Умумӣ

«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

Дар маънии ишқи содиқон ва сидқи ошиқон

Чун субҳ азал зи ишқ дам зад,
Ишқ оташи шавқ дар қалам зад,
Аз лавҳи адам қалам cap афрошт,
Сад нақши бадеъпайкар ангошт,
Ҳастанд афлок зодаи ишқ,
Аркон ба заминфитодаи ишқ.

Бе ишқ нишон зи неку бад нест,
Чизе, ки зи ишқ нест, х(в)д нест.
Ин сақфи баланди лоҷвардӣ
Рӯзону шабон ба гирдгардӣ,
Нилуфари бӯстони ишқ аст,
Гӯӣ хами савлаҷони1 ишқ аст.

Миқнотисе, ки табъи санг аст,
Дар оҳани сахт карда ҷанг аст.
Ишқест фитода оҳаноҳанг,
Сар барзада аз дарунаи санг.
Бин санг, ки чун дар ин нишеман
Бе санг шавад зи шавқ оҳан.

3-он гир қиёси дардмандон,
Дар ҷазбаи ишқ дилписандон.
Ҳарчанд ки ишқ дарднок аст,
Осоиши синаҳои пок аст.

Аз меҳнати чархи вожгунгард.
Бе давлати ишқ кай раҳад мард?!
Кае з-одамиён чи дун, чи олӣ,
Аз маънии ишқ нест холӣ.

Лекин аз дӯст фарқ то дӯст
Афзун бошад зи мағз то пӯст.
Маъшуқи яке зар асту сим аст,
Бе сим дилаш чу зар ду ним аст.

Маъшуқи яке раз асту боғ аст
3-инҳош ба сина монда доғ аст.
Хуш он, ки ба меҳр шоҳиде2 ҷуст,
3-ин дағдағаҳо замири худ шуст.

Дил баст ба турфа нозанине,
Дар маҷлиси унс хурдабине,
Доманпоке зи дасти ағёр,
Не доманчок чун гул аз хор.

Хуштар зи вай он, ки чун асире
Шуд бастаи пирдида пире.
Хиҷлатдеҳи гул ба тозарӯӣ,
Рашки суман аз сафедмӯӣ,
Оинаи рӯҳҳо ҷамолаш,
Мифтоҳи футӯҳҳо мақолаш.

Ишқат чу аз ин ду ҷо биронад,
Маҳмил ба ҳақиқатат расонад.
Саҳрои вуҷудро гул аст ин,
Дарёи маҷозро пул аст ин.
3-ин ишқ касе, ки бенасиб аст,
Дар анҷумани ҷаҳон ғариб аст.

Ғофил зи ҳарими маҳрамият,
Нашнида насими одамият.
Оранд, ки воизе суханвар,
Бар маҷлиси ваъз соягустар,
Аз дафтари ишқ нукта меронд
В-афсонаи ошиқон ҳамехонд.

Харгумшудае бар ӯ гузар кард
В-аз гумшудаи худаш хабар кард.
Зад бонг, ки кист ҳозир имрӯз,
К-аз ишқ набуда хотирафрӯз,
Не меҳнати ишқ дида ҳаргиз,
Не доғи бутон кашида ҳаргиз?

Бархост зи ҷой содамарде,
Ҳаргиз зи дилаш назода дарде,
К-он кас манам, эй сутудаи даҳр,
К-аз ишқ набуда ҳаргизам баҳр.

Харгумшударо бихонд, к-эй ёр,
Инак, хари ту, биёр афсор!
Инро зи харӣ, к-аз он дижам нест,
Ҷуз гӯши дароз ҳеч кам нест.

Сармояи маҳрамӣ зи ишқ аст,
Бал, к-одамӣ одамӣ зи ишқ аст.
Ҳар кас, ки на ошиқ, одамӣ нест,
Шоистаи базми маҳрамӣ нест,
Ҷомӣ, ба каманди ишқ шав банд,
Бугсил зи ҳама, ба ишқ пайванд.
Ҷуз ишқ магӯю ҳеч машнав,
Ҳарфе, ки на ишқ, аз он хамӯш шав!
——————
1. Савлаҷон — асо, чавгон.
2. Шоҳид — маъшуқа.

Leave a Reply