, ки гашт аз он маст,
Афганд зи даст ҷому бишкаст.
Мастеш зи бода буд, на аз ҷом,
Аз ҷом рамида шуд саранҷом.

Бишкуфт ба бӯстони розаш
Гулҳои ҳақиқат аз маҷозаш.
Чашма зи шикофи санг ҷӯшид,
Дарё шуду сангро бипӯшид.

Лайлиталабии ӯ дар ин ҷӯш
Бар шоҳиди ишқ буд рӯпӯш.
3-ин ном даҳон-ш пуршакар буд,
Лекин мақсуд аз ӯ дигар буд.

Ошиқ, ки зи меҳри дӯст коҳад,
Маҳ гӯяду рӯи дӯст хоҳад.
Оранд, ки сӯфие сафокеш
Бардошт ба хоб парда аз пеш,

Маҷнун бари вай шуд ошкоро,
Бо ӯ на ба сурати мадоро,
Гуфт: Эй шуда аз харобии ҳол
Бар нақши маҷоз фитна сӣ сол,
Чун кард аҷал набард бо ту,
Маъшуқи азал чӣ кард бо ту?

Гуфто: Ба сарои қурбатам хонд,
Бар садри сарири қурб биншонд.
Гуфт: Эй ба бисоти ишқ густох
Шармат н-омад, ки чун дар ин кох
Хӯрдӣ май мо зи ҷоми Лайлӣ,
Хондӣ моро ба номи Лайлӣ?

Бар ман чу дари хитоб бикшуд,
Бо ман ҷуз аз ин итоб нанмуд.
Ҷомӣ, бинигар, к-аз офариниш
Ҳар зарра ба чашми аҳли биниш
Аз хумми азал хуҷиста ҷомест,
Гирдогирдаш навишта номест.

Он ҷом чӣ ҷом? Ҷоми боқӣ
В-он ном чӣ ном? — Номи соқӣ.
Аз ҷом ба бода гир ором,
В-аз ном нигар ба соҳиби ном.
Дар соҳиби ном кун нишон гум,
Дар ҳастии вай шав аз ҷаҳон гум.

То боз раҳӣ зи ҳастии хеш,
В-аз зулмати худпарастии хеш.
Ҷое бирасӣ, к-аз он гузар нест,
Ҷуз бехабарӣ аз он хабар нест.
Бо ту зи ҷаҳони бенишонӣ
Гуфтем нишон, дигар ту донӣ.

Likes:
0 0
Views:
65
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply